«Бузургон»-и мо шуба доранд, аз шумо куртка…

Навиштори А. М.

«Шуба», яъне болопуши пашмина вижаи занони афроди сарватманд аст. «Дублёнка» хоси худи онхо. Холо маълум шудааст, ки шоирону нависандагони асли баромадашон аз вилояти Сугд сохиби шуба будаанд. Ин болопушест, дар шакли сафхаи тумтароки интернетй ва карор аст, беистеъдодии аксарияти онхоро пинхон дошта, тамаллуки ишонро ба сарони вилоят ва кишвар бирасонад.

Агар дар як вилоят ин кадар шоиру нависанда будааст (зихй хоки шоирхез!, вагарна банда фикр дошт, аз он чо монанди Дангараи имруза танхо хокимон мехезанд), магар як нафар хам дар байни онхо ёфт нашуд, ки фарки «шуба» аз «шуъба»-ро бифахмад? Агар хитобаи «эхтироми забон — эхтироми миллат!» рост бошад, оё сухандоне дар сартосари як вилоят пайдо нагашт, ки матни ин харзаномаро як бор тахрир бикунад? Магар хамаи ин адибон, ки аксу холномаашон дар ин торнамост, розиянд, ки президенти кишвар «чаноби олй» номида шавад?

Худро нукару чокари хукуматдорон эълон кардан як су, ба ленинободию хамаи дигар чудо кардани 4-5 адиби точик чй маъно дорад? Адибони Точикистон бояд марбут ба нохияву вилояту минтака набошанд, балки ба тамоми олами форсизабон рабт гиранд (эхтироми забон ва миллат-де). Албатта, хунаре агар доранд.

Шояд вожаи «шуба» ин чо тасодуфй нест. Таъсисдихандагони торнаморо зимистони гузашта аз нуги по то магзи сар сармо зада буд. Барои хамин хамеша дар фикри либоси гарманд.

 

3 Responses

  1. Ха-ха-ха-ха…
    Такондиханда буд. Умедворам пашми Шуба-ашон хамеша пурпушт бошад ва азизони Шуба-пушро хамвора аз сармо хифозат кунад.

  2. Сайти мазкур аз тарафи чавонписарони мактабхон, ки ба технологияи муосир шавку рагбат доштан, бо сарварии МТИ «Кова» тахия карда шуда буд. Ва ин писарбачахо ин корро ройгон карданд, танхо барои муаррифи намудани шоирону нависандагони точик дар арсаи умумичахони.
    Ва на аз тарафи Шуъбаи сугдии ИН Точикистон ва на аз тарафи хокимияти давлати ёри дода нашуда буд.
    Дар рузи муаррифии сайти мазкур хамагон иброз доштанд, ки гуё ки сайти мазкур аз тарафи як корхонаи «Лаъл» маблаггузори карда шуда буд, вале банда ба чанд касе, ки ин суханхоро мегуфтанд иброз доштам, ки дуруг аст, лекин ин фоидаи дуруст надод.
    Оиди хатоги дар кисми болоии сайти мазкур гуфтаниям:
    Чавонписароне, ки ин корро ба анчом доданд – шахсони лайкатманди илми сайтсози хастанд – на илми забоншиноси.
    Ва суоле ба Шумо дорам:
    Оё дар ин солу замона: баъди 19 сол пеш гирифтани макоми давлатии забони точики, ягон нафаре чунин корро (гирд овардани маводи зиёда аз 150 нафар шоиру нависанда) БА ТАВРИ РОЙГОН ба анчом расонида буд ё не!!!
    Ва дар охир гуфтаниям, ки танкид кардан хама вакт осон аст, аммо маслихат додан, барои баланд бардоштани маънавиёти чавонон кори мушкил аст. Ва агар ки хунаратон бошад, кани як бинем, ки мисли ин кор Шумохон кадом кори неке ба мардуми худ кардаед, ба гайр аз ба игво андози!!!
    Ин як кори неке, ки боз як бор мегуяматон, аз тарафи чавонписаракони мактабхон карда шуда мебошад – барои дар чодаи умумичахони муаррифи намудани осори адибони вилояти Сугд буд.

  3. Зафари азиз,

    Дар номаи махсусе хамин суханони Шуморо навишта шудааст, мумкин аст, онро нахондед. Иловахои бандаро низ мумкин аст, надидед. Шумо хак ба чонибед, аммо факат 50 %. Чаро?

    Барои он ки дар хакикат чавонон ва наврасон худфидой ва ихтироъкорй карда, кори неке анчом додаанд. Таъсиси чунин сомонахо ва ба арсаи интернет баровардани забони модарии мо дар хакикат як кахрамонист. Он хам дар холе ки касе дар фикри ин корхо нест ва ба он сармоягузорй намекунад. Аз ин чихат бояд ба ташкилкунандагони сайт аз самими дил ташаккур гуфт.

    Аммо азбаски сайт бо номи расмии як созмоне сохта шудааст, ки иттиходи шоирону нависандагони як вилояти пешрафтаи кишвар аст, намебоист, чунин иштибох дар он чой медошт. Сониян бехтарин кор ин буд, ки сайте мешуд дар бораи хамаи шоирону нависандагони Точикистон, на ин ки танхо як вилоят.

    Бачахо хидмати олй кардаанд, аммо калонсолоне, ки онхоро сарварй намуданду машварат доданд, монанди тамоми таърихи гузаштаи точикони мо беахамиятй ва бехавсалагй нишон додаанд.

    Боз мегуям, ки шахсан ман тарафдори ба ин шакл навишта шудани танкиди сомона набудам. Аммо бачахое, ки дар ин сайти мо кор мекунанд, озоданд ва фикру назари худро менависанд ва ман хамчун як калонсол ба худам хак намедихам, фикри онхоро тахрир кунам. Забонро то чое ки метавонам, тахрир мекунам, аммо на андешаро.

    Бинобар хамин ман аз номи онхо аз ташкилкунандагони сомона узр мепурсам ва орзу дорам, он зудтар бо ислохи камбудихо дубора нашр шавад ва хамаро шод кунад.

    Бо эхтироми самимона.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: