Имзое барои Халичи Форс

Пас аз ду намоиши ахири Channel One TV ва сўҳбатҳои пуршўри устод Шаҳроми Ҳумоюн ва махсусан бо шунидани таронаи хонуми Гугуш ва Меҳрдоди Осмонй, ба зери номаи рўшанфикрон дар дифоъ аз номи “Халичи Форс” даст мондам.

Пештар ҳам аз ин баҳс чизҳое шунида будам, аммо намедонистам, чй андоза он тезутунд аст. Ба Дубай овардани нақшае, ки дар он на Халичи Арабй, балки Халичи Форс навишта шудааст, мамнўъ ва чурм аст. Полис чунин нақшаро дафъатан мусодира мекунад. Бо афзоиши равобити тичоратии Эрон ва Дубай, ба вижа сармоягузории ҳангуфти эрониён, аз чумла мақомоти бонуфузи он дар ин кишвар, фишори панарабистҳо барои табдили номи халич низ бештару бештар мешавад.

Дар соли 1975 дар айни авчи чунбиши панарабй Эрон мачбур шуда буд, ки номи Халичи Форсро аз тариқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ба расмият дароварад. Аммо аз он ба баъд, ҳар дафъа ки Эрон ба рўзгори душвор рўбарў мегардад, арабҳо аз нав масъаларо доғ мекунанд. Аз ҳама ачибаш ҳафтаи гузашта мақомоти давлати Эрон гурўҳи чавононро, ки дар баробари сафорати Дубай дар Теҳрон бо ҳимоят аз номи Халичи Форс тазоҳур карданд, мавриди латукўб қарор доданд ва дафъатан пас аз рондани мўътаризон дар чои истоди онҳо занони эрониро ба намозгузорй ба самти сафорат мачбур карданд.

Аммо дирўз дар Табрез раҳпаймоии бузурге ба вуқўъ пайвастааст ва аҳли Озарбойчони Эрон барои дифоъ аз номи Халичи Форс ба пой хестаанд. Онҳо ин масъаларо як озмоиши ҳувияти эронй номидаанд. Масъала ҳамчунин арзишҳои мақомоти чумҳурии исломиро ба намоиш гузоштааст, ки омодааст, барои Баландиҳои Чулони Сурия ба пой бархезад, вале на барои ҳифзи номи Халичи Форс.

Имзои ман шояд нақше дар ин нома нахоҳад дошт ва бе он ҳам эрониён хоҳанд тавонист, аз Халичи Форс дифоъ кард. Мо, ки кайҳо Бухорову Самарқандро додаем, чанде пеш ба Чин додем ва зарур ояд боз ҳам медиҳем ва бо осоиши хотир мегўем, точикони Узбакистон дигар бо мо ва аз мо нахоҳанд буд. Аммо мехостам, бубинам, арабзадагони точик оё тарафдори Халичи Форсанд ё Халичи Арабия? Ин суъолро аз онҳо бикунед ва хоҳед донист, ки ҳадиси ҳубби ватанро то кучо фаҳмидаанд.

Ва дар поён: Зинда боду човидон Халичи Форс!

33 Responses

  1. Точвари гиромй,

    Бисёр мавзуъи бачоро матрах кардаед, ки ин рузхо дар торонаи эронй мечархад. Ман хам он номаро дар ду маврид бо ду номе, ки дорам, имзо кардаам ва умедворам азизони махфили Андеша хам ин корро хоханд кард.

    Бурузи ин масъала танхо дар холатхое сурат мегирад, ки Эрон дар тангно карор бигирад ва нахохад ба Гарб боч бидихад. Шайхнишинхои араб ба каймумати Арабистони Саъудй, ки хамагй аз бардагони зархариди Омрикоанд, бедиранг мехоханд аз ин вазъият суди лозимро ба даст оваранд. Хушбахтона, то кунун хушёрии эронихо монеъ аз дастёбии эронситезхо ба хостахояшон шудааст. Ва агар эронихои Осиёи Миёна (точикхо) дар ин масоф хамрохй кунанд, мутмаинан кори арабхо сохта аст. Номи он оброх аз дербоз, аз огози торихи мактуб то кунун, Халичи Форс будааст. На танхо ба забони порсй, балки ба хар забони дигар. Истилохи мандаровардии “Халич-ал-ъАрабия” хосили пон-арабисми давраи Чамол Абдунносири мисрист ва аз он чанд дахсола беш кидмате нест.

    Умедворам хамаи азизон зери он тумор имзои худро бигзоранд ва барои Google Earth собит кунанд, ки хакикати торихй инкорнопазир аст.

    Бори дигар аз дарчи ин мавзуъ сипосгузорам.

  2. Durud Tojvari arjmand,

    Bisyor sipos bar shumo, ki dar tornomai khud in dushvoriro bar ovarded to javononi Tojiki (Porsoni Osiyoni Miyona) ogahi doshta boshandu az huviyati khud himoya bikunand.

    Bar andeshayam, Dariush durust ovard ki in pan-arabisme ki pas az jangi 1-um va 2-um nufuzi khele nazarras girift, imruz khohoni reshakan namudani nishoni torikhii mo, Khaliji Pors, ast. Man bar on bovaram, ki hamai Tojikon az in payom ogahi doshta boshand va nishoni kheshtanro bigzorand, ki to in rohi peshgiriftai pan-arabhoro ki mekhohand torikhu huviyati hazorsolahoi moro az miyon bubarand, pesh girand. Umed doram, az khonandagoni tornomai shumo, farjomi khube bar khohad omad.

    Chande mohe pesh, dar yake az tornomaho ki dar borai Navruzi Ajam bakhshida shuda bud (afsus nomi tornoma ba yodam nayomad), chande Tojikoni javoni Islomdust afzudan doshtand ki “Navruz in jashni mo, Tojikon, nest. Navruz idi bekhudoihovu kuchmanchiyon.” Dar on zamone, ki in javonon chunin gaphoro meguftand, bar nazaram donista bud ki in javononi chashmpushidai Islomdust, az hissi khudshinosivu mihanparasti khele dur hastand. Az torikhi khud donishe nadorand. Didani on baroyam khele anduhgin bud. Garchande kushidam baroyash bifahmonam, ki in jashni bostoni mo, Tojikoni Ajam, Navruzi Ajam, ast, vale anjomi suhbat sude nadosht.

    Kutohi vija, bisyor sipos baroi guzoshtani nishoni khud dar zeri rostandeshonu khudshinoson.

    PS: Ba yodam omad kadom tornoma bud. Radio Ozodi, http://www.ozodi.org – dar borai Navruz navishta va zer khonandagon gap zada.

    Tandurustu piruz bimoned,

    Pors.

  3. 648242-ЮМ ИМЗОРО ГУЗОШТАМ!
    GOOD LUCK!

  4. Сипос аз Фаридун. Шумори имзокунандахо сония ба сония афзоиш меёбад. Акнун он ба 648254 расидааст.

  5. Кабл аз он блогхои точикиро боз бикунам, имейламро чек кардам ва зери ин нома, ки линкашро дусте фиристода, имзо гузоштам.

    Баъдан, ба каме корхои идори машгул шудам ва хамин холо, ки Андешаро боз кардам, як харф хеле хам афсурдаям сохт. “Арабзада”!

    Хеле хам боиси афсурдахолист, вакте хаммиллатонамонро ба хотири он ки аз динамон (-ашон) дифоъ мекнуанд, ба арабзадаги муттахам мекунем. Хеч бахонаеро ба монанди он ки онхо на аз Ислом, бал аз фарханги араби дифоъ мекунанд, кабул надорам!

    Чаро намешавад бовар кард, ки ТОЧИК метавонад ТОЧИК ва ФОРСИДУСТ боки бимонад, дар холе, ки ИСЛОМ низ барояш хамон гуна азиз хохад буд!????

    Чаро талош мешавад, ки мафхумоте ба монанди ИСЛОМ ва ФОРС, ДИН ва МИЛЛАТ мукобили хам гузошта шаванд???

    Посух намехохам ба ин суолхо, бахс хам накунед азизон, аз ин гуна бахсхо хеле хаста шудаам. Танхо хаминро мегуям, ки ман мутмаинам, ки хамон арабзадахо хам на камтар аз ману хар хамАндеши дигар миллат, фарханг, забон ва хувияти форсии моро дуст медоранд.

  6. Ман мутмаиннам, ки манзур аз “арабзада” мусалмон набуда, балки арабзада будааст, ки имруза дар Точикистон андак нестанд. Афроде, ки аз ирки миллии худ безоранд ва гароиши вахмноке ба аъроб, ба вижа Арабистони Саъудй доранд. Дар ин ки аксарияти чамъияти Точикистон худро мусалмон медонанд, шакке нест ва мусалмонй ба маънии арабзадагй нест. Аммо тамоюлоти тозае, ки дар Точикистон буруз кардааст, падидаи “арабзадагй”-ро хам дарбар дорад, ки мояи таассуф аст.

  7. Стрельба по-родственному

    2 мая, находясь в состоянии наркотического воздействия, сын президента Таджикистана Рустам нанес огнестрельное ранение своему родному дяде и хозяину “Ориент-банк” Хасану Саъдуллаеву (брат жены Эмомали Рахмона). Выстрел из пистолета пришелся в шею, после чего самого авторитетного банкира Таджикистана в срочном порядке отправили на лечение за границу.

    Причиной стрельбы по-родственному стало желание дочери таджикского президента Тахмины взять под свой полный контроль “Ориент-банк”, который за глаза называют карманом Эмомали Рахмона. Договориться мирно не получилось, после чего брат, ставший на сторону сестры, просто выстрелил в непонятливого дядю.

    По имеющимся в нашем распоряжении данным, президент Таджикистана распорядился засекретить всю информацию о домашнем инциденте с применением огнестрельного оружия, обещав жестко наказать любого, кто допустит утечку сведений.

    To chi andoza ba rosti nasdik ast namedonam.

  8. Чаро вожаи “арабзада” бояд мояи афсурдагй бошад ва ба маънии “мусулмон”? Ислом магар ба дуст доштани ватан даъват намекунад?

    “Арабзада” ҳам монанди “ғарбзада”, “урусзада”, “туркзада” маънии муайян дорад. Инҳо афроде ҳастанд, ки таърихи худ ва ватани худро рад мекунанд. Онҳое ҳастанд, ки намехоҳанд аз Бухорову Сарақанд ёд кунанд ва хеле осон бо лабханд “клик” мекунанд, ки миллионҳо точик дар Узбакистон (худоро шукр) узбак хоҳанд шуд. Онҳое ҳастанд, ки забони модарии хешро бо калимаҳои ғайр пур мекунанд ва онҳое ки Халичи Форсро моли араб мешуморанд. Онҳо сабаби худношиносии миллати точик ва ҳамаи бадбахтиҳои чанд қарни охири ин миллатанд. Онҳо аз чаҳорчуби афкори нимсаводона ва қолабй берунро дида наметавонанд ва дарк намекунанд. Онҳо дар руҳи бардагй ба воя мерасанд ва барда боқй мемонанд.

    Аммо ин вожаҳо ба ҳаргиз ба маънии “мусулмон”, “башардўст”, “мутамаддин” нестанд. Оё мусулмон будан бояд ба маънои эҳтироми ҳама чизи аъроб бошад? Ҳатто эҳтироми араб? Пас кай мо худ ва мардуму ватану модари худро эҳтиром хоҳем кард?

  9. Ман 651071-умин касе шудам ки барои посдошти номи Халиҷи Порс имзо гузоштаанд.

    Ҳамзамон аз ҳамАндешон даъват мекунам ки аз номҳои бостонӣ ва таърихии сарзамину кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯду шаҳру рустову деҳаҳои Тоҷикистон низ дифоъ кунем.
    Хушбахтона дар 20 соли гузашта номҳои бостонии Хуҷанд, Дарвоз, Мӯъминобод, Хатлон, Суғд, Рашт ва Устарӯшан дубора зинда гаштанд. Бадбахтона дар хамин замон номхои зебову бостоние чун Кофурниҳон, Дарбанд, Баррӯшон, Шидз ва чанде дигар аз накшаи кишвар зудуда шуда ва чои онхоро номҳое гирифтаанд ки
    хилофи қоидаҳои номсозии таърихӣ, балки суннати номгузории тоҷикӣ низ ҳастанд. Масалан, Кофурниҳонро Ваҳдат ва Дарбандро Нуробод ва Колхозободро “Ҷалолиддин Румӣ” номидаанд.
    Ду сол пеш аз устод Муҳаммадҷон Шакурӣ пурсида будам ки оё ҳукумати Тоҷикистон кори дуруст мекунад, ки номи шаҳру ноҳияву рустоҳои кишварро дигар мекунад?
    Устод фармуданд ки: “номи ҷуғрофиёӣ як ҷузъи таърих аст. Аз номи таърихӣ даст кашем, аз як ҷузъи таърихи худ чашм хоҳем пӯшид, ҳатто мумкин аст, аз як бахши таърихи худ маҳрум шавем. Аз ин рӯ, ақида дорам, ки номҳои бостонии Фалғар, Регар, Дарбанд ва монанди инҳоро барқарор кардан лозим аст”.
    Боз пурсидам ки оё метавон аз рӯи фарҳанги номгузории тоҷикӣ номи минтақаеро «ноҳияи ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ» ва монанди ин гузошт?
    Устод фармуданд ки дар забони тоҷикӣ “исмҳои хосе чун Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин шакле ки доранд, наметавонанд маконноме бошанд. Агар инҳоро ба шакли Айниобод, Ғафуровобод, Ҷомиобод дароварем, номи ҷуғрофӣ хоҳанд шуд. Қоидаи дигари сохтани номи ҷой афзудани пасванди «-он» аст: Бомиён, Қубодиён, Колхозчиён (ки солҳои 30 қарни ХХ пайдо шуд). Аз ин қиёс Ҷомиён, Айниён, Рӯдакиён номи як маҳдудаи ҷуғрофӣ метавонад буд”.
    Устоб ба вижа таъкид карданд ки “мафҳумҳои муҷарраде чун дӯстӣ, бародарӣ, иттифоқ ва ғайр наметавонанд номи ҷое бошанд. Ба инҳо низ нишонаҳои маконномро илова кардан лозим аст: Дӯстиобод ё Дӯстиён, Ваҳдатобод (чун Заҳматобод – номи Фалғар дар даҳаи 30 садаи ХХ) ва ҳоказо. Боз дигар қоидаҳои сохти маконном ҳаст, ки ба онҳо амал кардан лозим меояд”.
    Устод ҳамчунин таъкид карданд ки қуллаҳои Помирро аз номҳои тасодуфии нораво ва номҳои сиёсии садаи гузашта” тоза бояд кард. Бадбахтона сарони кишвари мо номҳои шуравиро зудуданду номҳои бузургони фархангу адаби моро бар души куллаҳо бор карданд. Қуллаи Ленин номи Абуалӣ ибн Сино, «Революция» «Истиқлол» ва теғаи Рухч дар кӯҳсори Рӯшон номи Абуабдулло Рудакиро гирифт. Ин равиши номгузорӣ дар кишвари мо реша дар даврони шӯравӣ дорад ва бо суннати номгузории тоҷикӣ созгор нест ва аз номгузории русӣ нусхабардорӣ шудааст. Оё беҳтар набуд ки куллаи Коммунизмро “Боми Ҷаҳон” меномиданд ки номи шоиронаи Помир аст?
    Пажӯҳиш дар таърихномаҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад, ки номи пешина ва бостонии Колхозобод Ҳаловард будааст. Чунончи, нигорандаи “Ҳудуд-ул-олам” менависад, ки “Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ” (ба нақл аз “Луғатномаи Деҳхудо”, чопи Теҳрон, ҷ. 14, саҳ. 20788). Аз ин шаҳр дар осори Истахрӣ, Муқаддасӣ, ибн Ҳавқал, Ёқути Ҳамавӣ ва Абурайҳон Берунӣ низ ёд шудааст.
    Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст ва дар соли 750 милодӣ аз дасти арабҳо вайрон шудааст. Ҳаловард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошта ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Дар асрҳои 10 – 13 шаҳри калоне гардида ва то замони тохту този муғулҳо маркази Вахшонзамин будааст ва дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст.
    Бо ин хама пешина оё бехтар набуд ки номи таърихии шаҳраку ноҳияи Колхозобод барои севум бор эҳё мегашт ва гузаштаи пурфтихори моро бо имрӯзу фардо пайванд медод?
    Номҳои ҷуғрофиёӣ бахше аз дороии маънавӣ ва мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон ва дуррдонаҳои ганҷури забони тоҷикӣ ҳастанд. Бархе аз ин номҳо пешинаи 2 – 3 ҳазорсола доранд ва нишонаи зисту зиндагонии мо дар сарзамини Осиёи Марказӣ аз гаҳи бостон то кунун замон мебошанд. Ин номҳо бояд чун мардумаки чашм нигаҳдорӣ шуда ба ояндагон расонда шаванд.
    Бино бар ин аз шумо даъват мекунам ки аз мақомоти кордори кишварамон талаб кунем ки барои танзими равиши номгузорӣ ва номгардонӣ ва пешгирӣ аз нобуд шудани номҷойҳои бостонӣ ва таърихӣ чунин чораҳо дар назар гиранд:
    1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии таърихӣ доранд, ҳамон номҳо бояд эҳё шавад;
    2. Барои тоҷикӣ гардондани номҷойҳои бегона аз шумори кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши номҷойҳои кишвар шавад;
    3. Дар гузиниши номҷойҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик бад-онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
    4. Дар дараҷаи дувум сохтани номҷойҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои замнигорӣ (ҷуғрофиёӣ) дар назар гирифта шавад.
    5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар шаҳру рустову деҳу дигар воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ.
    6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шӯравӣ аз барои ёдбуди таърихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

    Ба умеди дастгирии шумо,
    хамандешатон Ариёром

  10. Пешниход.

    Хамин номаро каме кату эдд карда, ба мисли номаи Халичи Форс дар интернет чархонем ва имзо чамъ кунем, чи хел мешавад?

    Оли мебуд, агар касе мухарририи хамин нмоаро бар душ мегирфит ва хамАндеши дигаре бо хунаи веб мастерӣ сохтани номаи интернетиро бар ухда.

  11. Тарафдори пешниходи Ариёром хастам, боз хам ин кор вахдат мехохад.
    Сарбаланд бошем.

  12. Сипосгузорам аз кор ва вафодории Ариёром ва аз ҳар порчаи суханаш пуштибонй мекунам.

    Аз пешниҳоди нашри он ба ҳайси сафҳае барои ройдиҳй низ пуштибонй мекунам ва дар фикраш ҳастам ва ҳам интизори тарҳ.

    Зимнан, чанде пеш дар Тошканд низ як силсила номҳои таърихй, ки асосан точикй буданд, бо номҳои узбакию туркй иваз карда шуданд. Танҳо дар мавриди Чорсў мақомоти Узбакистон натавонистанд, ин тағйирро пиёда кунанд, зеро аҳолии маҳаллй ба чунин табдил мухолифат карданд.

    Се сол пеш дар Хоразм тақрибан ҳамаи номҳои точикй бо чорубе руфта шуданд. Чунин талош дар мавриди бархе аз топонимҳои Бухоро низ ба мушоҳида мерасад.

    Хуллас:

    Агар дардам яке будй, чй будй!
    В-агар ғам андаке будй, чй будй!

    Вале дунё ба умед.
    Сарбаланд бошем!

  13. Дӯстони арҷманду ҳамандешони гиромӣ, аз пуштибониятон беҳадду беандоза сипосгузорам. Худованд нигаҳдоратон бошад ки барои нигаҳдории мероси таърихиву фарҳангиямон дил месузонед!
    Аз ду сол пеш дар сомонаи http://www.vatanweb.net мавзуъи «номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон»-ро (http://vatanweb.net/forum/3-2232-1) роҳандозӣ кардаам ва аз шумо даъват мекунам ки аз он дидан кунед.
    Барои такмили номаи дирӯза чанд нуктаро барои намуна меоварам то ёрони ҳамандеш бинанд ки номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон чигуна сурат мегирад.
    Пажӯҳиш дар таърихномаҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад, ки шаҳраки Вахдат дар садаҳои миёна Андиён (Ҳаким Фирдавсӣ онро дар «Шоҳнома» овардааст), то соли 1936 Янгибозор ва то соли 1991 Орҷоникидзеобод ном доштааст. Шаҳр ва ноҳияи Орҷоникидзеобод 25 декабри 1991 бо Карори №476 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Кофарниҳон номида шуд, аммо дар марти 2003 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи шаҳру ноҳияро Ваҳдат гардонд. Ин гуна номгузорӣ хилофи суннати номгузории тоҷикист, зеро мафҳумҳои муҷарраде чун дӯстӣ, бародарӣ, иттифоқ, ваҳдат ва ғайра бе пасванди маконсоз наметавонанд номи ҷое бошанд. Аз ин ру агар номгардонон вожаи гурҷӣ-тоҷикии Орҷоникидзеободро намуна мегирифтанд ва шаҳрро Ваҳдатобод меномиданд, номҷои тоҷикие сохта буданд ки ҳам хушоҳангтар асту ҳам маъное дорад. Ҳамчунин метавонистанд ки дар пайрави аз раванди эҳёи номҳои бостонӣ ва бо дар назар гирифтани шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ин шаҳрро Андиён номанд. Вожаи “Андиён” шояд бозмондаи вожаи ҳиндуэронии “hind-” ба маънои “рӯд” бошад. Аммо беҳтарин ва муносибтарин ном барои ин макон Кофурниҳон аст зеро баргирифта аз номи рӯдест ки дар таркиби обаш кофур (моддаи хушбӯи сафедранг) дорад ва шаҳри Ваҳдат дар канори он ҷойгир аст. Бисёре аз ободиҳову сарзаминҳо номи худро аз номи рӯде гирифтаанд ки дар канори он ҷойгир шудаанд. Чунончи, Ҳиндустон номашро аз номи рӯди Ҳинд гирифта ки бозмондаи ҳамон вожаи “hind-” аст ва эрониёни бостони ин рӯдро Ҳинд ва ҳиндиёни бостони Синд меномиданд.
    Яке дигар аз номҷойҳои таърихи ки маҷлисиён аз нақшаи Тоҷикистон зудудаанд, Дарбанд аст. Ин ободи басе пештар аз Кофурниҳон падид омада ва нақши мухиммеро дар таърихи мардуми тоҷик доштааст. Дарбанд дар садаҳои миёна диже будааст ки ҳамроҳ бо дижу девори шаҳри Рашт роҳи Тоҷикзаминро бар руи туркон мебастааст ва номаш низ гувоҳи ин аст: “Луғатномаи Деҳхудо” дарбандро “қалъа ва ҳисор”, “фосилаи миёни ду вилоят”, “марз” ва “садд” гуфтааст (ниг. http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-f5c617480b3b4d469b2a0a1dea42efb3-fa.html). Дарбанд дар гузашта қалъа ва ҳисоре будааст ки дар марзи тоҷику турк чой дошта ва садди роҳи турктози кирғизҳо буда ва фосилаи миёни ду вилоят – Рашт ва Дарвоз – аст. Аммо маҷлисиёни тоҷик ин пешина ва маъноҳоро нодида гирифта Нурободаш номиданд ки ҳеҷ рабту муносибате ба шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ин шаҳрак надорад.
    Дигар намунаи нодонии маҷлисиёни тоҷик номи кунунии шаҳраки Нов аст ки 21 ноябри 2003 бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Оли Тоҷикистон Спитамен номида шуд. Шояд маҷлисиён мехостанд ки бад-ин номгузори ёди сипаҳсолори суғдиро зинда кунанд ки барои озодӣ ва ободии меҳанамон дар ҷанг бо македониҳо ҷонсупори карда буд. Аммо гумон накунам ки он шаҳиди меҳандӯст аз ин номгузории бозмондагонаш хушнуд шуда бошад. Зеро маҷлисиён Новро ба забони юнонӣ Спитамен номиданд ки навишти юнонии номи суғдии Спитамана аст ва дар забони тоҷикӣ Спитамон мешавад. Як ҳарф ҳама заҳмати номгардониро беҳуда гардондааст.
    Дере нагузашт ки 30 сентябри 2004 Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости Маҷлиси вакилони ВМКБ деҳистони Барӯшони Рӯшонро «Назаршо Додхудоев» номид. Мусаллам аст ки ному ёди устод Назаршо Додхудоев шоистаи ёдбуду посдошт аст, аммо маълум нест ки чаро маҷлисиёни Бадахшон номи таърихии Барӯшонро хуш надоштаанд? Бар-Рӯшон – гунаи дурусти ин номҷо – шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёии ин дехаро ошкор мекунад ки вокеъан як канораи Рӯшон аст. Ду дехаи Бар-Рӯшон ва Дер-Рӯшон (гунаи дурусташ «Зер-Рӯшон» ба маънои Рӯшони Поён аст) номҷойҳое ҳастанд ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд. Аммо Барӯшонро «Назаршо Додхудоев» номидан хилофи ақли салим ва қоидаҳои номсозии таърихӣ аст зеро дар фарҳанги номгузории тоҷикӣ “исмҳои хос бе пасванди номҷойсоз наметавонанд маконноме бошанд”. Гузашта аз ин ки ин гуна номгардонӣ номҷойҳои бостониро мезудояд ки гувоҳи гӯёи таърихи ҳазорсолаи маҳалланд.
    Ҳамакнун номгузорӣ ва номагардонӣ барои Тоҷикистон чандон масъалаи муҳим шояд набошад. Аммо агар зарурате пеш ояд пеш аз ҳама бояд аз номи расмии Бадахшон – ВМКБ – вожаи “Кӯҳистон” бурида шавад. Хандаовар аст ки дар кишваре ки 93 дарсадаш кӯҳсор аст як вилояташ ба кӯҳистон номбардор бошад. Дигар ин ки ин вилоятро русҳо Бадахшон номида буданд ва ҳадафашон кандани Бадахшони Афғонистон ва пайвастани он ба Шӯравистон буд. Мардуми бумии ин вилоят имрӯз онро Помир мехонанд ва беҳтар аст ки ВМКБ расман Помир номида шавад.
    Ҳамчунин қаторкӯҳи Пётри Кабир бояд Вахиё, пиряхи Федченко – Лозур (мардуми маҳаллӣ пиряхро лозур мегӯянд), Ҷиргатол – Кумед (номи бостонии ин ноҳия), Қарокӯл – Тиракӯл (“тира” дар тоҷикӣ бо “тер” дар шуғнӣ ва “тор” дар рӯшонӣ ба маънои “сиёҳ” аст), Оқсу – Сапедоб, Қизилсу – Сурхоб, Қурғонтеппа – Хуталканд ва Колхозобод – Ҳалевард номида шавад.
    Хамчунин агар рӯзе зарурате пеш ояд ки номи Душанберо баргардонем пешниҳод мекунам ки Абарканд ном гирад. Ин ном аз ду бахш сохта шудааст: “абар” ва “канд” ки реша дар вожаҳои авестоии «upairi» ва «kantha» доранд.
    “Абар” ба маънои “бартар”, “болотар”, “беҳтар” ва “баргузида” аст.
    “Канд” маънои “ободӣ” ва “шаҳр”-ро дорад ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошт. Барои намуна номҳои бостонии Мароканд, Пайканд, Панҷаканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯкандро овардан басанда аст.
    Чунон ки медонед, номи кунунии пойтахти кишварамон ёдовари он бозорест, ки рӯзҳои душанбе дар ҷои шаҳри имрӯза баргузор мешудааст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт ва бо амри тақдир пойтахти Тоҷикистон гашт. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд ки дар замини кунунии Душанбе чанд шаҳраке ҷой дошт ки бино бар додаҳои бостоншиносӣ беш аз 2300 сол пеш вуҷуд доштаанд.
    Душанбе дар 84 соле ки ҷонишини Самарқанду Бухоро ҳаст, маркази маънавӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвари тоҷикон гашта ва сазовори доштани номи фарраҳманду бошукӯҳу ифтихорбарангез шудааст.
    “Абарканд” номест наву суфтаву хушнаво, дорои намунаи таърихӣ ва ба маънои “пойтахт” ва “шаҳри бартару баргузида”, “ҷойгоҳи ҳукумату давлат”, “маркази кишвар” ва “дили Меҳан”.

    Ба умеди дастгирии шумо,
    хамандешатон Ариёром

  14. Ariyaram-e geraami,
    az nazaraatataan xeyli sepaas gozaaram. Nazaraati ke in jaa aavardid, besyaar baa mavrid va dorost hastand.
    Tanhaa mixwaastam bedaanam, ke “Қурғонтеппа – Хуталканд ва Колхозобод – Ҳалевард” cheh gunah asaas-e taarixi daarad? Motma’inam, chizi goftid dorost ast, vali fekr mikonam bah dalil neyaaz daarim. Ya’ni Helvard az cheh vaazhah miaayad va dar taarix pish az in mavrid-e estefaadah qaraar gereftah… hamchunin baa Qorghaan-teppah u Xutland.

  15. Вакте ки мо низ ба имзои ин Талабнома сар кардем, шумори имзохо

    648 241 буд, акнун ба
    660 238 расид.

    Бисёр номхои ошноро дидам ва бархе хамчунин дар кавсайн Точикистон навиштаанд. Хеле олй! Ташаккур аз хамандешии хамандешон!

  16. ҲамАндеши арҷмандам Ромин.
    Бо сипоси фаровон аз пуштибоният арз кунам ки:

    Пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад ки дар садаҳои миёна Хутталон (خـُتـَلان) ё Хуттал (خـُتَّـَل)вилоятеро меномиданд ки миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҷой дошт. Бино бар навиштаи “Ҳудуд-ул-олам”, “Хутталон ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёр кишту бисёр мардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр” (“Ҳудуд-ул-олам мин-ал-машриқ илал-мағриб” (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Китобхонаи Тахурӣ. “Ширкати офсети Гулшан”. Техрон. 1983. – сах. 118-119. ҳамчунин “Луғатномаи Деҳхудо”: http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-b863102c94f44f17933f6edb5d8a8c24-fa.html).
    Номи ин вилоятро Хатлон (خـَتلان) ва Хутлон (خـُتلان) ва ал-Хуттал (الختًل) низ овардаанд. Абулкосим Фирдавси дар “Шохнома” овардааст:
    Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
    Зи хар су сипох андар овард гирд.

    Сарзамини аслии вилоят ҳавзаи Кулобдарё дар каламрави вилояти пешини Кулоб буд. Сарзамине ки шахри Қурғонтеппа дар он ҷой дорад дар садахои миёна Вахш ном дошта ва дар асри 10 бахше аз Хутталон будааст ва ду шахр доштааст: Халовард ва Леваканд.
    Бино бар навиштаи “Ҳудуд-ул-олам”, Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ (“Ҳудуд-ул-олам мин-ал-машриқ илал-мағриб”. сах. 119; Ҳамчунин “Луғатномаи Деҳхудо”, чопи Теҳрон, ҷ. 14, саҳ. 20788 ё http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-6acf0083949d4a5d977c42c277af57cf-fa.html). Аз ин шаҳр дар осори Истахрӣ, Муқаддасӣ, ибн Ҳавқал, Ёқути Ҳамавӣ ва Абурайҳон Берунӣ низ ёд шудааст.
    Ҳаловард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошта ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бостоншиносон харобаҳои Ҳаловардро дар канораи ғарбии шаҳраки Колхозобод ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро Кофирқалъа мехонанд.
    Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст ва дар соли 750 милодӣ аз дасти арабҳо вайрон шудааст. Сипас маркази Вахшонзамин ба шаҳраке кӯчидааст, ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канораи рӯди Вахш ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ Ҳаловард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи “Золи Зар” наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз Колхозобод ва 23 км дуртар аз Қурғонтеппа бар ҷоянд.
    Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои 3 – 4 милодӣ бунёд ёфтааст. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои 10 – 13 шаҳри калоне гардида ва то замони тохту този муғулҳо маркази Вахшонзамин буда ва дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст.
    Аз инҷо чунин натиҷа мегирем ки номи пешина ва бостонии Колхозобод Ҳаловард будааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин шаҳр дар замони Кушониён (огози садаи 1 милодӣ то миёнаи садаи 3 милодӣ) падид омадааст, решаи вожаи Ҳаловардро дар забонҳои эронии шарқӣ – суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Азбаски ҳама шаҳрҳои бостонии мо гирдогирдашон девор доштаанд, гумон дорам ки бахши дувуми ин номҷой – “вард-” бояд бозмондаи вожаи эронии бостони *warta- (ба маънои “девордор”) аз решаи *war- бошад ки “бора” ва “девор” аз он падид омадааст.

    Вилояти Вахш дар садаҳои миёна шаҳре доштааст ки нигорандаи “Ҳудуд-ул-олам” номи онро “Леваканд” ва Истахрӣ ва Муқаддасӣ онро “Ловаканд” навиштаанд.
    Нигорандаи “Ҳудуд-ул-олам” менависад ки Леваканд (لیوکند) аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гуспанди вахшӣ хезад (“Ҳудуд-ул-олам мин-ал-машриқ илал-мағриб”. сах. 119. “Луғатномаи Деҳхудо”: http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-cc1255151a1a4463b6382c165a5c1574-fa.html).
    Истахрӣ менависад ки аз Ловаканд то Ҳаловард як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст.
    В. В. Бартольд Левакандро ҷое наздики деҳаи Сангтӯда донистааст [Бартолъд В. В. Сочинения в 9 т. — М.: Наука, 1963— 1971. т. 1, с. 119]. А. М. Беленицкий Левакандро бо харобаҳои Қаунтеппа дар 10 километрии ғарби Қурғонтеппа яке донистааст [Беленицкий А. М. Отчет о работе Вахшского отряда в 1947 г. Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции, т. 1. —М. —Л., 1950. — с. 140—146. – с. 144]. Ба гумони Т. И. Зеймаль, Леваканд ҳамон харобаҳои Қурғонтеппа будааст ки калонтарин харобаи бозмонда аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш ба шумор меоянд. Шаҳре, ки ин вайронаҳо аз он барчой мондаанд, дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст [Зеймаль Т. И, Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – с. 50]. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки шаҳр дар ҷои Қурғонтеппа дар замони Кушониён вуҷуд доштааст [Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с. – с. 69]. Ҳамакнун Қурғонтеппа маркази вилояти Хатлон аст.
    Бо таваҷҷӯҳ ба ин додаҳо, решаи вожаи Левакандро низ дар забонҳои эронии шарқӣ – суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Бахши дувуми ин номҷой “-канд” бозмондаи вожаи эронии шарқии *kanθā- > kand аст ки маънои “ободӣ” ва “шаҳр”-ро дорад ва дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошт. Барои намуна номҳои бостонии Мароканд, Пайканд, Панҷиканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯкандро овардан басанда аст. Дар ин шумор номи Левакандро низ меоварем ки худ далели возех ин аст ки вожаи “канд” барои ин минтақа бегона нест ва метавон онро дар номгузории ободиҳои Хатлон низ ба кор бурд.
    Бо таваҷҷӯҳ ба номҳои пешина ва бостонӣ, шароити ҷуғрофиёӣ ва вижагиҳои маъмурӣ-сиёсии Қурғонтеппа, ин шаҳрро метавон Хуталканд номид.

    Бо сипос, Ариёром.

  17. Як тумори дигар:

    http://www.petitiononline.com/es11sy/petition.html

  18. Aryaram-и гиромй,

    Боз хам матлаби чомеъу зебое навиштайи. Сипоси фузун. Лутфан дар интишори хар чи бештари ин матолиб бикуш ва агар фикр мекунй кумаке аз ман дар ростои интишори он сохтааст, бигу.

    Пешинае хам ки дар бораи пасванди “вард” овардайи, бисёр комил аст. Танхо мехостам як мукоисаву татбикро ин чо ишора кунам.

    Вожахои авестойи ё пахлавие, ки бо “wa”, “wo” ё “wi” огоз мешуданд, дар порсии навин бо “ga”, “go”, “gi” огоз мешаванд. Барои намуна, вожаи “гунох” дар пахлавй “winah” буда, ки хамреша бо “вина”-и русист. “Гург” “werg” буда, ки боз хам бо хамтоёни фарангии худ хамреша аст. Ва чандин намунаи дигар, аз чумла “warta” ё “ward”. Бо ин тафовут ки мо акнун вожаи “warta”-ро дар ду шакл ва ба ду маънй дорем. Чолиб ин чост, ки дар забони русй низ ин вожа ба ду шаклу ду маъно даромадааст.

    Вожаи нахуст “гирд” аст, ки дар русй дар решаи вожаи “вертеть” (гирд гаштан, чархидан) бокист.

    Ва аммо хамин вожаи “гирд” ба маънии шахр ё бора ё девори шахр низ ба кор рафтааст. Барои намуна, Сиёвушгирд (ки хамон Сиёвушвард аст). Дар забони русй ин “гирд”-и мо дар шаклхои “град” ва “город” махфуз аст: Петроград, Волгоград.

    Чун маънои ибтидойии “вард” хамон бора ё девор будааст, онро дар таркиби феълхои русй низ метавон дид: заградить, оградить ё исмхои огород, ограда, ки хама ба маънои гирд кардан ё хисор кашидан даври чизест.

    Ва хамон тавре хам ки худат ишора кардайи, вожахои “бора” (ё “бору”) ва “девор” хам аз хамон “warta”-и бостонист. Муштаккоте аз хамин вожаи бостони метавон дар инглисй (wall) ва олмонй (Wand) низ дид.

    Ба ростй, корбурд аз пасванди “вард” ё “гирд” барои номгузории шахрхо бисёр бачову дуруст хохад буд.

  19. Хамин забонхо хамаш як будаанду, чи мешуд агар хамин як меистоданд.

    Имруз азоб кашида русиву англиси намеомухтем.

  20. Посух ба Darius.
    Дориши арҷманд, аз лутфу меҳрубоният сипосгузорам. Дар зер чанд нуктаро дар бораи пасвандҳои номҷойсози “вард” ва “гирд” меорам ва умедворам ки хушат хоҳад омад ва посухам хоҳӣ дод.
    Чунон ки гуфта шуд камина гумон дорад ки “вард-” дар номҷои Ҳаловард бояд бозмондаи вожаи эронии бостони *warta- (ба маънои “девордор”) аз решаи *war- бошад [Ниг. Kent R.G. Old Persian. Grammar. Texts. Lexicon. New Haven, 1953. – p. 206] ки “бора” ва “девор” аз он падид омадааст [Ниг. Boyce M. A Word-list of Manichean Middle Persian and Parthian. Tehran-Liège, 1977. – p. 26]. Ин вожа дар “Авесто” дар номи “Вари Ҷамкард” (дар паҳлавӣ “war-i jamkard” ва дар порсӣ “وَر جَمکـَرد” ба маънои “боруи Ҷамсохта”) омадааст ва он биноест ки бино ба ривояти фаргарди дувуми Вандидод Ҷамшед онро месозад то гузидае аз мавҷудотро аз газанди барфу сармои сахте ки дар замони ӯ рух дода дар он нигоҳ дорад [Ниг. Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дувум). Теҳрон, чопи дувум 1376 ҳ.ш. = 1997 м. Огоҳ. – саҳ. 194].
    Ба гумони банда ҳамин вожа дар номи рустои Хумби Варӣ дар 2 километрии шаҳраки Қалъаи Хумб, маркази шаҳристони Дарвоз, низ омадааст ва номҷои “Қалъаи Хумб” худ баргардони ҳамин номҷои “Хумби Варӣ” мебошад ва маънои ҳар ду номҷо як аст: “қалъае ки дар канораи рӯди Хумбоб сохта шудааст”. Ин қалъа то оғози садаи ХХ барҷой буд ва дар замони шӯравӣ дар ҷои он посгоҳи марзӣ бунёд шуд. Хамакнун бунлоди он қалъа дар канораи рӯди Панҷ ба чашм мерасад. Номҷоҳои “Қалъаи лаби об” – номи пешини Тоҷикобод дар Рашт, “Бар-Панҷа-Қалъа” – маркази вулусволии Шуғнон дар Афғонистон, “Роштқалъа” – маркази шаҳристони Роштқалъа дар Шохдара – аз ҳамин ростоянд. Бояд гуфт ки дар Помир маркази мирнишиниҳоро “қалъа” мегуфтанд ва ҳатто дар замони шӯравӣ ҳам посгоҳҳои марзбониро “қалъа” мехонданд.
    Аммо пасванди “-гирд” дар номи Сиёвушгирд ва гунаҳои дигари он “–кирд” ва “–кард” бозомада аз вожаи порсии миёнаи “–kart” аст ки дар эронии бостон “–krta” буда ва арабишудаи он “-джирд” аст. Решаи “-гирд” феъли “кардан” аст ва маъмулан дар номҷойҳое меояд ки бахши аввалашон исми хос бошад ва маънои “кард, сохт, бунёд кард”-ро мерасонад [Ниг. Хромов А.Л. О структурных особенностях иранской топонимики Мавераннахра в период IX – XIII вв. // Труды Таджикского Государственного университета. Восточная филология. Вып. 3. Душанбе, 1974. – c. 10]. Сиёвушгирд, Ҳошимгирд ва Висагирд (Вашгирд) аз ҳамин қабиланд. Шоёни ёдоварист ки номи Нишопур ҳам як замоне Нев-Шопур-кард будааст.

  21. Ориёрами гиромй,

    Аз равшангарихоят бисёр сипосгузорам.

    Аммо дар мавриди “гирд” бо ичоза сари этимулужии вокеъии ин вожа пофишорй мекунам. Миёни “гирд” бо “кард” кучактарин иртиботеро намебинам. Балки бар мабнои хамон коъидае, ки каблан ишора шуд, муътакидам, ки “в”-и “варта” хам ба монанди “вард” (гул), “верк” (гург), “винах” (гунох”) табдил ба “г” шудааст. Ин вожа хамчунон ба шакли “гирд” (доира, мудаввар) дар корбурди рузмарра карор дорад. Шакли “гирд” бештар ба бору ё бора ё калъа ё девор мемонад ва ба “кардан” марбут нест. “Град”, “город”, “огород”-и русй хам бо хамон “варта” ё “вард” ва “гирд” муртабит аст. “Чирд” хам тозишудаи хамон “гирд” аст. Поянда бошй.

  22. Ва албатта, “вертеть”-и русй, ки мустакиман ба “варта” бармегардад ва боз хам ба шаклу холати гирд ишора мекунад.

  23. Дориюш ва Ориёрами азиз.

    Ман забоншинос нестам, вале ба назарам чустор дар хаммонандии исмхо ва феълхо шояд дуруст набошад. Чунин шабохат метавонад фиребандагй бикунад.

    Ё на?

  24. Точвари гиромй,

    Ин изхори назархо хамагй бар этимулужии вожахо мубтанист ва хакикати забоншинохтй дорад. Иттифокан, аз бехтарин бахсхоест, ки зехни манро машгули худ медорад.

  25. Сипосгузорам аз посухат, Дориюш.
    Он қоидаи ёдкардаат росту дуруст аст. Забоншиносон *warta-ро аз решаи *war- (охранять, защищать, обносить стеной) донистаанд ва вожаҳои “бора” ва пасванди “-вор” дар “девор” дигаргаштаи ҳамин вожаанд. Ин вожа ки дар номҷойҳои авестоии Varəna- (“обнесённый стеной”) ва Vāra- омадааст, дар порсии бостон “var-“ (to cover, protect: Kent), дар хутанӣ “nyūrr” (аз “ni-var” = to harness: Emmerick), дар паҳлавӣ ва порсии миёнаи монавӣ “b’rg” (Boyce) ва порсии нав “bāra” (باره) (аз решаи *wāra-ka-) будааст. Донишманди рус П.Б. Лурье *warta-ро “окружённый, покрытый, защищённый” донистааст. Вожаи “гирд” (доира, мудаввар) низ аз ҳамин *warta- падид омадааст. Масалан, 3500 сол пеш аз ин “eka wartana” дар забони миттанӣ (яке аз забонҳои ҳиндуэронӣ) аз истилоҳоти асппарварӣ ба маънои “як гирдгашти асп дар аспрес” будааст.
    Аммо “-гирд” дар номҷои Сиёвушгирд” ҷудо аз *warta- ва аслан дигаргаштаи вожаи порсии миёнаи “–kart” аст ки дар эронии бостон “–krta” будааст. Решаи он феъли “кардан” аст ва маъмулан дар номҷойҳое меояд ки бахши аввалашон исми хос бошад ва маънои “кард, сохт, бунёд кард”-ро мерасонад. Ин вожа аз порсӣ ба арманӣ низ рафтааст ва ҳануз ҳам дар номҷойҳои Степанакерт, Тигранокерт, Мардакерт ба чашм мерасад.
    Ҷолиб аст ки ин ду вожа дар “Авесто” дар номи “Вари Ҷамкард” (дар паҳлавӣ “war-i jamkard” ва дар порсӣ “وَر جَمکـَرد”) омада ки маънои он “боруи Ҷамсохта” аст.
    Ногуфта намонад ки вожаи “девор” худ сохта шуда аз ду бахш аст: “де-“ бозмонда аз *daiz- дар эронии бостон, *daiz- дар авестоӣ, didā дар порсии бостон, diza дар паҳлавӣ буда ва “диж” аз он аст ва “-вор” ки бозмонда аз “bāra” дар порсии нав (аз *wāra-ka-) аз решаи *war- аст.

  26. Оре, Ориёрами гиромй. “керт”-и арманй хам бо “гирд” ё “герд”-и порсй хамреша аст. Wall-и инглисй хам пайванди мустаким бо “варта” ва “девор” дорад. Тагйири “г” ба “к” хам аз мавориди нодир дар забони порсй нест, аммо тагйири “к” ба “г” бисёр нодир аст. Аз ин ру пайванди “гирд” бо “кард” бисёр баъид аст.

    Дар мавриди шахрхо маънии “бору” муносибтар аз “кардан” ба назар мерасад. Ва хатто агар бигуем, ки пасванди “кард” аз “кардан меояд (ки мухтамал аст), он наметавонад пайванде бо “гирд” дошта бошад. Муътакидам, ки “гирд”-и номчойхо ба “кардан” марбут нест ва ба хамон маънии аввалияи худ (девору бору) бармегардад. Вагарна арабхо ниёзе ба “ч” кардани “г”-и мо надоштанд. Вожаи “кард”-у “”кардан” дар хеч маъхазе бо “г” дар огози он сабт нашудааст.

    Поянда бошй.

  27. ِВа холо як латифа, ки тоза дакоике пеш шунидам.

    Дар Эрон шахре хаст бо номи Сусангирд. Пас аз инкилоб такрибан хамаи номхои гайриисломй дар кишвар табдил ба номхои исломй шуд. Сусангирдро хам Фотй-тупула ном карданд, бо тасаввури ин ки Сусан номи порсист ва Фотима тозй ва “гирд” хам “тупулй” ё чоку фарбех. Вокеъият надорад, албатта. Фукохй буд.

  28. ҲамАндеши арҷмандам Дориюш!
    Бо ҳама сипосу арзише ки ба донистаниҳоят мегузорам, ёдовар мешавам ки дар забони порсӣ “к” ба “г” табдил мешавад ва намунаи он ду пасванди “-кор” ва “-гар” аст ки дар авестоӣ ба гунаи “-кара” ва ба маънои “кунанда” вуҷуд дошта ва дар порсии миёна ва нав ба ҳар ду гуна дар вожасозӣ фаровон ба кор меравад. Ҳамсадои нахустини ин пасванд ғолибан нарм шуда, яъне “к” ба “г” табдил ёфта ва ба ҳар ду гуна “-гор” ва “-гар” ба кор меравад: омӯзгор, парҳезгор ва коргар, оҳангар.
    Ҳамин қоида дар табдили “кард” ба “гирд” низ корагар афтодааст.
    Доктор Муҳаммад Муъин дар “Фарҳанги форсӣ” овардааст ки “кард” (کـََرد), масдари феъли “кардан”, ба сурати пешванд ё пасванди макон дар номи маконҳо ояд ва номи “Кард Фанохусрав”-ро барои намуна овардааст ки “он қасабаест ки Азудуддавла Фанохусрав дар канори Шероз ба соли 354 ҳиҷрии қамарӣ бино ниҳодааст”.
    Вай дар ҳамон мадхал ба вожаи “гирд” руҷӯъ додааст ва мегӯяд ки “گـِرد [паҳлавӣ “-kart”, порсии бостон “*-krta-”, “карда”, “сохта” ки муарраби он جرد аст] пасвандест ки дар охири номи маконҳо ояд ва маънои “шаҳри сохтаи фалониро” диҳад: Буругирд = Буруҷирд”.
    Доктор Меҳрдод Баҳор дар мақолаи “Кангдиж ва Сиёвушгирд” пораеро аз китоби паҳлавии “Занди Баҳманясн” меоварад ки чунин аст: Man ohrmazd frẽstẽm nẽryõsang yazd, sroš ahlaw be kang diz ĩ syawaxš ĩ bãmig kard… (Ман, Урмузд, фиристам эзад Нерйусанг ва Суруши парҳезгорро ба Кангдиж ки Сиёвуши бомик кард) ва мегӯяд ки Сиёвушгирд дар асл Сиёвушкард будааст ба маънои “(шаҳре ки) Сиёвуш сохта (аст)”.
    Сиёвушгирдро Сиёвушобод ҳам овардаанд ва ин худ далелест бар ин ки “гирд” ва “кард” дар номҷойҳое меояд ки бахши аввалашон исми хос бошад ва маънои “кард, сохт, бунёд кард, обод кард”-ро мерасонад.
    Дар Тоҷикистон шаҳраке ҳаст ки Кангурт ном дорад ва ба гумони ман бо Кангдиж ҳаммаъност. Ман бар ин боварам ки Кангурт бояд дигаргашта аз kangha-warda => kangaward => kangwart => kangurt бошад, зеро *wa- дар эронии бостон дар сугди u- ё ō- мегаштааст. Ҳамон вожаи *warta- дар гуиши тоҷикони Бухоро (ки бозмондагони сугдиёнанд) urd/ūrt гашта ки аз истилоҳоти кишоварзӣ ва ба маънои “девораи ҷуй” ё “ҷуйбор” аст. Аз он ҷо ки вожаи “девор” худ бозмонда аз *daiz- дар эронии бостон, *daēz- дар авестоӣ, didā дар порсии бостон, diza дар паҳлавӣ буда ва “диж” аз он аст ва “-вор” ки бозмонда аз “bāra” дар порсии нав (аз *wāra-ka-) аз решаи *war- (охранять, защищать, обносить стеной) аст, метавон гуфт ки Кангурт бо Кангдиж ҳаммаъност, яъне “қалъаи Канг”.
    Ногуфта намонад ки Кангурт аз Ҳаловард чандон дур нест ва дар гузашта ҳар ду аз ободиҳои Хатлон будаанд.

  29. Имзои 805273-умро ба чонибдории Халичи Форс гузоштам. Комгор бошед!

  30. Имзои 805273-юмро ба чонибдории Халичи Форс гузоштам. Комгор бошед!

  31. Дар Тоҷикистон шаҳраке ҳаст ки Кангурт ном дорад ва ба гумони ман бо Кангдиж ҳаммаъност. Ман бар ин боварам ки Кангурт бояд дигаргашта аз kangha-warta => kangawart => kangwart => kangurt бошад, зеро *wa- дар эронии бостон дар сугди u- ё ō- мегаштааст. Ҳамон вожаи *warta- дар гуиши тоҷикони Бухоро (ки бозмондагони сугдиёнанд) urd/ūrt гашта ки аз истилоҳоти кишоварзӣ ва ба маънои “девораи ҷуй” ё “ҷуйбор” аст. Аз он ҷо ки вожаи “девор” худ бозмонда аз *daiz- дар эронии бостон, *daēz- дар авестоӣ, didā дар порсии бостон, diza дар паҳлавӣ буда ва “диж” аз он аст ва “-вор” ки бозмонда аз “bāra” дар порсии нав (аз *wāra-ka-) аз решаи *war- (охранять, защищать, обносить стеной) аст, метавон гуфт ки Кангурт бо Кангдиж ҳаммаъност, яъне “қалъаи Канг”.
    Ҳамчунин дар Эрон низ шаҳре ҳаст ки Канговар ном дорад ва дар устони Ҳамадон ҷойгир аст. Дар шаҳр маъбади Аноҳита ҷой дошт ва ба гумони донишмандони эронӣ меъмории шаҳр ва маъбад ёдовари бофти меъмории Сиёвушкард ҳаст. Канговар бо Кангурт ва Кангдиж ҳаммаъност.
    Ногуфта намонад ки Кангурт аз Ҳаловард чандон дур нест ва дар гузашта ҳар ду аз ободиҳои Хатлон будаанд.

  32. Дар Тоҷикистон шаҳраке ҳаст ки Кангурт ном дорад ва ба гумони ман бо Кангдиж ҳаммаъност. Ман бар ин боварам ки Кангурт бояд дигаргашта аз kangha-warta => kangawart => kangwart => kangurt бошад, зеро *wa- дар эронии бостон дар сугди u- ё ō- мегаштааст. Ҳамон вожаи *warta- дар гуиши тоҷикони Бухоро (ки бозмондагони сугдиёнанд) urd/ūrt гашта ки аз истилоҳоти кишоварзӣ ва ба маънои “девораи ҷуй” ё “ҷуйбор” аст. Аз он ҷо ки вожаи “девор” худ бозмонда аз *daiz- дар эронии бостон, *daēz- дар авестоӣ, didā дар порсии бостон, diza дар паҳлавӣ буда ва “диж” аз он аст ва “-вор” ки бозмонда аз “bāra” дар порсии нав (аз *wāra-ka-) аз решаи *war- аст, метавон гуфт ки Кангурт бо Кангдиж ҳаммаъност, яъне “қалъаи Канг”.

    Ҳамчунин шаҳре дар Эрон, дар устони Ҳамадон, ҳаст ки Канговар ном дорад. Дар шаҳр маъбади Аноҳита ҷой дошт ва ба гумони донишмандони эронӣ меъмории шаҳр ва маъбад ёдовари меъмории Сиёвушкард ҳаст. Канговар бо Кангурт ва Кангдиж ҳаммаъност.

    Ногуфта намонад ки Кангурт аз Ҳаловард чандон дур нест ва дар гузашта ҳар ду аз ободиҳои Хатлон будаанд.

  33. Салом ва дуруди бепоён хамандешони гироми. Бароятон пеш аз хам бурдборихо орзумандам. Дар ин чо хама хамандешон очунон матолибхои чолиберо пешниход кадаанд ки кобили дастгири ва хам ифтихор аст ки бародарони точики ман хам дар бораи ободии Точикистони азиз ва хам барои дастгирии Халичи Форси хамеша тайёранд ва ман низ хамеша тайёрам ва аммо мехохам як чиз пурсам аз Точвари гироми ман рости натавонистам имзое барои Халичи Форси гузорам хохишмандам ки маро аз ин огох созед ки ман чи гуна имзои худро гузорам е-мейли ман mualim@mail.ru

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: