Муносибат ба Додочони Атовулло

Рустами Субхонй

Чаноби Атовуллоро ё шадидан бад мебинанд, ё бо тамоми дил дуст медоранд. Бархурди васатй гуё вучуд надорад. Танхо чаноби Точвар боре комилан бетарафона як су аз хукумат гилоя дошту суи дигар аз мардум ва аъмоли чаноби Атовуллоро “намакоби болои сухта” унвон кард.

Вале як дафъа ба ин биандешед, ки оё шахсияти чаноби Рахмон низ хамин гуна “бевасат” нест? Ё шадидан танкидаш мекунанд ва ё сарбахок задаву ба осмони хафтумаш мебардоранд. Шояд сиёсат аст, ки хамин гуна падидахоро ба вучуд меорад? Ва хам розй бояд шуд, ки хар дуи ин ашхос бартарй ва камбудихои хоси худро доранд.

Рахмон мегуяд, корхо хубанду хубтар мешаванд, Атовулло мегуяд, корхо баданду бадтар мешаванд. Аммо харду изхор медоранд, ки гами мардумро мехуранд. Яке барои он ки дар сари кудрат бокй бимонад, дигаре барои он ки ба сари кудрат биёяд. Пас дар нихояти амр, харду талабгори як чизанд. Харду хамдигарро хуб мешиносанд, вагарна харгиз Рахмон Атовуллоро чор соъат дар кабинеташ нигах намедошту сухбат намекард.

Хандасортарин амал аз “Ховар” баромад. Гуё мактубхои коллективонаи мехнаткашон дубора эхё гашт. Ин мактуб на бар зарари Атовулло, балки бар суди уст, ки акидахояшро мунташир ва таблиг мекунад. Лекин барои аксарият, шояд фарке байни ин ду нест. Ба истиснои он ки аксарияти сокит ба хар хол дар замири калб ба Атовулло ташаккур мегуяд, ки ба Рахмон фишор оварад — шояд ахвол бехтар шавад…

10 Responses

  1. Харду хамдигарро хуб мешиносанд, вагарна харгиз Рахмон Атовуллоро чор соъат дар кабинеташ нигах намедошту сухбат намекард.

    Rahmon bo Atovullo 4 soat suhbat kardaand? Kay? dar kujo? Ma’loumoti beshatr hast?

  2. Оре, чунин мулокот барпо шудааст ва шарти Рахмон ин будааст, мухтавои он дар хеч кучое нашр нашавад. Чаноби Атовулло харчанд Рахмонро интикод мекнад, аммо ба ваъда вафодор аст ва як калима хам аз мухтавои ин мулокот ошкор намекунад.

  3. Дар бораи равобит доштани Раҳмон бо Атовулло чизи хосеро намедонам. Аммо дақиқ мефаҳмам: чизе ҳаст, ки ҳардуи ин нафарро ба ҳам пайванд медиҳад. Вагарна, барои Раҳмон ва командаи ӯ саҳл буд, ки Атовуллоро низ мисли қумондонҳои собиқ бар зиндон бикашад ва ё даҳонашро бубандад. Аммо ҳич фаромӯш намекунам, ки Додоҷон замоне дар нашрияи «Ҳафтганҷ» гуфта буд, ки: «Роҳи ман яктост ва ба ҳама ошност». Яъне, роҳе, ки барои ҳамеша дар мухолиф ва муқобили ҳамагуна ҳукумат боқӣ мемонад.

  4. Мукоисаи Атовулло ва Рахмон мебоист комилтар ва амиктар мебуд ва дар заминаи фактхои хаётй, то тафовути байни харду рушан мегашт, зеро онхое ки яке дуст медоранд, дигариро бад мебинанд ва баракс.

    Шояд аз диди аксарият байни харду фарке набошад, вале бубинед, ки яке 17 сол боз рахбари давлат аст ва дигаре 17 сол боз гурезаи сиёсй. Оё ин бузургтарин тафовуте нест, ки хам дидгох ва хам вижагихои шахсро ташаккул медихад? 17 сол бе хуру захм хам мешавад, худро дар курсие нигах дошт, аммо 17 сол дур аз ватан ва хамеша тахти хатар будану сар хам накардан кори осон нест.

    Атовулло харгиз дар курсие баландтар аз сардабирии нашрия нанишастааст, ки хусну кубхи у ба хайси сарвар маълум гардад. Аммо ин хама сол афроди гуногунеро ба худ чалб кардаву шояд мавриди истифодаи хеш карор додааст, истеъдоди муайянеро талаб мекунад.

    Хамзамон истеъдоди журналистии Додочони Атовулло хам дар садаи гузашта ва хам холо назире дар миёни точикон надоштаасту надорад, инагш ба гуфтаи Шолохов, факт аст. Факти раднашаванда.

  5. Shoyad Dodojon shakhsest beadolat, ighvogar va manfiatjuy, ammo nabastani muhri khomushi bar dahan asos ast baroi hurmati u va ahsantkhoni ba u.

    Baroi chi imruz hama ob dar dahon giriftaand ba jus Dodojon va Rahmatullo Zoirov?

    Hukumat yakin as Dodojon metarsad va harakathoi Hukumat dar javobi sukhanhoi u inro tasdik mekunand. In tanho nishondihandai sust budani Hukumati imruzaro dorad.

  6. Точвари гиромй:

    Ман кушиш кардам, фикрхоеро ба таври мухтасар ракам занам, ки дар чомеаи Точикистон мавчуданд. Хадс мезанам, ки ин андешахо ба харду чаноб, хам ба чаноби Рахмон ва хам ба чаноби Атовулло хуш намеояд. Локин чора нест, вакте онхо дар сари сахнаанд, мардум хак дорад дар бораи онхо ба гуна фикру мулохиза кунад, ки хиссиёташ ишора мекунад.

    Бо эхтиром.

  7. Рустами гироми,
    чанд сухани пасту баланд дар хаки Атовулло навиштам барои чи аз андешасаро дураш кардед? Хозир агар ягон акидае бар зиди Хукумати Точикистону хамдехагони сарвари он бошад ба маърази хамагон нигох медоредаш (чи гунае, ки Манучехр дар бо сенуктагихо гуфта буд). Ман фикри худронавишта будам. Агар норози мешудед пас бахс мекардем. Афсус, ки дигар фикрхои он лахзаина дар сарам хамааш намеоянд.

    Бо умеди хамандешии мибаъда,
    Худо нигахбон!!!

  8. Бародари азиз
    агар мехости ки суханхоят дар ин торнома меомад бояд исматро КУЛОБИ унвон намекарди зеро бо ин исм тамоми бародарони кулоби дар назар дошта мешуд ки фелан 90 дар сади мардуми кулоб дар пасттарин шароити зиндаги карор доранд
    Хохиш мекунам дигар кулобихоро шарманда накун як дангарагиатон дар арсаи байналмилали обруи Точикистонро аз хад зиёд коста кард хамин кофист
    Агар хохи мисол мебиёрам
    бо ехтиром

  9. Байни Додочони Атовулло ва Э. Рахмонов фарк аз замин то кайхон аст ва ин аз адолат нест, ки онхоро баробар донист. Додочон фахру номуси миллати мост! Ва ин, ба гуфтаи хамон Шолохов, факт аст.
    Точикон мегуянд, ки кач нишину рост гуй. Рост хам ин аст, ки Э.Р. кач аст. Девори кач. Ва аз ин гуна д е в о р (девори девсурат) хазар лозим аст.

  10. Шояд фикри Шумо дуруст аст, аммо мукоиса на умумист, балки аз руи бархе аз нишонахо.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: