Истеъфои Точвар аз сарварии “Андеша”

Ба дустони азиз иттилоъ медихем, ки бо сабаби бад шудани вазъи саломатияш аз як су ва афзоиши фишору тахдидхо аз суи дигар Точвар икрор мекунад, ки неру ва дилгармии идома додани ин сомонаро надорад. Ихтиёр ва имтиёзи “Андеша” аз ин ба баъд ба дасти Рустами Субхонй мегузарад ва сомона асосан ба масоъили фархангу хунар ихтисос хохад ёфт ва аз хама мухимтар, тархи бунёди фархангу вожаномахои забони точикй дар интернетро ба субут хохад расонд. Хама гуна шикоят ё дархостхо ба унвони Точвар то 4 июни соли равон кобили кабул хоханд буд.”

Онхое ки барои сомона тарху пешниходхои махсус доранд, лутфан бо ин нишонй мурочиат кунанд: <rsubhoni@yahoo.com>

22 Responses

  1. Нафахмидам. Чй шуд?

  2. Ман Точварро ба хеч вачх бахшида наметавонам!
    Ин сахфа ягона ва охирин умеди мо барои зхё андешаву амалхоямон буд! Хамакнун ман ба харфхои Точвари мухтарам, ки ба дилам наздиканд, мисли боду хаво ниёз дорам, ки илхомбахш барои фардоям мебошанд. Хохиш мекунам, ки ин набояд икдоми чидди бошад! Мубориза ин гуна нест!!! Мисли он ки барои расидан ба хадафе як кишреро тахти хидоят мегириву баногох аз рох боз мемони ва хамагон дилмондаву гумрох мешаванд.
    Бори дигар хохиш мекунам, бигзор Точвари азиз наранчад, аммо бо чунин икдомаш у пайрави ва ё дастгири аз сиёсати кунунии хукумати Точикистон хохад кард!!! Ин гунохи азимест, ки моро дилшикаста мекунад!
    ТОЧВАРИ МО, МАРАВ АЗ МО, КИ БО ТУ МЕРАВАД ДУНЁИ РАНГИНИ МО!
    Бо эхтиром КУДАТО!

  3. Не, Точвари гироми, ин хел намешавад. Хакикатан хам, шумо хак доред ки ба истеъфо равед. Аммо мо хам хак хохем дошт, ки кабул е радди ин истеъфоро ба овоздихи бигзорем. Агар ки кабул нашуд, лутфан кори худро бояд давом дихед. Дар акси хол, ин блог ки серхонандатар аз хар сомонаи точики ва точикистонии дигар аст, шумори зиеди хонандагонашро аз даст хохад дод.

    Овоздихи огоз шуд:
    Кудато зид,
    ФутболТЧ зид,

  4. Точвари азиз субҳ ба хайр.
    Ман бо бисёр шукргузорй аз Шумо-ватандори азиз, часури беҳамто, ҳамхуну ҳамдину ҳаммилату ҳамкеши мутабаррикам барои созмон додан ин сомона аз даргоҳи Худованд умри дарозу сиҳҳатии комил орзу мекунам. Бо хондани ин хабар аз ростй дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Шояд гуянд, ки муболиға. Савганд ба хуни ҳафт милюн аҳолии Ватани азиз, ки дар дилам хун идурдона шуд, гираҳ зад, фишор хурд. Хеле мутаассиф ҳам шудам, ки саломатии дуст, як тан торнигори фидой заъф шуда.
    Танҳо як хоҳиш:
    Агар Шумо чунин тасмим гирифтед, пас роъй роъйи шумост. Аммо суолаке:
    Оё Як дарвешу, Оинаву, Миллатномаву, Меҳанпарасту, Ватандор низ аз фишору таҳдид бояд аз сарварии торнамоҳои хештан даст бикашанд? Дарк мекунам, ки саломатиат нури дидаи ман, носоз аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ту моро ҳамадаст набошй. Эҳсос мекунам, ки қалбат ва хастагии асабат каме озорат медиҳад. Шояд гуйй, ки Ватандор аз кучо медонад, ки қалбу асабам хаста ҳаст. Бояд Ватандорон ҳамдарди ҳамдигар бошанд. Қасам ба суйи Худо ва дар талаби пузиши беадад ман хоҳиш мекунам, ки мо набояд аз таҳдидҳои пешомада ба қафо гардем. Ватан чй мешавад? Ватандорон чй мегуянд? Сомонаро ба навидҳои фарҳангй табдил додан?
    Замоне Точвар гуфта буд, ки : «Оре, мо низ бояд ватандор бошем»
    Точвари азизи ман! Итминон дорам, ки эҳсоси муҳаббат ба Ватану ватандорон Шуморо сари ин кор хоҳад баргардонид. Итминон дорам ва аз Худо мепурсам. Саломат бошй азизам.
    Баргард нури дидаи ман. Бо умеди он ки илтимос дустонро ба назари табаррукат мегирй Ватандор.

  5. Зур ку? Оббо! Сарфахм нарафтам ва гайра. Хайронам кардед Точвари азиз. Ё ин як заиифии зудхангоме ки шояд гузарад? Агар хамаи мо аз рохи интихобкардаамон бозгардеи пас миллати мо дар вокеъ ягон оянда надорад? Пас мо хама бояд ба зулм, бефархангиву беакли таслим шавем? Пас поёни шаби торик субхи рушан нест? Як танаффус гирифта тасмимхои шитобона нагиред, охир бовар доштем ки чунин як фарди пурилми бофарханг ло акал ба нуксу галатхои мо ишора карда фазои фарханги ва ичтимоъии моро солимтар мекунад. Ман ба зудди тагирёфтани вазъи иктисоди боварии зиёд надоштам аммо насли чавон бояд аз илму дониш ва дарки зиндагии шахсиятхои мисли шумо бархурдор бошад. Ин тавр нашавад ки дар ними рох онхоро бе рахнамо ва рахбалад партоед.
    Бо эхтиром,

  6. Ин сахар то боз шудани сомона бо телефон ба гуши духтаре афсона мехондам. Ин навиштаро хонда дилам сабук ларзид, овозам моил ба гиряолуд шуд …
    Хар руз бо сад умед навиштахоятро нусхабардори карда, ба дустонам мебарам, ки онхо дастраси ба интернетро надоранд.
    Хар руз навиштахоятро мехонаму бо неруи нав даст ба кор мешавам.
    Хар рузи интернетнишинии ман бо ту огозу анчом мепазирад.
    Рузи омаданатро дар руи сахфаи роёна дар дилам бо хазорон орзухои рангоранг пешвоз гирифтам.
    Ин сахар муйам рост мешавад, дар худ дард хис мекунам, ки Точвар вазъи саломатиаш хуб нест, дилгарми надорад…
    Бори аввал мехостам, ки ба худ идеал интихоб кунам. Афсус, афсус, афсус…
    Точваро ба хар сурат ихтиёр ба туст!!! Вале медони, ки чавндин чавон ихтиёр ба ту супурдаанд?
    Агар ба ин суол посухе ёфти, бигзор сахнаро тарк гуи!

  7. Пас аз солхои ноумеди ин сомона ягона умеди огоз кардани коре барои тагйири вазъият буд. Мефахмем ки хеле сахт аст, вале дар иваз сарнавишти як халк дар миен аст. Дар байни ин хама сомонахо ягона сомонаи тахлилии солим буд.
    Точвари гироми, умеди моро аз дасти мо нагиред. Хохиш мекунем ин рохро идома дихед, шояд муддате табобат кофи бошад. Ба хар хол мо омодаи хар гуна кумак хастем.
    Бо эхтиром,

  8. Tojvari giromi, man in tasmimi shumoro hej namefahmam.
    Ba yak nafare,ki hej kas nomi haqiqiashro nameshinosad va kase uro nadidaast,chi tavr meshavad tahdid kard?
    Naboyad rohi peshgiriftaro tark kard!!!Mo az andeshahoi sozandai shumo neru megiriftem,aknun chi shud,ki moro noumed karded?
    Bo ehtirom…

  9. 😦 Точвар ин тур шухи намезебад, ба шумо

  10. Ба хеч вачх Точвари азиз бояд боварии он кадар мардуми равшанфикри точикро нисбати худ аз даст надихад. Зеро тарк кардани ин торнома як хиёнатест нисбати кулли мардуми точик. Он максаду умеде, ки бародарон дар ин торнома изхор мекарданд, яъне барбод мераванд? Не набояд ин хел рух дихад, дар акси хол мо бояд бохти худро дар назди хукуматдорон икрор кунем?Ман бовари надорам, ки шумо ба ин рох медихед!

  11. Дар блоги Андеша аз тахия ва таълифи ин блог худро дур гирифтани Точварро хонда сахт андухгин шудам. Чи фишоре ба сари Точвар оварданд, ки у хатто аз ном гирифтани онхо метарсад?
    Ин ягона блоге буд, ки фикри танкидии Точварро оиди вокеахои Точикистон ва корхои хукумати он нашр мекард.
    Акнун ба фархангиву маърифати табдил шудани он ба манфиати миллати бе – Падар ва бе – Модари точик нест. Зеро чунин блогхо ба мисли блоги Герби шердори Адаш Истад хастанд, ки фархангиянду ба сиёсат дахл накарда аз танкиди раиси чумхуру хукумат худдори мекунанд ва руирост иброз медоранд, ки блоги онхо танхо «як маслихат аст».
    Дар блоги Андеша оиди кушиши Иброхим Усмон барои махдуд кардани интернет маколаи хубе интишор ёфт. Ман гарчанд дурам (дар Австралия зиндаги мекунам) дар бораи кушишхои Иброхим Усмон дар комиссии тахияи конуни матбуот барои он ки дар он моддаи озодии матбуот набошад, дар муносибате ба блоги Адаш Истад Герби шердор шархе навишта будам.
    Эхтимол дорад, ки профессор Иброхим Усмон хамон шархи ман навиштагиро хондааст ва дар газаб шудааст.
    Ман чунин фикр мекунам ва ба он боварии комил дорам, ки махдуд кардани озодии матбуот ва интернет дар Точикистон хиёнати бузург ба мардуми ин кишвар аст. Худи хамин интернет дар Точикистон ба масал тифли навзоди парпеч аст. Иброхим Усмон ба дахони хамин тифли навзод скоч часпондан мехохад, ки дигар овоз набарораду нафасгардон шуда мурад.
    Агар он шархи навиштаи ман заррае дуруг медошт, Иброхим Усмон, ки худ журналисти мохир аст, зуд аз он истифода намуда маро ба дуругнависи махкум мекард. Дари хама блогхо барои навиштани шарху эътирозхо боз аст ва у инро хуб медонад.
    Аммо Иброхим Усмон тарики дигари касосгириро пеш гирифтанист. У хукуматро ба манъи сайту блогхои озодандешон тахрик доданист, ки усули кори идеологхои хукумати шурави буд.
    Иброхим Усмон! Интернет майдони муборизаи озоди фикрист. Мард боши баро ба майдон!

  12. Эй фалак, дод аз чафоят, дар чи холам кардаи,
    Рост будам чун алиф, монанди долам кардаи.

  13. maktub az Germaniya
    salom dustoni aziz,
    qarib se hafta shud, ki bo blogi olijanobi Shumo oshno shudem va pas az xondani xabari diruzai Shumo rosti gap bisyor xafa shudem. dar justujui maqolai oxirini shumo buda didam, ki in maqolaro (va yakchandi digar!) az sahifa girifta gum shudand. Sababi in hodisaro pursidani buda maqolai navi diltangkunandaro yofta xondam. Ba jonam rasid. jagona ovozi ozodii Tojikiston dar internet boyad xomush nashavad! Ba har hol – ba Shumo hama xubihoi dunyoro tamanno doram. Umedvoram ki kori sudmandu jolibi Shumoro dar nazdiqi idoma doda metavoned. Ba digar xonandagoni in sahifa dilam mesuzad va bayonotu andeshahoi onhoro xub mefahmam.
    Lutfan darborai qadamhoi oyandai shumoyonro xabar dihed! bo kamoli ehtirom – Intizori javobaton hastem…

  14. Салом ба Точвар ва бародароне дигар, ки ин сомонаро мехонанду хамзамон накше дар он доранд.
    Аслан заифонанд, ки харчанд амалеро сахлу содда меангоранд, дар навбати худ даст ба хар коре сахту нангин намезананд. Ононе хам, ки аз сиёсат дури мечуянд, медонанд: сиёсат ботлокро мемонад, ки хар кадар пеш бирави, чун тавонманди надори, туро ба жарф хохад кашид. Мутаассуф ин ботлокест, ки онро одамон (тоифае) бо дасти худ сохтаанд, бо обмонихо. Ва оне, ки “Андеша” минбари бози озодандешон аст” наметавонад дар доираи фархангу хунар махдуд бошад. Боз кадом фархангу хунар? Асолате, ки кам махфуз мондаву зиёда бохта шуда?

  15. Хама умеду орзуи Ватандориам махз баъди хондани нигоштахои Точвари гироми зинда шуда буд. Акнун шабу руз фикр мекардам ки агарчи ируз миёни маллати ман хам гашта бошад хам аммо холо нашикастаст ва умед ба сохтани ОЯНДАи ДУРАХШОНу ПОЙДОР хаст. Аммо чун инлахзахо ин паёми дусти азиз Точвари гиромиро хондам боз хамон ноумедихо пеши назар шуданд ва аз даргохи ОЛЛОХ ТАЪОЛО сихати ва саломатии дусти азизро зори кардам.. Точвари азиз факт як хохиш мо ВАТАНДОРОНРО ки дар атрофи шумо чам омадаем пароканда нагардонед ИЛТИМОС!!!!!!!!

  16. Медонам, ки номардхо хеле зиёданд. Инхоянд, ки курсихоро банд кардаанд. Албатта навиштахои Точвар ва ин ДАРГОХи УМЕДе, ки У боз намуд, ба тани номардхо хала ворид кард.
    Ай Точвар! Имруз огох гаштам, ки ту кисти!
    Хануз соли аввали ба шахр омаданам, китобхоят ва навиштахоятро харисона мехондаму заифона мегиристам, дар назди беадолатихову ночурихои ба калам кашидаат.
    Ай Точвар! Итминони комил дорам, Ту боз бармегарди. Агар дар ин чо не, боз навгоние руи кор хохи овард, ки барои мо насли гаркшудаистода сафиани умед хохад буд!
    Ба назари ман Андеша ва Як Дарвеш ду каноти як Шохинанд.
    Ба чуз заифона нолидану хой-хой, дарун-дарун сухтан илоче нест, ки нест. Ин ту буди, ки дард мегуфти!
    Точваро! Канот шикан нашав! Миллат аз ту интизор аст.
    Маро бубахш, ки беэхтироми карда ТУ гуфтамат.

  17. Дуруд азизон,

    Истеъфои Точвар дуруст нест. Намедонам, чаро ин фикр дар сари Точвар уфтода. Ба хар хол, тахаммули ин истеъфо барои ман осон нахохад буд.

  18. Aka, in hama khizmate shumo kardaed baqadri javohirot ba mo ziyod ast va man ham dar simoyaton tai in muddat rohnamoro shinokhtam, Sad tashakur xuni tojik ravshanroaqlonro holo ham tavlid rkarda metavonad.

    Agar tavoned, ba hayotu salomatiaton tahdidi ziyod naorad, khohish doram, khizmatatonro davom dihed.
    Bore ham ba man posukhdoded, ki harchi pesh naoyad, haqiqatguiro khatm boyad nadihem!
    Khush agar, ki somonaro tark gufted, boz umed doram, in amali ba mo shoistaro dar digar shakl hatman davom dihed. Va chun hamavaqt ba moyon rohe memonad ki bo shumo dar tamos boshem.
    Biguzor hamavaqt az balovu nobaroriho taqdir shumoro dur nigoh dorad.

  19. Қадами номубораки Раҳмон
    Ҳар куҷо ки расад шавад вайрон. (Шоири Гумном)

  20. salom oqoi tojvar .har kas ki mudiriyati in somona ro ba dast girad misli shumo amal kunad va dar borai vazi siyosi va iqtisodi tojikiston ham bahs kunad .

  21. oqoi rustam .bacham ziyodi bad fikr nakun mo bo mardume ki dorem hech kore nameshavad kard chun zamina nest.dustat doram rustamjon

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: