«Чооболй» дар мулки далерон

Навиштаи М. Одилзода

Ибораи «чаноби олӣ» соъатхои зиёд аз Шабакаи Якум гуши манро гарон кард. Каллахои сухангуи ин куттии гулзанй худ аз талаффузи ин ибора забонпеч зада буданд ва баъзан дар ивази он «чооболй» мегуфтанду хандаи аламдори манро меоварданд. «Чооболй» часорат карданду сулх карданд. «Чооболй» аз тииру туфанг натарсида ба Хустдех рафтанд. «Чооболй» корро аз таъсиси Шурои миллй сар карданд. «Чооболй» ин тур карданд, «чооболй» онтур карданд…

Ин «чооболй» дар нихояти амр манро комилан хаставу лакот кард, аммо худо хайраш дихад, як замон худаш бо хамон гардани кулуфт дар куттии аттор пайдо шуд ва суханонеро ба забон овард, ки танхо «чоболй» гуфта метавонад. Вай дар варзишгохи Кулоб мардуми ин минтакаро нах зад, ки чй гуна бо бахонаи 2700-солагии шахри бостонй дар ин чо роху мактабу бемористону манзилхо сохт ва барои ин бояд аз у миннатдор бошанд. Ба суханбозй пардохт, ки вай медонад, ки «мардуми Кулоб мардуми далер ва гайюранд.» Хатто мачбур шуд, бигуяд, «ман хар яки шуморо бисёру бисёр дуст медорам.»

Хамаи ин аз як су ба нах задану миннат гузоштан ва аз суи дигар ба тамаллуку хушомадгуй монанд буд. Ба назарам ин гуна буд, ки «чооболй» мехост, бо хар рох ки бошад, ходисаи ахири тиру туфангкашй дар Кулобро аз дили мардум барорад. Куттии ахлот, эээ мебахшед, куттии аттории телевизион ин суханони «чооболй»-ро бетахрир пахш кард.

Мардуми дигар манотики кишвар чи хис карда бошанд, вакте онхо на далеранду на гайюр?

Дар пайи кумакхои «башардустона» фиристодан ба Бадахшон ин суханони «чооболй» шояд дигаронро хам ба харакат оранд, ки ё «далеру гайюр» шаванд ва ё тазохурот кунанд, то аз нурхои гарми «чооболй» насибае дошта бошанд.

(Лутфан бе тахрир ва ихтисор нашр кунед.) 

 

Advertisements

One Response

  1. salom aleykum
    barodar zik nashaved mardumi Kulob hamavakt notarsu gayur meboshad.holo onho yak chiz mexohand.chize shavad nashavad dar tjk jang nashavad.Baroye ki agar jang shavad boz mardu bostoniyi kulob ba kushta (shahid ) meshavad.inro yakbor dar tajibayi hayot didem.
    boyad aqida adlu insofro ivaz kunem.inshalloh az Alloh umedvoram ki meshavad.
    saloma boshed

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: