Бародарону хоҳарони гиромй, Ворис интизори андеша ва амали ҳар яки шумост

ИН НОМА ДАР ПОСУХИ «МАН КИСТАМ?» ОМАД ВА ШОЯД НА ҲАМА ОНРО ДИДЕМ:

Ассалом бародарону хоҳарони азиз, ҳамдардон ва Тоҷвар,
Ман ҳар як мақолаи шуморо бо диққати том хондам. Албатта суханони беасос нестанд, вале банда ғаме дигар дорам. Расонаҳои интернетиро доимо мутолиа мекунам ва ғамгин мегардам. На аз инки вазирону вакилонанд хоин. Инҳо дурўза буванд. Балки ғамам аз он аст, ки насли наврас надорем, ки ба оянда ба умед бингарем.

Фикри ман чунин аст бародарон: Шикоят аз замону макону вазирону вакилон кори хирадмандон нест. Аз сиёсат дур истед. Ба қавли мутаффакире «Аъузу биллоҳи минашшайтони вассиёсати…» Имруз кй метавонад бо боварии куллй гуяд, ман метавонам ҳамчун ҳазрати Юсуф сарвар гардам ва бо халқ гурусна бошам. Бовар кунед чун ба сиёсат дароед, бисёр фикратон дигар мешавад.

Биёед созмоне ташкил диҳем, ки танҳо ба омўзониши насл машғул бошад, то ояндаамонро амин созем. Мактаб-гимназияҳое сартосари ватан созем ва муаллимоне ҷамъ орем, ки дар тамоми гўшаву канори ватанамон насле ба воя расонанд, ки фардои моро зебо гардонад. Тоҷирони мо ба он дастгири намоянд.

Бовар кунед бародарон қудрати қалам аз тавоноии силоҳу сарварй бештар ба нафъи миллат аст.  Он гоҳ малум мешавад, то чи андоза ватанро дўст медорем. Он вақт мо фидоиёни ватан мегардем. Ин кори мумкин аст, зеро касе зидди ин нест. Хизмат бар халқ ин хизмат ба Ҳаққ ҳаст.»

Пешниҳоди чолиб аст. Барои ичрои он иттиҳоди ҳамаи ҳамдардон ва ҳамандешон зарур аст. Аммо дар қадами аввал биёед назари худро ба он баён дорем ва ҳама якчо корпояи онро пайрезй бикунем. Назари шумо чист?

Advertisements

6 Responses

  1. Ба бародар ё хохари хубе, ки он пешниходро додаанд, дуруду сипос мегуям. Аз ин навишта буи садокат меояд. Ва аммо.

    Ба назари ман, хамоно дурии чавонон аз сиёсат аст, ки моро дар тангнои феълй нигох доштааст. Чашми бозу огохии комил аз авзоъу умури сиёсй лозимаи кор аст. Дар гайри ин сурат ба сари мову шумо кулоххои фарохе хохад рафт, хамон гуна ки меравад.

    Изхори назари чавонон ва талош барои мушорикат дар умури сиёсиро наметавон сирфан оху нолае бехуда ва навмедкунанда шумурд. Одами ноумед хомуш аст. Коре ба ин корхо надорад. Хамин ки садои «На!» аз ин бару он бар ба гуш мерасад, нишоне аз умедворй ба фардое равшантар аст. Чомеъа бояд бо мухолифатхо ху бигирад. Хамин мухолифатхост, ки чомеъаи моро сайкал хохад дод ва онро ба он чи мадди назари пешрафтгароён аст, наздиктар хохад кард. Мумонеъат аз бахси сиёсй дар хар чомеъаи башарй хамонанди мумонеъат аз нафас кашидан аст. Пас бигзоред ба рохатй нафас бикашем ва бугзи диламонро ин чову он чо холй кунем. Ин холат моро аз инфичори дарунй рахо мекунад. Ин талошест барои тагйири авзоъ, ки чихати он аз боло ба поин аст.

    Дар канори ин аз пешниходи он азиз хам дифоъ мекунам. Мо ба ростй ба як иттиходи фархангии механй ниёз дорем, ки дастгири фарханги валангори кишвар бошад. Саранчом, тагйиру ислохи фарханги омма метавонад тагйироти лозимро аз поин ба боло анчом дихад, ки талоши ба маротиб бештар мехохад.

  2. Пешниходи хубе аст ва аммо дар мо точикон хисси ватанпарасти коста аст. Вакте фарз кунем, чавони точик дар кишвархои хоричи чи гарб ва чи шарк тахсил мекунад, агар хисси Механапарастиро надошта бошад, гумон аст ба Точикистон баргардад…
    Бинобар ин, ба тарбияи кудакон бояд диккати чидди дод. Ин чо накши зан хеле мухим аст. Бубинед, як масъала ба дунбол масъалаи дигареро пеш меорад, ки мисли занчир бо хам вобастаанд. Хар нафар аз хонавода ва атрофи худ огоз намояд, фарзанд, бародар, хохар, наздикон, ёру дустон ва г.
    Хар дилсузи миллат пешниходе дорад. Бояд хар пешниходро тахлил кард ва як барномаи дуруст омода кард, ба унвони рохнамо ва ё дастур.

  3. Salom barodari aziz
    Tojvar?

    Vakto in peshnihodi shumoro khonadam du kor ba yodam omad
    Yakumash in ki reklamai russi
    Pap a ludi est dar javob padarash meguyad net sinok eto fantaziya
    Va duvumash in ki baad az bombaboron kardani vodii Rasht va nimi tojikro muhojir va khonavairon kardanu zaminhoro furukhtanu joihoi tojiknishini vodii vakhshro ba uzbakho hadya kardani rAHMONOV va boz huvviyati milli mekhohad ba khotiram rasid
    Aslan banda hama sukhanhoi shumoro har ruza mekhondamu ahsant meguftam ki hanuz ham chunin tojikon hastand ba monandi Dodojoni Atoulloh va shumo ammo bad az in makolaro khondanam maro khandai giryaolud pakhsh kard ki bad az chunin surat giriftani hol ki alon mardum fakat dar fikri oneand ki ba changi skinkhedho naaftand yo ba changi polisi rus
    Mardumi tojik tarsru shudaistodaast va boloi in megui ki boz siyosatro naomuzed mekhohi ki nasli tojik siyosat naomuzadu boz sozmon tashkil kunad?

  4. Ончи Дориюши азиз пешниҳод кардааст, хеле бамаврид ва шуданист. Бояд тадричан ба самти як иттиҳоди фарҳангии қавй ҳаракат кард.

    Фикр мекунам беҳтар аст ин мавзуъро дар як чустори чудогона матраҳ кунам. Хоҳам навишт, ёрон.

    Сарбаланд бошем.

  5. Ба Дориюш
    Бародари азиз,
    Барои ҷавононро аз сиёсат дур истода таълиму тарбияро аввалиндараҷа гуфтанам шояд каме боиси танқиди шумо гаштам. Оиди мухолифату ҳукумдор дар сиёсат дуруст зикр кардаӣ вале агар Демократя ин ҳукумронии халқ баҳри халқ аз тарафи халқ бошад мо аввалин дараҷа бояд халқро омузонем.

    Мегуянд ки маънои решаи калимаи интихобот ин қаймоқ аст. Чи хел маънидор. Зеро аз шир қаймоқи шир ва аз лой қаймоқи лой мебарояд. Мо касе бошем сарварони мо ҳам ҳамонанд. Мегуянд ки аз Ҳаҷҷоҷи золим пурсиданд ки чаро ту чун Халифа Умар мулкро ҳукм намерони. дар ҷавоб у мегуяд агар шумо чун тобеиёни Умар мебудед ман низ Умар мешудам.
    Бо кадом халқ шумо бо роҳи сиёсат Тоҷикистонро пеш мебаред. Бо халқе ки дар хонаи ҳар як фардаш «свет»-и дузди истифода мебарад бехабар аз онки дар он ҳаққи ятими навзод ҳаст, Пиваро бо Бисмиллоҳ менушад, маҳалашро аз миллаташ авло медонад, барои кучактарин кор аввало чойпули доданро ба худ асолат медонад… Бо ки?
    Бародарон нодуруст нафаҳмед, ин аз пастии халқи мо нест ва на аз он ки аз миллатам шарм медорам.
    Халқи тоҷик аз ҳастии худ дур шудааст ва бояд танҳо бо тарбия насли навро беҳтар созем. Ин шояд даҳсолаҳо кашад ваё шояд ба фикратон бо сузан чоҳ кандан бошад вале ин ягона роҳ ҳаст. Сиёсиёни солҳои навадуми асри гузаштаи тоҷик бештар хато дар он карданд ки беҳувияти милли будани халқамонро ба назар нагирифтан. Дар натиҷа тудаҳои мухолифу бозичаи аҷнабиён ба вуҷуд омад. Имруз Додоҷону дигару дигараш ҳам бо оташе бози доранд ки решаи ҳастии миллати моро метавонад бисузад. Ман ба ҳақ ё ноҳақ будашон коре надорам, вале ҳар дурустеро дар ҳар ҳолат гуфтан дуруст нест.
    Мо ба сиёсиён эҳтиёҷ надорем, балки ба фидоиён, на ба оташ балки ба машъалаи илм то дар ҳар як канори ватанамон афрузад.
    Бародарон барои наҷоти миллат сарвари миллат будан шарт нест. Агар имруз ҳар як фарди мо дар ғами ҳастии миллат он қадар фикр мекард ки дар ғами гову бузаш мекунад мо на масъалаи хунукиву сиёҳгардонии шишаи мошину сароидани ҳофизонро зикр мекардем, балки аҳволи тоҷикони давлатҳои ҳамсоя ваё роли мо дар сохтори бозии калони осиёи маркази мебуд.
    Ман бо тамоми ҳастиам боз мегуям, дар тоҷикистон 10 мактаби миёнае ки бо таълими ғамхорони миллат дониш меомузонад беҳтар аз 10 роҳбароне чун Бисмарку Путину Исмоили Сомонӣ ҳаст. Зеро давлат организмаест ки аз узвҳо иборат. Аввал бояд ин узвҳоро аз доғи фасоду порахури тоза кард, сипас якҷо карда марҳам молид ва шояд баъд аз ин ба ин организмаро руҳ бахшид. Сарвари хуб ин руҳ ҳаст ва руҳи пок дар вуҷуди пок ёфт мегардад.
    Чунин роҳро халқ албатта мефаҳмад ва дастгири мекунад бо ҳама ҷаҳолаташ. Зеро аз халқ мо на талаби мансабу ҷоҳ мекунем. Дар он ҳолат музди моро дафтари поки тарих хоҳад дод на банки маркази.
    бародарон хотимаи ин номаамро бо ашконам омехта карда ба шумо пешниҳод мекунам.
    Ашки маъюси аз онки ватанамро ба мисли гусфанде мебинам ки гургон майли сайди у доранд вале у дар фикри боз каме сабзаи бештар хурдан бепарво аз гург.
    Гиря аз он дорам ки қариб тамоми тоҷиконе ки аз онҳо мефахрам зери хоканд на руи у.
    Дард бисёр вале сина хоҳам шарҳа шарҳа аз фироқ
    То бигуям шарҳи дарди иштиёқ

  6. Ачиб пешниходест!
    Ба донишгох мерафтам. Як дустам гуфт, фахмиди дар Хоруг чанг сар мешудааст ва ба боевикхои пешина ярок таксим карда истодаанд. Хандаам омад, он чи медонистам аз асли вокеа, уро хабар додам (дар вакте, ки дар боби митинг сару садо буд).
    Бештари чавонони мо дур аз сиёсат мезиянд. Дур аз сиёсат будан, моро пеш аз хама дур аз худшиносй ва худогохии миллй мебарад.
    Имруз дар донишгоххои мо дарси мантик нест. Танхо дар нимсолаи соли чорум мехонанд. Дарси мантик бедоркунандаи шуур аст. Маорифи Точикистон аз ин чиз худорй мекунад. Хатто дар факултаи хукукшиносй аз фанни сиёсатшиносй имтихони давлатиро барои курси 5 бархам задаанд.
    Сиёсатфахмии мо чавонон дар сатхи хеле паст карор дорад. Ва барои ин хукумати вакт манфиатдор аст.
    Вакти он расидааст, ки пешниходи он дустро дастгири намуд. Вале суоли матрах ин аст, кй дар ин замон барои ин миллат миёни химмат мебандад?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: