Дардҳои деринаи Иброҳими Усмон

Навро пазируфтан часорат мехоҳад. Ва каме азхудгузаштагй низ. Иброҳими Усмон, устоди рўзноманигорони точик, ин дуро надорад. Вай ҳанўз дар садаи гузашта ба сар мебарад ва биҳиштани калобаи замон аз нўки ангуштон барояш хеле дардомез аст. Дар гуфтумоне бо хабарнигори нашрияи “Фараж” чаноби Усмон мегўяд:

Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст. Маводи беадрес дар он чо пайдо мешавад, муаллиф надорад. Им­конияти тахкир, тахдид, тухмат, дуруг дар Интернет-газета зиёдтар аст, нисбат ба хар чизи дигар. Албатта, Интернет-газетахое, ки мо дорем, такя доранд ба баъзе нашрияхои худи мо. Ин чизи дигар аст. Лекин Интернет-газетахое хастанд, ки сайтхои ношири номаълум доранд. Сайтхои аксарияти онхо аноним (беном) аст.”

Яъне дурўғу тўҳмат дар интернет-газетаҳои мо аз дурўғу тўҳмат дар сайтҳои дигар фарқ дорад? Фикр намекунед, ки дурўғ дар ҳама чо дурўғ ва тўҳмат дар ҳама чо тўҳмат аст? Ё дурўғи мо рост аст, дурўғи дигарон дурўғ? Хеле нофаҳмост! Эшон инчунин мегўянд, ҳар кас ҳақиқати худро дорад. Аммо наход “субҳ офтоб баромад”, барои яке ҳақиқат ва барои дигаре дурўғ бошад. Идомаи ҳамин порча:

Албатта, аноним вакте пайдо шуд, ки матбуоти сиёсй зухур кард. Маркс мегуфт, ки «Яке аз шартхои озодии сухан, яке аз шартхои асосии мавчуд будани матбуоти оппозитсионй имзои мустаъор аст.» Яъне ин чизи дигар. Лекин он анониме, ки мо дар масъалаи сайт гап мезанем, тамоман чизи дигар мебошад.”

Пас дар муборизаи коммунистй имзои мустаъор як чиз аст, дар муборизаи демократй чизи дигар. Усмон ба банди аввали Қонуни асосии Чумҳурии Точикистон мухолиф аст, ки Точикистонро кишвари демократй меномад. Ҳамзамон эшон пуштибони комили тағйиру изофаҳо ба Қонуни кайфарии кишваранд, ки бар тибқи он, кас мумкин аст, барои як и-мейле ё шарҳе дар форумҳои интернетй ба додгоҳ кашида шавад ва 2 соли умри азизашро дар зиндон гузаронад. Тамоми созмонҳои ватанй ва хоричии ғайридавлатй зидди ин банди қонунанд ва шигифто, чаноби Усмон аз дастмузди ин созмонҳо низ фаровон ба чайб мегузоранд, меҳмони азизи кофебрейкҳои ҳимоят аз ҳуқуқи журналистонанд, аммо маълум мешавад, ин ҳама ниқобе беш набудааст. Дар ҳамин мусоҳибаи пур аз таззод, эшон гоҳе худро ҳомии журналистон мешуморанд ва гоҳи дигар, бе ягон азоби виждон онҳоро чосус низ меноманд.

Дар идомаи иқтибоси боло профессор мўҳтарам, Олими соли 2007-и Точикистон мегўянд:

Масалан, хозир хонаатон меравед, ки дар сайти шумо тухмате дар бораи шумо пайдо шудааст. Адрес надорад. Аз кй ва аз кучо даъво мекунед?! Яъне пайдо шудани системаи интернетй сабаби ба вучуд омадани тухмату дуруг шуда истодааст. Беинсофй метавонад хамачоро хароб созад! Ба­рои хамин, пеши рохи ин хатарро ба назар гирифтан даркор аст.”

 Хабарнигори мутталеъ, ки аз Ҳемингвей ва Кримски хирад ба орият гирифтааст, ақли шахси худро ба кор наандохт, то бипурсад, “устод, агар Шумо мисли оина покед, чаро бояд дар бораатон касе ҳарфи баде бинависад?” Масалан, агар Ҳасан Асадуллоҳзода, ё алалақал бародари ў, Ҳусейн Саъдуллоев дар симои Ҳасан як бор аз кўча гузарад, касе дигар нахоҳад навишт, ки раиси “Ориёнбонк” кучост. Ё барои намуна, агар устодони унвончўи донишгоҳ дар КГБ-и Иттиҳоди Шўравй (шояд “Иттифоқи Советй” гуфтан гўшнавозтар бошад? аммо давраш гузаштаасту бўи нафталин нофорам аст.) парвандаи “агенти махсус” надошта бошанд, чаро касе дар ин бора даҳон боз кунад? Ё агар касе навори машҳури видюиро ба чашми худ надида бошад, чаро аз ҳаво дар ин бора ишора бизанад?

Манзур аз ин чумла чист: “Беинсофй метавонад, ҳама чоро хароб созад”? Ё аз ин — “…пеши роҳи ин хатарро ба назар гирифтан даркор аст.”? Забондонию эҳтиром ба забонро як сў мегузорем. Аммо касе ки лаҳзае пеш дар бораи дифоъ аз журналистон ҳарф мезад, бо ин музахрафоти худ дар орзуи чист? Мамнўъ эълон шудани интернет дар Точикистон? Ба маҳбас афкандани даҳҳо ё шояд садҳо журналист? Ва ё қатли онҳо? Албатта, на қатле бо ангезаҳои қатли Хушбахти Ҳайдаршо, зеро онҳое ки медонанд, медонанд, сабаби куштори ў чй буд. Ин парвандаи таҳқиқ ва исботшуда мебошад.

Чй мешавад, агар кормандони радиоҳои “Озодй” ва Би-Би-Си нашрияи “Фараж”, Иброҳим Усмон ва Шаҳрзоди Аминзодаро ба додгоҳ кашанд? Барои тўҳмати ин ки гўё онҳо чосусони хоричиянд. Нашрия, Усмон ва хабарнигор хоҳанд тавонист, суханони худро дар додгоҳ исбот кард? Оё кўчактарин далеле хоҳанд дошт? Оё беҳтар ва осонтар нест, пеши роҳи ин хатарро гирифт. Бо ақли рушантар ва дили поктар? Аммо ин ҳам бозмегардад ба мафкураи болшевикию коммунистии ин се, ки нақши расонаҳои зикршударо дар озодии баён дар Точикистон нодида мегиранд ва ё ошкоро мухолифи сухани озоданд.

Як хислати матбуъот ва илми замони шўравй ин буд, ки ончй дар хонаи худаш мегузашт, намедид ва дар чусутчўи гунаҳкори дуру хоричй буд. Имрўз ҳам инро мебинем. Сафири Точикистонро “хўронандагонаш” ошкоро чосуси мо буд, мегўянд, инҳо бегуноҳонро чосус меноманд. Ҳарзаномаҳо бо маҳалгароии шадид тафриқаандозй мекунанд, инҳо нуқси набудаи расонаҳои хоричиро мекобанд. Асадуллоҳзода чисман гум шудааст, инҳо аз интернет хатар мечўянд. Пас на танҳо дар пазириши нав часорате надоранд, балки дар пазириши ҳақиқат низ. Ин дигар нуқс на, беморист.

5 Responses

  1. И.Усмон аз аввал ба кавли русхо як “карьерист” буд ва монд. Холо хам, ки хамон камунистони нопок сари хукуматанд, табии аст, ки мафкураашон дар хамон сатх боки монда ва гумон аст, ки иваз шавад.
    Маълум мешавад, ки кадом матлаби интернет эшонро сахт газидааст, ки дучори хамлаи устод шудааст.
    Бардошти шахси тахсилкарда ва зиёи аз интернет ин бошад, вой бар холи тахсилнакардахо!
    Пас баргардем ба горхо, ба асри санги!

  2. Чаноби Усмон, албатта, бояд гуфт, корҳои нек зиёд кардааст ва манзури ман аз ин навишта ин нест, ки эшонро муртад эълон кунам ва чунин ҳаққу ҳуқуқро ҳам надорам.

    Дар қиёс бо даҳҳо нафаре, ки ҳоло сари коранд, эшон сазовортаранд. Вақте як подабони собиқ ё мудири пешини “Прием стеклотары” (ҳоло вазир ё муовини вазир) ин суханонро бигўяд, зиёд дард намекунад. Аммо вақте ки шахси таҳсилдида ва китобхон, ҳатто китобнавис чунин мегўяд, дарвоқеъ Студенти чон, вақти вой бар ин миллат гуфтан аст.

    Аз суи дигар барканории Усмон аз мақомҳои давлатй шояд сабаби чунин ҳуруфи хоми ў шудааст.

    Афсўс.

  3. Иброхим Усмонро аз огоз ба унвони як мункири хуввияти миллй мешиносам. Албатта, бояд гуфт, ки дар огоз тасаввури мо дуруст баръакс буд, аммо шинохти бештару бехтар аз эшон натичаи мусбате надошт. Маъмулан, суханони у алайхи хуввияти миллии точикон ба осиёби душман об мерезад ва корхои неки гузаштаашро ба куллй хунсо мекунад. Пузиш агар дусторони Усмонро ранчондам.

  4. Салом устоди азиз Иброхим Усмон
    Билохира аслан фурсат наёфтам ки бо Шумо устоди гироми ру ба ру сухбат намоям аммо орзу дорам ки ин сатрхоро мехони ва дар бораи хатогихоят дар рафти дарс ба Донишчуёни рузноманигори ДДМТ каме хам боши фикр мекуни ва дигар насли чавонро дарси игвоангези намедихи
    Шояд суол намои ки чи игво؟?
    Пас ёд биёр яке аз лексияхоятро ки гуфта буди ба донишчуён ки мардуми ГАРМ 60 то сарбози хукуматиро дар Гарм паррониданд ва хуб ино сарбоз буданду ба хонаи гармихо барои тачовуз рфта буданд пас чи гармихо онхоро руи даст бароранд ؟؟
    вой устод ки аслан магз надори бубахшо аммо бетарбияти хуни коммунисти дори хуни игвоангези дори
    Дигар бас аст хуни точикро рехтан бас бас МЕФАХМИ ё бо ин суханхоят аз хукумате ки хар барин хизматаш карди ва хизмат хирсонаи туро бо ду тини пучак хам арзёби накард ва боз вазифа мехохи

  5. Бодиккат мавзуъхои ин блогро пайгири мекунам. Афсус, ки вактхои охир ин блог ба форуми Сентразия ва ё намунаи интернетии рузномаи “Миллат” шабохат пайдо кардааст. Чое, ки мардум хама бугзу кинаву адоваташонро сари якдигар мерезанд, кушиш мекунанд “компромат”- и будаву набударо нависанд ва суханфуруши мекунанд. Одоби бахс кардану сухан гуфтанро касе аз байн набурдааст, чанобон! Аммо гайр аз шумо, Точвари мухтарам, касе ин одобро риоя намекунад. Шумо кадом амали зиштро (ин фикри шумо аст, албатта) ишора карда, хамзамон мегуед, ки, масалан, бигирем Усмонов хуби кам накардааст. Аммо чанд чойхурони доимии ин чойхона(танхо ба маънои мусбияш) ин лавхаи шуморо чун як сигнали хуб барои чубкории виртуалии Усмонов фахмиданд. Афсус. Аз дигар тараф хатто ин бахс низ нишон медихад, ки суханхои Усмонов то кадом андозае чон доранд. Магар ин “говчигархо”-и блог метавонанд руирост ё лоакал дар сахифаи рузномае мисли “Фараж”(додари хурдии “Миллат”) ин далелхоро баён кунанд? 100% бовари дорам- не! Аммо интеренет чои кушоду васеи асптозии ингуна “анонимхо” шудааст. Бисёр хохиш мекардам бе хакорат ва расидан ба иззати нафси якдигар бахс кунем. Мавзуъ интервюи бахсангези Усмонов дар бобати истифодаи Интернет ва хукуки будан ё набудани интернет- рузномахо аст, на чизи дигар. Ё шояд шумо аз худи мавзуъ он кадар бохабар нестед? Яъне интернет ва интернет -расонаву сомонаву блогхо?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: