Ромишгарони навхостаи Самарқанд

Нависандаи саршиноси точик Адаш Истад дар торнигори худ аз Мардони Мавлон ёд кардаанд. Навиштаанд, дар чашни яке аз оҳансозони машҳур 20 то 30 овозхон таронаҳо сурудаанд ва ҳамаи ин хунёгариҳо ба ғайр аз хастагй чизе ба Адаш надодаанд. Ба завқ ва салиқаи устод Истад шак оварда намешавад. Даҳҳо хонандаи точик ба гавҳаршиносии Адаш қойил шудаву пас аз танқидҳои ў чакомаҳои худро тағйир додаанд. Шоҳид будам, як хонандаи машҳур дар арўсие то замоне ки тасодуфан паси яке аз мизҳо Адашро надид, асосан музахрафот хонд ва бо дидани устоди сухандону зебопараст, дафъатан арғувонй шуд ва ба сурудани таронаҳои беҳтар пардохт.

Хуллас, дар шаби эчодии оҳансози машҳур дар яке аз театрҳои Самарқанд, устод Адаш аз таронаҳои ромишгарон хаста шудаанд ва…

Дар охир навбати табрик ва сурудхонй ба Ҳунарпешаи машҳури Ўзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон расид. Мардон дар даст танҳо бо як тор баромад, навозандаҳо набуданд. Ў соҳибҷашнро ба забони ўзбекӣ бо ду-се калима кўтоҳак табрик кард. Сипас бо оҳанги тори худ «Дар биёбон най навохтам хирмани гул даргирифт»-ро сароид. Чунон зебо ва пуртаъсир сароид, ки ҳама ба ваҷд омада хеле кафкўбӣ карданд. Ман тамоми сурудҳои пеш аз ин гўшкардаамро фаромўш кардам. Ин суруд на танҳо ин фазо гўё тамоми ҷаҳонро тасхир карда буд. Зеро ки Мардон авҷи онро ба қиёмаш расонида тавонист ва бо ҳамин вусъат, нерў ва бузургии мусиқии тоҷикиро исбот кард. Акнун фаҳмидам, ки чаро сурудхонии пеш аз ў хаста кардааст. Сарояндаҳо авҷро нагирифтаанд, барои гирифтани авҷ истеъдоди худодод ва маҳорати баланди касбӣ лозим аст.”

Бо назардошти эҳтиёткории Адаш метавон ҳадс зад, ки то Мардон аксаран таронаҳо ба забони ғайр хонда шудаанд ва шояд як сабаби дигари таъсири осмонии суруди Мардони Мавлон забони ошно ва дилгудоз будааст.

Дар оғози озодй дар Точикистон, солҳои 1999, каме пештар ё каме дертар, замоне ки ҳанўз фарҳанги точикони Душанбе ба сатҳе нарасида буд, ки Адаш Истадро “то кай ин чо мегардй, рав ба Самарқанди худат” гўянд, номи Мардони Мавлон ва Насиба Абдуллоева дар Точикистон ғулғула андохта буданд. Таронаи онҳо дар фазои Душанбе мисли даъвате ба ҳамоиш ва ҳамбастагй садо медод. Мегуфтанд, дар симои эшон нури Самарқанду Бухоро дида мешуд. Он давра буд, ки бо пешниҳоди муъассисони баъдинаи Ҳукумати Муросои Миллй, ҳукумати чавонмарги миллй, ба Мардони Мавлон унвони Ҳунарпешаи Шойистаи Точикистон дода шуд.

Баъд ин ҳама аз ёдҳо рафт. Бо кўрнамакиҳои Ислом Каримов, оби Самарқанд дигар насибаш мабод, Самарқанд барои точикони Душанбе ба мисли Австралия дур шуд. Сози Мардон ва сабки Насиба ҳам фаромўш гаштанд. Аммо, зинда бод Ютюб. Аксе ки дар оғози ин матлаб аст, таронаи зебоест бо садои Роҳила, ки ҳамзамон фарзандони Самарқанду Точикистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад ва аксари онҳое, ки онро дидаанд, дар зераш “аҳсант!” ва “зиҳй!” навиштаанд. Вале ин навор шояд яке аз беҳтарин таронаҳои ҳачвй ба забони точикист.

Пас, Самарқанд бедор мондааст ва зиндааст! Бояд табрик гуфт ва аз ин навчавонон, пасовандони Мардони Мавлон ва Насиба ҳимоят кард. Ба онҳо бояд роҳи сафед хост. Роҳи сафед ба Душанбе бо нидоҳои “хуш омадед, хоҳарон ва бародарони чонй!” 

2 Responses

  1. Самарканд сайкали руи Замин аст!

  2. Самарканд канди мо буд захри мо шуд…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: