Жакони Салафия ва салафиён

Симои ў хуб дар хотирам мондааст. Риши навбаромадаи теғнодида, барҳои сурхранги рўй ва чашмони барроқ. Аммо беш аз инҳо — худбоварии бепоёни ҳаммарз бо кибр ва нурафкании иродаи ботинии қавияш маро ба важд оварда буд. Вақте сўҳбат мекард ва ҳар гоҳ дар нимсуханаш ба кас менигарист, ба як довари доно ва поймарди диловар мемонд ва ин ҳам дар баҳори соли 1992, рўзгоре, ки ҳамагон дар баробари номуайянй ва шўридагии кишвар тақрибан музтар монда буданду аз ҳар хасе ҳам мадад мехостанд.

Бо он рўҳияе, ки дошт, барои атрофиёнаш, ба вижа наврасоне, ки ҳамеша ҳамроҳаш мегаштанду хидматашро мекарданд, мисли як такиягоҳи устувор маълум мешуд ва шояд ба чашми рўшанфикроне, ки аз шамидани бўйи изтиробангези хунрезии оянда «фалач» мегаштанд, диж ё қалъаи шикастнопазир буд. Ё гурезгоҳи тарсу изтироб. Номи ҳақиқияшро намегуфт ва тахаллусаш Салаф буд. Вориси Салаф. Ин аввалин бор буд, ки вожаи «салаф»-ро шунидам.

Гумон мекунед, дар чанги Точикистон кушта шуд? Фикр намекунам. Чанд сол пеш шунидам, дар масчиде хидмат мекунад. Вай ҳунари нодире дошт, ки дигаронро ба фикр ё коре мутақоъид гардонад. Албатта, дар тафсиру ҳадис, торихи ислом ва фиқҳ пешрафта буд, ҳарчанд дар он давраи «нимсаводии исломии чомеъа» метавонист, ба осонй худро чунин вонамуд кунад.

Вай бисёре аз фатвову одоби муллоҳои он замонро аз реша рад мекард ва тафсири худро дар миён мегузошт. Бархе аз наврасон об дар чашм маъвизаҳои ғайрирасмии ўро мешуниданд. Ин сомеъону пайравонро дар дил кудурату нафрате ба домуллоҳои пир рў мезад ва онҳо ба ҳарфи «муллоҳои давлатй» гўш намедоданд. Мешунидам, ки дар баъзе баҳсҳо ё ҳалли масоъил чавононе монанди Салаф домуллову эшонҳои солхўрдаро мот ва беобрў мекардаанд. Аммо дар давоми чанг садҳо ва шояд ҳазорон нафаре дар макотиби динии кишварҳои исломй таҳсил карданду баргаштанд, ки дар миёни онҳо афроди зиёде худро «салафй» меноманд. Ворисони Вориси Салаф!

Гумони қавй дорам, ки акнун онҳо донишу биниши Вориси Салафро зер шубҳа мегузоранд ва шояд дар ҳалли масъалаҳо бо ў сар ба сар мешаванд. Албатта, гумон надорам, ўро «муллои давлатй» хонанд, аммо ҳатман хоҳанд талошид, ки худро аз ў салафитар нишон диҳанд. Ворис дастпарвари падар ва ҳалқаҳои хуфияи таълимии исломии Точикистон буд. Инҳо хоҳанд, гуфт, таълими динияро дар маркази салафиҳо ва салафиҳои маврусй гирифтаанд. 

Хеле навиштам, дар ҳоле ки мақсадам танҳо навиштани як сарсухани кўтоҳ ба матлабе буд, ки як хонандаи «Андеша» фиристодааст. Ва аз ин «пешгуфтор» дидед, ки коршиноси умури ислом нестам. Биноъан суханро ба ин бародар медиҳам:

Навиштаи Муҳаммад барои торнигори «Андеша»:

САЛАФЙ КИРО ГУЯНД?

«Салаф» вожаи арабй буда, маъниаш «гузашта» аст ва салаф шахсонеро гўянд, ки корҳои накўро дар Ислом анчомида ва унвони “САЛАФИ СОЛИҲИН”, яъне унвони «Гузаштагони накукор»-ро мушарраф гаштаанд.

Дар Чумҳурии Точикистон бошад имрузҳо гурўҳе ба номи салафия дида мешавад, ки даъвои Ислом мекунанду аксарияти корҳоро бидъату хато мехисобанд ва худро пайравони ҳақиқии Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) мешуморанд.

Оре ҳар як фарди мусулмон бояд пайрави расули акрам (саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) бошад, на пайрави ягон роҳу равиш ва на пайрави ягон мазҳабу олим. Аммо агар мазҳаб бидъат бошад, пас салафй гуфтан бидъат нест, магар?

Албатта салафй гуфтан ҳам бидъат аст, ё инки дар тамоми чамъомадхои салафиён ғайбат кардани мусулмоне одат шудааст “ҒАЙБАТ ОДАТИ ЗИШТЕСТ ДАР ИСЛОМ, КИ ХУКМИ ОН БАРОБАРИ ХУРДАНИ ГУШТИ БАРОДАР АСТ”, инчунин дар хакки бародарони исломй бадгумониро раво мепиндоранду бо нафрат ёдашон мекунанд. Яъне хилофи ояйи каримаи Куръон мекунанд “ИННАМАЛ МУЪМИНУНАЛ ИХВА.”

Агар Салафиён барои ислохи камбудихо ё бидъатхо дар дини мукаддаси Ислом ба чумхури ташриф оварда бошанд, ин амали некест ногуфтани, чунки дини хакикии мукаддаси ИСЛОМ сар то по тарбияту рушноист, ки окибати инсонро ба “ЧАННАТ”-и абади бурда мерасонад. Дуруст аст, ки аксарияти муллохои мо ИСЛОМ-ро ба кулли намедонанд, вале надонистани ИСЛОМ шаходат аз он медихад, ки дар Чумхурихои Осиёи марказй, махсусан дар Точикистон зиёда аз 70 сол буд, ки ахли куфр хукумат ронданд ва тули ин солхо уламои хакикии исломро нобуд гардониданд, китобхои зиёдро сузониданд ва махдудиятхоро дар дин чори намуданд.

Онхое, ки ба ном диндор буданду илми кофии исломй надоштанд пешвоёни дин гардиданд, аз нодони бидъатхо чори намуданд ва билохира динро манбаъи даромади худ карор доданд. Чунин муллохои нодон то холо хам хастанд, вале ин маънои онро надорад, ки дар Точикистон гайри салафия дигар пешвоёни хакикии дин нест.

Пешвоёне хастанд бехтарин амалхои расули акрам (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро ичро мекунанд, аз хама мухим он аст, ки дар бахсхои илми одоби хакикии исломи, одоби паёмбари гиромикадрамон Мухаммад (саллаллоҳу ъалайҳи васаллам)-ро ичро карда ба дигарон низ таълим медиханд. Аксарияти Салафиён чи? На одоб дар онхо дида мешавад ва на тарбия. Дар аксари маврид дағалона муносибат карда, ба чои муттахидшавии мусулмонон парокандагиро байни чамъият тавсия медиханд.

Ин суханон ба тамоми салафиён тааллуқ надорад, чунки дар байни эшон шахсоне низ хастанд, ки сидкан дар дини мубини Ислом хидмат карда истодаанд, вале аксари салафиёни имруза махсусан ахли уламоашон аз кабили Мухаммадиву Умед, ба шахсони фитнаангез шомиланд. Чунки айби мусулмонеро ошкоро ва бидуни одоби исломи дар чамъият овоза карда , байни мусалмонон ихтилоф андохтаанд, ки дар мавриди шунидани номи салафия аз чониби ханафимазхабони Точикистон, аксарияташон аз нодониву нофахми ба салафиён нафрат меоваранд.

Аз нигохи дини мукаддаси Ислом, нафрат доштан нисбати бародарони мусулмон катъиян манъ ва нодуруст буда, окибати моро ба парокандаги мерасонад, вале ин нафрату бадбини аз нодурустии даъвати салафиён огоз ёфтааст. Яъне барои фахмонидани кори хак хатман ва бечуну чаро одоби паёмбари Ислом, Хазрати Мухамад (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро бояд истифода намуд. Мухаммади ва шогирдонаш бошанд чи кор кардаистодаанд?

Дар бахсхои илмй ҳамеша хилофи Ислом мекунанд, яъне худро билкулл ҳақ шумурда, одоби исломиро ба чо намеоваранд ва шахсонеро, ки ба кулли дар акидаи худ пайвастаанд аввалан Шиъахоро бадном карда онхоро кофир эълон мекунанд, баъдан мазхаби Абу-Ханифаро хато гуфта, охиста-охиста нисбати ин 2 равия нафрату бадхохиро чо менамоянд.

Акидаи Салаф ин аст, ки Шиъахои Ирон ба кулли кофиранд, вале ин нодуруст аст, чунки новобаста аз Шиъа будан хар касе набошад, хох ахли тасаннуъ ва ё ахли салафу тассаввуф, яъне хар касе бошад, ки Хукми ИЛОҲЙ ва шариъати Исломиро инкор намояд ва ба ояхои каримаи Куръони Шариф имон наоварад-У КОФИР АСТ. Вале фикр мекунам, ки на хамаи Шиъахо дар акидаи куфранд ва на хамаи эшон кофиранд.

Агар Шиъахои Ирон кофир бошанд, саволе ба миён меояд, ки чаро Ирон дар маъракахои Исломи то хол ширкат меварзад, чаро аз номи Исломи бузург баромад мекунад, Чаро дар баробари ахли куфр истодагарй мекунад. Ё инки мо мусулмонон номуси исломи надорем, ки кофире аз номи дини мо баромад карда, ин дини мукаддасро бадном кардааст ва солхои сол аст, ки ифтихори Ислом мекунад, худро дар чахон давлати Исломи муаррифй кардааст, магар у кофир аст?

Агар шиъахои Ирон кофир бошанд , пас мо беномус хисоб мешавем, ки таи 40-сол аст, ки кофир ба чахониён худро Мусулмон муаррифй кардааст ва шаъни мусулмононро паст задааст, вале мо аз номи бузургу мукаддаси дини худ дифоъ намекунем ва шаъну шарафи дини худро ҳимоя намекунем.

Шояд ин хама бозихои сиёсии ахли куфранд, ки ба хотири аз байн бурдан ва пароканда кардани мусулмонон пешбинй шуда, мақсад ихтилоф андохтан дар чомеаи Исломист. Фикр мекунам, ки максади асоси-фитнаангези асту халос. Ҳадаф хамин асту бас. Чаро тули ин солхо хам салафиён арзи хасти менамуданд ва хам шиъахо, вале ба кули ахли куфр зикр намудани Шиъахо аз чониби салафиён иброз намешуд, факат онҳоеро кофир мегуфтанд, ки заруриёти диниро инкор мекарданд ва ба баъзе масъалаҳои шаръй имон надоштанд, вале имруз бошад чи? Тамоми Шиъахои Иронро ба куфр мехонанд, то ки ягон мусулмон дифоъи ислом нанмояд.

Шиъахоро дар давоми хокимияти Исломи ташкил намуданашон хеч кас нагуфт ки кулли эшон кофиранд ва замоне, ки Амрико иброз намуд, ки бояд Иронро бизанад, ногахон аз кучое Ахли Салаф ба ном гурухе дар манотики мусулмонон пайдо гаштанд, ки тамоми Шиъахои Иронро ба куфр Хонда, китобхои хоинони Исломро аз номи “ШИЪА” БАРОВАРДА МУНТАШИР ГАРДОНИДАНД.
Ай Мусулмонон!!! Шумо пеш аз хама ба ҳуш оед, фикр кунед ончи шунидед, тачзияву таҳлил ва таҳкик намуда, пас он амал намоед. Чаро мо бояд чизеро шунидем бе тахкик амал кунем. “Оё ин аз руи адолат аст?” Не албатта, чунки бе тахкик амал кардан фардо “РУЗИ ҚИЁМАТ” чавобгарии чиддй дорад. Хеч вакт аз ёд набояд баровард, ки суханвари аз амалкуни сар то по фарк доранд. Яъне шахси воъиз бояд ба гуфтаи хеш амал намояд, агар дар кирдору рафтори у аз гуфтахояш дида нашавад, пас барои бовар кардани у тахкик лозим аст.

ВОЪИЗОН ХУД ЧИЛВА ДАР МЕХРОБИ МИНБАР МЕКУНАНД,
ЧУН БА ХИЛВАТ МЕРАВАНД, ОН КОРИ ДИГАР МЕКУНАНД.

Агар салафиёни имруза даъватгари асил бошанд, бояд аввалан одоби исломй дошта, гузаштагони Исломро гайбату тухмат нанмоянд, махсусан Имоми Аъзам (р.ъ)-ро, ё инки Ояйи Карима ба онҳо тааллук надорад.

“АССАБИКУНА ВАСАБИКУН”, яъне пешиниён аз Шумо дида пешқадамтар буданд ва аз Шумо дар ҳама чабха бартари доштанд. Онҳоро ба неки ёд кунед. Фардо рузи киёмат ягон салафи, ё ханафиву шиъаро аз кирдорхои якдигар намепурсанд, факат аз амалхои кардаи худ пурсида мешаванд+..
АЙ МУСАЛМОНОН БЕДОР ШАВЕД, КИ ИН ОЛИМОНИ ФИТНААНГЕЗ “БАЪЗЕ АЗ САЛАФИЁН ВА ХАНАФИЁНУ ШИЪАХО” ШУМОРО БА ГУМРОҲЙ МЕАНДОЗАНД.
Яке аз нишонахои шайтони лаъин он аст, ки ихтилоф андозад аз рохи каж ва агар аз рохи каж ихтилоф андохтан ба у муяссар нагардад, ба рохи рост ручуъ мекунаду мусалмонро аз рохи рост фиреб медихад, яъне он шахсоне, ки бо АХЛИ ФИТНА, агар хамрохи дошта бошандд кори хакке, ки шуниданд онро кабул намоянд акидаи хаккро бипазиранд, вале бо онхо дар иртибот нашаванд, ки окибаташон гумроҳист. Махсусан бо Муҳаммади ва амсоли эшон. Аз кулли хонандагон хохиш менамоям, ки ба ихтилоф дода нашавед ва барои шубҳанокии чизе ё касе таҳқиқ намуда, пасон амал намоед.

(СУХАНОНИ МАЗКУР БА ҲАМАИ САЛАФИЁН ДАХЛ НАДОРАД, ФАҚАТ БА ОНОНЕ, КИ ДАЪВАТРО БО ФИТНА ЯКЧОЯ ИСТИФОДА БУРДА ИСТОДААНД)

ВАССАЛОМУ ЪАЛАЙКУМ ВА РАҲМУТУЛЛОҲИ ВА БАРАКОТУҲУ.

___________________________

Ин нома бидуни ихтисор, аммо бо каме веросторй нашр шуд, ҳамзамон барои онҳое ки дониши бештар мехоҳанд, ин пайвандҳо пешниҳод мешаванд:

Каюмарси Ато «Салафия: Фитна ё эҳёи суннат?»
Зафари Сўфй «Салафиҳо кистанд?»

Advertisements

14 Responses

  1. Салом Точвар- андеша!
    матолибе, ки доир ба чараёни салафия ва ё «Жакони салафия ва салафиён» ба табъ расонидаед вакеан хам боиси тахсин аст. Аммо, чанд нуктаи он андешаи шахсро нисбат ба навиштаи мазкур ба вучуд меорад.д. Барои мисол: дар аввал логоиве, ки чо додаед дар он Точикистон не балки ишора ба Маркази Салафихо, ки дар яке аз бузургтарин шахрхои саноатии Покистон Файсалоб чой дорад нишон дода шудааст. Оё ин маънои онро дорад, нишон дода шудааст. дар холе, ки чаноби Мухаммади ва ёронаш аз чониби Покистон маблаггузори мешаванд ва ё худ каналхои махсусро доро мебошанд. Зеро маркази мазкур барои эчоди афкори нав дар чомеаи мазкур аз чониб дигарон таъсис ва маблаггузори мешавад. чунин марказхо дар аксар шахрхои покистон ва дигар кишвархои исломи мавчуданд.чаро махз логотиви Файсалобод!? тазаккур бояд дод, ки ин чиз тахкикро мехохад ва афроди фитаангез аксар на чониби мусалмонон маблаггузори мешаванд. ба хамин хотир хуб мешуд логотиви худи салафихои точикистони оварда мешуд.
    пешниход хамин ки хуб мешуд агар сарчашмаи асоси ва доир ба шинохти онхо матолиби тахкикотие дар сафхаохои баъди руи чоп меовардед. ва хама бо факту далелхои мушаххас на подар хаво

  2. Салафихо аз шохахои мазхаби ваххобияанд ва бештари онхо Мухаммад ибни Абдулваххобро пешвои мазхаби худ медонанд. Ин мазхаб дар Арабистони Саъудй мазхаби расмист ва саъудихо дар тарвичи он дар кишвархои мухталиф, аз чумла Покистону Афгонистон ва акнун Точикистону Узбакистон сахт мекушанд. Арабистон Саъудй душмани сарсахти Эрон аст ва акнун ба муридони худ дастур додааст, ки алайхи Эрону эрониён биситезанд. Дар вокеъ, салафия абзори сиёсатхои тавсеъаталабонаи Арабистони Саъудист.

  3. Кишвархои гарбие чун Омрико, ки шадидан зидди Эронанд аз ин мавзуъ бисёр хурсанданд ва дар зимн, зухури салафихоро заминаи чудойии тозае миёни мусалмонон медонанд.

    Бад-ин гуна, феълан салафихо то хадди зиёде аз химояти хам Шарк ва хам Гарб бархурдоранд.

  4. Салом Точвар-андеша!
    Рости, барои ин икдоми начиб, нашри маколахои тахлили атрофи зухури равияихои чадид дар Точикистон ба шумо ахсант мегуям. Вокеан, ояндаи Точикистон хар фарди солимфикр ва сохибаклро бетараф гузошта наметавонад. Барои хамин бо изхори кадрдори аз талошхои бешумори шумо, умедворам, захамотеро, ки барои чамъовариву тахия ва тахкики ахдофу ормон ва гояхои равияхои чадид дар Точикистон: салафият ва шиахо кашидаам, беподошт нахохед гузошт ва онро дар сахафоти худ чой хохед дод.

    Бо эхтиром,
    Рустамчон Рустамов

    ХАТАРИ САЛАФИХО

    Вактхои охир дар сахифахои матбуот ва тавассути воситахои авдио-видёи маводхое мунташир мешавад, ки он аз пайдоиш ва ба фаъолияти густурда шуруъ кардани гурухе, ки худро мансуб ба салафи солех медонанд, дарак медихад. Барои шиносоии хонандагон ба хакикати ин гурух лозим аст, чанд сатре дар поён зикр карда шавад.
    Тавре мусалмонон медонанд, дуст доштани салафи солехи ин уммат нишонаи некбахти ва имондории хар фард махсуб мешавад. Зеро Ислом барои наслхои баъди ё ба истилох «халаф» тавассути хамин бузургони амин расидааст, ки инро инкор кардан ба хеч вачх нашояд. Вале суоли матрах ин чо он аст, ки дар асри 20-21, яъне баъд аз гузаштани 11 карн аз инкизои карни салаф афроди муайяне танхо худро пайрави «салаф» хисобида ва дигаронро мубтадиъу мазхабгаро, суфиву кубури ва хатто мушрик эълон кардан барои чист? Чаро ин гурух хамаи уламои гузаштаи ин умматро мавриди чарху таън карор медиханд (ба истиснои онхое, ки худашон таклид мекунанд)? Ин гурух кистанд? Чи барномае доранд? Аз кучо маншаъ гирифтаанд? Ба ки таклид мекунанд? Сиёсати кадом кишварро таблиг мекунанд?

    Донишмандони салаф (донишмандон ва диншиносони сесад соли аввал, аз сахоба, тобеъин ва тобеъини онхо) аз чумлаи собикин ва касоне, ки баъди эшон омаданд, аз чумлаи тобеъин хамаги дорои хайр ва осори нек хастанд. Онхо дар Куръон ва хадис факеху сохибназаранд онхоро чуз ба неки ёд намекунем. Хар кас онхоро ба бади ёд мекунад, у дар рохи хато ва качрав аст.
    Ба дуст доштани салаф, ки Худованд онхоро аз барои сухбати Паёмбараш (с) баргузидааст, муътакидем ва бар эшон он саноеро, ки Худо барояшон гуфтааст, мо низ мегуем ва хамаи онхоро дуст медорем.
    Уммати исломи бар пайравии чахор имоми мазхаб ичмоъ кардаанд, хамашонро дуст медорем ва нисбати хеч як аз онхо таън намерасонем. Онхо аз чумлаи салафи солех ва кибори имомони дин буданд ва барои дини илохи хар чи аз дасташон меомад хидмат карданд. (Ризои Худо барои онхо).
    Пеш аз он ки ба ин суолхо рушани андохта шавад, хотираи хонандаро барои ёдоварии як нукта мутаваччех бояд сохт, ки дар солхои 80-90 асри гузашта дар Точикистон гурухе зухур карда буд, ки онро бо номи «ваххоби» ёд мекарданд. Агарчи он вактхо сарвари гурухи мазкур Абдуллохи Нури ваххоби будани худ ва гурухи худро рад мекард ва дар хама чо худро «ханафи» эълон мекард ва умуман хеч гуна иртиботе ба уламои ваххоби дар Саъуди хам надошт. Вале катъи назар аз инкори Абдуллохи Нури аз ваххоби будани харакаташ боз хам у ва гурухашро иттихом ба «ваххобият» мекарданд. Хатто Турачонзода дар мусохабаи ахири худ гурухи «салафи-хаворичи»-и навзухурро ба харакати исломии солхои навадум рабт дода, инхоро дунболаи онхо хондааст, ки ин даъвои Турачонзода комилан галат аст. Зеро хамин Турачонзода дар чандин маколахо ва мусохибахои худ вучуд доштани «ваххоби»-ро дар Точикистон дар солхои 80-90 инкор карда буд. Чаро Турачонзода мавкеъи собики худро инкор ва такзиб мекунад?!
    Аммо гуруххои навзухур, ки худро пайрави салафи солех мепиндоранд, аз он гурухи солхои 80-90 фарк мекунанд. Ин гурух асосан тамоюли хаворичи дорад. Ва аксари мусалмонхоро ба куфр ва ширк хукм мекунанд, оятхо ва хадисхоеро, ки дар шаъни кофирон ва мушрикон нозил шудааст, дар хакки мусалмонхо хамл мекунанд. Абдуллох ибни Умар (р) «Хаворич»-ро аз чумлаи бадтарин офаридахои Худованд мехисобид. У мегуфт: «Ин гурух (хаворич) оятхоеро, ки дар шаъни кофирон нозил шудааст болои муъминон хамл мекунанд» (Бухори, боби талаби тавба аз муртадон).
    Ин гурух нисбати донишмандон ва мучтахидони ахли суннат ва чамоат аз асри аввали хичри гирифта то имруз бисёр беодоби ва густохи мекунанд. Махсусан чахор имоми мазхаби ахли суннатро дар илм ва огохи баробари худ медонанд. Ичмоъи салаф, яъне донишмандони сесад соли аввалро, ки Паёмбари бузургвор ба бартари ва бузургиашон гувохи додааст,эътироф намекунанд. Танхо китобхоеро кабул доранд,ки мутобик бо фикри худашон бошад ва аз тарафи онхое навишта шуда бошад, ки ба онхо таклид мекунанд. Аммо китобхоеро, ки аз тарафи муфассирон ва мухаддисони бузург дар тафсир, шархи хадис, фикх, акида навишта шудаст хамаро нокис ва мухолиф ба Китоб ва Суннат медонанд. Ашъариву Мотуриди, Имом Нававиву Ибни Хачари Аскалони ва садхо аиммаи динро таъвилгаро ва дар акида гаири муваххид медонанд.
    Ин гурух хамеша бо оммаи мусулмонхо дар холати даргири ва бахсу мунозира хастанд, кори хамешаги ва асосиашон хамин аст. Хар ки тавассул ба Паёмбари азиму-ш-шаънро баъд вафоташон чоиз бидонад уро мушрик мехисобанд ва хатто касе баъд аз хач касди зиёрати Равзаи мубораки Паёмбар (с) ва салом додан бар турбати мутаххари Уро кунад онро сафари маъсият ва гунох медонанд. Ин дар холест, ки хамаи уммати Ислом зиёрати Равзаи мубораки Паёмбар (с)-ро аз чумлаи амалхои нек ва савоб медонанд. Аммо салафи-хаворич зери шиъори Китоб ва Суннат ва ислохи акида мардумро ба эътикоди зохири оятхои муташобих ва акидаи «мучассима» савк медиханд. Ин гурух даъво дорад, ки баъди сесад соли аввали хичри Ашъари ва Мотуриди акидаи мардумро олуда кардаанд. Яъне дар тули зиёда аз хазор сол мардум муваххиди хакики набуданд, балки хама дар гумрохи ва нодони гузаштанд, даъво дорад ин гурух.
    Аввалин бор дар байни точикон гуруххои салафии тамоюли хаворичи дошта миёнахои дахаи солхои 90 зухур кард. Вакте ки гуфтушунидхо миёни хукумати Точикистон ва мухолифин идома дошт, як гурух аз чехрахои саршиноси ХНИТ ба ин раванд мухолафат карда, аз рафтори рохбарашон Абдуллохи Нури интикод карданд. Аз чумла Амриддин Табаров, Махмадрасул Саломов, Рахим Каримов ва дигарон дар шахри Пешовари Покистон (дар минтакаи кампи Бабу, ки дар он чо салафихои такфири, ки бештарашон алчазори, туниси ва мисри буданд) рафта, назди онхо дарс хонданд ва тахти таъсири онхо карор гирифтанд. Абдуллохи Нури ва дигар рохбарони Нахзатро даъват карданд, ки гуфтушунид бо режими Точикистонро катъ кунанд ва бо кофирон созишу сулх накунанд ва агар ин корро бикунанд, онхо низ кофир мешаванд.
    Соли 1996 хукумати марказии Покистон мачбур шуд, алайхи гуруххои салафи-такфири, ки дар байнашон хамакидахои точик низ буд, амалиёти мусаллахона анчом бидихад. Зеро аллакай ин гурух ба амнияти Покистон хатари чидди эчод карда буд. Ин гурух таслим нашуда, бо артиши Покистон вориди чанг шуд. Дар ин амалиёт бисёрии онхо, аз чумла ду точик яке аз нохияи Хисор ва дигаре фарзанди Амриддин Табаров кушта шуданд. Худи у бо фарзандони дигараш аз он чо фирор кард. Аммо дигар хамфикрони Табаров, ки дар боло асомии онхо зикр гардид, баъд аз шикасти ин гурух аз минтака хорич шуда, зохиран фикри худро тагйир доданд.
    Аммо дар дохили Точикистон гурухи салафи-хаворич чор сол мукаддам пайдо шуд. Ин гурух дар мархалаи шаклгириаш барои худро аз руёруи бо низоми хоким дур нигох доштан услуби хуберо пайдо кардааст. Равиши феълии салафи- хаворич дастгирии низоми хоким ва эътирофи он хамчун «улу-л-амр» ва «вочибу-т- тоъат» будани он аст, ки ин равишро салафихои хаворич дар дигар кишвархо дар мархалаи шаклгириашон пеша карда буданд. Чунин равишро салафихои дигар, ки бо номи «салафихои мадхали» номида шуда, дар кишвархои араби машхуранд, доранд. Онхо барои низомхои хоким алайхи харакатхои исломи амалхои чосусиро анчом медиханд.
    Барои чалби таваччухи низоми хоким ва мутмаъин сохтани он, ки онхо барои амнияти кишвар хатарзо нестанд, шиори итоъат аз «улу-л-амр»-ро мохирона истифода мебаранд. Аз тарафи дигар, онхо дар чорабинихои сиёси алайхи ахзоби исломи баромад карда мегуянд, ки дар Ислом хизб вучуд надорад ва мардумро дар хар чо ба овоз додан алайхи хизби исломи ташвик мекунанд. Чунин кирдорхои онхо боис гаштааст, ки давлати Точикистон дар фаъолияти ин гурух мухолифи худро чустучу накунад. Доирахои амнияти низ аз чунин фаъолият хулоса бароварда ин гурухро барои амнияти кишвар хатарзо намехисбанд. Вале бояд бидонанд, ки ин як тактикаи фаъолияти мархалавии ин гурух аст.
    Дар дахаи солхои навадум дар Узбекистон нисбати «Хизб-ут-тахрир» чунин мавкеъ пеш гирифта буданд. Дар он солхо Хукумати Узбекистон барои «Хизб-ут-тахрир» майдони фаъолият мухайё кард. Зеро тасаввур доштанд, ки барои низоми хоким, танхо хизби исломи ва чумбиши чавонони Намангон хатарнок аст, ки харакатхои сиёси мебошанд. Вале «Хизб-ут-тахрир» –ро дар мукобили онхо истифода мебурданд. «Хизб-ут-тахрир» низ аз фурсат истифода бурда, зохиран аз низоми хоким пуштибони карда, алайхи харакатхои исломи таблигу фаъолият мекард, ки аз ин тарзи фаъолият низоми хоким хуш буд. Аммо баъд аз гузаштани мархалаи шаклгири «Хизб-ут-тахрир» мавкеъашро тагйир дод, ки дар минтака хама низомхо онро хизби ифротгаро эълон карданд. Бархурди низомхои хоким дар кишвархои Осиёи Маркази алайхи «Хизб-ут-тахрир» дар солхои охир нишон дод, ки ин хизб як чараёни тундгаро аст.
    Салафихои такфири дар кишвархои дигари исломи, монанди Миср, Алчазоир, Тунис, Магриб, Мавритания, Яман ва дигар чойхо тахти шиори Китоб ва Суннат хамаи мусалмонхорое, ки ба акидаи онхо мувофик нестанд, кофир ва мушрик эълон намуда, куштани онхоро пеш аз кофирони ишголгар авлотар медонанд. Хамин гуруххо дар Миср дар аввали пайдоиш бо низоми Миср хамкори намуда, алайхи харакатхои исломии сиёсии муътадил муборизаи таблиготи шуруъ крданд, ки ин амали онхоро хукуматдорон хуш ва хуб пазируфтанд. Вале баъд аз гузаштан аз мархалаи муайян онхо чехраи худро ошкор карда, барои низоми Миср «дарди сар» эчод карданд.
    Дар Покистон низ ин гуруххо барои амнияти ин кишвар чанд дахсола аст, ки хатар эчод мекунанд. Ин тоифа дар зохир худро мудофиъи Китобу Суннат ва сахобагони Паёмбари Ислом нишон дода, бо номи «Сипохи сахоба» гуруххои мусаллахи ифротиро созмон додааст, ки ба мукобили шиахо ва масчидхои онхо амалиётхои терорристи мебаранд. Хатто хангоми адои намоз куштани намозгузорон дар масчидхо ва таркондани онхоро барои худ чиход ва амали савоб медонанд. Зеро онхо хамаро чуз худашон кофиру мушрик медонанд.
    Салафихои хаворич дар Точикистон думболаи хамонхое хастанд, ки дар дигар кишвархои исломи фаъолият мебаранд. Ин гурух илова бар ин ки миёни мусалмонхо тафрика эчод карда, мардумонеро, ки бо онхо хамакида нестанд, мубтадиъу мушрик ва кофир эълон мекунанд. Инчунин барои сиёсати пешгирифтаи давлати Точикистон дар оянда мушкилот эчод мекунанд. Бисёр кишвархои Гарб ва баъзе кишвархои араби ва хамчунин баъзе хамсояхои мо аз муносибатхои хуби сиёси, иктисоди ва фархангии Точикистон бо Ирон норохат хастанд. Имруз бо кумаки Ирон дар Точикистон пружахои азими иктисоди амали мешавад, ки барои бисёрихо хушоянд нест. Бинбар ин гурухи салафхои хаворич, ки шиаро кофир эълон мекунад, бо дастгирии доирахои муайяни хоричи мехохад, ин муносабатхоро халалдор кунад. Ин дар холест, ки рохбарони Точикистон алокахои хуби иктисоди, фарханги ва сиёсиро бо Ирон дар раъси авлавияти фаъолиятхои худ карор дода, онро кишвари дуст, хамзабон ва хамфарханг эълон кардаанд.
    Аз тарафи дигар бозорхои дохилии Точикистон аз маводи хурокаи истехсоли Ирон лабрез аст. Аз чумла гушти мург ва махсулоти гушти, ки точирони точик аз Ирон ворид мекунанд ва мусулмонхо аз он истеъмол мекунанд. Аммо ин салафи-хаворичхо забхи шиъахоро харом эълон кардаанд ва дар хама чо таблиг мекунанд, ки хурдани молеро, ки шиъахо сар мебуранд харом аст. Яъне гуштхои мурге, ки аз Бразиля, Канада ва дигтар кишвархои гарби ворид карда мешавад барои мусулмонхо халол аст, вале гуштхое, ки аз Ирон ворид карда мешавад хурданаш харом аст!! Барои хар окил маълум аст, ки чунин хукм танхо аз инсони мутаассиб ва ифроти содир мешавад. Салафи-хаворичихо бо ин хукми гайри мантикиашон хамаи мусулмонхоро харомхур низ мехисобанд.
    Бояд ёдовар шуд, ки вактхои охир дар Точикстон гуруххои тамоюли шиъа дошта, низ пайдо шудааст. Ин гуруххо низ барои амнияти кишвар дар оянда метавонад хатарзо бошад. Чунки барои мо аз таърих маълум аст, ки миёни сунни ва шиъа чи кадар низоъхо ва кушторхои хунин сурат гирифтааст. Дар гузашта дар Точикистон тоифахои мазхабии бо хам мухолиф вучуд надошт (ба истиснои тоифаи исмоилихо, ки боре хам миёни онхо ва мусалмонхои сунни низоъе вокеъ нашудааст). Вале имруз ин тоифахоро аз хисоби мусалмонхои ахли суннати ханафи ба вучуд овардаанд ва дар мукобили онхо чараёни тундгарои салафи- хаворичро низ эчод кардаанд. Ходисахои хунин миёни мусалмонхои шиъа ва гуруххои салафи-хаворич дар Ирок барои хама бояд дарси ибрат бошад. Дар мархалаи феъли гурухи салафи-хаворич факат ба кофир эълон кардани шиъахо ва таблиготхои тунд алайхи онхо иктифо мекунананд, вале ки кафолат дода метавонад, ки бо чунин акида ва тафаккури ифроти дар оянда даст ба икдомхои дигар намезананд? Албатта инсоне, ки чунин тафаккур дорад рузе агар барояш камтарин шароит пайдо шавад куштани чунин кофиронро чиход ва амали савоб медонад. Хатари ин масъала хеле чидди мебошад!
    Набояд Ирон аз нуфузи сиёси ва иктисодиаш истифода карда дар Точикистон дар миёни ханафимазхабон- ахли суннат эътикодоти шиъаро пахн кунад. Зеро ин сиёсат сиёсати дустона нест ва он метавонад дар ояндаи дур барои амнияти ин кишвар хатари бузург ичод кунад. Шояд яке аз омилхои таквият ва густариши харакати салафи-хавоич дар Точикистон аз хорич хамин амр бошад.
    Тавре дар боло зикр гардид, гуруххои салафи-хаворич агар чи даъвои пайрави аз салафи солехро доранд, вале аз чарху таъни онхо хеч кас дар амон намондааст. Мазохиби чоргонаи ахли суннат, ки хамаи уммати исломи бар сахех ва рахмат будани онхо иттифок доранд ин гурух онхоро боъиси заъф ва тафрика шавии мусалмонхо хисобида, нисбати онхо суханони носазо мегуянд. Яъне ба акидаи ин гурух хама бояд аз Китобу Суннат пайрави намуда, аз пайравии мазхаб даст бикашанд.
    Барои ин муддаъиёни пайрави Китоб ва Суннат як таваччухи чиддиро, ки дар мукаддимаи тарчумаи «Мухтасари сахехи Бухори» омадааст ишора мекунем: «Истинботи ахком аз аходиси набави, усул ва кавоъид ва шартхои хоси худро дорад ва чунин кор аз ашхосе, ки ба мархалаи пухтагии илми нарасидаанд, ба хеч вачх имконпазир нест. Ба ин асос набояд хама кас он чиро ки аз зохири баъзе аходис ба зехнаш хутур мекунад, хукми шаръи карор дода ва хамон гуна ба он амал намояд.
    Ба таври мисол, агар дар хадисе, ки мегуяд: Паёмбар (с) дар хачч, дар чавоби хама касоне, ки мепурсиданд: Ман надониста чунин ва чунон кардам, мефармуданд: «бикун ва боке надорад» бархурд менамоянд, набояд ин тавр бифахмад, ки анчом додани хар амале, ки дар хачч дониста ва ё хатто надониста сурат мепазирад, раво буда ва боке надорад, балки бояд барои дарк ва фахми маъноии хакикии чунин аходис ба кутуби фукахо ва шарххои аходиси набави мурочаъа намояд». (Мухтасари тарчумаи Саехи Бухори, с.5, чопи Душанбе, 2005)
    Аксари кулли ин муддаъиён чавонони бедониш хастанд, ки заруриёти динии худро тавассути китобхои ба хуруфоти сириллик нашршуда, ки аз тарафи маблаггузорони хоричиашон ба табъ расидааст аз худ кардаанд. Ва шояд хато набошад агар гуфта шавад, ки 99-фи-с-сади ин чавонони муддаъии салафият сатхи донишашон хамин кадар бошад. Пас барои ин гурух ки ин чуръатро додааст, ки тамоми фукахо, мучтахидин, муфассирин, шорехони хадисхои набавиро чарху таън карда, онхоро хато мегиранд ва иддаъо доранд, ки онхо танхо бо Китоб ва Суннат амал мекунанд?! Бо кадом илму донишашон ба ин поя расидаанд, ки аз хидматхои хама бузургони мучтахид бениёз гашта худро дар пояи онхо баробар мехисобанд?! Танхо бехиради, бедониши, беодоби ва камтачрибаги аз як тараф ва тахрики хоричи аз трафи дигар боъиси ин амр гаштааст!!

  5. салафия бурузи бухрони навбати дар исломи муосир аст

  6. salom aleykum
    barodar Sohib yane ki shumo tarafdori salafiyon hasted ha?

  7. Дуруд ба бародарон!
    Бародар Рустамчон хеле тахкики хубе кардааст, лекин бехтар мешуд агар манобеъи маълумоташро баен месохт. Ба назари ман хамин шуре ки дар атрофи Салафия дар Точикистон ва берун аз он барангехтаанд, худ хадафи муайяне дорад. Зеро ин пайравони Салафия ва Ваххобият хануз аз замони огози истиклол буданду амал мекарданд, лекин ба гумони банда то огои Мухаммади сарчамъ набуданд. Намедонам то кадом андоза аз хорич пуштибони дидани онхо сахех аст, вале ин ки худи онхо то ин дарача бадхоху душман шуморида шаванд, нодуруст аст. Он ки бародар Рустамчон мегуяд онхо аз чихати камсаводи ба чунин фатовие, чун кофир шуморидани аксари муслимин чуръат кардаанд, комилан сахех аст. Банда он чи мегуям аз нигохи тадкике аз берун нест, балки нигохи нафаре аст ки то дируз хамаи акоиди хамин Салафияро дошт ва мутмаин буд, ки комилан хак аст. Имруз хам аз аксари акоиди Салафия чонибдор хастам.
    Аммо мутмаин бошед, замоне ин бародарони мо чун банда ва аксари хамсафонам, бо бардошти дониши бештаре аз Исломи азиз, аз аксари акоиди хатарзояшон инкор хоханд кард. Аммо банда ба онхо хасад мебарам! Медонед чаро? Ин имоне, ки онхо инак доранд, бехтарини имонхост! Онхо тайер хастанд ба хотири мавлояшон аз хар чизеву касе, хатто волидайнашон ру гардонанд! Харчанд ин андеша хатост, лекин харчи мекунанд ба хотири парвардигорашон аст. Лаззати имон хамин аст ки алъон эшон доранд. Хамин бо шиддат дуст доштани мавлояшон ва дониши камтаре, ки доранд боис шудааст дар чунин холате карор бигиранд. Лекин бовар кунед, хар нафари онхо замоне эътироф хохад кард, ки хамон акидааш, ки боиси норохатии уламои исломии кишвар ва бародарони сохибАндеша шуда буд, хато буд.
    Бо вучуди надоштани дониши хуби исломи ба банда муяссар шуд, ки якчанд нафари онхоро мутакоид созам ки баъзе аз акидахояшон нодуруст аст. Гумон мекунам дар сурати гузаронидани вохуриву бахсхо бо онхо дар манотики гуногуни кишвар аз тарафи уламои саршиноси исломии кишвар дар шумули бародарон Турачонзодахо ва Хочи Мирзову дигарон, вазъият ба нафъи муслимини Точикистони азиз ва хукумати он тагйир хохад кард

  8. сафсатахои шуморо дар ин сайт мехонаму хичил мешавам ки бародари точики ман чи кадар аз хиради замон акиб мондааст. … Ин имоне ки инак онхо доранд бехтарини имонхост.. чи сафсатаи таассубомезе.. Магар ту парвардигоратро ё пайгамбарашро дида пурсиди ва чавоб гирифти ки имонат бехтарин ассмт .. Ана хаминро чахолати дини мегуянд….

  9. Салом
    Мехоҳам дар бораи масъалаи «шимро аз бучулак боло бардоштан», ки салафиҳо ба он амал мекунанд, рўшанои андозам.
    Бояд гуфт Салафиҳо дар ин бора гирифтори хатои бузург шудаанд ва бо ин кор, худ ва дигаронро ба мазҳака кашидаанд. Ончи аз ҳадисҳо фаҳмида мешавад, ғайр аз он чизе аст ки Салафиҳо мегўянд.
    Дар ин бора нигоҳ кунед ба «Саҳеҳ Бухори» аввали «китабул-либас» (китоби либос) , ки чандинто ҳадис дар ин мавзўъ зикр шуда аст ва қариб дар ҳамаи он ҳадисҳо Пайғамбар(с) моро аз такаббуру ғуруру худбени ҳангоми пўшидани либос, барҳазар кардаанд. Чанд намуна:
    Ҳадиси рақами 1)
    عن النبی(ص) قال: «ما أسفل من الکعبین من الإزار ففی النار»
    Тарчума:
    Аз Набийи гироми(с) нақл шуда, ки: «Ҳар либосе, ки пойинтар аз бучулаки пой қарор гирад, дар оташ (-и чаҳаннам) аст».
    («Изор الإزار- » ба маънои куртаи дарози араби аст, на ба маънои эзори точики, зеро эзори точикиро дар забони араби «саровил-السراویل» гўянд. Далелаш ин ҳадис аст, ки Пайғамбар(с) фармуданд:
    «من لم یجد ازراً فلیلبس سراویل…»
    [صحیح بخاری-کتاب اللباس-باب السراویل]).

    Ҳадиси рақами 2)
    قال رسول الله(ص): «لا ینظر الله إلی من جرَّ ثوبه خُیَلاء»
    Тарчума:
    Расули Худо(с) фармуданд: «Худованд ба касе, ки либосашро аз рўи такаббуру ғуруру худбени мепўшад, нигоҳ намекунад (яъне аз рўи лутфу раҳмат нигоҳ намекунад)».
    Ҳадиси рақами 3)
    عن النبی(ص) قال: «من جرّ ثوبه خیلاء لم ینظر الله إلیه یوم القیامة» ، قال ابوبکر(رض): یا رسول الله، إنّ احد شقی إزاری یسترخی، إلا أن أتعاهد ذلک منه؟ فقال النبی(ص): «لستَ ممّن یصنعه خُیلاء»
    Тарчума:
    Аз Набии гироми(с) нақл шуда, ки: «Ҳар кас, ки либосашро аз рўи такаббуру ғуруру худбени бипўшад, Худованд дар рўзи қиёмат ба ў нигоҳ намекунад», ҳазрати Абўбакр(рз) гуфтанд: Эй Расули Худо! Яке аз қисматҳои либосам фаррох ва дароз шудааст, магар инки доимо (барои васеъ ва дароз нашуданаш) бар он назорат ва эҳтиёткори кунам. Набии гироми(с) фармуданд: «Ту аз онҳое нести, ки ин корро (яъне пўшидани либоси васеъ ва дарозро) аз рўи такаббуру худбени мекунанд».
    Ҳадиси рақами 4)
    عن ابی هریرة(رض) یقول: قال النبی(ص): «بینما رجل یمشی فی حلة تعجبه نفسه، مرجل جمته، إذ خسف الله به فهو یتجلجل (و فی روایة: فی الارض) إلی یوم القیامة»
    Тарчума:
    Набии гироми(с) фармуданд: «Ҳар гоҳ касе, ки либоси комил(пурра) бар тан кардааст, роҳ биравад ва мағрурона аз худ рози буда ва зулфони мўяшро дароз сар дода бошад, Худованд ўро ба хотири ин такаббуру худбениаш хору залил мекунад ва ў дар ҳоли чунбону ларзон, то рўзи қиёмат ба замин фурў меравад».
    (нг.кунед: «Саҳеҳ Бухори» аввали «китабул-либас» (китоби либос)).

    Ҳамон тавре, ки мебинед, дар ин ҳадисҳо Пайғамбар(с) моро аз такаббуру ғуруру худбени ҳангоми пўшидани либос, барҳазар кардаанд. Танҳо дар ҳадиси рақами як, яъне:
    «ما أسفل من الکعبین من الإزار ففی النار»
    дар бораи такаббуру ғуруру худбени ҳеч чиз гуфта нашудааст, яъне ин ҳадис ба истилоҳ «МУТЛАҚ» аст, ки ба василаи се ҳадиси баъди, «МУҚАЙЯД» мешавад. Яъне бо ҳадисҳои рақами 2 ва 3 ва 4 фаҳмида мешавад, ки сабаби дар оташ будани либосе, ки пойинтар аз бучулаки пой қарор дорад, сабабаш такаббуру ғуруру худбении соҳиби он либос аст. Аммо агар касе на ба сабаби такаббуру худбени, балки ба сабаби дигаре, либосаш пойинтар аз бучулаки пой қарор гирад, гуноҳе барои ў навишта намешавад (нигоҳ кунед ба ҳадиси рақами 3). Масалан «расму одоби либоспўши»-и мардуми Точикистон ва ҳамчунин бисёре аз миллатҳои дигар ин тавр аст, ки брюкҳояшонро ба андозае дароз мепўшанд, ки қариб ба замин мерасад ва ин гуна брюкпўширо нишонаи такаббуру ғуруру худбени намедонанд, балки як чизи одди ва як навъ одоби либоспўши медонанд. Ва чунки дар замони Пайғамбар(с) либосу куртаи арабиро дарозтар аз бучулаки пой пўшидан як чизи одди набуд, балки нишонаи такаббуру ғуруру худбени ба ҳисоб меомад, бинобар ин Пайғамбар(с) ҳамаро аз ин кор манъ карданд.
    Дар ҳадисҳои рақами 2 ва 3 ин иборат омадааст:
    من جرّ ثوبه
    яъне: ҳар кас либосашро кашонида ва ё кашолонда бипўшад, зеро «جرّ-чарра» ба маънои кашола кардан ва кашонидан аст. Пас маълум мешавад, ки дар замони Пайғамбар(с) баъзеҳо, курта ва либосашонро он қадар дароз карда мепўшиданд, ки аз бучулаки пой ҳам мегузашт ва бар рўи замин кашол буд ва заминро чоруб мекард. Ва ин гуна либоспўширо барои худ як навъ фахру бартари ва бузурги медонистанд. Пайғамбари гироми(с) ин гуна либоспўширо манъ карданд, зеро сабаби такаббуру ғуруру худбени мешуд.
    Як чизи дигар ҳам ҳаст ва бояд ба он таваччўҳ шавад! Аз ҳадиси рақами 4 фаҳмида мешавад, ки агар инсон ҳар навъ либосро ҳар хел пўшад ва қасди такаббуру ғуруру худбени дошта бошад, гунаҳкор ба ҳисоб меояд. Аммо агар такаббуру худбени надошта бошад, гунаҳкор намешавад.
    Ҳоло хитоб ба САЛАФИҲО бояд гуфт:
    Эй бародарон! Кўшиш кунед ҳадисро дуруст бифаҳмед ва ба ду илми «фиқҳул-ҳадис» ва «усули фиқҳ»таваччўҳ кунед! Аз бучулаки пой поинтар пўшидани брюку эзор, як чизи одди ва прастой аст ва ҳеч марду чавони точик ба сабаби ин гуна либоспўши, қасди такаббуру ғуруру худбени надорад (балки агар эҳтимол диҳем, ки қасди такаббуру худбени дорад, ин қасд, ба хотири худи либоспўши аст на ба хотири аз бучулаки пой поинтар будани брюку эзори ў). Ва ҳамчунин ҳеч кас брюку эзорашро он қадар дароз карда намепўшад, ки дар замин кашол бошад ва заминро «рўфта ва лесида» гардад. Яъне «ман чарра савбаҳу» нест.
    Бо ин ҳол, чи гуна Шумо эй САЛАФИҲО, чавонону мардони точикро ба кўтоҳ карда пўшидани брюку эзорашон фатво медиҳед?! Мумкин аст ҳар кас бо пўшидани ҳар навъ либосе гирифтори такаббуру ғуруру худбени шавад, оё бояд ҳамаро ба ин сабаб, аз либоспўши манъ кард?!
    Не, роҳаш ин нест, балки роҳаш ин аст, ки ба мардум ва чавонон биомўзем, ки чигуна худро аз гирифтор шудан ба такаббуру ғуруру худбени ҳифз кунанд ва дар ҳамаи ҳолатҳо, хоксору мутавозеъ бошанд.

  10. yak savol

    oyo kibru gurur va takaburro boyad fakat dar namoz dur kunem az xudamon yo inki dar hama zamon???

    hz Abubakr afzaltarin inson badi paygambaron bolo namekard dar hadiso meguzarad metavoned bined.

    ajoib xalki befahmu tangfirk vujud dorad dar olam
    man ba Alloh panoh mebaram az johili va jaholat
    va salomu alaykum…..

  11. Ассалому Алайкум ! хамун брюки аз бучулак поен бафикри шумо тозаги аст ?

  12. Бародар Абдуррахим агар аз бучулак поён бошаду бар замин нарасад ва тозаву озода бошад дар Ислом боке нест!
    Далелхояшро овардан шарт нест зеро дар боло хамааш зикр шудаанд

  13. asalomu alaikum barodaroni aziz on kasoneki tuhmat az haqi barodaroni mo zadaand va tuhmat zaga an bagaibat magar az alloh nametarsed ruzeki az in sukhanho pursida meshavi . va duvumash in ast ki shia dushmani khudou rasul ast va kaseki sahobai r asulro dashnom medihad oyo barodaroi mo ast?

  14. charo shumo barodaron shiaeki dushmani allohu rasul ast barodar medoned va kasoneki barodaroni moh astand barodar naednekioned . da eroneki banom islomi astu dushmani islom ast .

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: