Рўзи душанбе, дар шаҳри Абарканд…

Навиштаи ҳамандеш АРИЁРОМ

Пажӯҳиш дар таърихномаҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад, ки шаҳраки Ваҳдат дар садаҳои миёна Андиён (Ҳаким Фирдавсӣ онро дар «Шоҳнома» овардааст), то соли 1936 Янгибозор ва то соли 1991 Орҷоникидзеобод ном доштааст. Шаҳр ва ноҳияи Орҷоникидзеобод 25 декабри 1991 бо Қарори №476 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Кофарниҳон номида шуд, аммо дар марти 2003 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи шаҳру ноҳияро Ваҳдат гардонд.

Ин гуна номгузорӣ хилофи суннати номгузории тоҷикист, зеро мафҳумҳои муҷарраде чун дӯстӣ, бародарӣ, иттифоқ, ваҳдат ва ғайра бе пасванди маконсоз наметавонанд номи ҷое бошанд. Аз ин ру агар номгардонон вожаи гурҷӣ-тоҷикии Орҷоникидзеободро намуна мегирифтанд ва шаҳрро Ваҳдатобод меномиданд, номҷои тоҷикие сохта буданд ки ҳам хушоҳангтар асту ҳам маъное дорад. Ҳамчунин метавонистанд ки дар пайрави аз раванди эҳёи номҳои бостонӣ ва бо дар назар гирифтани шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ин шаҳрро Андиён номанд.

Вожаи “Андиён” шояд бозмондаи вожаи ҳиндуэронии “hind-” ба маънои “рӯд” бошад. Аммо беҳтарин ва муносибтарин ном барои ин макон Кофурниҳон аст зеро баргирифта аз номи рӯдест ки дар таркиби обаш кофур (моддаи хушбӯи сафедранг) дорад ва шаҳри Ваҳдат дар канори он ҷойгир аст.

Бисёре аз ободиҳову сарзаминҳо номи худро аз номи рӯде гирифтаанд ки дар канори он ҷойгир шудаанд. Чунончи, Ҳиндустон номашро аз номи рӯди Ҳинд гирифта ки бозмондаи ҳамон вожаи “hind-” аст ва эрониёни бостони ин рӯдро Ҳинд ва ҳиндиёни бостони Синд меномиданд.
Яке дигар аз номҷойҳои таърихй, ки маҷлисиён аз нақшаи Тоҷикистон зудудаанд, Дарбанд аст. Ин ободй басе пештар аз Кофурниҳон падид омада ва нақши муҳимеро дар таърихи мардуми тоҷик доштааст. Дарбанд дар садаҳои миёна диже будааст ки ҳамроҳ бо дижу девори шаҳри Рашт роҳи Тоҷикзаминро бар руи туркон мебастааст ва номаш низ гувоҳи ин аст: “Луғатномаи Деҳхудо” дарбандро “қалъа ва ҳисор”, “фосилаи миёни ду вилоят”, “марз” ва “садд” гуфтааст.

Дарбанд дар гузашта қалъа ва ҳисоре будааст ки садди роҳи турктози кирғизҳо буда ва фосилаи миёни ду вилоят – Рашт ва Дарвоз – аст. Аммо маҷлисиёни тоҷик ин пешина ва маъноҳоро нодида гирифта, Нурободаш номиданд ки ҳеҷ рабте ба шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ин шаҳрак надорад.

Дигар намунаи нодонии маҷлисиёни тоҷик номи кунунии шаҳраки Нов аст, ки 21 ноябри 2003 бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Спитамен номида шуд. Шояд маҷлисиён мехостанд, ки бад-ин номгузорй ёди сипаҳсолори суғдиро зинда кунанд ки барои озодӣ ва ободии меҳанамон дар ҷанг бо мақдуниҳо ҷонсупорй карда буд. Аммо гумон накунам, равони он шаҳиди меҳандӯст аз ин номгузории бозмондагонаш хушнуд шуда бошад. Зеро маҷлисиён Новро ба забони юнонӣ Спитамен номиданд ки навишти юнонии номи суғдии Спитамана аст ва дар забони тоҷикӣ Спитамон мешавад. Як ҳарф ҳама заҳмати номгардониро беҳуда гардондааст.

Дере нагузашт ки 30 сентябри 2004 Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости Маҷлиси вакилони ВМКБ деҳистони Барӯшони Рӯшонро «Назаршо Додхудоев» номид. Мусаллам аст ки ному ёди устод Назаршо Додхудоев шоистаи ёдбуду посдошт аст, аммо маълум нест, ки чаро маҷлисиёни Бадахшон номи таърихии Барӯшонро хуш надоштаанд? Бар-Рӯшон – гунаи дурусти ин номҷо – шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёии ин деҳаро ошкор мекунад, ки вокеъан як канораи Рӯшон аст.

Ду деҳаи Бар-Рӯшон ва Дер-Рӯшон (гунаи дурусташ «Зер-Рӯшон» ба маънои Рӯшони Поён аст) номҷойҳое ҳастанд ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд. Аммо Барӯшонро «Назаршо Додхудоев» номидан хилофи ақли салим ва қоидаҳои номсозии таърихӣ аст, зеро дар фарҳанги номгузории тоҷикӣ “исмҳои хос бе пасванди номҷойсоз наметавонанд маконноме бошанд”. Гузашта аз ин ки ин гуна номгардонӣ номҷойҳои бостониро мезудояд, ки гувоҳи гӯёи таърихи ҳазорсолаи маҳалланд.

Ҳамакнун номгузорӣ ва номгардонӣ барои Тоҷикистон чандон масъалаи муҳим шояд набошад. Аммо агар зарурате пеш ояд қабл аз ҳама бояд аз номи расмии Бадахшон – ВМКБ – вожаи “Кӯҳистон” бурида шавад. Хандаовар аст ки дар кишваре ки 93 дарсадаш кӯҳсор аст як вилояташ ба кӯҳистон номбардор бошад. Дигар ин ки ин вилоятро русҳо Бадахшон номида буданд ва ҳадафашон кандани Бадахшони Афғонистон ва пайвастани он ба Шӯравистон буд. Мардуми бумии ин вилоят имрӯз онро Помир мехонанд ва беҳтар аст ки ВМКБ расман Помир номида шавад.

Ҳамчунин қаторкӯҳи Пётри Кабир бояд Вахиё, пиряхи Федченко – Лозур (мардуми маҳаллӣ пиряхро лозур мегӯянд), ҶиргатолКумед (номи бостонии ин ноҳия), ҚарокӯлТиракӯл (”тира” дар тоҷикӣ бо “тер” дар шуғнӣ ва “тор” дар рӯшонӣ ба маънои “сиёҳ” аст), ОқсуСапедоб, ҚизилсуСурхоб, ҚурғонтеппаХуталканд ва КолхозободҲалевард, ЯхсуЯхсой номида шавад.

Агар рӯзе зарурате пеш ояд, ки номи Душанберо баргардонем, зеро номи рўзи ҳафта дар паҳлуи номи пойтахт ҳамеша ихлол ба миён меорад, пешниҳод мекунам, ки Абарканд ном гирад. Ин ном аз ду бахш сохта шудааст: “абар” ва “канд” ки реша дар вожаҳои авестоии «upairi» ва «kantha» доранд. “Абар” ба маънои “бартар”, “болотар”, “беҳтар” ва “баргузида” аст. “Канд” маънои “ободӣ” ва “шаҳр”-ро дорад ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошт. Барои намуна номҳои бостонии Мароканд, Пайканд, Панҷаканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯкандро овардан басанда аст.

Чунон ки медонед, номи кунунии пойтахти кишварамон ёдовари он бозорест, ки рӯзҳои душанбе дар ҷои шаҳри имрӯза баргузор мешудааст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт ва бо амри тақдир пойтахти Тоҷикистон гашт. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд ки дар замини кунунии Душанбе чанд шаҳраке ҷой дошт, ки бино бар додаҳои бостоншиносӣ беш аз 2300 сол пеш вуҷуд доштаанд.

Душанбе дар 84 соле ки ҷонишини Самарқанду Бухоро ҳаст, маркази маънавӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвари тоҷикон гашта ва сазовори доштани номи фарраҳманду бошукӯҳу ифтихорбарангез шудааст.

“Абарканд” номест наву суфтаву хушнаво, дорои намунаи таърихӣ ва ба маънои “пойтахт” ва “шаҳри бартару баргузида”, “ҷойгоҳи ҳукумату давлат”, “маркази кишвар” ва “дили Меҳан”.

16 Responses

  1. Ориёроми гиромй,. Даст марезод аз ин навиштаи вазин ва кандукови пурбор. Умедворам ин навиштаат дар нашрияхои дохилй хам чоп шавад. Аз пешниходи тозаат хам хушам омад. «Абарканд» ба ростй зебову шевост.

    Аммо дар мавриди Кофарнихон достонхои дигаре шунида будам, ки назари ту хамаро зери суол бурд. Бо андаке тафаххус, агар ниёзе буд, сари ин мавзуъ бармегардам.

    Поянда бошй.

  2. Дар тақвияти навиштаи Ариёром:

    Дар Орчоникидзеободи замони мо ва Ваҳдати имрўза рустое ҳаст бо номи Андигон, ки шояд аз Андиён омада бошад.

  3. Ариёроми гироми,
    Дар чое шунида будам, ки номи пештараи мавзеъе, ки дар он Душанбе воқеъ аст Аҳорун буда, оё чунин буда метавонад?

  4. Андигону Андиён, ки хар ду беиртибот бо Андичон нестанд, вокеъан дар торих хам омада. Аммо дар мавриди Кофарнихон замоне назареро шунида будам, ки ин ном кидмати бештар дорад ва баргирифта аз «кофар» аст, на «кофур». Ба монанди Кофаристони Афгонистон, ки пас аз ру овардани мардуми он ба ислом Нуристон ном гирифт.

  5. Дар робита ба номивазкуни аз турки ба точики розиам, бародарони узбакамон дар тамоми каламравашон ин корро аллакай ба рох мондаанд. Дар Бухорову Самарканд аз сиёоб ба карасу, сурхоб ба кизил су, кукчаву мисли хамон.
    Мутассифона узбако аз мо кариб як аср пеш бедор шудаанд ва шояд аз онхам каблан, Чочи сугдиро ба Тошканд табдилдоданашон аз ин гувохи медихад, дар айни замон хукумати бародаркишварамон тарчумаи номхои бумии точикиро ба узбаки аз авлавиятхои худ медонад.
    Гунохи худи мо хам дар ин хаст чунки аз аввал точикон чурат накарда буданд русхоро ислох кунанд ва ичозат дода буданд Хушёри ба Гушары, Масчох ба Матча, деха Бурчи Муллои вилояти Тошканд ба Бричмулла Хисор ба Гиссар, Норак ба Нурек табдил гарданд. Ин руйхатро мешавад идома дод аммо гап сари он аст ки дар Точикистон охир комиссияхои махсуси номгузории шахру кучахо таъсис шуда буд ку, агар хато накунам? Кадом каллаварамхо дар он чи фаъолияте мекарда бошанд?
    Суоли дигар ба Точвар ё хамсухбатонамон ки вориди мавзуъанд, мавзуе ки ба ин бахс рабте надорад. Дар баъзе сарчашмахои шабакаи инет хабаре пахн гаштааст ки Рустам-бачаи президент тагоиша яъне Хасанчара парондааст, гуе барои кашокаши сохибии Ориёнбонк, бачахо аз Душанбе ба ман занг хада гуфтаанд ки гуе хатто Хасан захми неву балки мурдааст? Ин овозахо то чи андоза рост бошанд? Касе медонад?

  6. Хабари Рустаму дойи Хасанро як хабаргузории интернетии узбакй пахш кардааст. Ду-се тан аз дустони огох дар Душанбе онро таъйид накарданд. Узбакхо ба шиддат дар холи чанги таблиготй алайхи Точикистонанд. Касе бо номи Темур Мукумов, ки муддаъии коршиносй дар Бонки Чахонист (рухи бонк хам аз у хабар надорад), дар ин росто бисёр кушиш ба харч медихад.

  7. Бародарони арҷмандам Dariush, tojvar, student, Bebok.
    Аз пуштибониятон беҳадду канор хушнуд ва сипосгузор ҳастам.
    Дар бораи номҷойҳои Андигон ва Аҳорун ва Шумон ҳам навишторе дорам ки Худо хоҳад фардо пешкашатон мекунам.

    Дар мавзуъи «Имзое барои Халиҷи Форс» матолиби бештаре дар бораи Хуталканд ва Ҳаловард навиштаам. Умедворам ки хушатон ояд.

    Бо салом ва дуруд, Ариёром.

  8. Сипосгузорам аз лутфат, Ариёрами азиз.

    Дарего, ки «Андеша» дастмузде дода наметавонад, вагарна, захмати туро ба баландтарин хад кадрдонй мекарем.

    Аммо чои ин мехру мухаббати хамандешонро медихад, ки шояд гаронтар аз хама дастмуздхост.

    Сарбаланд бошем.

  9. Ориёроми гиромй,

    Як нуктаи дигар, ки аз калам уфтода буд:

    Комилан дуруст аст, ки номгузории чадиди мачлисиён дар Нов тавхине ба равони шахиди мост ва талаффузи номи у дар порсй Спитамен нест.

    Баргардони он ба порсии навин, бо таваччух ба коъидахои он, Спитаман аст, ба монанди Бахман ё Вухуман ва Ахриман ва душман ва дигар. Бахши поёнии хамаи ин номхо «ман» ё «маниш» аст, баргирифта аз «майнйу»-и авестойи, ки бо «Meinung»-и олмонй ва «mind»-и инглисй ва «мнение»-и русй аз як реша аст.

    Спитаман, яъне сипандманиш ё сепидманиш, ба маънои дорои маниши мукаддас ва баромада аз «Спентамайнйу»-и авестойи, ки яке аз ду гавхари зоти башарист, дар баробари «Ангра-майнйу» (маниши бад, ки бо «angry» – «хашмгин» ва «mind» – «маниш»-и инглисй аз як табор аст) ё Ахриман.

    Вожаи «спин» дар забони пашту хамчунон ба маънои сапеду пок аст.

  10. Ориёроми гиромӣ, хеле аз шумо сипосгузорам, ки ба масъалаи Хуталканд ва Ҳаловард ҳам расидагӣ намудед. Бо бисёрӣ гуфтаҳоятон мувофиқ ҳастам. Бояд ин масъала наздиктар дида омӯхта шавад.

  11. Бо як макомдори точик сухбате доштам у низ хабари Хасану Рустамро игвои хамсоякишвар хонда гуфт ки 2 руз пеш бо Хасан телефони гап зада буд.

  12. Ариероми гироми,
    Рахмат бар падаратон, ин захматхои Шумо як руз не як руз хатман кадрдони хохад шуд.
    Коре ки Шумо, Точвари гироми ва дигарон дар ин рох анчом медихед барои боз кардани мафкураи чавонони мо кумаки хубе аст.
    Муваффак бошед!

  13. Хамандеши арчмандам tojvar

    Лутфи Шумо ва мехру мухаббати хамандешон гаронтарин дастмуздест ки камина орзумандаш хаст.

    Dariusи хушманд, сипосгузорат хастам ки маро ислох намуди. Вокеан хам он нуктаи ёдкардаи Шумо аз калам уфтода буд: ман иштибохан «Спитамон» навиштам гарчи аслан «Спитаман» аст.

    student, худованд рахмат кунад гузаштагонатро. Ман хар чи аз дастам ояд хохам навишт агар шуморо ба кор ояд.

  14. Посух ба пурсиши student:

    Сарзамине ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он воқеъ аст, дар садаҳои миёна Шумон (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст. Дар “Ҳудуд-ул-олам” омада: “Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр”. [“Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб” (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Китобхонаи Таҳурӣ. “Ширкати офсети Гулшан”. Теҳрон. 1983. – саҳ. 110]. Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд) воқеъ буд ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар “Аҳсан ал-тақосим” гӯяд: “Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст”. Шарафуддин Алии Яздӣ дар васфи ҷангҳои Темури Ланг борҳо аз ин қалъа ба номи Ҳисори Шодмон (حصار شادمان) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар Ҳисор (حصار) ё Ҳисорак (حصارک) навишта ва имрӯз ҳам Ҳисор маъруф аст. [ЛеСтренж Ги. Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ. Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. Теҳрон. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468]. Шоёни ёдоварист ки вожаи “ҳисор” арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” аст. Қалъае ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст ки дар садаҳои XV – XVII м. “ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос – Ҳисор – гашт. Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
    Аз номҷои Душанбе барои нахустин бор дар асари донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ “Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр” (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр Душанбе-қурғон номида шудааст. “Қурғон” вожаи туркӣ ва маънояш “қалъа” ва “ҳисор” аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Аз ин рӯ ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд ва деҳкада низ Душанбе ном гирифт.

  15. Тоҷикони Саудӣ!
    Бародарон, аввали ноябр ҷавонони Тоҷикистон дар Саудӣ бозӣ доранд. ФутболТҶ хоҳишмандон барои он-лайни он бозиҳоро меҷӯяд, агар имкони ёрӣ дошта бошед, лутфан дар тамос бишавед. Қаблан, ташаккур

  16. Дар бораи вожаи «тоҷик»

    Яке вожаи тоҷикро баромада аз «тоҷ» медонад ва дигаре аз «тозӣ». Дигарон мегўянд ки арабҳо эрониёнро «аҷам» ва туркон эрониёнро «тоҷик» меномидаанд.
    Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд ки на мо худ хештанро «тоҷик» хондаем балки дигарон моро «тоҷик» номидаанд, яъне вожаи «тоҷик» аллоэтноним будааст на автоэтноним.
    Фарҳангҳои форсӣ низ ваҷҳи тасмия ва маънои «тоҷик»-ро ошкор намекунанд. Нигоҳ кунед ба вожаи «тоҷик» дар «Луғатномаи Деҳхудо» ки барчида аз мўътабартарин фарҳангҳои форсист: http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-77c91f7ba2f14a7aa193bb73f8a5f253-fa.html
    Ҳануз ҳам ошкор нашуда ки вожаи «тоҷик» кай падид омада ва аз кадом замон номи мардуми ариёнажод шудааст. Вожаи «тоҷик» на дар «Авесто» омадааст ва на дар катибаҳои ҳахоманишӣ ва адабиёти паҳлавии ашконӣ ва порсии сосонӣ вожае ёфт шудааст ки решаи он бошад. Донишмандони овошинос ва вожасозӣ ин вожаро баромада аз порсии миёна медонанд.
    Ман бар ин боварам ки вожаи «тоҷик» баргирифта аз «тож» аст ки дар «Луғатномаи Деҳхудо» http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-5247a484d1df4f6b97fad72a05d2cc36-fa.html ба маънои «хайма» ва «чодар» омадааст ва ин байти Баҳромӣ низ гувоҳ оварда шудааст:
    Хусрави ғозӣ оҳанги Бухоро дорад,
    Зада аз Ғазнин то Ҷайҳун тожу хиргоҳ.
    Куҳантарин номе ки ниёкони мо бар худ гузоштаанд «ариё» будааст. Се ҳазор сол пеш аз ин ариёҳо ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Гурўҳе домдориро пеша кард ва даштнаварду чодарнишин шуд ва гурўҳе кишоварзиро пеша карду деҳнишин шуд. Даштнавардон худро «сако» хонданд ва деҳнишинон онҳоро «тур» номиданд. Сакоҳо ё турҳо ҳамвора бар дигар ариёҳо – суғдиҳову балхиҳову марвиҳову ҳиротиҳову дигарон ки сарзаминашон Эронвеҷ ном дошт – метохтаанд. Ёди ҳамин тохту тозҳост ки устураву ҳамоса гашта ва дар таърихи мардуми ариёнажод ҳамчун ҷангҳои Эрону Турон ҷовидон мондааст. Чунончӣ, нафрине ки Зардушт сакоҳоро дар «Гоҳон» карда аз гаҳи бостон – «Авесто» (3300 сол пеш аз ин) ва «Худойнома» (1500 сол пеш аз ин) то «Шоҳнома» (1000 сол пеш аз ин) ва кунун замона расида аст.
    Аз ҳамон замон «тур» ва «туронӣ» бад номе шуда ва «анариё» ё «бегона» гаштаанд, гарчанд турҳо ё турон буданд ки саранҷом Эронвеҷро аз юнониҳо озод карданд ва подшоҳии Ашкониёнро бунёд гузоштанд.
    Ҳамин сакоҳо ё турониён буданд ки Суғду Балхро аз юнониҳо озод ва подшоҳии Кушониёнро бунёд карданд. Ёди ин сакоҳо дар номҳои Шуғнон (Сакнон) ва Шакошим (Сакошим) зинда мондааст.
    Гумон меравад ки бо он ҳама паҳлавониву озодсозӣ, эрониён (суғдиҳову хоразмиҳову балхиҳову сипас порсҳо) ин турониёнро дўст намедоштанд ва аз замони Афросиёб то тохту този аъроб ҳамчунон «тожик»-ашон мехонданд, яъне «чодарнишин» ва «даштнавард».
    Ҳамин «тожик» ба маънои «туронӣ» рафта-рафта «тоҷик» гашт ва номи ҳама ариёнажодон дар миёнрўдони Омударё ва Сирдарё шуд. Ин сарзаминро аз гаҳи бостон то садаҳои миёна Турон мехонданд. Масалан, дар соли 1415 милодӣ чун бинои қалъаи доруссалтанаи Ҳиротро гузоштанд, бар катибаи кошии он қасидае навиштанд дар мадҳи Шоҳрухмирзои Темурӣ ки ин се байт аз он аст:
    Аё подшоҳе ки бар рўи дафтар
    Каломе наёмад зи мадҳи ту хуштар
    Шаҳаншаҳ Улуғбеку Султон Бироҳим
    Ки ҳастанд шоистаи тахту афсар
    Якеро нишондаст бар тахти Турон
    Дигар карда аз баҳраш Эрон мусаххар.

    Медонед ки Улуғбек дар Самарканд менишаст ва Иброҳим дар Ҳирот. Чунон ки мебинед қасидасаро Самаркандро пойтахти Турон хондаву Ҳиротро пойтахти Эрон гуфтааст.
    Аз инҷо метавон гуфт ки номи дурусту таърихии кишвар ва миллати мо «Турон» ва «туронӣ» будааст.

    Бо сипоси фаровон Умед Ҷайҳонӣ

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: