«Мо тазохурот кардем, на мулокот!..»

Рустами Субхонй

Ин нома ба пусти электронии ман омад ва зарур донистам, нашр шавад. Худ казоват кунед.

Субхи рузи чумъаи 13 июн, мо 187 нафар аз сохибкорон ва точирони хурд дар назди Кумитаи давлатии андоз митинги эътирозй доир кардем, аммо журналистон ин тазохуроти моро тарсуёна мулокот бо сарварони ин кумита эълон карданд, ки комилан ба ин бахогузории онхо норозием.

Мо мачбур шудем ва барои он ки аз дасти кормандони налог ба дод омадаем, дар пеши бинои кумита ба нишони норозигии сахти худ чамъ омадем ва хостем садои моро хамагон бишнаванд. Як чизро бидонед, ки агар ними чумхуриро мухочирон мехуронда ва мепушонда бошанд, ними дигараш аз хисоби азобу захмати мо зиндагй мекунад. Аз мо соле то 50 бор пул мегиранд, аз кормандони хукумат то налогу милиса ва хар касе ки дар кисаи пешаш дафтарчаи сурх дорад, маошашро аз мо мегирад. Ин дуруг аст, ки давлат одамони худашро мехуронад. Ягон каси онхо ба маоши давлат мурад, ки зиндагй намекунад. Агар хамин дуздию гургияш набошад, он мансабдорон як руз хам дар кори давлат кор намекунад.

Ба болои сухта намакоб бо бахонаи конунхои нави андоз, ин гушнахои хукумат мехоханд аз мо бозу боз бисёртар биканонанд. Барои хамин мо, ки аз чонамон безор шудаему лекин ягон илочи дигар надорем, чанд кас маслихат кардем, ки дар пеши бинои Кумитаи андоз митинг мекунем ва талаб мекунем, ки горатгарии рузи равшан бас карда шавад. Агар хукумати Точикистон ва президенти мухтарам Эмомалй Шарипович Рахмон мехоханд, мамлакат пеш равад, бас кунанд ин хел горатгариро. Халк ба дод омадааст ва аз гиребони мо мегирад, ки барои чй нарху наво ин кадар киммат аст, лекин фикр намекунанд, ба болои нархи аслии бор мо мачбурем хакки хамаи ин муфтхурону золимонро хам бор кунем. Ана барои чй нарх баланд аст ва боз баландтар мешавад. Мо чй намехохем, ки моламон арзон бошаду тез ба савдо равад?

Ба назари ман, мо хуб кардем, ки садои худамонро баланд кардем. Раиси кумитаи налог ва муовинону думгиракони вай гуё дар изорашон тар карданд. Якбора ин кадар ба давутоз даромаданд, ки бехисоб. Аввал албатта, мисли доимй зургуй карданд, хатто хакорату дашном дода, буккагарй карданд. Лекин диданд, ки мо аз рохамон намегардем, дар изорашон туда карданд ва моро ба дарун даъват карданд. Гапзании онхо монанди одамони гунахкору дузд буд, ки дар хакикат хамин хел хам хастанд. Ба сад забон ба мо мегуфтанд, ки конуни нав аз пештара хубтар аст ва ба фоидаи мо хаст. Лекин мо медонем, ки ин хел нест. Конуни нав аз 1 июл сар мешавад, лекин онхо аллакай тезотез кор мекунанд, ки то он вакт хар чй кадаре ки мешавад аз мо биканонанд ва баъд аз 1 июл дубора хамин налогхоро аз мо гиранд. пас ин чй хел ба фоидаи мо мешавад?

Мо ошкоро ба раиси Давлатов гуфтем гушнамурдахои худашро чамъу гир кунад, набошад саг ворй аз хама чо мезанему меронем онхоро. Вай бечора гапа факат ба тарафи конуни нав мебурд ва мегуфт, конун ба фоидаи мо соз карда шудааст. Охир ба фоидаи мо бошад, барои чй ба мо маслихат накарданд? Барои чй агар ба фоидаи мо бошад, ахволи кори мо ва ахволи халк бадтар мешаваду бехтар не? Мумкин мо саводи зиёд надорем, лекин мухтарам президент гапи дигар мегуяду одамонаш кори дигар мекунанд, ин мамлакат ягон сохиб дорад ё не? Мо саводи баланд надорем, лекин хамин кадар медонем, ки бе синфи миёнаи точиру сохибкор ин хукумат хеч балое карда наметавонад.

Гап дар дилам бисёр, лекин факат хамин кадар мегуям, ки агар Давлатов ваъдахояшро ичро накунад, мо ин дафъа дар пеши касри президент 20 хазор каса чамъ мекунем, баъд мебинем чй мешавад. Давлатов ваъдаи мардона кард, ки хамаи гапи моро ба президент мерасонад ва конунхоро дуруст мекунаду пулчинии бекораро аз сари мо мебардорад. Агар ин кор нашуд, баъд мебинем, давомаш чи мешавад. Хапу дам шиштан аз ин ба баъд номардист. Мо медонем, ки мумкин Давлатов баракс кори хар яки моро бадтар кунад ва мачбур кунад, ки аз хамин як пора нон хам монему зор шавем. Лекин кор аз кор гузаштааст. Ин тарафаш ё одам худаша одам хисоб мекунад ё ки мо хам меравем Расия бубинем, инхоро кй мехуронаду мепушонад. Вассалом!

Ф. Д.

Душанбе

Advertisements

4 Responses

  1. Дуруд бар Точвар!
    Дуруд бар Рустам ва хамАндешони Точвар!
    Дуруд бар мардони кор ки садои эътироз баланд кардаанд!
    Ин мамлакат бад-ин вазъе ки дорад ошкор аст ки ягон сохиб надорад ба чуз аз хамин сохибкорон. Хамин «синфи миёнаи точиру сохибкор» аст ки шохсутуни иктисоди дигар кишвархост.
    Худоро шукр ки шуури сиёсиву иктисодии коркушоёни точик бедор шудааст. Эй кош дар паи ин эътироз сохибкорони точик як созмони сиёсиву иктисоди ё шояд хизбе таъсис диханд то аз хакку хукуки худ дифоъ кунанд.
    Ошкор аст ки «шербачахои» давлату хукумати Точикистон шаголу кафторе беш нестанд.
    З-ин «рахбарони» сустаносир дилам гирифт,
    Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!

    Орзуманди пирузии хама халолкорони точик хастам!
    Зинда бошед! Шод бошед!

  2. Sadho tashakkur ba Ф. Д. va mardumi tazahurot namuda!
    Man ham shumohoro az samimi qalbam dastgiri menamoya.
    Va lekin hej namekhoham yaktai az shumo baroi mushkilihoi dastsozi Rahmon shuda az Vatan firor shaved, khudro ba ranju zulmoti ziyod andozed.

  3. Гегел аз асҳоби фалсафаи таърих зимни муқоисаи давраҳои таърихии Эрон ибрози ақида кардааст, ки ҳар давра ва дудмон пас аз густариши фасоди давлатӣ, оддӣ шудани бетаваҷҷӯҳӣ ба қонун, зобита ва русум, заъфи қазоӣ ва заъфи шахсияти сарони давлат ва даргирии дохилии онон бар сари қудрат поён ёфтааст.
    Режими ЭШР низ ба охир мерасад, он руз дур нест.

  4. Dardi tamomi dunyo darvozahoi khudro az hujimi tupi futbol emin doshtanu dardi tojikon az dasti prezidentashon jon ba salomati burdan….

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: