Салафия дарвоқеъ хатаре ба Точикистон дорад?

Навиштаи Рустамчон Рустамов

БА НОМИ ЯЗДОНИ ПОК

Вақтҳои охир дар матбуот ва тавассути воситаҳои аудио-видёй маводе мунташир мешавад, ки он аз пайдоиш ва ба фаъолияти густардаи гурўҳе, ки худро мансуб ба салафи солеҳ медонанд, дарак медихад. Барои шиносоии хонандагон ба хакикати ин гурух лозим аст, чанд сатре дар поён зикр карда шавад.

Тавре мусалмонон медонанд, дуст доштани салафи солеҳи ин уммат нишонаи некбахтй ва имондории ҳар фард маҳсуб мешавад. Зеро Ислом барои наслҳои баъдй ё, ба истилоҳ “халаф”, тавассути ҳамин бузургони амин расидааст, ки инро инкор кардан ба ҳеч вачҳ нашояд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки дар асри 20-21, яъне баъд аз гузаштани 11 қарн аз инқизои карни салаф афроди муайяне танҳо худро пайрави “салаф” ҳисобида ва дигаронро мубтадиъу мазҳабгаро, суфиву қубурй ва ҳатто мушрик эълон кардан барои чист? Чаро ин гуруҳ ҳамаи уламои гузаштаи ин умматро мавриди чарху таън қарор медиҳанд (ба истиснои онҳое, ки мавриди тақлиди худашонанд)? Ин гурўҳ кистанд? Чи барномае доранд? Аз кучо маншаъ гирифтаанд? Ба кй тақлид мекунанд? Сиёсати кадом кишварро таблиғ мекунанд?

САРМАНШАЪ

Донишмандони салаф (донишмандон ва диншиносони сесад соли аввал, аз саҳоба, тобеъин ва тобеъини онҳо) аз чумлаи собиқин ва касоне, ки баъди эшон омаданд, аз чумлаи тобеъин ҳамагй дорои хайр ва осори нек ҳастанд. Онхо дар Куръон ва хадис факеху сохибназаранд онхоро чуз ба неки ёд намекунем. Хар кас онхоро ба бади ёд мекунад, у дар рохи хато ва качрав аст.

Ба дуст доштани салаф, ки Худованд онхоро аз барои сухбати Паёмбараш (с) баргузидааст, муътакидем ва бар эшон он саноеро, ки Худо барояшон гуфтааст, мо низ мегуем ва хамаи онхоро дуст медорем.

Уммати ислом бар пайравии чахор имоми мазхаб ичмоъ кардаанд, хамашонро дуст медорем ва нисбати хеч як аз онхо таън намерасонем. Онхо аз чумлаи салафи солех ва кибори имомони дин буданд ва барои дини илохи хар чи аз дасташон меомад хидмат карданд. (Ризои Худо барои онхо).

САЛАФИЯ — ИДОМАИ ВАҲҲОБИЯ?

Пеш аз он ки ба ин суолхо рушани андохта шавад, хотираи хонандаро барои ёдоварии як нукта мутаваччех бояд сохт, ки дар солхои 80-90 асри гузашта дар Точикистон гурўҳе зуҳур карда буд, ки онро бо номи “ваҳҳобй” ёд мекарданд. Агарчи он вактхо сарвари гурўҳи мазкур Абдуллохи Нурй ваххоби будани худ ва гурухи худро рад мекард ва дар хама чо худро “ханафи” эълон мекард ва умуман хеч гуна иртиботе ба уламои ваххоби дар Саъуди хам надошт. Вале катъи назар аз инкори Абдуллохи Нури аз ваххоби будани харакаташ боз хам у ва гурухашро иттихом ба “ваххобият” мекарданд. Хатто Турачонзода дар мусохабаи ахири худ гурухи “салафи-хаворичи”-и навзухурро ба харакати исломии солхои навадум рабт дода, инхоро дунболаи он хондааст, ки ин даъвои Турачонзода комилан галат аст. Зеро хамин Турачонзода дар чандин маколахо ва мусохибахои худ вучуд доштани “ваххоби”-ро дар Точикистон дар солхои 80-90 инкор карда буд. Чаро Турачонзода мавкеъи собики худро инкор ва такзиб мекунад?!

Аммо гуруххои навзуҳур, ки худро пайрави салафи солех мепиндоранд, аз он гурухи солхои 80-90 фарқ мекунанд. Ин гурух асосан тамоюли хаворичи дорад. Ва аксари мусалмонхоро ба куфр ва ширк хукм мекунанд, оятхо ва хадисхоеро, ки дар шаъни кофирон ва мушрикон нозил шудааст, дар хакки мусалмонхо хамл мекунанд. Абдуллох ибни Умар (р) “Хаворич”-ро аз чумлаи бадтарин офаридахои Худованд мехисобид. У мегуфт: “Ин гурух (хаворич) оятхоеро, ки дар шаъни кофирон нозил шудааст болои муъминон хамл мекунанд” (Бухорй, боби талаби тавба аз муртадон).

ГУСТОХЙ Ё ТУНДГАРОЙ?

Ин гурух нисбати донишмандон ва мучтахидони ахли суннат ва чамоат аз асри аввали хичри гирифта то имруз бисёр беодоби ва густохи мекунанд. Махсусан чахор имоми мазхаби ахли суннатро дар илм ва огохи баробари худ медонанд. Ичмоъи салаф, яъне донишмандони сесад соли аввалро, ки Паёмбари бузургвор ба бартари ва бузургиашон гувохи додааст,эътироф намекунанд. Танхо китобхоеро кабул доранд,ки мутобик бо фикри худашон бошад ва аз тарафи онхое навишта шуда бошад, ки ба онхо таклид мекунанд. Аммо китобхоеро, ки аз тарафи муфассирон ва мухаддисони бузург дар тафсир, шархи хадис, фикх, акида навишта шудаст хамаро нокис ва мухолиф ба Китоб ва Суннат медонанд. Ашъариву Мотуриди, Имом Нававиву Ибни Хачари Аскалони ва садхо аиммаи динро таъвилгаро ва дар акида гаири муваххид медонанд.

Ин гурух хамеша бо оммаи мусулмонхо дар холати даргири ва бахсу мунозира хастанд, кори хамешаги ва асосиашон хамин аст. Хар ки тавассул ба Паёмбари азиму-ш-шаънро баъд вафоташон чоиз бидонад уро мушрик мехисобанд ва хатто касе баъд аз хач касди зиёрати Равзаи мубораки Паёмбар (с) ва салом додан бар турбати мутаххари Уро кунад онро сафари маъсият ва гунох медонанд. Ин дар холест, ки хамаи уммати Ислом зиёрати Равзаи мубораки Паёмбар (с)-ро аз чумлаи амалхои нек ва савоб медонанд. Аммо салафи-хаворич зери шиъори Китоб ва Суннат ва ислохи акида мардумро ба эътикоди зохири оятхои муташобих ва акидаи “мучассима” савк медиханд. Ин гурух даъво дорад, ки баъди сесад соли аввали хичри Ашъари ва Мотуриди акидаи мардумро олуда кардаанд. Яъне дар тули зиёда аз хазор сол мардум муваххиди хакики набуданд, балки хама дар гумрохи ва нодони гузаштанд, даъво дорад ин гурух.

ТОЧИКСАЛАФИЁНИ ПОКИСТОН

Аввалин бор дар байни точикон гуруххои салафии тамоюли хаворичи дошта миёнахои дахаи солхои 90 зухур кард. Вакте ки гуфтушунидхо миёни хукумати Точикистон ва мухолифин идома дошт, як гурух аз чехрахои саршиноси ХНИТ ба ин раванд мухолафат карда, аз рафтори рохбарашон Абдуллохи Нури интикод карданд. Аз чумла Амриддин Табаров, Махмадрасул Саломов, Рахим Каримов ва дигарон дар шахри Пешовари Покистон (дар минтакаи кампи Бабу, ки дар он чо салафихои такфири, ки бештарашон алчазори, туниси ва мисри буданд) рафта, назди онхо дарс хонданд ва тахти таъсири онхо карор гирифтанд. Абдуллохи Нури ва дигар рохбарони Нахзатро даъват карданд, ки гуфтушунид бо режими Точикистонро катъ кунанд ва бо кофирон созишу сулх накунанд ва агар ин корро бикунанд, онхо низ кофир мешаванд.

Соли 1996 хукумати марказии Покистон мачбур шуд, алайхи гуруххои салафи-такфири, ки дар байнашон хамакидахои точик низ буд, амалиёти мусаллахона анчом бидихад. Зеро аллакай ин гурух ба амнияти Покистон хатари чидди эчод карда буд. Ин гурух таслим нашуда, бо артиши Покистон вориди чанг шуд. Дар ин амалиёт бисёрии онхо, аз чумла ду точик яке аз нохияи Хисор ва дигаре фарзанди Амриддин Табаров кушта шуданд. Худи у бо фарзандони дигараш аз он чо фирор кард. Аммо дигар хамфикрони Табаров, ки дар боло асомии онхо зикр гардид, баъд аз шикасти ин гурух аз минтака хорич шуда, зохиран фикри худро тагйир доданд.

БОЗГАШТ БА ВАТАН

Аммо дар дохили Точикистон гурухи салафи-хаворич чор сол мукаддам пайдо шуд. Ин гурух дар мархалаи шаклгириаш барои худро аз руёруи бо низоми хоким дур нигох доштан услуби хуберо пайдо кардааст. Равиши феълии салафи- хаворич дастгирии низоми хоким ва эътирофи он хамчун “улу-л-амр” ва “вочибу-т- тоъат” будани он аст, ки ин равишро салафихои хаворич дар дигар кишвархо дар мархалаи шаклгириашон пеша карда буданд. Чунин равишро салафихои дигар, ки бо номи “салафихои мадхали” номида шуда, дар кишвархои араби машхуранд, доранд. Онхо барои низомхои хоким алайхи харакатхои исломи амалхои чосусиро анчом медиханд.

САЛАФИЁН ВА ҲУКУМАТ

Барои чалби таваччухи низоми хоким ва мутмаъин сохтани он, ки онхо барои амнияти кишвар хатарзо нестанд, шиори итоъат аз “улу-л-амр”-ро мохирона истифода мебаранд. Аз тарафи дигар, онхо дар чорабинихои сиёси алайхи ахзоби исломи баромад карда мегуянд, ки дар Ислом хизб вучуд надорад ва мардумро дар хар чо ба овоз додан алайхи хизби исломи ташвик мекунанд. Чунин кирдорхои онхо боис гаштааст, ки давлати Точикистон дар фаъолияти ин гурух мухолифи худро чустучу накунад. Доирахои амнияти низ аз чунин фаъолият хулоса бароварда ин гурухро барои амнияти кишвар хатарзо намехисбанд. Вале бояд бидонанд, ки ин як тактикаи фаъолияти мархалавии ин гурух аст.
Дар дахаи солхои навадум дар Узбекистон нисбати “Хизб-ут-тахрир” чунин мавкеъ пеш гирифта буданд. Дар он солхо Хукумати Узбекистон барои “Хизб-ут-тахрир” майдони фаъолият мухайё кард. Зеро тасаввур доштанд, ки барои низоми хоким, танхо хизби исломи ва чумбиши чавонони Намангон хатарнок аст, ки харакатхои сиёси мебошанд. Вале “Хизб-ут-тахрир” –ро дар мукобили онхо истифода мебурданд. “Хизб-ут-тахрир” низ аз фурсат истифода бурда, зохиран аз низоми хоким пуштибони карда, алайхи харакатхои исломи таблигу фаъолият мекард, ки аз ин тарзи фаъолият низоми хоким хуш буд. Аммо баъд аз гузаштани мархалаи шаклгири “Хизб-ут-тахрир” мавкеъашро тагйир дод, ки дар минтака хама низомхо онро хизби ифротгаро эълон карданд. Бархурди низомхои хоким дар кишвархои Осиёи Маркази алайхи “Хизб-ут-тахрир” дар солхои охир нишон дод, ки ин хизб як чараёни тундгаро аст.

НАМУНАҲОИ ДИГАР

Салафихои такфири дар кишвархои дигари исломи, монанди Миср, Алчазоир, Тунис, Магриб, Мавритания, Яман ва дигар чойхо тахти шиори Китоб ва Суннат хамаи мусалмонхорое, ки ба акидаи онхо мувофик нестанд, кофир ва мушрик эълон намуда, куштани онхоро пеш аз кофирони ишголгар авлотар медонанд. Хамин гуруххо дар Миср дар аввали пайдоиш бо низоми Миср хамкори намуда, алайхи харакатхои исломии сиёсии муътадил муборизаи таблиготи шуруъ крданд, ки ин амали онхоро хукуматдорон хуш ва хуб пазируфтанд. Вале баъд аз гузаштан аз мархалаи муайян онхо чехраи худро ошкор карда, барои низоми Миср “дарди сар” эчод карданд.

Дар Покистон низ ин гуруххо барои амнияти ин кишвар чанд дахсола аст, ки хатар эчод мекунанд. Ин тоифа дар зохир худро мудофиъи Китобу Суннат ва сахобагони Паёмбари Ислом нишон дода, бо номи “Сипохи сахоба” гуруххои мусаллахи ифротиро созмон додааст, ки ба мукобили шиахо ва масчидхои онхо амалиётхои терорристи мебаранд. Хатто хангоми адои намоз куштани намозгузорон дар масчидхо ва таркондани онхоро барои худ чиход ва амали савоб медонанд. Зеро онхо хамаро чуз худашон кофиру мушрик медонанд.

САЛАФИЁНИ МО ДАР САФИ КИСТАНД?

Салафихои хаворич дар Точикистон думболаи хамонхое хастанд, ки дар дигар кишвархои исломи фаъолият мебаранд. Ин гурух илова бар ин ки миёни мусалмонхо тафрика эчод карда, мардумонеро, ки бо онхо хамакида нестанд, мубтадиъу мушрик ва кофир эълон мекунанд. Инчунин барои сиёсати пешгирифтаи давлати Точикистон дар оянда мушкилот эчод мекунанд. Бисёр кишвархои Гарб ва баъзе кишвархои араби ва хамчунин баъзе хамсояхои мо аз муносибатхои хуби сиёси, иктисоди ва фархангии Точикистон бо Ирон норохат хастанд. Имруз бо кумаки Ирон дар Точикистон пружахои азими иктисоди амали мешавад, ки барои бисёрихо хушоянд нест. Бинбар ин гурухи салафхои хаворич, ки шиаро кофир эълон мекунад, бо дастгирии доирахои муайяни хоричи мехохад, ин муносабатхоро халалдор кунад. Ин дар холест, ки рохбарони Точикистон алокахои хуби иктисоди, фарханги ва сиёсиро бо Ирон дар раъси авлавияти фаъолиятхои худ карор дода, онро кишвари дуст, хамзабон ва хамфарханг эълон кардаанд.

Аз тарафи дигар бозорхои дохилии Точикистон аз маводи хурокаи истехсоли Ирон лабрез аст. Аз чумла гушти мург ва махсулоти гушти, ки точирони точик аз Ирон ворид мекунанд ва мусулмонхо аз он истеъмол мекунанд. Аммо ин салафи-хаворичхо забхи шиъахоро харом эълон кардаанд ва дар хама чо таблиг мекунанд, ки хурдани молеро, ки шиъахо сар мебуранд харом аст. Яъне гуштхои мурге, ки аз Бразиля, Канада ва дигтар кишвархои гарби ворид карда мешавад барои мусулмонхо халол аст, вале гуштхое, ки аз Ирон ворид карда мешавад хурданаш харом аст!! Барои хар окил маълум аст, ки чунин хукм танхо аз инсони мутаассиб ва ифроти содир мешавад. Салафи-хаворичихо бо ин хукми гайри мантикиашон хамаи мусулмонхоро харомхур низ мехисобанд.

МАЙЛИ МАЗҲАБГАРОЙ

Бояд ёдовар шуд, ки вактхои охир дар Точикистон гуруххои тамоюли шиъа дошта, низ пайдо шудааст. Ин гуруххо низ барои амнияти кишвар дар оянда метавонад хатарзо бошад. Чунки барои мо аз таърих маълум аст, ки миёни сунни ва шиъа чи кадар низоъхо ва кушторхои хунин сурат гирифтааст. Дар гузашта дар Точикистон тоифахои мазхабии бо хам мухолиф вучуд надошт (ба истиснои тоифаи исмоилихо, ки боре хам миёни онхо ва мусалмонхои сунни низоъе вокеъ нашудааст). Вале имруз ин тоифахоро аз хисоби мусалмонхои ахли суннати ханафи ба вучуд овардаанд ва дар мукобили онхо чараёни тундгарои салафи- хаворичро низ эчод кардаанд. Ходисахои хунин миёни мусалмонхои шиъа ва гуруххои салафи-хаворич дар Ирок барои хама бояд дарси ибрат бошад. Дар мархалаи феъли гурухи салафи-хаворич факат ба кофир эълон кардани шиъахо ва таблиготхои тунд алайхи онхо иктифо мекунананд, вале ки кафолат дода метавонад, ки бо чунин акида ва тафаккури ифроти дар оянда даст ба икдомхои дигар намезананд? Албатта инсоне, ки чунин тафаккур дорад рузе агар барояш камтарин шароит пайдо шавад куштани чунин кофиронро чиход ва амали савоб медонад. Хатари ин масъала хеле чидди мебошад!

Набояд Ирон аз нуфузи сиёсй ва иктисодиаш истифода карда дар Точикистон дар миёни ханафимазхабон- ахли суннат эътикодоти шиъаро паҳн кунад. Зеро ин сиёсат сиёсати дўстона нест ва он метавонад дар ояндаи дур барои амнияти ин кишвар хатари бузург ичод кунад. Шояд яке аз омилхои таквият ва густариши харакати салафи-хаворич дар Точикистон аз хорич хамин амр бошад.
Тавре дар боло зикр гардид, гуруххои салафи-хаворич агарчи даъвои пайравй аз салафи солехро доранд, вале аз чарху таъни онхо хеч кас дар амон намондааст. Мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат, ки хамаи уммати ислом бар сахех ва рахмат будани онхо иттифок доранд ин гурух онхоро боъиси заъф ва тафрика шавии мусалмонхо хисобида, нисбати онхо суханони носазо мегуянд. Яъне ба акидаи ин гурух хама бояд аз Китобу Суннат пайрави намуда, аз пайравии мазхаб даст бикашанд.

Барои ин муддаъиёни пайрави Китоб ва Суннат як таваччухи чиддиро, ки дар мукаддимаи тарчумаи “Мухтасари сахехи Бухори” омадааст ишора мекунем: “Истинботи ахком аз аходиси набави, усул ва кавоъид ва шартхои хоси худро дорад ва чунин кор аз ашхосе, ки ба мархалаи пухтагии илми нарасидаанд, ба хеч вачх имконпазир нест. Ба ин асос набояд хама кас он чиро ки аз зохири баъзе аходис ба зехнаш хутур мекунад, хукми шаръи карор дода ва хамон гуна ба он амал намояд.
Ба таври мисол, агар дар хадисе, ки мегуяд: Паёмбар (с) дар хачч, дар чавоби хама касоне, ки мепурсиданд: Ман надониста чунин ва чунон кардам, мефармуданд: “бикун ва боке надорад” бархурд менамоянд, набояд ин тавр бифаҳмад, ки анчом додани ҳар амале, ки дар ҳачч дониста ва ё ҳатто надониста сурат мепазирад, раво буда ва боке надорад, балки бояд барои дарк ва фаҳми маъноии ҳақиқии чунин аҳодис ба кутуби фуқаҳо ва шарххои аходиси набави мурочаъа намояд”. (Мухтасари тарчумаи Саҳеҳи Бухорй, с.5, чопи Душанбе, 2005)

ХУЛОСА

Аксари кулли ин муддаъиён чавонони бедонишанд, ки заруриёти динии худро тавассути китобҳои ба сириллик нашршуда, ки аз тарафи маблағгузорони хоричиашон ба табъ расидааст, аз худ кардаанд. Ва шояд хато набошад, агар гуфта шавад, ки 99 дарсади ин чавонони муддаъии салафият сатҳи донишашон ҳамин қадар аст. Пас барои ин гурух кй ин чуръатро додааст, ки тамоми фуқаҳо, мучтаҳидин, муфассирин, шореҳони ҳадисҳои набавиро чарху таън карда, онхоро хато мегиранд ва иддаъо доранд, ки онхо танхо бо Китоб ва Суннат амал мекунанд?! Бо кадом илму донишашон ба ин поя расидаанд, ки аз хидматхои хама бузургони мучтаҳид бениёз гашта, худро дар пояи онҳо баробар меҳисобанд?! Танхо бехирадй, бедонишй, беодобй ва камтачрибагй аз як тараф ва таҳрики хоричй аз тарафи дигар боъиси ин амр гаштааст!

4 Responses

  1. Пажухише жарфу чолиб андар салафия ва хадафхояшон. Сипос бар Рустамчон Рустамов.

    Аммо дарки эшон аз сухбатхои ахири Турачонзодаро андаке нодуруст мепиндорам. Турачонзода дар хеч як аз гуфтугухояш вахобияро ба Абдуллохи Нурй пайванд надодааст. Шояд бардошт аз суханони ахири у андаке иштибох будааст.

    Як нуктаи дигар. Обишхури аслии салафия Арабистони Саъудист ва ин бозихо дар Точикистону кишвархои дигар бештар ба чанги таблиготии Саъудй алайхи Эрон бармегардад. Далели аслии салафихои давлатии Саъудй хам мазхабй нест ва коре ба мунозироти динй надорад. Мавзуъ сад дарсад сиёсист ва мазхаб дар ин макула табдил ба абзори сиёсй шудааст. Хуб мешуд агар окои Рустамов накши саъудихоро бештар мешикофтанд.

  2. Бародаре, ки бо имейли чаълй ду нома задай. Ин навишта посух ба суъол ва талошхои Шумост.

    Хуб мешуд, дар бораи кадом касе ки интикод менависем, бо факт ва мисолхои дакику рушан бинависем. Мо наметавонем, як бародари мусулмонро танхо барои он ки акидааш бо акидаи мо дуруст наёмада интикод кунем. Хамин нуктаи навиштаи Шумо хам сахех нест ва достони дигаре дорад.

    Максади мо сиёх кардани ин ё он шахс нест, балки бар сари факту далоил нишон додани иштибохот ё камбуди онхост. Мо намехохем ба ихтилофу тафрика доман занем. Мо мехохем бехбуде ба миён ояд.

    Аз Шумо барои нашр накардани навиштаатон узр мехохам. Мактуби ман муфассал буд, аммо имейли Шумо онро напазируфт, зеро суроғаи дуруғин дошт.

    Бо эхтиром
    Точвар

  3. Ба номи худованди бахшандаю мехрубон мо мардуми точик алхамдуллилох мусулмон хастем ма ягон гап задани нестам неки ами бародаре ки бисёр дуруг гуфтаст нисбати (салафихо) илтимос ё занг зан ё хат кун.худован гузаштота рахмат кунад омин (Навиштаи Рустамчон Рустамов)951553888

  4. мо хама мазхаби Абу Ханифа хастем ва он чи у фармудааст хамон бояд кунем. Раванди салафия боз ба чанд кисм чудо мешавад ва инро онхо медонаду Худои Мехрубон. Худо худаш чазои нохкро медихад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: