Мардикорй бояд қатъ шавад!

Навори видю, ки ҳамандеши азиз — Бебок фиристод, аз як сў дардовар аст, аз сўи дигар ҳушёркунанда. Мазмуни онро қисса намекунам, агар рағбат доред, худ боз кунеду бинед. Монанди буридани гулўи точик ва доғистонй ваҳшатангез нест, аммо мисли наворҳои танзу тавҳини мардикорони точик чои ханда ҳам надорад.

Хулосаи ман аз дидани он як чиз аст: Бояд муҳочирати оммавии точикон ба Русия қатъ гардад ва бояд Ҳукумати Точикистон пеши роҳи идомаи ин равандро бигирад.

Ончи то ҳоло шуд, гузашт ва ба гузашта салавот. Акнун давлат агар давлат аст, бояд шаҳрвандони худро ба низом оварад. Албатта, хоҳанд гуфт, ки ин амал хилофи озодии инсон аст ва зиён ба иқтисоди кишвар, аммо зиёне ки ин муҳочирон ба Точикистон ва миллати точик мерасонанд, агар имрўз пешгирй нашавад, ба даҳҳо қарни оянда басу барзиёдатй хоҳад буд.

Агар имкон нест, пеши роҳи ҳама гирифта шавад, шояд дар қадами аввал зарур аст, аз ҳичрати намояндагони касбукори зарурй, афроди синнусоли муайян, ашхоси дорои собиқаи чиной, афроде, ки забони русиро намедонанд, онҳое ки ба тозагй арўсй кардаанд ва онҳое, ки кўдакони хурдсол доранд, пешгирй ба амал ояд. Ҳатто шояд як имтиҳони сатҳи фарҳангу маданияти ин афродро барпо кард ва бо ин роҳ ба сафари онҳо монеъ шуд.

Фақат нагўед, ки бе чунин муҳочират онҳо нони хонаводаҳои худро чигуна таъмин хоҳанд кард. Ин ҳарф билкулл дурўғ аст. Муҳочирони имрўзиро ҳирси пул ба Русия мекашонад, на ғами нон ва барояшон аслан муҳим нест, пули каллонро бо чи роҳе ба даст хоҳанд овард. Бахши аъзами муҳочиронро шаҳрвандони бесаводу бенанг ва хому чиноятпеша ташкил медиҳанд. Як бахши онҳо танҳо бо дидани инки ҳамсояаш аз Русия пули мошину манзил овард, орзуи сафар мекунанд ва шояд намедонанд, ки пули калон бештар бо чиноят ба даст меояд, то аз меҳнати шоқа.

Касоне ки як дафъа дар ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе ё аз Екатеринбург ба Хучанд парвоз карда бошанд, медонанд, ки мухoчирони имрўзаи точик аз мардикорй ба хонаи худ на буридаи нон ё кулчаи қанд, балки колои нозу рифоҳ мебаранд. Ба монанди телевизион, дастгоҳи забту пахши дивиди, ҳавзҳои резинии шиноварй, новаҳои кабобпазй ва монанди инҳо. Магар ин ашё барои хонаводаҳои гушназадааст? Муҳочирони мавчи аввал, солҳои 1993 ва 1994 дар ҳақиқат мачбур буданд, барои кор ба Русия раванд, то луқмаи ноне барои фарзандонашон пайдо кунанд.

Муҳочирони имрўзй дар ғами нон нестанд, дар ғами рифоҳ ва гирифтори таъассубанд. Вале оё онҳо ба хотири ин ороишоти пуч бо хатарҳои бузургтаре рўбарў нестанд? Монанди кушта шудан аз дасти сартарошидаҳо ё бо тўҳмати қочоқи маводи мухаддир афтодан ба кунчи зиндон? Нови шашликпазй ё дастгоҳи дивиди бо назди зану фарзанд будан баробаранд? Фарзандони онҳо бидуни падар дар чи ҳолу вазъе ба воя хоҳанд расид? Онҳо, ки нафси ҳайвонии худро бо занони майзадаву сабукпойи рус қонеъ мекунанд ва якчо бо лаззати чинсй сифилису СПИД ҳам мегиранд, бовар доранд, ки дар моҳҳои тўлонии набудани онҳо ҳамсаронашон ҳамхобаи дигарон намебошанд? Вагарна чаро садҳо оилаи муҳочирон аз ҳам мерезанд ва даҳҳо зани точик аз хона набаромада, гирифтори СПИД мегарданд. Зиёне ки бо ин роҳ ва аз тариқи фарзандону ҳамсарони мардикорон ба чомеъа мерасад, як сў, обрўрезии миллии онҳо дар Русия то чанд соли дигар вожаи точикро бо вожаи ҳайвон ё неандертал ҳамсанг хоҳад кард. Агар гўед, оре, ин бардагию сияҳкорй арзандаи чунин пайомад аст, метавонад, идомаашро нахонед. Ва наворро ҳам набинед.

Аммо агар наворро то охир тамошо кунед, хоҳед дид, рафтору кирдори бархе аз муҳочирони моро ва шояд дар як гўшаи дил биигўед, ки ҳамла ба онҳо бесабаб ҳам набудааст. Хабарҳои кушта шудани точикон ба дасти точикон, дуздиву ғоратгарии моли ҳамдигар, ба бардагии бегонагон супурдани ҳамқавмони хеш низ зиёданд, вале мо бештар ба қатли онҳо аз дасти скинхедҳо ё хушунати милиса диққат медиҳем.

Дуруст аст, ки дар навор, ба қавли Бебок, айбномаҳои ночо ба ҳамаи муҳочирон ва умуман халқи точик, ҳатто точикони Афғонистон низ мавчуд аст, ки посухи чудогона мехоҳад. Вале “то шамол набошад, барги дарахт намечунбад,” дар даҳсолаи ахир дар Точикистон насле ба воя расида, сари кор омадааст, ки ба ғайр аз доғ ба рўйи номи точик чизи дигаре аз он нахоҳад расид.

Пешниҳоде садо дода буд, ки бояд дар маркази шаҳри Душанбе пайкараи Мардикор гузошта шавад, зеро ў буд, ки мардум ва иқтисоди кишварро дар давраи вазнин начот дод. Ман сад дарсад тарафдори ин пешниҳодам, аммо дар пояи он бояд навишта шавад: “Дар посух ба машаққат ва маҳрумиятҳои муҳочирони кории солҳои 1993 ва 1994 аз миллати сипосгузор.” Муҳочирони баъдиро бояд баргардонд, махсусан онҳоеро, ки макон ва коргоҳи муайян надоранд. Ин корро чанде пеш Лаҳистон кард ва ҳамаи оворагони худро аз Бритониё бепул ба ватан бозгардонд. Ба муҳочирони нав бояд роҳро баст.

Ин ҳолат шояд ба ҳукумат низ мадад кунад. Афзоиши бесобиқаи бекорон дар кишвар монанди сатили оби ях ба сараш рехта шавад ва онро ба ҳуш орад, ки наметавон якумр аз паси даромади доғдори муҳочирони точик дар Русия кишварро сари пой нигоҳ дошт. Ва коҳиши муҳочирони точик дар Русия ба маънии коҳиши беобрўйии точик дар Русия ва чаҳон хоҳад буд. Инаш мусалламан. Набояд ибтидои садаи 21 дар торих бо фасли ғуломй ва чинояткории точик сабт гардад.

One Response

  1. Ман аз пешниходи Точвари гиромй комилан пуштибонй мекунам.

    Хандаовар аст, ки дар точикон дар Русия рох месозанд, аммо роххои Точикистонро чиноихо месозанд. Ин магар бешарафй нест. Чаро намешавад, аз Чин факат сармояашро гирифт ва сохтани рохро ба дасти худи точикон дод.

    Дар намуд Рахмон гуё ба халку кишвари худ некй мекунад, аммо дар амал аз бадй ва зулмро нисбати точикон арзонй медорад. Хок бар сараш ин хела президента!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: