Хакикат чакидаи вичдон ва номус аст

Ашур Назарзода, шахри Краков, Лахистон

Дар торнамои радиои Би-Би-Си хондам, ки дастгохи раёсатчумхурии Точикистон як маркази вокуниш ба хамалоти иттилоотй таъсис доданист. Вазифаи ниходи нав посухи саривактй ба матолиби интикодй ва тавхиномезе дар расонахои хоричй будааст, ки ба эътибори Точикистон ва миллати точик латма мезананд.

Муаллиф пурсишхои дурустеро дар миён мегузорад, ки оё ин вокуниш ба чи шакле хохад буд:

  • Навиштан ва нашр кардани матолиби чавобй дар матбуоти Точикистон?
  • Нашри далелхои радкунандаи матолиби чопшуда дар хорич?
  • Интишори ичбории матолиби чавобй дар расонахои хоричй?
  • Ба додгоҳ кашидани муаллифони матолиби тавхиномез?
  • Фиристодани гуруххои махфй барои посухи чисмонй ба муаллифон?
  • Ифшои хакикат дар мукобили тухмату тавхину дуруг?

Хулоса, андешаи хифзи обру ва эътибори кишвар ва миллат дар арсаи чахон ба миён омадааст, сармоя хам зуд пайдо шудааст, зеро маълум гашта, ки дар ин марказ 7 нафар бо дастмуздхои хуби сатхи чахонй кор хоханд кард, аммо чун хамеша тарзу васила ва меконизмхои ичрои максад муайян нашудаанд. Ин хам дар холе ки намояндаи дастгои раёсатчумхурии Точикистон аз “консепсиюн”-и иттиллотй сухан гуфтааст, лек худи ин назарияро шарх надодааст.

Таъкиди вай бар афзоиши матолиби интикодй ва тавхиномез дар расонахои хоричй ишора ба маколахоест, ки дар робита ба казияи Хасан Асадуллохзода, додгоҳи 140 миллиондолларии Талко, руйдодҳои Кулоб ва Бадахшон. Аз ин лихоз метавон натича гирифт, ки максади аслй на хифзи обру ва эътибори байнулмилалии Точикистон ва миллати точик, балки хифзи обру ва эътибори президенти Точикистон Эмомалй Рахмон ва ахли хонаводаи уст. Шояд ба хамин сабаб сухбатхои у нимкора ва норушан мебошанд.

Харчанд ин масъалахо дар хакикат ба обру ва эътибори Точикистон дар арсаи чахонй таъсири муайян мегузоранд, Рахмон ва Точикистон, Асадуллохзода ва миллати точик мафхумхои аз хам чудо ва дур мебошанд, хатто метавон гуфт, хеле ва хеле аз хам дур.

Вакте садхо маколаи тавхиномез дар бораи мухочирони точик нашр шуд ё аслу мояи миллати точик дар намоишхои “Наша Раша” тахкир гардид, касе ба фикри таъсиси чунин марказ нашуд. Акнун ки руз то руз дар бораи чаноби Рахмон дар Гарбу Шарк маколахои интикодй ва фошкунанда ба чоп мерасанд, лаганбардорону хушомадгуён дар фикри таъсиси маркази контра-пропаганда шудаанд.

Аммо дар гумон аст, ин нушдору ба марази хукумату хукуматдорон даво шуда тавонад. Кор кайхо аз кор гузашта. Бехтар аст, аз хакикат кор гирифта шавад ва агар Хасан Саъдулло кушта шудааст, бояд инро икрор кард ва мотам гирифт. Агар Рустам тир зад ё Тахмина инро хам бояд кушоду равшан гуфт. Ва аз хама мухимаш бояд ошкоро гуфт, ки Рахмон кор карда натавонист. Дар кишвар ба гайр аз дуздии молу пулу кумакхои хоричй ва кочоки маводи мухаддир хеч сохаи дигаре пешрафт накард.

Набояд бо чунин талошхое, ки аз онхо тифле ба дунё намеояд, худро гам дод ва дар пешрафти боз як сохаи пешрафтатарини кишвар — тамаллук ва хушомадгуй сахм гирифт. Агар мубориза мехохед, силох яктост — хакикат! Хакикат аз руи вичдон!

3 Responses

  1. Сипосгузорам аз Шумо, дусти азиз Ашурчон.

    Ба фикрам, мавзуи хеле чиддй ва мухимеро дар миён гузоштед. Матлаби БиБиСиро хам хондам ва сад дарсад аз андешахои Шумо чонибдорй мекунам.

    Харчанд пахн шудани ин ё он иттилоъ ба эътибори кишвар ва рахбари он таъсири муайян дорад, ба он мукобил гузоштани иттилои дигар чорасоз буда наметавонад. Сониян ягон нашрияи хоричй музахрафотеро, ки дафтари матбуоти президент менависад, чоп нахохад кард.

    Худи истилохи “контр-пропаганда” як мероси замони шуравист ва торих нишон дод, ки он ба Иттиходи шуравй фоидае наовард, ба мо низ мададе нахохад кард.

    Ман танхо ба як нукта эътироз дорам, ки ба зуроварй нисбати муаллифон дахл мекунад. Худи хамин чиз боиси 100 баробари дигар беобру шудани кишвар ва рахбари он мегардад.

    Ба фикрам, дар Точикистон намехоханд, эътироф кунанд, ки айб дар мош не, дар худи ош аст ва агар ош болаззат буд, зарурате ба исботи хубии мош бокй намемонад.

    Умедворем, ин нукоти навиштаи Шумо кобили кабули кормандони маркази нав бошад.

    Сарлабанд бошем!

  2. Ман аз он метарсам, ки максади онхо хамла ба мунаккидон набошад. Аз ун чо ки зурашон ба хоричихо намерасад, муаллифони худиро хадаф хоханд гирифт.

  3. Салому дуруд устодон ва равшанфикрони точик!
    ман як фарди точик, ки дар кишвари ба мо “дуст ва бародари” русия мехонам. дар русия ки хамаи расонахои зард (ва рангоранг) кор мекунанд душвор аст бакадоме ин аз бовар карда хулоса барори.
    ман гуфтаниам.ки дар кишвари мо чанд кадере хам набошад кам аст. ташкили расонахо ба фикри ман метавонад раванди тараккиёти хабарнигориро афзояд ва метавонад аз адад ба сифат гузарад. ман ки худро яке аз нависандагони чавон мешуморам ояндаи худро чун фарди точики демократи ва озод дидан мехохам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: