Посух ба номаи хашмолуд

Рустами Субхонй

Дируз навиштори як дусти худро нашр кардем, ки ба торнамои Бахши сугдии Иттифоки нависандагони Точикистон пузханд задааст. Онро танхо баъд аз боз кардани ин торнамо нашр кардем, вакте мутмаин шудем, ки дусти мо сухани хакро менависад. Бунёдгузори «Андеша» — Точвари азиз низ ба нашри ин матлаб ризоият додааст.

Имруз номаи пур аз дашном ва газаб ба мо расид, ки намегузорем, мардум лоакал як кори хубе анчом диханд ва кори мо факат тахкири дигарон аст. Афсус, ки нома ба чуз ин харф ва як нуктаи дигар комилан аз тахкир иборат буд. Агар кори мо тахкиру тавхин аст, лутфан бо шеваи дигаре ба мо ёд дихед, ки аз шумо биомузем, вагарна аз тахкирхои шумо муи сари мо рост хест. Мо ки дар он лукма касеро ба ин нахва тавхин накарда будем.

Аммо нуктаи дувум ин буд, ки гуё мо ба инсонхои бузурге тахкирро раво дидаем ва дар катори чандин исме, ки ба гайр аз дард чизе надоштанд, номи бону Фарзона низ зикр шудааст. Рушан гуфтанием, ки мо ягон шоиру нависандаро таҳти танкид карор надодаем, илло созмондихандагони торнаморо ба ду иллат. Аввалан сафхае дар бораи шеър ва забони модарии мо бояд поку беолоиш бошад. Хама чизи дигари мо барбод рафтааст, алалакал инхоро пок нигоҳ дорем.

Сониян Фарзона дарвокеъ ифтихори миллат, забон ва адабиёти мост ва мо касди баде ба у надоштаему надорем. Лутфан худро ва бесаводии худро дар паси шонахои нафиси у пинхон накунед. Номи уро дар пахлуи номи Атахон Сайфуллоев навиштан низ гунох аст, тавхинест на танхо ба шоираи забардаст, балки ба хамаи миллат. Сайфуллоев на танхо касест, ки Чумъа Одинаро кушт, балки касест, ки аз хабисии у дар Точикистон чанги шахрвандй ба вукуъ пайваст. Агар вай навори тавхини Кенчаев ба Навчувоновро аз телевизион, ки он вакт рахбараш буд, намоиш намедод, мумкин дар Точикистон чанг хам намешуд.

Ва мухимтар аз хама, агар шумо, бародари азиз дар мукобили интикоди А.М. далелхое доред, ки сухани уро рад мекунанд, мо ба чону дил ин далелхоро ба диккати хамагон мерасонем. Метавонед, андешахои худро дар колаби танз низ бинависед, аммо боз мегуем, танзи бодалел. Магар «шуъба»-ро «шуба» нанавиштед? Адибони точикро ба ленинободию бакия точикон чудо накардед?

Мо хамаи махалхои Точикистонро баробар дуст медорем ва агар неше мезанем, ба мансабдорони махалгарост. Дар гузашта моро шимолй ва бадбинони чануби кишвар, махсусан Дангара номиданд. Хуб, номи Дангара холо муродифи чист, хама медонанд. Бовар надорем, ки ягон латифае дар ин бора нашунида бошед. Акнун шумо моро дар чанубгарой муттахам мекунед, ки боз хам галати махз аст. Хам он тамгазанихо ва хам барчасп гузоштани шумо далели ин аст, ки мо на ингароем ва на онгаро, точиконе хастем дар гами миллат, забон ва адабиёту фархангамон.

Ба чои хашмгин шудан, галатхои худро ислох кунед. Адибонеро, ки монанди Фарзона, кайхо аз доираи махал баромадаанд, дар сафхаи худ нагузоред. Ба шумо хамон Атахон Сайфуллоев кофии кофист. 

3 Responses

  1. «Шуба»-ро як тараф мегузорем. А.М. навишта буд, ки «… магар як нафар хам дар байни онхо ёфт нашуд, ки фарки “шуба” аз “шуъба”-ро бифахмад?». Ман низ дар таачубам, ки дар байни онхо як нафар пайдо нашуд, ки тартиби харфхои алифборо бифахмонад ва ё дар руйхати адибон риояи як сабкро маслихат дихад. Ба руйхати шоирону нависандагон бингаред. Гохе ном аввал омадаасту гохе насаб.

  2. Сафхаи Шубаи нависандагони Сугд аз пахнои Интернет гайб задааст. Умедворам дар паи ислохаш бошанд.

  3. Бале, банда хам дидам, ки сафха гайри кобили дастрасист. Умедворам, дустоне ки онро бо машаккати зиёд сохтаанд ва дар кулл ин як кори нек аст, дилсард нашаванд ва онро пас аз тасхеху ислох дубора пахш кунанд.

    Чавонон — А.М. ва Рустами азиз зохиран зарбаро махкам заданд, кобили фахм аст, аммо ягон нуктаи мусбат ва чои умед бокй нагузоштанд. Ман танхо мушовири онхоям ва намехохам, назари хешро барояшон тахмил кунам.

    Сарбаланд бошем!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: