Комёбии се филми точикй

Дар озмуни «Евразийский калейдоскоп» дар Маскав ҳамзамон се филми точикй ба чоизаҳои аввал мушарраф шуданд. Инҳо «Асрори муҳочират»-и Сергей Каленик ва Каромат Шарифов, «Қазон маркази Авруосиё»-и Чамшед Раҳмонов ва «Нури худо бар фарози Помир»-и Давлат Қурбонов буданд, ки аз номи Точикистон дар чашнвора ширкат карданд.

Ду филми охирро надидаам, вале «Асрори муҳочират», ки исми русии он дарозтар аст, филми ғайриоддист. Бахши аъзами он бо дурбини муқаррарй гирифта шуда, ба гуфтаи муаллифони филм, дар шароити хонагй, бидуни истифода аз тачҳизот ё студияҳои филмсозй омода гаштааст. Аммо ин ҳолат ба таври чолибе мустанадии филмро қувват додааст. Монанди ин аст, ки гоҳо беҳтарин филмҳои Ҳолливудй амдан дар наворҳои камсифат бардошта мешаванд, то манзараҳоро воқеъитар ва заминитар чилва диҳанд.

Нақли ҳодисаҳое, ки яке паси дигар дар пардаи синамо рў мезананд, ба шумо ҳамаи таъсири филмро расонда наметавонанд. Аз чунин ҳикоят худдорй мекунам, танҳо инро мегўям, ки дар филм аз сарнавишти талх ва БЕСОҲИБИЮ БЕПАНОҲИИ муҳочирони точик дар Русия намунаҳои дилгудоз оварда мешаванд. Ин намунаҳоро низ шарҳ намедиҳам, зеро агар шумо инсони огоҳ бошед, ҳатман аз ҳазорон чунин сарнавишт хабар доред. Паёми асосии филм нишон додани ин бадбахтиҳо ва ашк рехтан ба ҳоли зори муҳочирони бекас нест, ҳарчанд саҳнаҳоеро аз ин филм наметавон бе оби чашм тамошо кард. Паёми асосй ин аст, ки точикон ба ҳимояи ҳуқуқи худ бархостаанд.

Дониёр Худоёровро моҳҳо дар маҳбас нигоҳ доштанд ва шиканча доданд, то қочоқи маводи мухаддирро ба гардан бигирад. Гоҳе ба ў ҳатто меҳрубонй карданд, ки агар иттиҳомро қабул кунад, чазои сабуктар хоҳад гирифт. Вале ў гуноҳи накардаро ба гардан нагирифт ва бе ҳеч коғазе имзо нагузошт. Ва дар ниҳояти кор пирўз шуд. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз ў дифоъ кард ва ў ба озодй баромад. Додгоҳи Русия мачбур гашт, пас аз як моҳи озодии вай айбнома ва ҳукмро бекор кунад.

Милисаҳо духтари мухочирро ба бешазоре бурданд ва дасти зўрй карданд. Вай бо вучуди он ки медонист, ҳадафи таънаи ҳамқавмони худ мешавад, зери бори фочиаи сангин сархам нашуд, хомўш нанишаст, балки садо баланд кард ва номардонро ба сазои сарашон расонд.

Паёми нерўманди филми «Асрори муҳочират» на танҳо ҳазорон нафар аз мухочирони точикро дараси иборат дод, балки мақомоти Русия ва байнулмилалиро ба вазъи муҳочирон мутаваччеҳ сохт. Дар чашнвораи ахир чанд шабакаи телевизионии Аврупои Ғарбй низ ширкат доштанд ва ба эҳтимоли зиёд ин филмро харидорй хоҳанд кард. Афсўс намояндагони расмии Точикистон дар ин чашнвора набуданд ва ба унвони офарандагони се филми пирўз табрик низ нафиристоданд. Ҳамчунин сад дарсад мутмаъинам, ки телевизионҳои асрисангии Точикистон ба ҳеч вачҳ филми «Асрори муҳочират»ро намоиш нахоҳанд дод, зеро дарди мардуми точик, муҳочирон ва Каромат Шарифов барои онҳо бегонаанд. Худи он ки дар таъсиси иттиҳоди ягонаи точикони Русия ин кас ва тарафдоронаш даъват нашуданд, нишон медиҳад, Каромат Шарифов барои ҳукумати Точикистон бегона аст. Аммо на барои муҳочирон ва ҳазорон нафар аз ҳақпарастони Русия ва Аврупо.

Advertisements

One Response

  1. Az kujo meshavad on filmro dastras kard?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: