(???????) Ҳафт суъоли даргирии Кўлоб

Нерўҳои муштараки Вазорати корҳои дохилй ва Кумитаи амнияти миллии Точикистон рўзи 27-уми май, пас аз тирборонҳои дурудароз ва ҳалокати 5 шаҳрванди Точикистон, аз чумла як кўдак, собиқ афсари милиса Сўҳроб Лангариев ва чанд тан аз ҳамроҳони ўро ба ҳабс гирифтанд.

СУЪОЛИ АВВАЛ: Марги 5 точик, аз чумла як кўдак, ба ҳабси чанд айбдоршавандаи қочоқи ҳероин баробар аст?

Тамоми қазия хеле машкук аст. Аввал чанд корманди милиса ба дари Лангариев омадаанд ва пешниҳод кардаанд, ки манзили ўро кофтуков кунанд. Вай ба онҳо дуруштй кардааст ва аз дари худ рондааст. Пас аз якуним соат гурўҳи бузургтаре пойи ин дар омадааст ва боз ҳам посухи рад гирифтааст. Он гоҳ аз Сўҳроб Лангариев талаб шудааст, худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ таслим кунад, вагарна ҳадафи ҳамла қарор хоҳад гирифт. Сипас, баъд аз чанде ҳучум сар шудааст.

СУЪОЛИ ДУВУМ: Агар Сўҳроб Лангариев, тавре дертар гуфта шуд, 6 сол ба ин сў мавриди пайгарду чустучў буд, чаро аввал бо ў вориди гуфтушунид шудаанд?

Дар аввалин тирандозиҳо ду раҳгузар кушта шудаанд. Дақиқтараш яке аз сар ва дигаре аз сари сина тир хўрдаанд. Хабарнигори часури «Хатлон-пресс» онҳоро дар мошини худ ба бемористон интиқол додааст, аммо бо ҳамаи талошҳояш низ натавонистааст, чони ин ҳамватанонро начот бидиҳад. Тафсилоти ҳалокати афроди дигар, махсусан он як кўдак, эълон намешавад. Як афсари Кумитаи амнияти миллии Точикистон аз тири афроде кушта шудааст, ки дар манзили Лангариев камин гирифта буданд. Инчунин наздик ба 30 нафари дигар захмй шуда, вазъи бархе аз онҳо сангин аст.

СУЪОЛИ САВУМ: Чаро қабл аз оғози амалиёт аҳолии осоишта огоҳонида нашуд ва иқдомоте сурат нагирифт, то аз ҳалокати одамон пешгирй ба амал ояд. 

Маълум шуд, ки Вазорати умури дохилии Точикистон гурўҳи «Алфа» низ доштааст. Ин ҳам маълум шуд, ки дастаи сарачини вокуниши сареъ комилан беҳунар, нотавон ва бемасъулият аст. Бар асари ин нотавонию бечорагии гурўҳи «яккачин» ва «зарбазан»-и нерўҳои интизомии Точикистон дар шаҳри Кўлоб одамони бегуноҳ, аз чумла як кўдак кушта шуд. Пештар дар бораи гурўҳи ОМОН шунида будем, ки дар Рашт «корнома» нишон дод ва аз он чо мурдаи фармондеҳашро овард. Барои ин мурда ҳанўз касе чавобгар нашудааст.

СУЪОЛИ ЧАҲОРУМ: Барои ҳалокати 5 нафар дар Кўлоб ва 1 нафар дар Ғарм кй чавоб хоҳад дод ва оё чони шаҳрвандон дар ин кишвар арзише дорад ё на?

Фочиаи Кўлоб як ҳақиқати дигарро низ нишон дод, ки бархе аз ворисони «қаҳрамонон»-и чанги Точикистон шароити муҳайё доштаанд, ки дар Русия мардикор нашудаву аз интиқоли ҳероин сарват ба даст оранд. Аммо ин гапи наве нест ва шумори чунин афрод, ки дар сохторҳои давлатй кор мекунанд ва ё хешу наздиконашон дар ин ниҳодҳо аз онҳо пуштибонй ва ба қочоқгарияшон кўмак мекунанд, зиёд буда, даромади қочоқ то ба идораҳои бонуфузе мерасад.

СУЪОЛИ ПАНЧУМ: Магар даст доштани онҳо дар маводи мухаддир имрўз фош шудааст, ки зиндагии сангин, аммо бе хуну оташи мардуми Кўлоб имрўз ба чаҳаннам гирифтор гардад?

Мили силоҳҳои Вазорати умури дохилии Точикистон мисли ақрабаки соат мегардад. Аввал — Ғарм, сипас — Бадахшон, ҳоло — Кўлоб.

СУЪОЛИ ШАШУМ: Акнун навбат ба Қўрғонтеппа, Турсунзода, сипас Хучанд аст?

Кайҳост, ки бўйи борут меомад ва тамрину барномарезиҳо идома дошт. Вазъи кишвар пас аз зимистони фаромўшнашуданй ва нархҳои осмонраси имрўза барои раҳбарони мояи осудагй нест.

СУЪОЛИ ҲАФТУМ: Оё дар ҳақиқат ҳукумат мехоҳад бо чинояткорй мубориза кунад ё танҳо зарурате дорад, ки қувваи худро намоиш додаву халқи бе ин ҳам мазлум ва муштипарро тарс диҳад?

Бўйи борут меояд, тонку зиреҳпўшҳо ба кўча мебароянд ва агар чанги Точикистонро фаромўш карда бошед, хеле зуд дубора онро ба ёдатон мерасонанд. Тонкҳо дар кўчаҳо мемонанд, «агар байни ду ҳалқ як ҳамдигарфаҳмй нашавад…»

Advertisements

3 Responses

  1. Худованд биёмурзад куштагонро ва дар бихишт чояшон дихад.
    Аз ин чанг миёни хамразмони пешин мешавад натича гирифт ки «шох» аз «точбахшони» худ дар харос аст ва ба хар бахонае онхоро аз миён бардоштанист. Дарего ки аз чанги инхо бегунохон кушта мешаванд. Шояд хам бад-ин васила давлатдорон мехоханд мардумро тарсонанд ва дар дилаш харос афкананд то бар онхо нашурад. Дарегам ояд аз миллатам ки чунин «касоне» сарнавиштамонро тайин мекунанд… Аз ин гуфтаи Карл Маркс хушам омад: «Нации, как и женщине, не прощается минута оплошности, когда первый встречный авантюрист может совершить над ней насилие»…

  2. Ин бехунарон аккалан аз ухдаи спектакл баромада наметавонанд. Мисли об рушан, ки ин хукумат дар найрангбозй устухон надорад.
    Аз солхои аввали истиклолият бо ин кадар хун рехтан пинаки сулолаи Рахмониён вайрон нашуду кунун ба як ду кудак дилашон сузад?
    Одамкушй ба ин туда шабехи он аст, ки кайкеро кушта бошанд.
    Албатта ин айби хукумат нест, айби мост, ки барои эшон чунин шароитро фарохам овардаем.

  3. salom aleykum barodaroni aziz man hamchun yak shahrvadi Kulob lanat mekunan in khel davlatdoriro
    voy bar holi shumo.
    rosti gap dar tjk nestam va on kadar malumot ham nadoram lokin yak barodari shinosam tir xurdaast.
    az dasti mo fakat duo meoyadu xalos
    Parvardigor dar tamomi dunyo alalxusu dar Tjk azizamon sulhu hamdigarfahmiro xud poydor bigardon
    salomat boshed

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: