Тухми палагда ба сари чанд нафар хам бояд зада шавад

Навиштаи Фотима аз Душанбе

Бахси навбатй дар минбари «Точвар» тахрикдихандаи афкори чавонони ватандуст ва миллатдуст мебошад. Агарчанде эхтироми журналисти чавонро нисбат ба савол додан ба Лужков дигарон ночуръатй фахмиданд, ин маънои онро надорад, ки бародар Абдуазим гуфту амал накард. Нисбат додан ба синнусол ва насли замони Шуравй аз доираи афкори андешаи бахси дур аст, мухим он нест, ки Абдуазими Абдувахоб насли шуравй аст, балки он аст, ки чавхари андешаи дифои миллат кардааст ва Лужковро дар расона хушдор додааст, ки омода бошад барои зарба хурдан. Фикр мекунам Абдуазим хамаги 22 сол дорад, зеро тафаккури насли нави точик салобати часорати андешапардозиро дорад, на насли шурави ва ё аз сисола боло. Хастанд насли аз 30 боло, вале ками андар кам.

Вакте Шумо журналисти чавонро ночуръат мегуед, оё ин чуръати Рахмонов аст, ки бо Лужков, ки миллати Рахмонро инсон намешуморад 5-6 соат дар Кохи Вахдат нишаста суруди мусикй ва ракс тамошо мекунад. Бечуръати журналисти чавон ва одиро бинеду бочуръати Президенти давлати журналистро, ки барои у кимат надорад, ки миллаташро чи мегуянд, мекунанд ва гайра.

Агар дар мизони акл баркашем мову Шумо низ мебудем сари кали Лужковро бо тухми палагда ранг карда наметавонистем, зеро беэхтиромй мешуд. Албатта палагда зада мешуд ин кахрамонии журналист буд ва солхо аз он ривоят шояд, асари баландгоя , мохияти миллатдуст будан офарида мешуд номи Абдуазим вирди забон, дар сахифоти таърих чун Восеъ, Муканнаъ мегардид, вале аз ин ки ба нишон нагирифт ин маънои бехунарии камин гирифтан нест.

Точик имруз дар ватани худаш тахкир аст дар зери пайрави сиёсати хирадмандона, Президенти кишвараш хар як мавсим ва хар як чорабиниро соатхо бо баромадхои тахрифшуда ва расму бозй мегузаронад, мардум ягона рохи начоти хешро баромадан аз ватан медонанд, хешу акрабои Рахмон ва вазирони бесалохияташ хамаро монополия карда гирифтанд. Дар чунин фазои чомеаи гуломдорй ва фасодзада, садо баланд кардани Абдуазими Абдувахоб кахрамонист.

Чои дигар мо бояд тухми палагдаро дар сари Рахмон, Алимардонов, Убайдуллоев, Окилов, Гуломов, Сайдулло Хайруллоев, Бобозода, аз хама бештар дар сари муйдори Шарифхон Самиев ва Шералй Гул занем, ки миллатро ба нестй бурда истодаанд. Хар руз нарху наво ва хакки истифодаи барку газ ва оби лойолудро мутобики бозори чахонй гуфта ба дака мебардоранд.

Ба моаши худашон баробар мекунанд, солхост, ки мансабро дошта барии миллат вахдат мекунанд, чандин иншооту маблагхои давлатиро аз они худ карда истодаанд. Шерхон Салимов раиси агентии коррупсия бошад, танхо фасоди 100-1000$ , ки ба шахсони аввал табори надоранд, дастгир мекунад ва шарм накарда тарики ТВТ намоиш медиханд, хол он ки шахсони дар боло зикр шуда хамаруза маблаги давлатро горат мекунанд, вале Салимов ба онхо кордор намешавад. Тухми палагдаро сари чанд афроди мансабдори дохил хам задан хайф аст, сари кали Лужков дур истад, ки бо хотири мухочирон ва хусусияти мехмондории точикон палагда нахурд.

One Response

  1. Salom khohari aziz!

    Bo khulosai shumo man 100 dar sad rozi hastam, ki ba sari chunin mansabdoroni ghofilu khudbin niz, ki aslan millati moro ba chunin ruzgori nodoru sangin ovarda rasonidaand, har yak shahrvandi kishvar imruz haqqi ma’navi va qonuni dorad, ki e’tiroz kunad va har chize ba dastash rost biyod ba suyashon bizanand.

    Ammo, jurnalisti javon hamono khato kard, ki hatto agar ba mansabdoroi khudi e’tiroz karda natavonad ham chun fahmidan mumkin ast, ki bo in cenzuravu diktaturai davlati imruza on payomadhoi nokhush ovardanash mumkin ast, aqqalan ba yak mansabdori rus ki ruirost millati moro bad meguyad va kishvari moro tahqir mekunad, savol dodan yo tukhmi palaghda suyash havo dodanro ba khud muvofiq nadidaast. Budined, ki khudi hamin hafta chand javononi rus bo nishoni e’tiroz ba nishasti matbuotii safiri Latviya vorid gashta, ba suyash quttihoi pomidor partoftand (http://news.bbc.co.uk/hi/russian/russia/newsid_7485000/7485367.stm).

    Barodari mo aniqtarash na guftu na amal kard, afsus. Inchunin, nasli kadom zamona budan va sinnusol hatman doimo ba tarzi fikrroni va fa’oliyati har shakhs ta’siri jiddie dorad. Man bo bovarii tom gufta metavonam, ki nasli hushyori zamoni mustaqqiliyat az nasli zamoni shuravi kamtar ba rusho va umuman ba tajribai davlatdorii shuravi e’timod dorad. Yo hamin tavr nest?

    Khulosa, in hukumat boyad bifahmad, ki muhojirati mehnati rohi halli mushkilihoi mo nest, zori kardani luzhkovu putin baroi qvotaro baland bardoshtan nishoni siyosati durbin, khiradmandona va vatandustona nest, balki az hama muhimtarin dastgirii sohibkorii khurd, jalbi sarmoyaguzori dar kushodani bisyor korkhonai kuchaki istehsoloti to mardum dar nazdiki khonavodaashon kori doimi doshta boshand va albatta, guzarishi komil harchi zudtar ba systemai parvarishu omuzishi kishvarhoi rushdkarda. Mushohidaho tasdiq medihand, ki chi qadar sathi maorif va donish past yo baland boshad, hamon qadar sathi taraqqiyoti jam’iyat va zindagii sharvandoni on past yo baland ast. Binobarin, harchi zudtar guzashtan ba sistemai omuzish va parvarishi kishvarhoi rushdkarda va ivaz kardani vaziri maorif amri zarurist dar rohi behbudii umumii kishvar.

    Sarbalandu piruz boshed!

    — Botur Kosimi
    Vermont, IMA

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: