Мужик Лужков ба Точикистон меояд

«Дуст»-и мансабдорон ва душмани мухочирони точик, шахрдори Маскав Юрий Лужков, ки калимаи «точик»-ро ба хайси бадтарин махлуки чахон ба кор бурдааст, ин хафта мехмони Точикистон мешавад. Маълум нест, ба кадом руй ва кадом обруй? Охир, агар точикон бадтарин чизи ин дунё бошанд, барои чй ба хонаи онхо меравй? Чй гум кардай он чо?

Бо донистани аълои хислату хосияти точикони худ, банда чашми инро надорам, ки касе дар фурудгохи Абарканд (Душанбе) ба сари тоси мужики рус тухми палагда ё помидур партоб кунад. Ин дар хар кишвари дигари олам як вокуниши мукаррарй ва кобили кабул аст, аммо на дар Сарпастистон (Точикистон). Вале дар як гушаи тангу нихону пажмурдаву сухтаву абгору даридаву хунфишони дилам ин умедро мепарварам, ки шояд як журналисти вокеъан точике пайдо шавад ва аз Лужков бипурсад, чаро точиконро ба хайси бадтарин мавчуди руи олам намуна овардй? Оё аз точикону Точикистон ба ту чй бадие расида?

Умеди ботил?..

10 Responses

  1. Man bovar doram, ki chunin jurnaliston dar Tojikiston yoft meshavand va in savolro a u mekunand. Umedvoram, ki mansabdoroni tojik Lujkovro ba uzrkhohi vodor khohand kard!

  2. Афсус………

  3. Парвардигоро аз ин махлуки одамсурат Точикистони маро дар панохат нигах дор ……

  4. Мужик он и в Африке мужик!
    Аз ин мужик дигар чи метавон интизор шуд?!

  5. Сарпастистон? Ман вожаи дигареро чанд муддат истифода мекунам. «TrAJIKISTAN»

  6. Дуруд бар Тоҷвар ва ҳамАндешон!
    Дуруд бар озодагон ва озодазодагон!

    Бо сипос аз ҳамдилӣ ва ҳамзабонии шумо, арҷмандон, аз ҳамАндешони арҷмандам хоҳиш мекунам ки Тоҷикистонро «сарпастистон» ва ё «траҷикистон» нахонанд. Ин мо ҳастем ки сарпастем, на Меҳанамон. Ин мо ҳастем ки аз беҷигарии худ сарпастем, на Кишварамон. Ин сиёсати «хирадмандонаи» «сарварони» бесарамон Зодбумамонро торикистон гардондааст, вагарна Тоҷикистон ҳаргиз сарпасту торику сӯгзада набудааст.
    Фаромӯш накунед ки гили он мардони диловару ҷигардореро ки барои озодӣ, оромӣ ва ободии Тоҷикистон ҷонашонро дареғ надоштаанд, низ аз ҳамин обу хоке сиришта шуда буд ки гили моро сириштаанд.
    Аз бародарони ҳамАндеш хоҳишмандам ба поси ёди он шаҳидони гулгункафан, он падарону бародаронеамон ки дар роҳи ХУДОВУ ХОКУ ХУНИ ТОҶИК ҷон додаанд, ҲАРГИЗ ТОҶИКИСТОНРО БА ҶУЗ ТОҶИКИСТОН НОМ НАБАРАНД.
    МАГАР МЕШАВАД МОДАРИ ХУДРО ДУШНОМ ДОДУ ПАДАРИ ХУДРО БАД ГУФТ?
    Аммо беҳтар ин аст ки беҳуда душном надиҳем ва ҳар кадоме «дил ба Ёру даст ба кор» бошем то ТОҶИКИСТОН ОЗОДУ ОРОМУ ОБОД БОШАД.
    Шоду пирӯз бошед!

  7. Дуруд бар Ариярами фарзона!

    Эроди Шуморо ба чон кабул дорам, вале бояд инро хам изофа кунам, ки харончи мегуем, аз дард мегуем ва албатта, ишора ба мардум ва хештан аст, на ба ватани азиз ва ягонаи хамаи мо.

    Бовар кунед, сарпастии мост, ки кишвари моро низ сарпаст кардааст. Дар кадом гушаи чахон дидаед, ки шахси расмие як миллатро тавхин кунад, боз ин миллат уро бо шукуху чалол пешвоз бигирад ва мехмондорй намояд?

    Агар Лужков инсони халоле мебуд, оё укроинхои хамхунаш уро «персона нон грата» эълон мекарданд? Магар ин нишонаи сапрастй нест, ки чунин шахс вориди хоки мукаддаси ватани мо шавад ва касе хам аз у напурсад, ки чаро ба мо бад гуфтй?

    Бовар дорам, вай ба Маскав бармегардад ва мохе баъд аз нав точиконро мавриди тамасхуру тахкр карор медихад, зеро фикр мекунад, инхо хамин гуна махлукони сарпасте хастанд ва хакки инхо хамин аст.

  8. Дуруд бар Тоҷвар!
    Суханҳоятонро бовар дорам зеро мо ҳамдардем.
    Ман бар ин боварам ки то замоне ки мо худ ҷойгоҳу арзиши хештанро нашнохтаем ҳар калу кӯру гунгу кар моро сарзанишу накӯҳиш хоҳад карду пастамон зад.
    Инро ҳам фаромӯш накунем ки Лужковро на МИЛЛАТИ ТОҶИК балки чанд нокаси кӯрнамаке меҳмондорӣ мекунанд ки дасташон то ба оринҷ дар хуни ману Шумо олуда аст.
    Ин давлату ҳукумати Раҳмонро бо мардуму кишвари ТОҶИКОН яке надонед. Раҳмону давлату ҳукуматаш як замоне хоҳанд рафт, зеро баду бадӣ пойдор нест ва набудааст.
    Ба ҷои ин ҳама худсӯзӣ, оё моро беҳтар нест ки ҳамроҳ бо ҳамАндешонамон номае ба Лужков нависем ва аз ӯ пурсем ки чаро НОНУ НАМАКАМОНРО МЕХӮРАДУ ТУФ ДАР НАМАКДОНАМОН МЕКУНАД?

    Бас аст беҳуда нолидан! Бархезед то аз хештанамон пуштибонӣ кунем!
    Мо ку аз номи Халиҷи ФОРС метавонем дифоъ кунем, ЧАРО АЗ НОМИ ХУД ДИФОЪ НАКУНЕМ?

  9. Ман хато кардаам!
    Вакте Точвар истеъфо медод, ба худ мегиристаму андешаи ботиле дар сарам давр мезад.
    Кунун матлабхои Рустами азиз мехонаму боз дар сар андеша мепарварам.
    Бале, душвор нест ба чаноби Лужков суол кардан. Вале душвор он аст, хотири отири мехмони оликадри каладорони точикро меранчонем. Аз ин сабаб журналистон шояд андеша дошта бошанд.

  10. Як хуки бадбую ифлоси лошахур, ки мутеи зани ночинси харисаш аст, чи гуна метавонад кадри чунин миллатеро, ки ба чахон Синову Рудакиву Камолу Чоми ва абармардони дигареро, киаз осори бузурги онон то хол «цивилизованный»-хои Русиё ва Урупо истифода мекунанд, паст занад.
    Миллат айбе надорад, айб дар он муфлисони миллат аст, ки фаросат ва иззати нафсро курбони нафси пасти худ карда тамаллуккорона ба зани он лошахур замин чудо мекунанд, то хонахои бетони сохта бо нархи осмони он вайронахоро ба худи он муфлисон, ки аз хуни халк пул чамъ кардаанд, фурушад. Ба худи он кали рухунук эхтироми гуломона мекунанд, гуё начотдихандаи точикон бошад.
    Тфу бар ту эй гурги малъун, тфу…,

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: