Чй гуна метавон ба пешрафти иктисодй дар Точикистон даст ёфт?

Ботур Косимй (Вермонт, Иёлоти Муттахидаи Амрико)

Бо назардошти вазъияти сангини иктисоди кишвар, ки он хам бо сабабхои гуногун торафт бадтар шуда ва бевосита ба зиёдшавии норозигии мардум таъсир расонида истодааст, карор додам, ки баъзе андешахои худро оид ба роххои халли ин мушкили баён намоям. Умуман, барои сохиб шудан ба пешрафти назарраси иктисодй, ки аслан таъминкунандаи оромии сиёсй ва бехбуди вазъи ичтимоии хар кишвар аст, аввал масъалахои асосй муайян ва тахлил шуда, вобаста ба бехбудии онхо чорахои мушаххас пешниход мешаванд.

Мутаассифона, дар муддати 15 сол мо натавонистем, ки иктисоди кишвари худро ба дарачаи зарури рушд бидихем, ки шароити зисти мусоид ва босифат барои хар як шахрванди он мухайё карда бошад. Дар хисоботхо ва тахлилхои коршиносон ва ташкилотхои бонуфузи байналмиллали иктисоди Точикистон то холл хамчун иктисоди фарсуда ва гайриракобатнок дониста мешавад. Ба назари ман, мушкилихои асосии иктисоди фарсудаи кишвар имруз аз инхо иборат хастанд:

  • 1.      Конунхои номукаммал
  • 2.      Хукумати гайрикасби ва фасоднок
  • 3.      Мутахассисони ками дорандаи дониш ва тачрибаи бехтарини замонави
  • 4.      Сохибкорони бепанох
  • 5.      Истехсолоти фарсуда
  • 6.      Бонкхои заиф
  • 7.      Фарханги пасти давлатдори
  • 8.      Чомеаи бехабар ва бепанох

Барои рафъи ин мушкилихо ва расидан ба пешрафти иктисоди агар чунин чорахои аник фавран андешида шаванд, ба фоидаи кор хоханд буд:

  • 1. Таъсиси комиссиони баландпояи ваколатдор аз коршиносони бонуфузи хоричй ва дохилй, ки дар давоми мухлат кутох дастурхои мухимтарин тахияи намуда, назорати ичроиши барномахои навро ба ухда дошта бошад.
  • 2. Бозомузии фаврии кормандони давлати ба системаи нави корбари ва гузаронидани санчиши онхо бо максади кабул намудани шумораи ками бехтаринхо тарики озмун ба кор, ки шароити кории мувофики меъёрхои замонавии (маош 300-400 доллар, компутер ва Интернет, максадхо ва накшахои аник тартибдода шуда) дошта бошад.
  • 3. Чалби бештари чавонони коршинос бо дониш ва тачрибаи пешрафтаи чахони дар сатххои баланд (чонишинхои раисхои идораву кумитахо ва шахру вилоятхо), ки на барои манфиатхои шахси, балки барои манфиатхои миллат омода хастанд кори пурсамар бикунанд. Таъсиси бунёди (фонд) давлати барои тайёр намудани кадрхои нави чавон дар кишвархои пешрафтаи чахон дар сохахои мухимтарин барои кишвар.
  • 4. Дастгирии сохибкорон дар сохахои мухимтарини иктисоди кишвар, аз чумла дар ворид намудан ва истифодаи фанноварии замонави дар коркарди маводи кишоварзи, саноати сабук. Бунёди марказхои омузиши сохибкори дар саросари кишвар ва додани карзхои имтиёзноки давлати барои онхое, ки омузишхоро хатм намуда, накшахои сохибкории (бизнес-план) бехтарин пешниход менамоянд.
  • 5. Тахлили вазъи корхонахои истехсолии мавчуда ва кумак ба онхо дар инкишоф ва шаффофсозии фаъолият бо чори намудани системахои корбарии замонави ва фанноварихои навтарин тарики лизинг ва пуштибонии давлати.
  • 6. Пуштибони аз ширкатхои милли дар бозори чахони ва мухофизати истехсолкунандагони миллй.
  • 7. Чорй намудан ва назорат аз риояи стандартхои сифати баланд дар технологияи истехсоли махсулот ва хизматрасони бо максади боло бурдани ракобатноки ва обруйи молхои ватанй.
  • 8. Таъсиси бунёдхо дар бонкхои давлати барои карздихии бештар ба мардум ва сохибкорон бо суди паст, микдори калон ва мухлати дароз. Ба дарачаи пастар фаровардани сатхи суди Бонки Милли барои дигар бонкхо.
  • 9. Ислохоти системаи андоз бо назардошти содда кардан ва тартиб додани сатхи онхо мувофики талаботхои рушди ваъзи иктисодии шахрвандон ва ширкатхо. Присипи парадоксии «андозхои паст аз андозхои баланд чори кардан, аслан бештар даромад ба буча меоваранд». Чорй намудани чадвалхои тагйирёбанда ва шаффофи андозсупорй ва таргиби онхо дар байни чомеа бо максади гузаштан ба андозсупории 100% конунии ахолии ба бучахои давлати ва махаллй.
  • 10. Таргиботи васеъи ин икдомхои нав дар байни чомеа тавассути ВАО ва боло бурдани фарханги истехсолоти байни мардум. Такя ба истехсолот, хам мол ва хам хизматхо, бо сифати баланд, таргиби тамгаи «Истехсоли Точикистон». Яъне чи кадар мардум ба истехсол кардан дода шаванд ва дар фикри истехсолоти нав чори кардан бошанд хамон кадар бехтар.

Албатта, ин пешниходхо бо шакли хеле умумй оварда шудаанд ва барои амалй намудани онхо накшахои кории анику дакик тартиб дода, бо сатхи баланд ва пурра ичро намудан зарур аст. Умедвор хастам, ки ин пешниходхо аз тарафи дигар шахсони ватандусти миллат кобили санчиш, тахрир ва татбик кабул хоханд ёфт.

Advertisements

8 Responses

  1. Хамааш оливу вале ин чавони хуб нагуфтаанд, ки хамаи инро бо кадом маблагу кадом кала ба рох монда мешавад?
    Магар Шумо ганчинаи Олимхонро ёфтаеду каллае чун каллаи Ахмади Донишро чустучу доред?

  2. Aslan, dar tahiyai in peshnihodho zaminai zarurat nabudani mablaghhoi kalon ba nazar girifta shudaast. Magar baroi chunin taghirotho ba misli isloh kardani qonunhoi nodurust yo nomukammal, kam kardan va bozomuzii kormandoni davlati dar hama sath, dastgirii javonon dar tahsili khorija va jalbi onho ba idorai davlati, tartib dodani qoidahoi shaffof va havasmandkunanda baroi fa’oliyati sohibkori va rushdi sohai bonki va targhibi «davrai islohoti nav» tariqi vositahoi akhbori omma mablaghi ziyod sarf meshavad?

    Ba fikram beshtar az on ki holo mansabdoroni purfasodi mo az bujai davlat ba kisa mezanand va khonahoi $500,000 dollara sokhta, baroi javonon kharidani khonaro aslan ghayriimkon kardaand yo ki pulhoi allakai ba hisobhoi khoriji firistodaashon, zarur nakhohad bud. Vale, poybandi andeshai zaruriyati mablaghoi hanguft nabuda, chi islohotohoi kullie mo metavonem baroi behbudii nasli imruzu fardoi millati khud tanho bo fikrhovu bahshoi solim va ehsosi balandi mehandusti ijro namoem. In khayoli nest, barodaron.

    Bo ehtirom va ba umedi fardoi neki millat!

    Khudo hofiz,

    — Botur Kosimi
    Vermont, IMA

  3. Vobasta ba «kadom kalla», albatta «kallai» movu shumo. Boz ba umedi ki shumo? Man ba umedi javononu korshinosoni ziyode, ki imruzho tayor hastand baroi Vatan va millat fikru andesha va jiddu jahdi khudro daregh nadorand. Biyoed, nihoyat oyandai khudro ba dasti khud bigirem.

    Bo ehtirom,

    — Botur

  4. Дуруд бар Шумоён Точвар ва Рустам. Хафтавори мо-Вароруд сафхаи махсуси Ришханд-Пресс дорад. Мо тасмим гирифтем, ки бо сабаби музофотй будани рузномаамон сафхаи махсус дар интернет чой бидихем. Инак, бо кушишу талоши Ришханд-Таго ва чияни он кас ин сафха боз шуд. Хохишмандем, бисёр, бисёр хохиш мекунем, ки пиромуни сафхаи мо як чизаке иншо кунед. То хонандагони азиз аз будани чунин сафха огах бошанд.
    Итминон дорем, бо хондани ин сафха табъи хонандагону хамватанон каме бошад хам болида мешавад.
    Боварй дорем, ки ин хохиши мо аз вилояти Сугд ба назари эътибори Точвари фарзона ва Рустами азиз гирифта мешавад.

    Бо эхтирому самимият Ришханд-Таго. Аз шахри Хучанд.

  5. Ин линки сафхаи мост:
    http://varorud.blogspot.com/

  6. Мехостам худдори намоям, вале беихтиер:
    пешниходхои муаллиф хубанд, то ба хадде, ки якояк бо барномаи хукумат тавъаманд.

    Ба фикри банда ба мо шуури чамъияти намерасад.
    Ичрои хар гуна конун ва карор бояд аз чониби чамъият зери назорат бошад. Чи конун ва кароре,ки кабул нагардад, бе назорат аз поен ба нафъи гурухе хизмат хохад кард. Чун имруз дар хама соха.

  7. Бале рост гуфтед.Ба мо шуури чамъияти намерасад.
    Ичрои хар гуна конун ва карор бояд аз чониби чамъият зери назорат бошад вале чихел ва чи тавр.
    Хамаи мову Шумо нагз медонем ки агар конун аз зинахои боло вайрон нашавад зинахои поён ба конун вайрон куни даст намезананд.якум паст будани сатхи зиндагии мардум дар ин аст ки конунхои чумхурии точикистон амал намекунанд ва у конунхо аз дасти конунгузорон риоя намешавад.

  8. карзхои пуливу бонки

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: