Шабнам, Ҷонибек, Наҷим ва Аврупо

Рустами Субҳонӣ

Дар умқи бӯҳронҳои чандгонаи Тоҷикистон ду ҷавони тоҷик сар ба фалак кашиданд ва нишон доданд, ки ҳама чиз дар дасти худи инсонҳост. Шабнам ва Ҷонибек номи тоҷикро дубора зинда мекунанд ва он гуна ки Тоҷвари азиз аз бистари беморӣ мегӯяд:

Ҳама дар хоб ва ҳама дар машаққат, аммо ин дуро «Ҳама қарсак» лаб-лаби дарё ба сӯи гулҳо мебарад. Гулҳои Панҷшер, гулҳои сари мақбараи Тоҷики бузург — Аҳмадшоҳи Масъуд.»

Навиштанист, ки Шабнам ва Ҷонибек, ду фарзанди азизи Тоҷикистонро ҳамқавми онҳо аз Панҷшер, Наҷими арҷманд ба саҳна кашид. Онҳо умедвори ҳукумату вазорати Тоҷикистон нашуданд. Худ биншастанду тарҳ кашиданд ва бархостанду онро ба амал пайвастанд. Аввалин тарҳи сирф тиҷоратии онҳо дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо паёми шодкомӣ медиҳад. Ҳазорон нафар аз кунсерти онон бо ҳисси шодмонӣ ва ифтихор берун меоянд. Даҳҳо навори нави дурахшони онҳо дар дунёи интернет паҳн мешавад ва номи тоҷикро ба паҳнои паҳноҳо мебарад. Онҳо таърихи худро бо дастони худ месозанд.

Ошнои афғонистоние аз Фронкфурт менависад, шаби кунсерти Шабнам, Ҷонибек ва Наҷим барои ӯ беҳтарин шаби умраш буд ва барои нахустин бор вай худро ҷузве аз як миллати зинда ҳис кард. Нафари дигар мегӯяд, ниҳоят барояш муяссар шуд, Ситораҳои Тоҷикро бубинад.

Кишварҳои бадноме монанди Тоҷикистон (гадоёни сатҳи ҷаҳонӣ, қочоқбарони маводи мухаддир, фоҳишаҳои ҷалабхонаҳои Дубаю Исроил, кӯчарӯбону аробакашҳои Русия, вазирони ришватхору дурӯғгӯ, раҳбарони шикамғафсу бапарво, мустамликаҳои ҳамзамони чандин қудрату абарқудрат ва ғайра ва ҳоказои беохир) барои таблиғи худ дар хориҷа миллионҳо доллар сарф мекунанд, то ки заррае ҳам бошад, ба рӯйҳои сиёҳу табоҳи худ қатраи обе ҷамъоварӣ кунанд. Сарону сарварони Торикистон он қадар мумсику хасисанд, ки на танҳо барои чунин барномаҳо даст ба киса намебаранд, балки вақте тамоми дунё онҳоро ба кушокушӣ дар хонаводаашон айбдор мекунад, хираде надоранд, ки худро як зарра сафед кунанд.

Аз ин лиҳоз олист, ки Шабнаму Ҷонибек на бо пул ва дастури ин ҳукумати дурӯғин, балки бо пули худ ба сафари Аврупо баромаданд ва аллакай на танҳо харҷи худро бароварданд, балки фоида ҳам карданд ва аз ин муҳимтар обрӯи миллати тоҷикро бармегардонанд. Бигзор ҷаҳон бидонад, ки Тоҷикистон фақат ландаҳуре бо номи Эмомалӣ Раҳмон нест, балки миллатест, ки суруда ҳам метавонад ва рақсида ҳам. На рақсҳои нафратовари мастонаи президенти бесаводаш, балки рақси пур аз ишқу ҷозибаи ҷавонони озодадилу озодапаёмаш.  

Шабнаму Ҷонибек ва дӯсти арҷманди онҳо Наҷим ба ҳамаи миллати тоҷик паём ва намуна медиҳанд. Ба он беҳудагони сархолӣ умед набандед. Тақдири худро бо дастони худ бисозед!

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: