Эътирози рабудашуда

Рустами Субхонй

Занону пирамардон ва чавонону наврасон дар Хоруг бо норозигй аз амалкардхои давлат ва аз хиссиёти бесохибию беамниятй ва бегона мондан барои хукуматдорони худ даст ба тазохурот заданд. Бо талаби адл ва хакикат, бар зидди фасод ва дуруг чони худро ба хатар гузоштанд.

Аз часорати онхо 4-5 кумондони собики дорои гузаштаву имрузаи норушан барои худ истифода карданд. Ва вазири умури дохилии мамлакат низ бурде ба даст овард, ки бе хушунате гуруххои гайримасъулро халъи силох мекунад. Пас оё метавон гуфт, ки тазохуркунандагон дар вокеъ дастхуши фармондехони собик будаанд ва дар ин бозихо на чизе ба чуз аз пасманзар?

Эътирозро кй «hijack» кард? Фармондехони собик ё вазири хукумат? Идомаи кор ва окибати он чй хохад буд?

Advertisements

Мужик Лужков ба Точикистон меояд

«Дуст»-и мансабдорон ва душмани мухочирони точик, шахрдори Маскав Юрий Лужков, ки калимаи «точик»-ро ба хайси бадтарин махлуки чахон ба кор бурдааст, ин хафта мехмони Точикистон мешавад. Маълум нест, ба кадом руй ва кадом обруй? Охир, агар точикон бадтарин чизи ин дунё бошанд, барои чй ба хонаи онхо меравй? Чй гум кардай он чо?

Бо донистани аълои хислату хосияти точикони худ, банда чашми инро надорам, ки касе дар фурудгохи Абарканд (Душанбе) ба сари тоси мужики рус тухми палагда ё помидур партоб кунад. Ин дар хар кишвари дигари олам як вокуниши мукаррарй ва кобили кабул аст, аммо на дар Сарпастистон (Точикистон). Вале дар як гушаи тангу нихону пажмурдаву сухтаву абгору даридаву хунфишони дилам ин умедро мепарварам, ки шояд як журналисти вокеъан точике пайдо шавад ва аз Лужков бипурсад, чаро точиконро ба хайси бадтарин мавчуди руи олам намуна овардй? Оё аз точикону Точикистон ба ту чй бадие расида?

Умеди ботил?..

Озоду ободу ором бошем!

Навиштаи Ариярам


Дуруд бар хамАндешон!
Чанд рузест ки дар зодбумам мардум ба додхохй бархостаанд, ки хамАндешонро андешаманд кардааст.

Ман бар ин боварам ки ин додхохй агар хам бунмояи сиёсие дорад, НИГАРОНЙ АЗ ОЯНДА аст ки помириён низ монанди хама мардуми Точикистон аз давлати Эмомалй Рахмон навмед гашта ва танхо умед ба ХУДОВАНДИ РАХМОНУ РАХИМ доранд.

Шумори додхохонро хар расонае харгуна гузориш додааст вале аз он чо ки ман худ помирй хастам ва хамшахриёнамро бехтар аз дигарон мешиносам, гумон дорам ки беш аз ними мардуме ки дар майдони пеши хукуматсарои Хоруг гирди хам омадааст, ТАМОШОБИН хаст. Бештари ин тамошобинон хам занону кудакон хастанд, ки НИРУИ БЕРУНА нестанд ва аз БЕКОРИ бар он майдон рафтаанд.

Шояд хам дар он майдон касе бошад ки дар сар хаёли хоми ҷудо кардани Помирро мепарварад ки сараш аз тан ҷудо беҳ!

Ман то замоне ки чон дар тан дорам, душмани касоне хохам буд, ки дар сар ин хаёли хом мепарваранд. Помир хамеша бахше аз Точикзамин буда ва хохад буд.

Помириён хамеша бахше аз мардуми точик буда ва хоханд буд. Дониста бошед ки ЗАБОНИ ПОРСИИ ТОЧИКЙ барои помириён забони мукаддас аст ва хама адабиёти мазхабии исмоилия, ба чуз аз КУРЪОНИ МАЧИД, ба забони порсии точики офарида шудааст.

Инро хам фаромуш накунем ки имруз хама мардуми ТОЧИК – сугдиёну зарафшониёну хисориёну вахшиёну хатлониёну раштиёну помириён – хама ЯК ХУДО, ЯК ХУН ва ЯК ХУДО дорем ва САРНАВИШТАМОН хам ЯКЕСТ: ё хама озоду орому обод хохем буд ё бандаву саргардону хонавайрон. Мо дар ду чахон гайри Худо ёр надорем.

ХАМОН БЕХ КИ ОЗОДУ ОРОМУ ОБОД БОШЕМ!

«Неруи беруна»-и тазохуроти Хоруг

Муаллифон — Рустами Субхонй, Точвар

Шиъорхои конунпарастона ва адлчуёнаи тазохуроти Хоруг сунъиву сохта ба назар мерасанд ва бештар ба бахонаи арозу эътирозангезй шабохат доранд, то ба сабабу иллати хакикии ноканоъатмандии мардум. Лубби матлаб корношоямии чанд мансабдори Бадахшон аст, ки дар фазои болоравии нарху навои озука ва густариши фасоду ришвату беконунй сират ва сурати бадтару манфуртар пайдо кардааст. Бехтарин ва оромтарин рохи халли ин мушкил ва рафъи холати нигаронкунанда барканор намудани ин мансабдорон буд. Аммо Душанбе ба ин рох нарафт ва шеваи дигареро интихоб кард.

Зимнан Душанбе ахиран ба иваз кардани вазирону сардори идорахо дар робита ба мушкилоти кишвар аслан майле нишон намедихад ва биноъан бокй мондани мансабдорони ношоиставу фосид дар хукумати ВМКБ на як падидаи алохида ва гайриоддй, балки аломати бехавсалагй ва хатто хастагию рахгумзадагии хукумати марказй низ буда метавонад. Вагарна Душанбе метавонист, аввал ба мушкилоти худ расидагй кунад. Махсусан дар робита ба зимистони гузашта ва идомаи бухронхои чандгона.

Вале хатто ин мансабдорон низ мушкили бунёдии Бадахшон нестанд. Масъалаи асосй — руз ба руз бадтар шудани вазъи зиндагист. Аммо вазъи зиндагии мардум на танхо дар ин чо, балки дар хамаи манотики кишвар то рафт вазнинтар мешавад. Фарк дар ин аст, ки авзоъ дар Бадахшон шояд хеле бадтар аз манотики дигар бошад, зеро фаромуш накунем, ки дар даврони шуравй такрибан 80%-и маводи ниёзи аввалияи Бадахшон аз берун ба он расонда мешуд. Солхои охир Душанбе тавони инро надошту надорад. Таъмини молии Бадахшон дар 17 соли охир бар дӯши шабакахои имдодии Шохзода Огохон буд. Кумакхои ин шабака дар ду-се соли охир ба хотири рохандозии василахои худкифоии мардум хосияти тичоратй пайдо кард, аммо ба зудй дар зери фишори моли арзону демпингии Чин камсуд ва хатто то чое ноком гардид. Канорафтодагии Бадахшон барои мансабдорони эъзомй бехтарин кошонаи чамъоварии сармояи ришвай буд ва афзоиши харчи онхо сабаби афзоиши фишори молй ба мардум шуда, вазъиятро вахимтар кард.

Ва табъан кочоки маводи мухаддир аз Афгонистон ба воситаи Бадахшон дар хамаи ин муддат ба маротиб афзоиш ёфта, сабаби густариши конуншиканй, фасод зургуй, зуроварй ва мӯътодй низ гаштааст.

Бори сангини ин вазъ бар души мардуми каторист ва кишрхои фаъоли сиёсии Бадахшон талош доранд, дарди мардумро баён дошта, ба кадри хол он хамлро сабуктар кунанд. Вале аз ибтидо ин кушиши онхо вижагие касб кардааст, ки онро метавон эътироз ва танаффури ошкору пинхон ба хукумати марказии Душанбе номид. Ин сабаб гашт, дар ивази талабхои хукукй ва конунй шиъору талабхои силсиладор ва пароканда ба миён гузошта шаванд. Барои намуна байни эътироз аз афзоиши кимати мучаввизи савдо дар бозори шахри Хоруг ва конунмандии тахвили сарзамини кишвар ба Чин бе ризоияти мачлиси Бадахшон, истеъфои додситони вилоят ва сарнавишти нохияҳои Тавилдара фарки мухиме мавчуд аст. Чунин шиъору талабхои дур аз хам ва бахонамонанд шубхахоеро ба миён овардааст, ки нерухое аз берун мехоханд, машаккати мардуми Бадахшонро бар суди сиёсии хеш истифода кунанд.

Дастикам дар зохир ин шубхаву гумон бепоя низ буда наметавонад. Солхост, дар бархе аз марказхои мутолеъоти Русия омилхои чудоихохии Помир хамачониба омухта мешавад. Матбуоти рус мукарраран ба тафовути мазхаб ва забонхои Бадахшон бо бакияи Точикистон таъкид мекунад. Чаҳор сол пеш дар матлаби баланде се коршиноси маскавй аз зарурати тахкими нуфузи Русия дар Бадахшон ва дар накши хомии мардуми ин минтака зухур кардани Русия дар мукобили «миллатгароии точикон» бепарда харф мезаданд. Ин матлаб замоне нашр шуда буд, ки хукумати Точикистон майли бештаре ба Амрико нишон медод ва Узбакистон ба пойгохи нерухои амрикой табдил ёфта буду Маскав чонсараки он буд, ки пояш аз минтака бурида хохад шуд. Вале оё имруз Маскав зарурате ба такон додани Бадахшон дар завраки Точикистонро дорад?

Дар як матлаби дигар, коршиноси точик менавишт, ки Огохон ягона подшохест дар чахон, ки тамоми абзори шохигариро дорад, илло каламрав. Ин шахс хадс мезад, ки Огохон мехохад, Хоругро пойтахти чахонии худ эълон кунад. Ба эхтимоли зиёд ин матлаб ба таври махсус барои он нашр шуда буд, то равобити хукумати Точикистон ва Огохонро хадчадор кунад. Оё Огохон омодааст, дар Бадахшон шохигарие дуруст кунад ва бори сангини равобити хасана бо Точикистон, Чин ва Киргизистону Афгонистонро бар душ бигирад? Ин хам бар замми хурондану пушондани мардуми вилояти сарватманде, ки барои корандозии сарваташ бояд аввал чанд баробар бештар сармоягузорй кард?

Пас Амрико ба навчавонони Бадахшон пул медихад, то бар зидди хукумати худ тазохурот кунанд? Оё Амрико мехохад, Помирро ба пойгохи харбии хеш табдил дихад? Он хам бо вучуди як пойгох дар Киргизистон ва озодии фаъолият дар тамоми каламрави Афгонистон?

Харчанд меАндешем, ки нерухои берунаи хохишманди ташаннуч дар Бадахшон кихо бошанд, сурогаи боварбахше намеёбем ба гайр аз хукумати марказии Точикистон. Душанбе ба хотири аз хама гуна зилзила хифз кардани курсии мансабдорони Хоруг ба Бадахшон неру фиристод. Танхо бо як максади аз байн бурдани мухолифони ин хукумат, ки онхоро мухолифи худ низ мешуморад. Мансабдорони Душанбе гуфтанд, неруро барои он фиристоданд, ки пеш аз сафари раисичумхур ба Хоруг вазъро дар ин чо зери назорат бигиранд. Пас магар холо вазъ дар зери назорати онхо нест. Агар ин тавр аст, оё хокимони фиристодаи онхо гунахкори чунин вазъ нестанд? Пас бехтар нест, онхоро иваз кард? Чаро дар холе ки президент Рахмон дар соли 1993, дар бухбухаи чангу ошуфтагй тавониста буд, дар халкаи хамагй чанд нафар ба Хоруг сафар кунад, аммо акнун бояд пешопеши у 180 сарбози саропо мусаллахро ба ин чо фиристод? Ин барнома иштибохи Душанбест ё мансабдорони Хоруг ба марказ иттилоъи бардуруге медиханд, то бо истифода аз ин вазъи худро дар авчи норозигии мардум кавитар кунанд?

Аз он чо ки ба ин пурсишхо посухи дакик надорем, сукутро авлотар медонем ва матлаби шояд бахсбарангези хешро бо ин суханони як бадахшонй, ки дар яке аз сайтхо навиштааст, поён медихем: «Аслан чаро чаноби Рахмон мехоханд, ба Хоруг сафар кунанд? Бехтар нест, дар пули ин сафар чанд халта орд ба мо фиристанд, кудаконамонро сер кунему дар хакки он кас дуъои нек фиристем?»

Дилам ба Бадахшонам месузад…

Зухро Неккадамова

Бародари азиз Точвар. Хабархои марбут ба гирдихамой дар Хоруг маро сахт ба нигаронй овардаанд. Аз худованди мутаол талаб дорам, ба сари мардуми мо бадбахтии наве раво надорад. Дур аз ватан шадидан дар ёду гами ватани азиз хастам ва ин кадар дар хиссиёту фикрхои худ гир афтодааму, ки намедонам, чи фикр кунам ва чи кор кунам.

Аз як тараф шадидан норозиям, ки мардуми мо ба майдон баромад ва гирдихамой карданд. Дар хакикат метарсам, ки ин хукумати золим ба мардуми худ хама гуна бадиро раво мебинад. Онхо бо амали гузаштаашон гуфтанд, ки бинед, мо ба мардуми худ дар Кулоб рахм намекунем, ба дигарон рахм мекунем? Вале аз тарафи дигар ман онхоро хеле хуб мефахмам, ки мачбур шудаанд, ин корро бикунанд. Ман хам дар Хоруг мебудам, дар сафи пеши мардум меистодам, зеро кушунхоро ба Хоруг овардани онхо бе максад нест. Ин кор факат як максад дорад, бо бахонаи дастгир кардани кочокбарони героин ба халки мо хучум мекунанд, одамонро мекушанд ва максад факат як чиз аст, алави чашми халкро гирфтан.

Дар 17 соли хокимияташон онхо ин кадар халкро сарпасту гулом карданд, ки дигар дар чашмони мардум ягон алаву оташ хам намондааст акнун мехоханд, хамон охирон одамони таслимнашавандаро кир кунанд.

Ман дар Хоруг мебудам, дар сафхои пеш меистодам ва намегузоштам, ки навчавонони моро нест кунанд. Ман дигар аз зиндагй хамин кадар сер шудаам, ки хаёти худам дар пеши назарам намоён намешавад, лекин ба навчавонон дилам месузад. Хукумати Точикистон бо ин корхояш худашро дар як тараф мегузораду халкхоро дар тарафи дигар.

Вале ба фикри ман рахбарони митинг дар Хоруг галат карданд, ки ба гапи онхо розй шуданд. Аз онхо ба гайр аз фиребу найранг хеч чизи дигар намебарояд. Бисёру бисёр метарсам, ки ба мардуми мо чи мешавад ва дилам ба Бадахшонам месузад.

Зухури салафихо ва тахририён ходисаи табиист

Муртазо Мустафозода

Дар торнигори шумо чанд матлаберо дар бобати салафихо хонда будам ва хушдори умда  дар ин матолиб чунин буд, ки зимни мудохилаи нерухои беруна дар умки афкори исломии Точикистон неруи тирае дар холи ташаккул аст. Ичоза дихед, бо вучуди кабули аксар нукоти матруха, ба ин хулосаи асосии шумо ва дигар муаллифони торнигор мухолиф бошам.

Дар мархилаи кунунй махз хамин чунбишхо мухаррики афкори сиёсй ва ичтимоъии чомеъаи Точикистон мебошанд. Мухолифати онхо ба низоми мавчуда дар кишвар холигохи дигарандешй ва эътирозро такмил мекунад. Дастпарвар ва муздури махофили хоричй шумурдани онхо иштибохи махз ва камбинии онхо ва камбуди шинохти сахех аз вазъи кишвар аст. Харчанд лозим ба икрор аст, ки махофили муайяни хоричй нерухои мазкураи исломгарои точикро, ки дар чомеъаи худ танхой кашида, пуштибонии заруриро пайдо намекунанд, мавриди истифода ва гохе суиистифодаи карор медиханд. Ин равиш холати фиребандаеро мучассам месозад, ки гӯё нерухи исломии кишвар аз берун идора мешаванд. Айнан монанди он ки замоне муъассисони Хизби нахзати исломии Точикистон муздурон ва ачирони махофили хоричй шумурда мешуданд. Имруз касе ёфт намешавад, ки дар нисбати ХНИТ чунин иттихомро ба миён бигузорад. 

Салафихо, тахририён, байъатиён ва пайравони чандин чараёни нисбатан нави исломи сиёсии Точикистон меваи ноканоатмандии чавонмуслимини точик аз вазъи феълии дин ва сиёсат дар кишвар мебошанд. Бахше аз онхо фиребхурдагони ХНИТ низ хастанд. Дар огози солхои 90-и карни гузашта онхо чашми умед ба ХНИТ духтанд, аз пайи рахбарони он рафтанд, дар сангари чанг карор гирифтанд ва шахид доданд. Ахдофи онхо аз мубориза билкулл ин набуд, ки чанд нафар ба макому манзалати давлатй бирасанд ва ду нафар ба узви порлумон табдил биёбанд. Ахдофи онхо фаротар аз ин буд. Яъне таъмини чойгохи воло ва муносиб барои арзишҳои динй ва миллии худ, ворид кардани рухи кудсияти динй ба колбади бегонасиришти чомеъа ва низом, чорй кардани адли илохй ва ичтимой.

Рахбарони ХНИТ ва Иттиходи оппозисюни точик ин афроди ангезадор ва гайюрро ваъдаи расидан ба ормонхоро доданд ва то тавонистанд, аз содалавхй ва сарсупурдагии онон истифода карданд. Дар соли 1997 сулхи козиб ва якчониба баста шуд. Рахбарон ормонхои бузургро курбони маъишат ва дунё карданд ва ин хиёнати эшон боздехи хубе барои онхо ва ахли хонаводаву хамдиёронашон овард. Судчуихои дунявии хештанро онхо бо бахонахои «хадди аксари имконоти мавчуда» пардапуш карданд ва ба махзи расидан ба ахдофи хусусиву гурухй, хонаводагиву махаллии худ садхо хазор чавони ангезадор ва мучохидро ба боди сарнавишт, ба дасти гаддорони пирузманд супурданд. Хазорон нафари онхо кушта шуданд, хамин теъдод зиндонй гаштанд, бакия фирор намуданд. Ормонхояшон дар сина монд ва аз кафани гулгунашон хануз хам дуд мехезад.

Дар холате ки солхои чанг рахбарони харакоти исломии Точикистон бо даъватхои чиходй ва расидан ба ормонхои исломй ангезаи ин чавонмардони сарсупурдаро харчи бештару бештар кавитар мекарданд, бо расидан ба максадхои кучаки хеш бо дастури хукумати рахмонуфй ва дар ивази тичорат бо ин хукумат ба таблиги низоми дунявият гузаштанд ва тамоми талошро карданд, ки он ангезаи кавиро бишкананд. Ба онхо муяссар гардид, ки то андозае ин ангеза ва ормонпарастии як насли пуршумори исломгароёнро заъиф гардонанд, аммо муяссар нагашт, ки онро комилан аз байн бубаранд.

Дар натича имруз мо сафхову халкахои зиче аз салафиён, тахририён, байъатиёнро дорем, ки шумори пайравонашон руз то руз бештар мешавад. Ба андешаи огахони раванд, теъдоди онхо бахусус дар миёни мухочирони точик, ки дар Русия азоби алим мекашанд, ба садхо хазор нафар мерасад. Дар бархе аз манотики Русия, бахусус вилоёти мусулмоннишин онхо шабакахои муназзам ва пуркор доранд. Холо танхо сарриштаи кори онхо дар Точикистон зухур кардааст, ки зиёд назаррас нест.

Лихозо, ин нируро наметавон гуфт, тира аст, балки кудрати ботинии он хамагонро ба харос меорад. Як далели ба сукути амик фуру афтодани ХНИТ дар мархилаи хозира низ хамин мебошад, ки ХНИТ намехохад, он чизе ки фардо ба вукуъ пайвастанист, натичаи кору пайкори он дониста шавад. Ба акидаи сарварони нахзатиён, эътидолгароии намоишкоронаи онхо бояд дар оянда сипаре шавад, ки эшонро аз иттихомот алайхашон эмин дорад. Ба хар тартиб, нерухои нав ва хуфиякори исломии Точикистон бо исмхои мухталиф ва эхтимолан муваккат аксисадои фиребхурдагон ва агар мехохед, интикомчуии онхоест, ки мубориза карданд, шахид доданд, аммо ба чое нарасиданд ва баракс мебинанд, ки вазъи Исломи азиз ва ватани азизи эшон бадтару бадтар мешавад.

 

Посух ба номаи хашмолуд

Рустами Субхонй

Дируз навиштори як дусти худро нашр кардем, ки ба торнамои Бахши сугдии Иттифоки нависандагони Точикистон пузханд задааст. Онро танхо баъд аз боз кардани ин торнамо нашр кардем, вакте мутмаин шудем, ки дусти мо сухани хакро менависад. Бунёдгузори «Андеша» — Точвари азиз низ ба нашри ин матлаб ризоият додааст.

Имруз номаи пур аз дашном ва газаб ба мо расид, ки намегузорем, мардум лоакал як кори хубе анчом диханд ва кори мо факат тахкири дигарон аст. Афсус, ки нома ба чуз ин харф ва як нуктаи дигар комилан аз тахкир иборат буд. Агар кори мо тахкиру тавхин аст, лутфан бо шеваи дигаре ба мо ёд дихед, ки аз шумо биомузем, вагарна аз тахкирхои шумо муи сари мо рост хест. Мо ки дар он лукма касеро ба ин нахва тавхин накарда будем.

Аммо нуктаи дувум ин буд, ки гуё мо ба инсонхои бузурге тахкирро раво дидаем ва дар катори чандин исме, ки ба гайр аз дард чизе надоштанд, номи бону Фарзона низ зикр шудааст. Рушан гуфтанием, ки мо ягон шоиру нависандаро таҳти танкид карор надодаем, илло созмондихандагони торнаморо ба ду иллат. Аввалан сафхае дар бораи шеър ва забони модарии мо бояд поку беолоиш бошад. Хама чизи дигари мо барбод рафтааст, алалакал инхоро пок нигоҳ дорем.

Сониян Фарзона дарвокеъ ифтихори миллат, забон ва адабиёти мост ва мо касди баде ба у надоштаему надорем. Лутфан худро ва бесаводии худро дар паси шонахои нафиси у пинхон накунед. Номи уро дар пахлуи номи Атахон Сайфуллоев навиштан низ гунох аст, тавхинест на танхо ба шоираи забардаст, балки ба хамаи миллат. Сайфуллоев на танхо касест, ки Чумъа Одинаро кушт, балки касест, ки аз хабисии у дар Точикистон чанги шахрвандй ба вукуъ пайваст. Агар вай навори тавхини Кенчаев ба Навчувоновро аз телевизион, ки он вакт рахбараш буд, намоиш намедод, мумкин дар Точикистон чанг хам намешуд.

Ва мухимтар аз хама, агар шумо, бародари азиз дар мукобили интикоди А.М. далелхое доред, ки сухани уро рад мекунанд, мо ба чону дил ин далелхоро ба диккати хамагон мерасонем. Метавонед, андешахои худро дар колаби танз низ бинависед, аммо боз мегуем, танзи бодалел. Магар «шуъба»-ро «шуба» нанавиштед? Адибони точикро ба ленинободию бакия точикон чудо накардед?

Мо хамаи махалхои Точикистонро баробар дуст медорем ва агар неше мезанем, ба мансабдорони махалгарост. Дар гузашта моро шимолй ва бадбинони чануби кишвар, махсусан Дангара номиданд. Хуб, номи Дангара холо муродифи чист, хама медонанд. Бовар надорем, ки ягон латифае дар ин бора нашунида бошед. Акнун шумо моро дар чанубгарой муттахам мекунед, ки боз хам галати махз аст. Хам он тамгазанихо ва хам барчасп гузоштани шумо далели ин аст, ки мо на ингароем ва на онгаро, точиконе хастем дар гами миллат, забон ва адабиёту фархангамон.

Ба чои хашмгин шудан, галатхои худро ислох кунед. Адибонеро, ки монанди Фарзона, кайхо аз доираи махал баромадаанд, дар сафхаи худ нагузоред. Ба шумо хамон Атахон Сайфуллоев кофии кофист.