Зинда бод президент! Офарин бар ў! Худо мададгораш!

Дар назди чунин президент метавон сари таъзим фуруд овард. Ниҳоят пас аз афтубархости зиёд ў ба худ омад ва решаи мушкилоти кишварро пайдо кард. Билоахира, вай дар хештан нерўе ҳис кард, ки метавонад, вазифаи худро аз рўи виждон ва бо тамоми матонат ба ичро расонад. Саранчом, ў тавонист, ҳақиқатро бубинад ва аз гуфтани он натарсад.

Дирўз, вақте ки вай ба толори чаласаи ҳукумат медаромад, шояд раҳораҳ Савганди Президентро ба ёд меовард ва монанди як сураи муқаддас онро вирду зикр мекард ва худро мисли паҳлавон ё баҳодуре медид, ки ба чанги нерўҳои сиёҳ меравад ва бар онҳо пирўз мегардад.

Касоне ки суханони ўро аз телевизион шуниданд, аҳсанту офарин гуфтанд, ба равони падараш шодбош фиристоданд, аз чои нишасти худ бархостанд, таъзим карданд ва барои худ савганд хўрданд, ки то як қатра хун доранд, барои аҳдофи раҳбари худ пайкор мекунанд ва бо итоъат аз сарвари хеш Ватанро ба ободй ва шукуфой мерасонанд. Зинда бод чунин президент!

Ў бо сари баланд вориди толор шуд, нишаст, ба вазиронаш нигарист ва гуфт:

Аз имрўз сар карда, ман бо хешутаборбозй ва маҳалчигй мубориза, мубориза не, чанги беамон эълон мекунам! Шумо аъзои ҳукумати МИЛЛАТ ҳастед, кормандони ДАВЛАТ мебошед, на намояндагони қишлоқи худ ё хидматгузорони авлодиву оилаҳои худ. Ман дар ҳайрат мемонам, касе ки имрўз вазираш таъин кунем, пагоҳ ҳамаи мутахассисони арзандаро аз кор пеш мекунад ва ҳамаи хешу ақрабояшро аз гўри кўҳна ҳам бошад, ёфта меорад ва дар вазорати худ ба кор мегирад. О ин вазорати давлат аст ё вазорати шахсии шумо? Бас аст, халқро гўл задан! Ман дигар ба чунин ҳолат роҳ намедиҳам! Ба ҳеч кас раҳм ҳам намекунам!»

Вазирон ва сарони идораҳои давлатй, ки аз рўи одат дар чаласа пинак рафта буданд, ба ҳуш омаданд. Аз дил гузаронданд, ки ин субҳ калон бо пойи чап аз хоб хестааст. Ба худ пиндоштанд, ки «ин хирс ҳарчй гуфтан мегирад, аммо ягонтои гуфтагиҳояшро ичро карда наметавонад. Сад бор гуфтааст, лекин мо ҳамоно сари зинем ва набояд аз чунин шиъорбозиҳои бесаводонаи ў дар андеша монд…»

Аммо азми президенти мўҳтарам, ки солҳост аз дасти вазирони нолоиқ дар азоб аст, ин дафъа росих буд. Дар ҳоле ки ҳама гумон доштанд, вай баъд аз як «уштулум» сар ба коғаз мезанад ва тўтивор ба гапҳои кўҳна бармегардад, президент коғазҳоро як сў гузошт ва идома дод:

Не, шумо як бор пеши виждонатон биистеду бигўед, ки ба мардуми худ чй хизмат кардед? Фикр намекунед, ки вақте ҳамаи кормандони як вазорат аз як оила ҳастанд, фасоду ришват он чо гул мекунад? Чй хел як вазир хусурбурдаашро, ки сардори раёсат аст, чазо медиҳад ё барои кор накардан аз вазифа меронад? Фикр намекунед, ки сарколаи тамоми бадбахтиҳои мамлакат аз ҳамин чо шурўь мешавад? Не, бояд ба ин хотима дод! Тамом! Ҳамин қадар хўрдеду бурдед, бас, ошатон шавад, акнун чоя холй мекунед ва хешу таборатона ҳам гуму нест мекунам. Кор ба дарачае расидааст, ки ман, президенти кишвар, гапам ба ягон кас намегузарад. Ҳама чо одамони худй, гап занй, меранчанд, шаб дар хона давои гапи гуфтаатро мегирй… Хуллас, тамом шуд! Ҳар вазире ки ақаллан як хешашро ба кор гирифтааст, ронда мешавад. Ман бисёр фикр кардам ва ба хулосае омадам, ки решаи бадбахтиҳо ҳамин аст ва бояд онро сўзонд.»

Президент ба даври миз нигарист. Дар ҳақиқат ҳама башараҳои хунуки шинос. Инҳо вазифаи давлатиро на барои кор гирифтаанд, балки барои «кормушка» ва парвои чизеву касе надоранд. Вай мушт ба миз зад ва ҳама, ки сархам нишаста буданд, якқад париданд. Идома дод:

Маҳалчигй ҳам бас. Одамон ба ман механдад. Фикр мекунанд, вақте рости гапа мегўям, ки «кадр нест, кадр намерасад», фикр мекунанд, ман қишлоқамро дар назар дорам, ки дар он чо кадр нест. Ҳар кадомат худата ба ман софтаву молида, чойро гирифтй. Маро тарсондед, ки инаш намешавад, садоқат надорад, ваяш намешавад, аз ҳизби дигар буд, акнун таври дигар кор мекунем. Аз панчоҳта зиёд ноҳия дорем. Агар якнафарй аз ҳар кадомаш бигирем, ба ҳамаи вазорату идораҳо одам мерасад. Ҳукумат чй қадар ки рангоранг шавад, фасоду пора камтар мешаваду кор бисёртар.»

Ҳамин тавр президенти мўҳтарам муборизаро барои тағйири ҳукумат ва обуҳавои мамлакат сар кард. Вале шумо иштибоҳ накунед, номи ў Қурмонбек Боқиев аст ва исми кишвараш ҳарчанд «истон» дорад, Точикистон нест, балки Қирғизистон аст. Зинда бод чунин президент! Комёб бод, чунин сарвар!

37 Responses

  1. Точвар-бародар,
    кайфа парронди!
    Аз аввали макола то абзаци охир як холати дилпуркуне, ки бо фахр хамсархад буд ба ман руй дод.
    Хамин гапхора агар нагуфта боша хам аз номи хамин президенти мо мегуфти боз як-ду мох баумед мегаштем.

  2. Tojvar- Barodar
    Bovar kun to okhiri bzatsa omadanam mui tanam khest va sard gasht tanam ki nakhod Rahmon az khob khestaast yo man dar khobam
    Aslan kaifalon kardi you akalan yak du hafta baumed menigaristem
    He bai bai

  3. Узру маъзур, бародарони канд, ки кайфа парондам.

    Барои худам хам хамин хел буд. Менавиштаму кайф мекардам, хатто гиряам меомад ва баъд аз чумлаи охирин, дилам ях карду дигар нахостам хеч чиз илова кунам.

    Шояд сабаб ин аст, ки хамаи мо дар орзуи хамин хел рахбар ва хамин хел икдом хастем.

    Аммо гумон накунед, хабар нодруруст аст. Ин хабар ба ман илхом дод:
    ____________________________________________
    К.Бакиев пообещал начать борьбу с землячеством: «Как только меняется министр, так тащит в аппарат сотрудников из своего региона»
    13:01 23.05.2008

    Кыргызстана Курманбек Бакиев пообещал начать борьбу с землячеством. Об этом глава государства заявил сегодня на встрече с руководителями министерств и ведомств, а также пресс-секретарями.

    «Как только меняется министр, так тащит в аппарат сотрудников из своего региона. Мы скоро сделаем такой анализ, посмотрим, кто что здесь наработал», – отметил глава государства.

  4. Бисёр навиштаи чолиб аст. Ман, албатта, андаке такаллуб кардам ва аз хамон огоз боварам нашуд, ки сухбат аз Рахмон аст. Ба поини матлаб нигох кардаму ба Бокиев саное фиристодам. Аз огоз пайдо буд, ки дар вучуди ин мард оташе ростин равшан аст ва мехохад ба мардумаш хидмат кунад, аммо зохиран пеши дустону хешовандонаш забонкутох буд, ки ба у кумак карда буданд сари кудрат ояд. Бехтарин кореро, ки бояд барои миллат кунад, ба забон овард ва бо анчоми он миллати киргиз хам аз балои махалгароии сиёсй хохад рахид. Мо хохем монду тагори шикастаи Rahmon & Co.

  5. Акаи Точвар анегдот кард рахмона…

    Айни ранги анегдот аст, ки пуфакра дам мекунанду дам мекунанд, торсй мекафад ва мебинед, хеч чи дарунаш нест.

    Лекин рахбарии рахмон хамин пуфак аст. 17 сол боз пак-пак мекунад, хеч чиз хосил намешавад. Дар ягон чои кишвар ва дар ягон сохаи кори мамилакат хеч чиз нашудааст ва намешавад. Умедтона биканед.

  6. Тори хабар ин чост:

    http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1211533260

    Албатта, бояд интизор монд ва дид, ки Бокиев чигуна ин мушкили сахтро хал хохад кард.

    Сарбаланд бошем!

  7. Черный юмор. Хазли хунук. Хандаовар не! Харгиз хандаовар не!

  8. gufti bachahoi bolo, ki kayf parid jumlai okhira khondanda =))

  9. Куруши азиз,

    Хуш омадй ба Андешасаро!

    Манзури ман ҳазл набуду нест, балки орзуест, ки як рўз ҳамин гуна шавад.

    Он ки бо хамин рахбар ин гуна хоҳад шуд ё на, худо медонад.

    Аммо сарбаланд бошем!

  10. Чуноне, ки бародарони рус мегуянд «мечтать не вредно».Мутаасифона ин хайёл имруз ба орзую максади хар фарди точикистони мубаддал гардидааст. Баъзан он хамчун як орзуи амалинашавандае менамояд, ки решахои он хамчун як хаштпое, ки дар муддати 17 сол рагу хуни сарварони кишварро печидааст хеч вакт аз он рохи рахои нест. Вакте ки ту худро фарзанди хамин диёр мегири, баъзан аблахон, ки аксари онхо кормандони хукуматиянд туро хабардор медиханд, ки ту аз макони лозими нести барои хамин хам «ай фукт балан гав назан бача» гуфта, туро хамчун дар баробари сиёхпустони даврони Аппартеид дар Африкои чануби махсуб мекунанд. Аз ин ру бо ин президент мутаасифона чунин марази миллатро даъво кардан номумкин аст, зеро пахнкунандаи чунин касали махз худи уст.

  11. Мутаасифона, дар Осиёи Маркази танхо падидахои номатлуб хукми раванд (тенденция)-ро мегиранд. Худо кунад, ки ин кушиши Курмонбег, ки вокеан тасмим гирифтааст худро курбони ободии кишвараш намояд, ба хукми анъана дарояд.
    Дар чунин холат, у Манаси замон хохад буд!
    Гуфтаги барин, халки киргиза Худо назар кардаги. Охир Чингиз Айтматов хам фарзанди хамин миллат ку! Ё шояд ин хусусияти ирси сарчашма мегирад аз холаи мо Нозигул (?) – «модар»-и халки киргиз, хонуми кахрамони миллии онхо – Манас? Чаро ки бехда бародарони узбак нагуфтаанд: «Киз амаси, угул тагоси». Албатта, «тагохои киргизхо» дар замони гузашта.
    Ба хар чунин ба назар мерасад, ки мо имруз аз дигарон бояд биомузем…

  12. *Ба хар хол

  13. Эй кош умри опротойди точикй ё махалгароии куруни вустойи факат 17 сол буд. На, ба маротиб дарозтар аз ин харфхост ва Рахмон хам «ифтихор»-и сорбонии ин кофилаи качро надорад, ки харгиз ба максад нарасиду нахохад расид.

  14. Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
    Ҳар шом ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст.

  15. Салому дуруди бепоён Точвари Азиз ва хама бародарони дилсухта аз бахри Ватан… Точвари гироми ман чун дигарон аз аввал хайрон шудам ва ва фикр кардам ки ин баромади Чанобашон кай аз тарики Шабаки Аввал намоиш дода шуд ки ман кафо мондам…. Аммо чун ба охири матн расидам чун дигар бародарон кайфам париду аз хобам бедор шудам ва дар худ орзу намудам ки эй кош ин хама ангоштахои Шумо дар Ватанчони мо бошад…

  16. Ассалом халк.
    Ман кайфпарон нашудам баракс, о фарқаш чи бокиев ё дигараш. Роли нагз бози мекунанд.
    Чи мегед ҳамин матна русиша хондаги киргиз кайф мекунад. на, ҳаргиз на.
    Ина ҳамаи президентони осиёи маркази гуфта буданд гуфта истодаанд ва хоҳанд гуфт.
    Ин танҳо хислати хоси яке нест.
    Кадом аблаҳ шохаи нишастаашро мебурад.
    Ҳазрати мавлоно кати муридош рафтестан дар пеши бозор тудаи сагора мебинанд ки яҷоя хов дам гирифтестан. Я муридуш мега мо рафоката аз ҳамино бояд ёд гирем. Бин чихел дам гирифтестан.
    Ҳз. Мавлоно мега байншон я устухон парто бад бин дустиву рафоката дар ино.
    Маҳалчиги аз мо факат бо як роҳ меравад, агар дар байнашон устухоне партоянд, лекин натиҷаи ин аз авалла бадтар мешава. Так что монен ҳаму боло будагиёра хов кунан ба ҳоли худшон.
    Хай бародаро гуфти халки давраи шурави нон бошад суруд ҳам ёфт мешавад.
    Так что ма рафтум ай паи бурдаи нону чои гарм.
    P,s, Шояд базеҳо маро бо ҷумлаҳои «Кади Куча» паст занад ба онҳо гуфтаниам, ки ҳар беша гумон мабар ки холист. шояд ки паланге хуфта бошад.
    Паланг гуфтам саг не ))))

  17. Хестед, ки хобед… Мешаваду дертар, баъди хаштдахум…:)

  18. Суруши фарзона,

    Баъд аз хаштдахум, яъне пас аз соли 2018?

    ???

    Чаро ин кадар дер?

    ?

  19. Точвари ватандори арчманди ман!
    Аз аввали сатр то ба охир ачиб шеваи зебое офаридй. Нушат бод.
    То замоне ҳамаи мо садо баланд карда наметавонем, то замоне, ки мо хомушй меварзем, ҳеч гаҳ ватандор буда наметавонем. Ҳеч гоҳ ин шамолаки инсоф, ки ба домани ҳар президент бармехураду ба домани Раҳмон мутассифона не, бояд мо дар ин маврид «шамолаки сунъй»-ро ба кор барем.
    Чй гуфтй нури дидаи ман?
    Оре, шамолаки сунъй зарур. Агар худованд инсофаш надод, мо бояд уро бо усули бобой (аз гиребони ин шоҳи мутлақ гирифтан ва як ду мушти обдор….на ба таври дипломатй) буфаҳмонем. Бо ин ҳама мо хомушем. Афсус, ки аз усули бобой истифдодаро ҳам фарому кардем. Афсус!!!
    Медонам, ки мо халқи сагсимои чангара нестем, шукро. Аммо илоче дигар нест, «Гар зарурат бувад раво бошад, бе зарурат чуз хато бошад»

  20. Точвари ватандори арчманди ман!
    Аз аввали сатр то ба охир ачиб шеваи зебое офаридй. Нушат бод.
    То замоне ҳамаи мо садо баланд карда наметавонем, то замоне, ки мо хомушй меварзем, ҳеч гаҳ ватандор буда наметавонем. Ҳеч гоҳ ин шамолаки инсоф, ки ба домани ҳар президент бармехураду ба домани Раҳмон мутассифона не, бояд мо дар ин маврид «шамолаки сунъй»-ро ба кор барем.
    Чй гуфтй нури дидаи ман?
    Оре, шамолаки сунъй зарур. Агар худованд инсофаш надод, мо бояд уро бо усули бобой (аз гиребони ин шоҳи мутлақ гирифтан ва як ду мушти обдор….на ба таври дипломатй) буфаҳмонем. Бо ин ҳама мо хомушем. Афсус, ки аз усули бобой истифдодаро ҳам фаромуш кардем. Афсус!!!
    Медонам, ки мо халқи сагсимову сагсиратии чангара нестем, шукро. Аммо илоче дигар нест, «Гар зарурат бувад раво бошад, бе зарурат чуз хато бошад»

  21. Точвари азизи аз дида дуру ба дил наздик! Хаштдахум, хамту як шухие буд, ки имруз байни мардуми Абарканд (ишораи шумо, чи хубе) маъмул аст. Хич вакт намехохам ки ин кадар деру дур бошад… Худо мегум тезтар… Вагарна дар гумон то он дам касе сиххат ин чо монад…

  22. in Rahmon islohnopazir bud. va hamin tavr memonad

  23. akai Tojvar avval salom aleykum\
    bad neki megum ki surprizi gareni karden kuuuuu
    ofarin
    dar avval man ham taajub kardam bad fahmidam
    salomat boshed

  24. salom tojvari aziz. bale hazli xube bud vale ba gumoni man kord az ustuxon guzashtaast. banda siesatshinos hastam va va’zi imruzai kishvarro xub mefaxmam. bovar kuned inxo (xukumat) az gulii mardumi tojik istifioda burdand. in kishavar (tojikiston) nazdik ba 50 sol akab mond. namedonam chi kor meshavad kard. vale mutmainam to on ruze ki xonavodai raxmon sari joyand az obodi xej xabare naxoxad bud.
    sarfaroz boshi barodari aziz.

  25. Дуруд ба Форс!

    Рўзномаи «Коммерсант» имрўз навишт, иқтисодиёти Точикистон ғайри қобили идора шуда, талошҳои саркўб кардани лидерҳои маҳаллй як навъ посухи низомй ба мушкилоти сиёсй ва иқтисодии кишвар аст.

    Шумо ба ин хулоса чй назар доред?

    Сарбаланд бошем!

  26. Бо арзи салом ба Точвари азиз ва низ касоне ки хаводорони ин торнома хастанд!

    Бале дар вокеъ вазъи сиеси иктисоди ичтимои ва фарханги дар точикистони азиз дахшатовар мебошад. Он чи нисбати саркуб намудани лидерхои махаллист мебояд кайд намуд, ки хукумат бо ин фаъолияти худ мехохад нишон дихад, ки вазъият зери контрол аст. Мусаллам аст, ки зиндони намудани як кочокчии маводи мухаддир барои кумитаи бехатари мушкилие ба чо намеорад (no problem). Вале зиндони намудани он кочокчи он тавре, ки кумита мехохад чизи дигар аст. Яъне ду руз мухосира, миенчи (посредник), гаравгонхо, билохира кахрамонон ва курбониени бегунох (ду нафар сокинони махалли кушта шудаанд). Ин худ як повести бузург мешавад ва барои баланд бардоштани обуруи хукумат ва кумитаи бехатари кумаки зиеде мерасонад. Хулосаи ин хама сахначабозихо ба хотири гирифтани пулхои калон аз фондхои байналмилалист бо истифода аз мубориза барои кочоки маводи мухаддир. Яъне ин сахнача барои мардум хеч фоидае намебахшад аммо зарарашро мо дидем. намедонам хонандаи мухтарам маро дуруст мефахмад ё не? ва аммо иктисодиёти Точикистони азиз! Шумо худ хонандаи азиз казоват намоед: буджаи яксолаи Точикистон иборат аз 500 млн ё каме бештар доллари амрикои мебошад (касоне ки 1млрд хисоб мекунанд иштибох менамоянд зеро, ки ин хисоб бо якчояги бо кумакхои хоричи мебошад). Гузашта аз ин 387 млн доллари карзи talko низ болои гардани мост. Дар кул карзи хоричии Точикистони азиз 1млрд 300 млнро ташкил медихад. Мехостам аз иктисоддонони хаводорони ин торнома пурсон шавам, ки Точикистон кай, чи гуна метавонад бо ин карзхо хисоби намояд? мутмаинам хонандаи азиз хабар доранд, ки карзхои ташкилотхои хоричи хамасола фоидаашон меафзояд (проценты). Ва боз ин ки дар сурати кодир набудан ба пардохтани карз чи чизе моро интизор аст?
    Аз шумо бародари гироми Точвари азиз барои суоли пурмухтавотон ташаккур мегуям.
    Бо эхтиром аз хамаи шумо азизон – Форс.

  27. Ватандори азиз!

    Илтимос бародарони гироми хеч гох сухани чанг ё зурро ба дахон нагиред. зеро худо нигах дорад агар чанги дигаре дар точикистон даргирад моро такдири хамсояамон афгонистон мунтазир аст. чи бояд кард: мехохам бигуям ки банда узви хизби халки демократии точикистон мебошам. бале узви хизби хоким. маро дуруст фахмед. банда ин корро на ба хотири вазифа гирифтан кардаам. хеле хуб мефахмам ки точикстони азизам имруз эхтиёч ба чавонони лаёкатманд дорад яъне кадр. агар нисфи зиеди узви хизби хоким чавонони ватандусту лаекатманд бошад масъала ранги дигар мегирад. гуфтаниам ки биёед гунохро ба гардани ину он наяндозем. мо худ гунахкорем. хамаи мо гунахкорем ки кишвар ба ин вазъ карор дорад. чавонони болаекат аз шумо хохишу тавалло менамоям биёед кор кунем ва комати кишварро бардорем. бале мушкили зиед аст вале мо сохибони ин кишвар хастем. бехтарин рохи халли масъала ин бартараф намудани шахсони белаёкат аз хукумат мебошад. агар шумораи чунин чавонон зиед шавад иншоаллох морхои афъи несту нобуд мегарданд. шумо гумон мекунед ки дар ин хизб хама аз сиесати пешгирифтаи давлат розиянд? иштибох менамоед. агар банда хато гуфта бошам ба ман маслихати дигаре дихед. илтимосу хохиши ман ин ки сухан аз чанг нагуед. торномаи бародар точвар торномаи инкилобчиени фархангист на тиру туфангу маргу мир. умед аст хонандаи азиз маро дуруст дарк менамояд.
    бо эхтиром ФОРС.

  28. Фарханг шамшери сиёсат аст, пас вакти он расидааст, ки шамшерро ба даст гирем. Хушбахтона, Точвари гироми ин чараёнро огоз карданд, то иншоаллох идома ебад ва бо кумаки хамандешон ба як неруи кави табдил шавад.
    Омин!

  29. Ҳеч кас орзуманди чангу нооромй нест, аммо ин набояд ба ҳукумат ичоза диҳад, халқро ба ин дарачае бирасонад, ки аз чонаш безор шавад. Рўзномаи «Коммерсант» бар ин аст, ки агар чаноби олй даст ба ислоҳоти амиқ ва ҳақиқй назанад, нооромй наздик аст.

    Ақлам намехоҳад ба ин ҳарф бовар кунад, вале дилам меларзад, ки ин сухан воқеъият дорад.

  30. Бале Точвари азиз харфи шумо дуруст аст. Бовар кунед банда мардумро ба ороми даъват менамоям вале баъзан худ ихтиерро аз даст дода эхсоси мешавам ва ягона илочи вокеаро дар берун рондани ин нокасон мебинам. Зеро ки инхо аллакай лаззати пулу мансабро чашидаанд ва бе хеч вачх намехоханд канор бираванд то нафари дигар битавонад кори онхоро анчом бидихад. Ман мутмаинам намояндахои хукумат хар як аз навиштахои моро бо диккат хонда ва тафсир менамояд. Хуб пас гуш андозед ки чи мегуям: банда дар дехот зиндаги мекунам ва алхамдулилох се фарзанд дорам, ки хар се мактаб мехонанд. Хафтае кабл корманди барк омада се моха пули баркро хисоб карда ба маблаги 300 сомони расид (квитанция) навишта додааст. Баъд аз у корманди идораи чамоъат омада ба маблаги 100 сомони налоги замин квитанция навиштааст. Бубинед пас як коргари точик чанд сомони маош бояд гирад то битавонад хама ин харчхоро хисоби намояд. Ин суол албатта ба кормандони хукумат тааллук дорад. Баъд аз хамаи ин шумо аз мардум чи талаб доред? Пешниходи банда ин аст ки хукумат хар тавре ки нашуда зуд мебоист рохи дигареро интихоб намояд. Вагарна хак бар чониби бародарон аст ки чуз аз кудато дигар рохе нест.

  31. salom ba hama khonandagon barodaroni azizu gromi haki in prezdent dah sol pesh gum kardan khaltai ord 175 somoni 1 kg rugan to 10 somoni va digar chiz hama jora furuht na zavod mondayu na korkhona hama ba kitayshovu afgono furuht va khato kardi barodar ki man sari tazim furud oram tanho ba khudo ba yagon bandash sar furud nameoram va naored har kas ba in gap jonibdori mekunad kofari mutlak ast prezden ina ba misli Kazokistonu uzbakiston tarakkiyota bined harruz yak navigari yay oo dar tojikistoni mo shugronsh vatanama rangi hamon khonai besohib barinay har kase khohad hamon va imenna hamon kalonho yagon vakt prezdenta tarif nakuned ki loik nest ba tarif tanho az davlathoi shuravi du davlata prezdentasha tarif kardan mearzad in ham Kazokistonu Uzbakiston tamom digar hamma ba fikri khud digar kore nadorand fakat duhtaroshonu avlodoshona khurondanu sohibi non kaRDAN DIGAR KORE NADORAND /

  32. MURDA BOD GUED PREZDENT HAKKASH 50 SOL TURMA BAROI IN KIRDORHOSH HAMI BARODAR ROST MEGA NARHO HAVODA SHUMO ZINDA BOD GUED KHUDATON HAM MEMURED IKA TARIF NAKUNED KIROI TARIF NAMEKUNAD PREZDENTI MO TANHO DAR DUNYO PREZDENTI AMERKA JORJ BUSH VA XITOY HU ZIN TAO DIGAROSH HAMMA DUZANDU HALOSSSSSSSSSS

  33. Аскар,

    Пеш аз рехтани борони нафрин, матни аслиро бихон ва саъй бикун бифахмй, ки гап дар где lol

  34. Мусофир, ки хамон Аскарй. Ту хам лутфан матни аслиро аввал бихон, то тамоми суханонатро пас бигирй.

  35. Дар бораи ин режими падарлаънатиии оилавии бондити харф задан фоида надорад, зеро мардум худаш вучуд надорад, бо пода чи дарди дил кардан?!

  36. Dar haqiqat misli in ast, ki xalq dar Tojikiston yo vujud nadorad va yo sadoi on shunida nameshavad.

  37. Ин матлаби бисёр қадимӣ, вале ман тоза инро дидам. Ростӣ, танҳо як роҳ ҳаст – сарбаландии миллӣ.

    Он танҳо аз ҳуввияти миллӣ сарчашма мегирад, ки бидуни тарбияи фарҳангию торихии миллат, ба вижа ҷавонон, имконнопазир аст. Ҳамон инқилоби фарҳангие, ки ин ҷо зикр шуд дақиқан танҳо роҳи растохез ва наҷоти миллат аст.

    Вақте миллате медонад кисту чист ва аз куҷою ба куҷо меравад, ҳатман зиндагии хубе барои худаш дуруст мекунад.

    Ба умеди ояндаи дурахшони Меҳан.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: