Таслияти бемаврид аз шахси нозинда

Рустами Субҳонӣ

Сарвари яке аз кишвархо ба муносибати рехлати нависандаи киргиз номаи таслият фиристодааст. Хеле фузулй ва донотарошй кардааст, ба он шевае, ки гуё сатре аз навиштахои Чингиз Айтматовро хонда бошад. Мутмаъинан, ки дар умри сараш китобе аз Айтматовро надидааст, чй монад ба хондан. Агар мехонд, хатман инсони дигаре мебуд.

Айтматов хомии инсонхои одй ва хокпош буд. Ин одамон, ки акнун, пас аз сари Айтматов, низ зиндагии худро дар сафахоти осори ӯ идома хоханд дод, пеш аз хама расидан ба кадри инсонхои дигарро мухимтарин нишони одамият медонистанд. Шахсе ки берӯёна номаи таслият фиристодааст, на танхо кадри инсонхои дигар, балки кадри худро намедонад ва намешиносад ва аслан ин мафохим барояш бегонаанд.

Дар як хикояти хурди Айтматов, шогирди тракторчй танхо барои он ки тракторчӣ аз вай талаб мекунад, пушташро бихорад, ошуб мекунад ва аз бахри кору тракторе, ки бисёр дӯст медошт, мегузарад ва ба рӯи тракторчии хабис шатта мезанад. Шахсе ки таслият фиристодааст, омодааст, барои дар сари мансаб мондан, ба руяш силй бихӯрад ва хама гуна тахкиру тавхинро пушти сар гузорад. Вай як бечораи гадозода аст ва як миллати сарбаландро ба тудаи гадо табдил додааст. Ба кадом ру номи Чингиз Айтматовро ба забон мегирад ва ба кадом ру мешавад, номи ин дуро пахлуи хам гузошт?

Вай оё ба адибу каламкаше аз миллати худ чи некй кардааст, кадоми онхоро сафир кардааст, то дар фазои ором биншинанд ва асар эчод кунанд, магар дар ахди у набуд, ки як шоираш дар зиндон ба сад беморй гирфтор гашту шоири дигараш бесохиб дар куча бимурд, нависандаашро дар дами дари хонааш тирборон карданд ва чандин олиму донишмандаш сарсони чахонанд, пас бо чи руе ба худ ичоза медихад, дар мотами нависандаи як миллати дигар садо баланд кунаду баркияи таслият фиристад?

Ин гуна афрод марги бузургворонро низ ба мазхака табдил медиханд, зеро худ мазҳакаанд.

3 Responses

  1. Чандест, ки торномахои Шумоёни азиз як матлаби дархури дил надорад. Аз чист ин хама?
    Охирон матлабе, ки хонанда метавонад, ба завки дил бихонад, ин аз Парвизи Пилтан дар Як дарвеш аст. Зихи бародар.
    Вале ба ин навиштаи Рустами Субхони каме ризо шуда наметавонам, ки тасаллияти як нафарро кабул надорад. Он нафар на аз он номи худ балки аз номи миллат мегуяд, ин харфхоро. Ба хар хол мехохам, агар мо “душман” бошем ва акидаи танкидие дар сар мепарварем, бехтараш созанда бошад. На ба мисли хамон матали халки “душман айб наёбад, мегуяд, думи сагат кач аст”!

  2. Вау!! Хай хамде бехаду (болотар аз игрок чи бошад?) хазёне бешак. Ду матлаби охири торнома фачтарин буд бароям. Наход ин хамаро дар сомонаи Точвар хонда бошам? Туфта!!!

  3. Вакти номаи таслиятро хондан чунин фикр сари ман хам омад. Таваччух кунед:

    “Красной нитью через все (!) творчество патриарха литературы проходит восхваление…..”.

    Гапш кокай, уважаемый партриарх литературных критиков!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: