Зухури салафихо ва тахририён ходисаи табиист

Муртазо Мустафозода

Дар торнигори шумо чанд матлаберо дар бобати салафихо хонда будам ва хушдори умда  дар ин матолиб чунин буд, ки зимни мудохилаи нерухои беруна дар умки афкори исломии Точикистон неруи тирае дар холи ташаккул аст. Ичоза дихед, бо вучуди кабули аксар нукоти матруха, ба ин хулосаи асосии шумо ва дигар муаллифони торнигор мухолиф бошам.

Дар мархилаи кунунй махз хамин чунбишхо мухаррики афкори сиёсй ва ичтимоъии чомеъаи Точикистон мебошанд. Мухолифати онхо ба низоми мавчуда дар кишвар холигохи дигарандешй ва эътирозро такмил мекунад. Дастпарвар ва муздури махофили хоричй шумурдани онхо иштибохи махз ва камбинии онхо ва камбуди шинохти сахех аз вазъи кишвар аст. Харчанд лозим ба икрор аст, ки махофили муайяни хоричй нерухои мазкураи исломгарои точикро, ки дар чомеъаи худ танхой кашида, пуштибонии заруриро пайдо намекунанд, мавриди истифода ва гохе суиистифодаи карор медиханд. Ин равиш холати фиребандаеро мучассам месозад, ки гӯё нерухи исломии кишвар аз берун идора мешаванд. Айнан монанди он ки замоне муъассисони Хизби нахзати исломии Точикистон муздурон ва ачирони махофили хоричй шумурда мешуданд. Имруз касе ёфт намешавад, ки дар нисбати ХНИТ чунин иттихомро ба миён бигузорад. 

Салафихо, тахририён, байъатиён ва пайравони чандин чараёни нисбатан нави исломи сиёсии Точикистон меваи ноканоатмандии чавонмуслимини точик аз вазъи феълии дин ва сиёсат дар кишвар мебошанд. Бахше аз онхо фиребхурдагони ХНИТ низ хастанд. Дар огози солхои 90-и карни гузашта онхо чашми умед ба ХНИТ духтанд, аз пайи рахбарони он рафтанд, дар сангари чанг карор гирифтанд ва шахид доданд. Ахдофи онхо аз мубориза билкулл ин набуд, ки чанд нафар ба макому манзалати давлатй бирасанд ва ду нафар ба узви порлумон табдил биёбанд. Ахдофи онхо фаротар аз ин буд. Яъне таъмини чойгохи воло ва муносиб барои арзишҳои динй ва миллии худ, ворид кардани рухи кудсияти динй ба колбади бегонасиришти чомеъа ва низом, чорй кардани адли илохй ва ичтимой.

Рахбарони ХНИТ ва Иттиходи оппозисюни точик ин афроди ангезадор ва гайюрро ваъдаи расидан ба ормонхоро доданд ва то тавонистанд, аз содалавхй ва сарсупурдагии онон истифода карданд. Дар соли 1997 сулхи козиб ва якчониба баста шуд. Рахбарон ормонхои бузургро курбони маъишат ва дунё карданд ва ин хиёнати эшон боздехи хубе барои онхо ва ахли хонаводаву хамдиёронашон овард. Судчуихои дунявии хештанро онхо бо бахонахои “хадди аксари имконоти мавчуда” пардапуш карданд ва ба махзи расидан ба ахдофи хусусиву гурухй, хонаводагиву махаллии худ садхо хазор чавони ангезадор ва мучохидро ба боди сарнавишт, ба дасти гаддорони пирузманд супурданд. Хазорон нафари онхо кушта шуданд, хамин теъдод зиндонй гаштанд, бакия фирор намуданд. Ормонхояшон дар сина монд ва аз кафани гулгунашон хануз хам дуд мехезад.

Дар холате ки солхои чанг рахбарони харакоти исломии Точикистон бо даъватхои чиходй ва расидан ба ормонхои исломй ангезаи ин чавонмардони сарсупурдаро харчи бештару бештар кавитар мекарданд, бо расидан ба максадхои кучаки хеш бо дастури хукумати рахмонуфй ва дар ивази тичорат бо ин хукумат ба таблиги низоми дунявият гузаштанд ва тамоми талошро карданд, ки он ангезаи кавиро бишкананд. Ба онхо муяссар гардид, ки то андозае ин ангеза ва ормонпарастии як насли пуршумори исломгароёнро заъиф гардонанд, аммо муяссар нагашт, ки онро комилан аз байн бубаранд.

Дар натича имруз мо сафхову халкахои зиче аз салафиён, тахририён, байъатиёнро дорем, ки шумори пайравонашон руз то руз бештар мешавад. Ба андешаи огахони раванд, теъдоди онхо бахусус дар миёни мухочирони точик, ки дар Русия азоби алим мекашанд, ба садхо хазор нафар мерасад. Дар бархе аз манотики Русия, бахусус вилоёти мусулмоннишин онхо шабакахои муназзам ва пуркор доранд. Холо танхо сарриштаи кори онхо дар Точикистон зухур кардааст, ки зиёд назаррас нест.

Лихозо, ин нируро наметавон гуфт, тира аст, балки кудрати ботинии он хамагонро ба харос меорад. Як далели ба сукути амик фуру афтодани ХНИТ дар мархилаи хозира низ хамин мебошад, ки ХНИТ намехохад, он чизе ки фардо ба вукуъ пайвастанист, натичаи кору пайкори он дониста шавад. Ба акидаи сарварони нахзатиён, эътидолгароии намоишкоронаи онхо бояд дар оянда сипаре шавад, ки эшонро аз иттихомот алайхашон эмин дорад. Ба хар тартиб, нерухои нав ва хуфиякори исломии Точикистон бо исмхои мухталиф ва эхтимолан муваккат аксисадои фиребхурдагон ва агар мехохед, интикомчуии онхоест, ки мубориза карданд, шахид доданд, аммо ба чое нарасиданд ва баракс мебинанд, ки вазъи Исломи азиз ва ватани азизи эшон бадтару бадтар мешавад.

 

3 Responses

  1. Ба ин содагихо хам нест. Хар чизе маншаъу решаву асолате дорад. Гуфтанй дар ин замина фаровон аст. Сари фурсат ба ин мавзуъ боз хохам гашт.

  2. Пеши назар “толибон” ба чилва омаданд.

  3. Ба назари ман, дусти мо дастикам як нуктаи чолибро кашф кардааст, ки ин бесохибу сарпараст мондани як бахш аз исломгароёни мост, ки холо мумкин аст хамчун вокуниш бо неруи тундрави мазхабгаро бипайвандад ва ба ормонхои пешинааш бирасад.

    Дар фазои ихтиноке ки давлат бар зидди хама гуна падидаи мухолифат эчод мекунад ва дар холе ки ахзоби сиёсии кишвар аз шиъору намояхои номуассир ва бепояе беш нестанд, имкон дорад, теъдоди бештари ин чавонон бо гуруххои тундрав созиш кунад.

    Аз ин чост, Фаридун мегуяд, толибон пеши назар меоянд. Дарвокеъ бубинед, ки толибон ба осонй аз байн рафтанй нестанд.

    Агар, онгуна ки Дориюш мегуяд, ин нерухо бо дували хоричй рабт доранд, пас дар хакикат вакте зухур карданд, аз байн бурдани онхо кори осоне нахохад буд.

    Ин на дарди сари хукумати Рахмон, балки дарди сари рушанфикрон ва тамоми миллат хохад буд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: