“Неруи беруна”-и тазохуроти Хоруг

Муаллифон — Рустами Субхонй, Точвар

Шиъорхои конунпарастона ва адлчуёнаи тазохуроти Хоруг сунъиву сохта ба назар мерасанд ва бештар ба бахонаи арозу эътирозангезй шабохат доранд, то ба сабабу иллати хакикии ноканоъатмандии мардум. Лубби матлаб корношоямии чанд мансабдори Бадахшон аст, ки дар фазои болоравии нарху навои озука ва густариши фасоду ришвату беконунй сират ва сурати бадтару манфуртар пайдо кардааст. Бехтарин ва оромтарин рохи халли ин мушкил ва рафъи холати нигаронкунанда барканор намудани ин мансабдорон буд. Аммо Душанбе ба ин рох нарафт ва шеваи дигареро интихоб кард.

Зимнан Душанбе ахиран ба иваз кардани вазирону сардори идорахо дар робита ба мушкилоти кишвар аслан майле нишон намедихад ва биноъан бокй мондани мансабдорони ношоиставу фосид дар хукумати ВМКБ на як падидаи алохида ва гайриоддй, балки аломати бехавсалагй ва хатто хастагию рахгумзадагии хукумати марказй низ буда метавонад. Вагарна Душанбе метавонист, аввал ба мушкилоти худ расидагй кунад. Махсусан дар робита ба зимистони гузашта ва идомаи бухронхои чандгона.

Вале хатто ин мансабдорон низ мушкили бунёдии Бадахшон нестанд. Масъалаи асосй — руз ба руз бадтар шудани вазъи зиндагист. Аммо вазъи зиндагии мардум на танхо дар ин чо, балки дар хамаи манотики кишвар то рафт вазнинтар мешавад. Фарк дар ин аст, ки авзоъ дар Бадахшон шояд хеле бадтар аз манотики дигар бошад, зеро фаромуш накунем, ки дар даврони шуравй такрибан 80%-и маводи ниёзи аввалияи Бадахшон аз берун ба он расонда мешуд. Солхои охир Душанбе тавони инро надошту надорад. Таъмини молии Бадахшон дар 17 соли охир бар дӯши шабакахои имдодии Шохзода Огохон буд. Кумакхои ин шабака дар ду-се соли охир ба хотири рохандозии василахои худкифоии мардум хосияти тичоратй пайдо кард, аммо ба зудй дар зери фишори моли арзону демпингии Чин камсуд ва хатто то чое ноком гардид. Канорафтодагии Бадахшон барои мансабдорони эъзомй бехтарин кошонаи чамъоварии сармояи ришвай буд ва афзоиши харчи онхо сабаби афзоиши фишори молй ба мардум шуда, вазъиятро вахимтар кард.

Ва табъан кочоки маводи мухаддир аз Афгонистон ба воситаи Бадахшон дар хамаи ин муддат ба маротиб афзоиш ёфта, сабаби густариши конуншиканй, фасод зургуй, зуроварй ва мӯътодй низ гаштааст.

Бори сангини ин вазъ бар души мардуми каторист ва кишрхои фаъоли сиёсии Бадахшон талош доранд, дарди мардумро баён дошта, ба кадри хол он хамлро сабуктар кунанд. Вале аз ибтидо ин кушиши онхо вижагие касб кардааст, ки онро метавон эътироз ва танаффури ошкору пинхон ба хукумати марказии Душанбе номид. Ин сабаб гашт, дар ивази талабхои хукукй ва конунй шиъору талабхои силсиладор ва пароканда ба миён гузошта шаванд. Барои намуна байни эътироз аз афзоиши кимати мучаввизи савдо дар бозори шахри Хоруг ва конунмандии тахвили сарзамини кишвар ба Чин бе ризоияти мачлиси Бадахшон, истеъфои додситони вилоят ва сарнавишти нохияҳои Тавилдара фарки мухиме мавчуд аст. Чунин шиъору талабхои дур аз хам ва бахонамонанд шубхахоеро ба миён овардааст, ки нерухое аз берун мехоханд, машаккати мардуми Бадахшонро бар суди сиёсии хеш истифода кунанд.

Дастикам дар зохир ин шубхаву гумон бепоя низ буда наметавонад. Солхост, дар бархе аз марказхои мутолеъоти Русия омилхои чудоихохии Помир хамачониба омухта мешавад. Матбуоти рус мукарраран ба тафовути мазхаб ва забонхои Бадахшон бо бакияи Точикистон таъкид мекунад. Чаҳор сол пеш дар матлаби баланде се коршиноси маскавй аз зарурати тахкими нуфузи Русия дар Бадахшон ва дар накши хомии мардуми ин минтака зухур кардани Русия дар мукобили “миллатгароии точикон” бепарда харф мезаданд. Ин матлаб замоне нашр шуда буд, ки хукумати Точикистон майли бештаре ба Амрико нишон медод ва Узбакистон ба пойгохи нерухои амрикой табдил ёфта буду Маскав чонсараки он буд, ки пояш аз минтака бурида хохад шуд. Вале оё имруз Маскав зарурате ба такон додани Бадахшон дар завраки Точикистонро дорад?

Дар як матлаби дигар, коршиноси точик менавишт, ки Огохон ягона подшохест дар чахон, ки тамоми абзори шохигариро дорад, илло каламрав. Ин шахс хадс мезад, ки Огохон мехохад, Хоругро пойтахти чахонии худ эълон кунад. Ба эхтимоли зиёд ин матлаб ба таври махсус барои он нашр шуда буд, то равобити хукумати Точикистон ва Огохонро хадчадор кунад. Оё Огохон омодааст, дар Бадахшон шохигарие дуруст кунад ва бори сангини равобити хасана бо Точикистон, Чин ва Киргизистону Афгонистонро бар душ бигирад? Ин хам бар замми хурондану пушондани мардуми вилояти сарватманде, ки барои корандозии сарваташ бояд аввал чанд баробар бештар сармоягузорй кард?

Пас Амрико ба навчавонони Бадахшон пул медихад, то бар зидди хукумати худ тазохурот кунанд? Оё Амрико мехохад, Помирро ба пойгохи харбии хеш табдил дихад? Он хам бо вучуди як пойгох дар Киргизистон ва озодии фаъолият дар тамоми каламрави Афгонистон?

Харчанд меАндешем, ки нерухои берунаи хохишманди ташаннуч дар Бадахшон кихо бошанд, сурогаи боварбахше намеёбем ба гайр аз хукумати марказии Точикистон. Душанбе ба хотири аз хама гуна зилзила хифз кардани курсии мансабдорони Хоруг ба Бадахшон неру фиристод. Танхо бо як максади аз байн бурдани мухолифони ин хукумат, ки онхоро мухолифи худ низ мешуморад. Мансабдорони Душанбе гуфтанд, неруро барои он фиристоданд, ки пеш аз сафари раисичумхур ба Хоруг вазъро дар ин чо зери назорат бигиранд. Пас магар холо вазъ дар зери назорати онхо нест. Агар ин тавр аст, оё хокимони фиристодаи онхо гунахкори чунин вазъ нестанд? Пас бехтар нест, онхоро иваз кард? Чаро дар холе ки президент Рахмон дар соли 1993, дар бухбухаи чангу ошуфтагй тавониста буд, дар халкаи хамагй чанд нафар ба Хоруг сафар кунад, аммо акнун бояд пешопеши у 180 сарбози саропо мусаллахро ба ин чо фиристод? Ин барнома иштибохи Душанбест ё мансабдорони Хоруг ба марказ иттилоъи бардуруге медиханд, то бо истифода аз ин вазъи худро дар авчи норозигии мардум кавитар кунанд?

Аз он чо ки ба ин пурсишхо посухи дакик надорем, сукутро авлотар медонем ва матлаби шояд бахсбарангези хешро бо ин суханони як бадахшонй, ки дар яке аз сайтхо навиштааст, поён медихем: “Аслан чаро чаноби Рахмон мехоханд, ба Хоруг сафар кунанд? Бехтар нест, дар пули ин сафар чанд халта орд ба мо фиристанд, кудаконамонро сер кунему дар хакки он кас дуъои нек фиристем?”

7 Responses

  1. Мехохам юа хадди имкон мухтасар дар мавриди чанд нуктаи ин матлаб изхори назар кунам.

    1) Шиъорхои конунпарастона ва адлчуёнаи тазохуроти Хоруг сунъиву сохта ба назар мерасанд. Сад дар сад. Вале ба давоми ин чумла камтар розиям. Ханузам фикр мекунам, ки аз мардуми одди чанд нафаре ки бо макомоти интизоми мушкили чидди доранд, мардуми оддиро хамчун сипар истифода бурда истодаанд. Аз нигохе шояд хуб хам мекнуанд, зеро шояд набояд ба ин интизомиен имкон дод ки бо пурраги худро хокими чангал бубинанд.

    Вале хамоно ба ин фикрам, ки дар ин минтакаи барои ТЧК хассос буруз кардани ин гирдихамои бесабаб нест. Ба осони метавон нафъи нерухои хоричиро дар ин чо дид.

    2) Амрико. Чаро Амрико нахохад, ки давлати марионетикие бо шумули Бадахшонхои ТЧК ва АФГ дошта бошад? Дар минтакаи стратегие, ки метавонад тамоми АФГ, Осиеи Маркази (минтакаи нуфузи Русия ва Чин ва минтакаи сарватманд аз захоири нафтиву об), худи Чинро зери назорат мегирад. Набояд онро низ фаромуш кунем, ки аз руи барномахои омузинии марказхои амрикои бадахшихои зиеде ба Амрико барои хондан мераванд. Ое чанд хатлониеро медонед ки аз руи ин гуна барномахо ба Амрико хондан рафтаанд? Е хамон 1 миллион хатлони саросар бесаводанд магар?

    2) русия. Русия низ ин саъйи Амрикоро медонад ва ба хуби дарк мекнуад. Дар Бишкек вакте аломатхои инкилоби ногузирро дид, ба рохати худ он риштаро сари даст гирифт. Чун бибинад, ки анчоми кор ба чудоии Помир хохад рафт, албатта талош хохад кард, то ин чудоиро на Амрико, балки худаш пиеда гардонад, то минтака дар дасташ бошад. Ва хамон назорат аз болои ТЧК ва АФГ (минтакаи нуфузи Амрико) ва Чин зери дасташ хохад буд. Онро низ фаромуш набояд кард, ки Чин дар дахсолахои наздик Русияро барои нуфуз дар Осиеи Маркази ва Шарки Дур ба чолиш хохад кашид.

    3) Чин ва Эрон. Вокеан, Чин ва Эрон ах чавонибе хастанд, ки аз бурузи хамагуна бесуботи дар ОМ зарар хоханд дид. Чин бозори азимеро ки феълан ба он ворид шуда истодааст, аз даст медизад ва ъам манфиатдор нест, ки дар назди марзхояш ин гуна ноамнихо бошад. Эрон низ бо назардошти он ки ТЧК аз наздиктарин кишвараш дар Созмони Щонхой аст, ноамнии ТЧК ба зарараш хохад буд. Чудоихохии Бадахшонро аз чониби дигар Чину Эрон аз он лихоз пазиро нестанд, ки худ низ ин гуна манотики мушкилангез доранд.

    4) Огохон. Ки гуфт, ки шохон каламрав намехоханд? Харчанд асри 21 аст, вале инсон хамон инсоне боки мондааст, ки сад хазор сол пеш буд ва хохишхои табиияш низ хамон мондаанд. пул, салтанат, фармонравои, секс…

    Огохон ба он андоза сарватманд аст, ки даромади сареъ барояш чустан лозим нест. Метавонад имруз сармоягузори намояд, то фардо наберааш даромад бубинад. Намехостед, ки дар кишваре шуморо мисли паембар парастанд ва хама чо хайкалатон бигхоранд ва сари дастурхон бо дуо ба исматон бишинанд?

    Хеле хам мехохам, иштибох бикунам, вале мутаассифона ба вокеият бояд бо чашми хакикат нигарист ва хакикат ин аст, ки агар сиесати механдусти дар вучуди мардуми Бадахшон ба тарики чидди ба рох монда нашавад, ТЧК гирифтори мушкили шадид хохад шуд.

    Хурди ва камии ахоли ва кухистонии Бадахшон низ набояд пеши чашмонамонро хира созанд. Абхозистон, Осетияи Чануби, Приднестройе, Косово, Дорфур ва Карабог низ шояд аз Бадахшон бузургтар нестанд, вале бубинед, дар пустини кишвархояшон кайк андохтаанд. Мабодо, ба пустини мо низ кай биандозанд а?

    Ба бародарони хамхуну хамдину хамзабону хаммехани бадахшонии худ мехохам хитоб бикнуам ва бигуям, ки

    1) Дар сурати даргири даххо хазор додаракони бадахшонии ман кушта мешаванд. Онхоро илтимос ба коми марг нафиристед.

    2) Нагзоред ки чанд сиесатмадор руи курсихои мулоими худ нишаста, аз шумо чун донахои шохмот истифода бибаранд.

    Шумо хам мисли ман ТОЧИКЕД!

  2. Салом дустон!

    Нахуст гуфтаниам, ки чанде пеш аз торномаи шумо бохабар шудам, хеле хушам омад. Сад ташаккур барои захмататон.

    Барои ман хеле дарднок аст, ки имрузхо шохиди руз аз руз бадтар шудани вазъият дар Ватани азизам хастам, вале холо тавони чизе барои халли он карданро надорам. Хашми одам меояд, бовар кунед, вакте ки чавонону мардони донишманди Точик кам нестанд, хам дар дохил ва хам дар хорич аз кишвар, аммо онхо дар идораи давлат чалб нашудаанд. Хангоме ки Сарвари давлат аз неруи нав, хуни нав, аз чавононе, ки донишу тачрибаи кишвархои пешрафтаи хоричиро омухтаанд, истифода кардан намехохад ё наметавонад, чи хочат ба гуфтанхои дуругини “Ман кадрро аз кучо меёбам? Дигар кадр намонд-ку”. Комилан бесаводону мансабдорони собикадори шурави ва шахсони бидуни хисси ватандусти холо кисмати миллати моро дар даст доранд. Дар чунин холат, хох нохох ягон минтака якум ба дод омада мехезад ва мо мебинем, ки Бадахшонамон имрузхо ба дод омада аст.

    Сабабгорони чунин вазнинихои бар души миллати мо имруз бударо хам мо хама медонем. Худо накунад, ки косаи сабри мардум лабрез шуда хама боз ба куча набароянд, ки бо ин сатхи пасти донишу фарханги имрузаи мардуми мо, ки боз хам хукумат сабабгораш аст,
    ба гайр аз шармандаги дигар ба чое намерасонад.

    Факат мехохам аз чаноби Рахмон бипурсам, ки наход идора кардани як кишвари кучак ба монанди Точикистон хамин кадар душвор бошад? Наход дар 10и соли баъди чанг мо, ки худро ворисони Ориёну Сомониён мегуем, натавонем, ки мустаккилона бе кумакхову карзхои хоричи давлати пешрафта дар Ватанамон сохта натавонем? Агар у бовар надошта бошад, ман бовар дорам. Агар у аз ухдааш набарояд, ман медонам шахсоне, ки аз ухдаи ин кор ба хуби мебароянд. Бузургонамон насихат додаанд, ки чойро бехуда банд карда шиштан кори мардон нест, чойи мардон майдони далери аст, ки худро нишон дихиву бахри Ватан ва миллат чони худ, агар зарур шуд, нисор намои.

    Хохиш мекунам, ки як мавзуе ба монанди “Оё идора кардани Точикистон ба нафъи миллати он кори мушкил аст?” кушоед ва андешахои худро инчунин иброз намоед. Ба ман хамин савол холо аз хама мухим ва шавковар аст. Эхтимол аз ин гуфтугузорхо касе бахраманд шуда, ба чаноби Рахмон бирасонад, ки чи кор ва чи хел кардан лозим аст.

    Бо сипос ва эхтиром,

    Ботур Косими аз Аёлати Вермонт, ИМА

  3. Бисёр баъид медонам, ки кудрати чахоние чун Омрико ба Бадахшон чашми тамаъ духта бошад, ба вижа ба хотири мавкеъияте, ки акнун Омрико дар Афгонистон дорад. Вошингтун ба хеч руй хозир нест бар дардисархои дастнишондааш дар Кобул биафзояд.

    Танхо омили ин дардисар, ки вокеъитар ба назар мерасад, метавонад махалгаройии девонавори точикон бошад. Сиришти ин мавзуъ аз огоз то ба ин чо буи ганди махалгаройи медихад; чи аз суи Душанбе ва чи аз суи Хоруг. Ва ин табарест, ки метавонад барои хамеша моро ба гандобаи торих бифиристад.

    Бадахшон на танхо чузъе аз пайкари Точикистон аст, балки аз ачзоъи бисёр мухимми ин пайкар аст. Ононе, ки чашмашон хамеша ба нукоти тафовути бадахшихо баста буд, акнун бояд он чашмхоро кур кунанд ва чашми иттифокчуйиро бигушоянд. Хеч навъ тафовутеро набояд миёни худ ва як бадахшй коил шуд. Нодида гирифтани ин бахши мухимми кишвар дар тули ин хама сол метавонад боъиси мусибате азим барои миллат шавад, ки то садсолахои дигар хам чуброн нахохад шуд.

    Барои точикони азизи Бадахшон, ки чун хар точики дигаре барои мо азизанд, диле саршор аз мехри механ мехохам.

  4. Дуруд бар хамАндешон!
    Чанд рузест ки дар зодбумам мардум ба додхохи бархостаанд ки хамАндешонро андешаманд кардааст.

    Ман бар ин боварам ки ин додхохи агар хам бунмояи сиёсие дорад, НИГАРОНИ АЗ ОЯНДА аст ки помириён низ монанди хама мардуми Точикистон аз давлати Эмомали Рахмон навмед гашта ва танхо умед ба ХУДОВАНДИ РАХМОНУ РАХИМ доранд.

    Шумори додхохонро хар расонае харгуна гузориш додааст вале аз он чо ки ман худ помири хастам ва хамшахриёнамро бехтар аз дигарон мешиносам, гумон дорам ки беш аз ними мардуме ки дар майдони пеши хукуматсарои Хоруг гирди хам омадааст, ТАМОШОБИН хаст. Бештари ин тамошобинон хам занону кудакон хастанд ки НИРУИ БЕРУНА нестанд ва аз БЕКОРИ бар он майдон рафтаанд.

    Шояд хам дар он майдон касе бошад ки дар сар хаёли хоми ҷудо кардани Помирро мепарварад ки сараш аз тан ҷудо беҳ!

    Ман то замоне ки чон дар тан дорам душмани касоне хохам буд ки дар сар ин хаёли хом мепарваранд. Помир хамеша бахше аз Точикзамин буда ва хохад буд.

    Помириён хамеша бахше аз мардуми точик буда ва хоханд буд. Дониста бошед ки ЗАБОНИ ПОРСИИ ТОЧИКИ барои помириён забони мукаддас аст ва хама адабиёти мазхабии исмоилия, ба чуз аз КУРЪОНИ МАЧИД, ба забони порсии точики офарида шудааст.

    Инро хам фаромуш накунем ки имруз хама мардуми ТОЧИК – сугдиёну зарафшониёну хисориёну вахшиёну хатлониёну раштиёну помириён – хама ЯК ХУДО, ЯК ХУН ва ЯК ХУДО дорем ва САРНАВИШТАМОН хам ЯКЕСТ: ё хама озоду орому обод хохем буд ё бандаву саргардону хонавайрон. Мо дар ду чахон гайри Худо ёр надорем
    ХАМОН БЕХ КИ ОЗОДУ ОРОМУ ОБОД БОШЕМ!

  5. Cипос мегузорам аз хирадмандии Арярам ва орзу мекунам, ин тиккаи суханони у, ки мо бо вучуди онки фарзанди кадоме аз махалхои Точикистонем, мехохем ё намехохем, ЯК САРНАВИШТ дорем — ё хама орому ободу шукуфон хохем буд ё саргардону хонавайрон!

    Аз ин бехтар суханонро нашунидам ва нахондам. Аммо сад дарег, ки на хама диду дониши ин дусти моро доранд. Шахсан мутанаффирам, аз афроде, ки бадахшониёни азизро ба нахве бегонаи худ медонанд.

    Агар ботини ин афродро амиктар биканем, мебинем, ки онхо хамин гуна марудмони махалхои дигари кишварро низ бегона мешуморанд, аммо дар мавриди помириён “бахонахои рушане” доранд, ки акли кутохашон мегирад. Ба чизхое фаротар аз ин аклу фаросоти онхо намерасад.

    Ба эътикоди ман, шояд ин хам яке аз сабабхои вазъи имруза бошад. Ва кисме аз решаи он дар хукумат асту кисми дигар дар рузноманигору “рушанфикрон”-и обсофкунаки ин хукумат. Инхоро бояд аз миллат чудо кард, на бадахшониён ё хар минатаки дигарро. Инхоро бояд ба “махавони чомеъа” табдил дод. Наход фикр мекунанд, хамин гуна бо тафрикаандозй ва чудо кардани косаи худ, онхо эмин ва шукуфон хоханд монд?

  6. Sipos bar Aryaram!

    Man fikrhoi in janobro dar bahshoi interneti ziyod khondaam, az jumla on ki dar Vatanweb sari in mas’ala bahs karda bud.

    Agar davlatmarde Andesha mekhonad, boyad Aryaramro bibarad va raisi VMBK monad. Mutmainan, hamon hissi MEHANDUSTI va IFTIKHOR bo TOJIKI-ro U khohad tavonist dar nihodi digar barodaroni badakhshi niz joy bikunad,

  7. Бо сипос аз бародари гиромй Ориёрам бояд бигуям, ман саъодати онро доштаам, ки хамаи дустони бадахшиам ба монанди у биандешанд. Дар гузашта хам гуфтаам ва боз мегуям, ки аз миёни дустони бешумори помириам то кунун хеч кадом габр (кофар)-и миллат набудааст. Умедворам хамагй механдустиро аз ин бародари арчманд биомузанд ва дар пайванди наххои гусаста бикушанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: