Фарҳанги интернетии точикй зарур аст

Хушхабаре ҳаст, ки пас аз наздик ба 40 соли нашри аввал, «Фарҳанги забони точикй» дигарбора чоп мешавад. Ин китоби бузург соли 1969 дар Маскав мунташир шудааст.  Бо теъдоди 33 000 нусха. Аммо то солҳои 90-ум дар фурўш буд ва ду бор нархаш поин омад, то ба фурўш равад. Дар осудатарин давраи торихи худ ин миллат 33 ҳазор нафаре надошт, ки муҳимтарин вожаномаи тафсирии забони модарии хешро харидорй кунанд. Мабод нашри нав онро низ чунин сарнавишти талх дар пеш бошад?

Кормандони яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Абарканд (ҳоло ҳозир — Душанбе, ёдгори рустои кўчаки Душанбебозор, ки мегўянд, аз нав ба қуруни рустоияш баргаштааст.) ҳикоят кард, ки пас аз як чашну тантана дар пойтахт, вай аз меҳмонхона қариб 20 нусхаи китоби президенти Точикистонро пайдо кардааст. Беҳтарин чоп, беҳтарин коғаз ва аксҳо, аммо сангин ва меҳмонон нахостаанд, бори худро гарон кунанд, ҳарчанд маълум аст, ки дар фурудгоҳи Абарканд аз онҳо боче ситонида намешавад. Шояд аз хирочи фурудгоҳҳои дуртар ҳаросидаанд.

Беҳтар нест, «Фарҳанги забони точикй» ин дафъа дар шакли электрунй ба нашр расад? Калимаро менависй, клик мекунй ва маънои он пеши чашмат падид меояд. Бори сафарро сангин намекунад ва дар ҳар гўшаи олам дилат хост ё ниёз пеш омад, онро боз мекунй ва ба кор мебарй. Шояд замоне ба чунин рўз бирасем. Пас аз зуҳури вожаномаҳо ба ҳамаи забонҳои офриқой. Он ҳам бо кўмаки созмонҳои байнулмилал. Бо чунин дархост:

Забон барои ҳар миллат муҳим аст. Мо, точикон ҳам забон дорем. Ин забон на аз вайҳову унҳо, балки аз калимаҳо иборат аст. Бояд вожаномаи интернетй дошта бошем. Аммо ин вазифаи муҳимро Точикистон дар танҳой ва бе мадади чомеъаи чаҳонй ба ичро расонда наметавонад. Аз Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш мекунем, давлатҳои чаҳонро ба кўмаки мо даъват кунад.»

Хуб, вақте ки дар мубориза бо малах ёрмандии чаҳонро металабем, чаро дар ин масъала хоҳиш накунем. Мисли ин ки кўмакҳои байнулмилалй чй кажроҳа ё найранге доранд. Баъзан мо хоҳиш накунем ҳам, онҳо кўмак расонданй мешаванд. Шояд он чо ҳам даромади дасти росту дасти чапе мавчуд аст?

Аммо баъд. Агар чавонони бонангу номусе дар ин дунё худро точик мегўянд ва мехоҳанд, барои миллати худ коре бикунанд, лутфан аз худ паём диҳед. Яке аз чавонони мисли шумо тасмим гирифтааст, чунин вожаномаи интернетиро ба вучуд орад. Аммо ин кори як нафар нест ва мо аз созмонҳои байнулмилал, ээээ мебахшед, аз чавонони баномуси точик даъват мекунем, дар ин барнома ширкат кунанд. Мо метавонем, аз вожаномаҳои содатаре оғоз кунем ва рўзе ба шоҳасари «Фарҳанги забони точикй» низ бирасем. Ҳой, мардум, касе ҳаст дар ин дунё?! Аз худ хабар диҳед, маслиҳату машварате бикунем.

34 Responses

  1. Фикр мекунам, хар касе, ки кадри сузан дилаш ба механу миллат месузад, бояд дар ин пайкор пайкарнамойи кунад. Пайкори пойдории забони порсии точикй, ки бидуни он мо гушту устухоне беш нестам ва хамон аст, ки дар вучуди мо чоне дамидааст. Бо фаро гирифтани бехтари он чони мо хам болидатар ва пуру паймонтар хохад шуд.

  2. Бехтарин пешниход.
    Албатта, агар хохиш бошад, хар кас мувофики тавонаш метавонад дар ин амр кумак намояд.
    Масалан мешавад, хар нафари хохишманд кисмати чудогонаро хуруфчини намояд ва аз тарики нишонии электрони ба фарде ки созмондихандаи он аст фиристад.
    Шахсан ман омодаам, як бахшро хуруфчини намоям.
    Муваффак бошед.

  3. Сипосгузорем аз Студенти азиз барои омодагияш ба худфарсой.

    Ман бовар дорам, ки дигарон низ дар хуруфчинй хамдастй хоханд кард, вале масъалаи аввал ин сохтани нармафзорест, ки харфи сириллики точикиро бишиносад ва мутобики он кор карда тавонад.

    Басти дувуми кор аз сохтани шакл ва озини вожанома хохад буд, ки бояд сода ва зудкор бошад.

    Медонам, чандин чавони точик дар бехтарин ширкатхои барномарезии компютерй кор мекунанд. То хол факат як нафари онхо дар Амрико изхори омодагй кардааст, ки ёрмандй мекунад.

    Интизори паёми кордонони точик!

    Сарбаланд бошем!

  4. Behtarin ikdom
    Barodaron biyoed ba umedi on hukumatdoroni uzbaktabori misli aBDULLO rAHIMBOEVi davrai inkilob nakunem. Biyoed mablag lozim boshad ba surathisobi un barodar mefiristem har kas ba kadri imkon. Hurufchini lozim boshad kushishmekunem to behtarin vakt yofta hurufchini kunem
    Akalan yak korake az dastamon oyad baroi rushdi farhangi tojiki ikdm kunem
    Bo ihtirom…..

  5. Донишчуи точик дар Амрико, ки ба зудй номашро эълон хохем кард, мегуяд, бе хеч гуна маблаг ин корро анчом медихад, аммо шояд барои дарёфти абзори зарурй сармояе зарур гардад.

    Дар холи хозир, зарурат нест, агар даркор шуд ба хамаи шумо мурочиат мекунем.

    Ба фикрам, ин як кори некест, ки метавонад хамаи моро муттахид кунад ва нишон дихад, ки аз дасти мо хам коре меояд.

    Сарбаланд бошем!

  6. Фикр мекунам сканнер корро осонтар мекунад. Албатта, барномахое, ки сириллики точикиро шинохта тавонанд, холо нестанд, вале ABBYY FineReader сириллики русиро мешиносад. Агар хар нафаре, ки ФЗТ-ро дар даст дорад, рузе 10-15 сахифаашро сканнер карда дар формати jpg дар ягон кунчи интернет партояд, хохишмандон метавонанд дар мувофика бо якдигар сахифахои алохидаи онро хуруфсини намоянд. Шояд, имруз факат дар Ms Word метавон аз сириллики точики истифода бурд. Ман низ омодаам сахми худро дар ин кор гузорам.

  7. Аз он чое ки ман медонам дар виндовзи Виста забони точики хаст, ман коршинос нестам вале агар бо хатти точикии Виста хуруфчини сурат гирад, шояд ин кор шудани бошад.
    Умедворам, ин кор факат огоз бошад, то дар оянда корхои бузургтареро анчом дихем!
    Бо орзуи муваффакият,

  8. Тоҷвари арҷманд, сипосгузорат ҳастам ки номи Абаркандро дар дидаҳо ҷой медиҳӣ. Умедворам ки рӯзе ин ном дар нақшаи Тоҷикистон низ пайдо хоҳад шуд.
    Ман дар назар дорам ки торномае созам ва дар он дар бораи номҳои бостонӣ ва таърихии сарзамину кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯду шаҳру рустову деҳаҳои Тоҷикистон матолибе ҷой диҳам. Бошад ки хонандагон ва ояндагон аз он баҳра баранд ва он матолибро дар амри номгузорӣ ва номгардонӣ ва барои пешгирӣ аз нобуд шудани номҷойҳои бостонӣ ва таърихӣ ба кор баранд.

    Ҳамакнун омода ҳастам бо шумо ва дигар ҳамандешонамон дар офариниши ҳаргуна вожанома ҳамкорӣ кунам.
    Пештар ҳам дар саҳафоти Vatanweb [http://vatanweb.net/forum/29] кӯшише барои посдошти забонамон карда будем.

    Худо ёру ёварамон бошад!

  9. Устод Насруллох Хочаеров дар ин самт корхои назаррас анчом додаанд. Дар Донишгохи Индиана китоби бузургу чолибе хам варианти нашриву хам электронияшро омода кардаанд. Он китобро дидан даркор.

  10. Специалисты продемонстрируют мощь и возможности таджикского языка в освоении и обучении информационных технологий

    27.05.2008 14:51

    Автор: Мавджуда Хасанова

    Душанбе. 27 мая. «Азия-Плюс» – Мы намерены доказать мощь и возможности таджикского (фарси) языка в освоении и обучении информационных технологий, проведя завтра в Душанбе на родном языке международную конференцию на тему «Таджикский (фарси) язык и информационные технологии», заявил сегодня в ходе пресс-конференции председатель комитета терминологии Академии наук РТ Толиби Рози.

    По его словам, многие специалисты считают, что таджикский язык не в состоянии полностью охватить информационные технологии, однако наша цель изучить это на таджикском языке и предоставить другим. «Еще одна цель проведения конференции – привлечение внимания общества, особенно лингвистического, к проблемам адаптации и совместимости таджикского языка в компьютерной и информационной технологиях», – сообщил Т. Рози.

    Комментируя этот вопрос, он отметил, что СМИ очень мало затрагивают этот вопрос и освещают эту тему незначительно. Он призвал журналистов более серьезно отнестись к активному освещению данной тематики.

    В работе международной конференции примут участие специалисты из США, Афганистана и Ирана, которые будут обсуждать около 10 вопросов, в том числе, «Таджикский (фарси) язык и сеть Интернет», «Компьютерная лексикография», «Компьютерная и корпусная лингвистика», «Электронные системы обучения», «Проблемы проектирования и создания автоматической проверки правописания», «Системы электронного обмена информацией на таджикском языке», «Электронное издание на таджикском языке», «Текстовый информационный обмен посредством мобильных технологий», «Рудакиведение и сеть Интернет», «Локализация программных продуктов».

    Организаторами двухдневной встречи являются правительство страны, комитет терминологии АН РТ, Минкультуры РТ, Минобразования, Комитет по телерадиовещанию при правительстве РТ при поддержке «RELIEF International», «ICT – ENTPE», СIPI, Бабилон-Т, Таджикский филиал ИОО – ФС.

  11. Peshnihodi javonmardonai Tojvari azizro az zharfoi qalbam
    mipaziram.Ghulomi Jur’ati javononi khudshinosi mehanam hastam. Dar anjom dodani khidmat ba lafzi shakkarini forsi har chi az dastam bioyad ba shumo hamkori khoham kard.
    Hamesha sarbalandu sarfaroz boshed.

  12. Точвари гиромй,

    Чаро ба матлаби «Имзо барои Халичи Форс» дастрасй надорам?

  13. Бале, ба назар мерасад, бар асари мудохилае аз берун дар торнигори мо мушкилот пеш омадааст ва бархе аз матолиб барои муддате худ ба худ дастнорас мешаванд.

    Посух меояд, ки гуё матлаби дархостшуда дар сомона вучуд надорад. Банда ба бахши химояти фаннии мурочиат кардам ва интизори посухи онхоям.

    Аммо санчиш нишон дод, ки дастнорасй муваккатист ва пас аз як муддат дубора мешавад ин ё он матлабро боз кард.

  14. Бале, мушкил феълан бартараф шуд. Сипос.

  15. Мушкили дастнорасии баъзе аз матолиб мушкилии фаннии ВордПресс аст. Дар ФутболТЧ низ ин мушкил мавчуд аст ва на ахенан, балки хеле зиед.

  16. Бале, чандин нафари дигар низ дар Форум аз ин мушкил шиква кардаанд.

    Посухи мухандисон ин аст, ки сафха дар холи тагйир ва бозсозист.

    Бубинем.

  17. Ассалому алайкум бародари азиз Точвар… Бале шумо пешниходи хело арзанда кардед нисбати Забони Модари… Ин икдоми Шуморо ман хам дастгири менамоям ва бо Шумо ва дигар бародарон хатман хамкори мекунам. 2 соли кабл ман бо хамрохии дустонам бо хохиши як устод (мудири кумитаи терминологии АФ ЧТ) хамаи калимахои Фарханги Забони Точикиро нусхабардори карда бо намуди электрони карда будем барои лугати онлайн… Ман сурог карда бинам агар дастрас кардам хатаман ба Шумо мефиристам… Иншоаллох … Худо мададгоратон бод Ватандустдорон …. Бародари азиз Точвар лутфан аз ин торнигор дидан кунед… http://www.termcom.tj

  18. Бо арзи салом ба дустон ва бародарони гироми!

    Бисьер пешниходи хубе кардаанд бародари азиз. Дар холи хозир банда намедонам чи кумаке метавонам ба ин кор расонам вале хуб ба хар коре ки аз дастам меояд хозирам ба ичрояш. Бубинед! банда дар Москов хастам шояд чизе лозим шавад, ки дар ватани азизамон нест вале дар Москов хаст ва банда метавонам интиколаш намоям. Банда донишчуям, вале агар маблаге лозим шуда монд моро фаромуш нанамоед. зеро ки гуфтаанд: «аз мурча мадад». Беихтиер шеъри хазрати алломаи Икбол едам омад ки мефармояд:
    Гарчи хинди дар узуббат шакар аст,
    Лафзи порсии дари ширинтараст.
    Месазад то ба хотири ин лафзи ширин дилхо тапиш хуранд. Боракаллох бародари гироми. Бо эхтиром аз хамаи шумоен ФОРС.

  19. Аз якояки Шумо сипосгузорам, бародарону хоҳарони азиз. Ба зудй ҳамаи Шуморо дар чараён хоҳам гузошт, ки нақшаи кор чист.

    Сарбаланд бошем!

  20. Фархангро бояд чоп кард. Шунида будам, ки чопи нави онро таер мекунанд. Аниктар пурсучу мекунам ва иттилоъ хохам дод.
    Вале агар барои электрони кардани он ерие тавонам ба хушнуди хохам расонд.
    Дар назарам ерии молист.
    Муваффакият дар ин икдом!

  21. Сипосгузорам аз ҳиммати баланди фарзандони Ватан!

  22. Салом ва дуруди бепоён Точвари гироми аз ёри кардан дар мавриди чопи Фарханги Забони Модари то он кадрае ки аз дстам меояд хох дар ёрии моли бошад хох дар дигар ман тайёрам….
    Парвадигори олма хамаи моро дар панохаш нигах дорад ва дар кору зиндагиямон барор дихад ..
    Сад шукри АЛЛОХ ки мо точикон Точвару дигар азизонро дорем…..

  23. Chi peshnihodi khush kardaand injo…
    Man intizori on hastam , ki kani yak ravandi aniq az sui sarkoron aniq karda shavad. Man ham az in kor dar kanor nakhoham mond, hatman sahm khoham girift. Hama tajhizoti zaruri doram vale du jildi FZT dar vatani duram hastand, ki afsus…
    Lekin, moyai pulivu yagon ‘soft’ lozim boshand, surogharo muayan kuned mefiristam.

  24. Ёрони азиз,

    Ду ё се рўзи дигар фурсат бидиҳед, тарҳи дақиқи кор муайян ва барои андешаи шумо пешниҳод мешавад.

    Ба фикри ман, ба ҳамаи мо коре хоҳад расид ва ин барнома як барномаи мардумии рўшанфикрон хоҳад шуд.

    Сарбаланд бошем!

  25. Худованд рохи моро дар ин кори нек боз гардонад ва ба корамон барор бидихад!

    Омин

  26. Мунтазирем

  27. Agar kumake dar in mas’ala lozim boshad,man ham omodaam az khud sahme guzoram.

    Bo ehtirom

  28. Азизони фарзона!

    Аз ҳиммату саховат ва ҳамдилии ҳамаи Шумо сипосгузорам. Бовар дорам, бо чунин якпорчагй мо на танҳо ин тарҳ, балки корҳои бузургтареро низ комёбона ба анчом хоҳем расонд.

    Кор ҳоло ба ин чо расидааст, ки донишомўзи мо мегўяд, нармафзоре, ки метавонад хазинаи вожаҳо ва чўёи онҳоро таъмин кунад, ҳарфи сириллики точикиро намешиносад. Ду ширкате, ки чунин нармафзоронро омода мекунанд, дар ивази пули изофа ҳам розй нашудаанд, нармафзорҳои худро барои сириллики точикй такмил диҳанд. Аз ду ширкати дигар, ки ба онҳо низ мурочиат шудааст, ҳанўз посухе нарасида.

    Ба ақидаи Донишомўз, вай бояд худаш ин нармафзорро аз оғоз то анчом барноманависй кунад.

    Чанд тан аз мо гуфта буданд, ки нармафзори муносиб ё софт вучуд дорад ва ҳатто устоди арчманде низ худ онро сохтааст. Лутфан мешавад, ин ёрон пажуҳише кунанд ва огаҳии бештаре бидиҳанд?

    Интизорем.

    Сарбаланд бошем!

  29. фарҳанг аллакай дар шакли пдф дастрас аст. ба зуди нармафзорашро мебинед. шармандаги – дар индиана китобхои точики чоп мекунад. вакти бо точикон гап задан бо лахча гап мезанад… вакти бо хоричиён гап задан адаби – киро дар назар дорам худаш медонад!

  30. Точвари гироми,

    Ое хануз хам мушкили фаннии дастнорасии матолиб гиребонгири торнамои Шумост? Зеро чунин ба назар мерасад, он мушкил ба ФутболТЧ худро духта баста бошад,..

  31. khudovandi buzurz shumoro dar in kori nek madad kunad

  32. Бори дигар ифтихор аз он кардам ки инкадар чавонони фархангдусту механпраст дорем ! ман низ интизорам ки ин икдом руи даст ояд ва хело хуб мешуд агар мушкиле пайдо шавад онро интишор намоянд шояд мо низ дар ин самт ягон сахми худро тавонем ки гузошта бошем!!!! бо умеди хамкори бо ташабускорони ин икдом худо хофиз…

  33. Салом ба хама!
    Охири охирон ин масъала то ба кадом дарача халли худро ёфт?
    Оё дар ин самт пешрави хаст?

  34. Barodaroni Aziz,

    Somonai Internetii Farhangi Tojiki :
    http://www.lugat.tj

    Marhamat Istifoda bared

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: