Ифшои асрор дар додгоҳи Лондон

Ба номи ҳукумати Точикистон васиқае расид, ки бояд барои хадамоти адвокатй дар додгоҳи зидди ширкати «Ансол» зиёда аз 142 миллион доллар супорад. Ин маблағ дар тачрубаи чаҳонии адлия рекордй шумурда мешавад. Ҳеч кас барои ҳимояи ҳаққи худ дар додгоҳ ин қадар товон насупурдааст, агарчанде ки шояд ин миқдор чарима барои чурме дода бошад. Барҳақ, камбағалро дар болои шутур  ҳам, саг мегазад. Агар 48 миллион доллари Бунёди Байнулмилалии Асъорро ба ин васиқа зам кунем, расо 200 миллион доллар мешавад!

Вой бар ҳоли Шариф Раҳимзода (хазинадори нави чаноби олй), ки ин миқдор пулро аз кучо меёфта бошад! Магарам ҳамаи аспу гову гўсфанди Алимардони човандозро бифурўшанд, ки як ними ин пул ба даст ояд. Ҳоло мегўед, ин раҳбарон ин қадар берў будаанд, ки барои сохтмони нирўгоҳи Роғун даст ба кисаи шикофи мардум мебаранд. Бечораҳо дигар чй кунанд. Шояд аз ин кисаҳои дарида он 200 миллион ҳам берун ояд?

Ин иттилоъ аз осмон нест, балки ҳафтаномаи ҳуқуқшиносони Бритониё «Legal Week» аз даруни додгоҳ ва аз забони адвокатҳои ширкати Талко (собиқ ТадАз) ё заводи алюмини Точикистон ин хабарро берун овард ва таҳлилгарони «Mineweb» ин ҳодисаро рекорди чаҳонй номиданд.

Точикистон бо пеш андохтани даъво дар додгоҳи Бритониё мехост, зиёнеро, ки ба гуфтаи он, Аваз Назаров бо ширкати «Ансол»-аш ва собиқ раҳбари ТадАз Эрматов бо тичорати дастичапии алюмин ба кишвар расондаанд, баргардонад. Ин зарарро ҳукумати Точикистон 485 миллион доллар номидааст. Аммо як шахси наздик ба ҳукумат мегўяд, дар асл даромаде, ки раҳбарону фурўшандагони собиқи алюмини Точикистон рабудаанд, ба чанд миллиард доллар мерасад ва то ҳол савдои дастичапии арзизи точик мустақиман ва ба воситаи корчаллонҳои Узбакистон идома дошта, даҳҳо миллион доллар даромади софро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Точикистон ба ҳайси миёнарав ширкате ташкил кардааст, ки дар Чазираҳои Вирчини Бритониё номнавис шуда, аз пардохти ҳама гуна андоз озод аст ва маълум нест, даромади он ба кучо меравад. Ин ширкат бо номи «CDH» низ ба додгоҳ бар зидди «Ансол» ариза дода буд ва аз хадамоти ҳамон ширкати адвокатие истифода мекард, ки ҳоло ҳукумати Точикистонро ба супурдани 100 миллион доллар барои хидматаш муваззаф кардааст. Адвокатҳои бритониёй барои ҳимоят аз ин ариза 20 миллион доллар гирифтаанд. Ба эҳтимоли зиёд онҳо дар симои точикон ё даъвогарони сустро ёфтаанд ва ё кисаи бетагеро, ки аз рўи матали «бардорад, зам кун» амал мекунанд.

Даъвогар, яъне ҳукумати Точикистон аз ширкати адвокатии «Ҳербиз» талаб кардааст, ки ҳеч гуна маълумот дар бораи мўҳтавои аризаҳои даъвой ва ҳаққи хидмати авдокатҳо ба матбуъот иттилоъе дода нашавад. Ҳарчанд Бритониё кишвари демократист, вале бо сабаби ҳамин дархости намояндагони Душанбе ин маълумот ошкор намегашт, то замоне ки рўзи 15 апрел Додгоҳи Олии Бритониё талаб кард, ҳамаи маълумот ифшо гардад. Бо вучуди ин маълум нашудааст, ки барои ҳалли «дўстона»-и даъвои ширкати норвегии «Ҳидро» аз Точикистон дар бораи зарари баробар ба 150 миллион доллар адвoкатҳои бритониёй аз кисаи бетаги Точикистон чй қадар пул гирифта бошанд. Хидматонаи онҳо барои ҳалли баҳси Точикистон бо РусАЛ низ номаълум аст. Рекорди дигари ин кашмакаш ин аст, ки аз тарафи ширкаткунандагони он 8 даъвои зидди ҳамдигар ба шакли занчира пеш омадаву ба шеваҳои номаълум ҳал шудааст. Дар яке аз онҳо шахсе бо номи Ҳасан Саъдуллоев низ ширкат кардааст, ки ўро дар Точикистон хуб мешиносанд.

Харочоти ҳамаи ин даъвову акси даъво дар паси парда мондааст, аммо «Legal Week» дар як матлаби дигараш менависад, даромади қаблан назарногири ширкати адвокатии «Ҳерберт Смит» («Ҳербиз») дар наздик ба 4 соли баҳси Точикистон дар додгоҳи Бритониё ба 381 миллион доллар расидааст. Бо вучуди чунин дастмузди гарон яке аз сарони ин ширкат бо номи Симон Бушелл гуфтааст, бовар надорад, даъвои Точикистон ба ин зудиҳо ҳал шавад. Аз лаҳни сухани ў чунин бармеояд, ки чандон тарафдори ҳалли қазия ба фоидаи Точикистон низ нест. Дар ҳақиқат, қатъи ин парванда барои ў ва ширкати адвокатии «Ҳербиз» маънои аз даст додани манбаъи хуби даромадро хоҳад дошт.

Бар тибқи қонунҳои Бритониё, то ҳалли қазия харочоти додгоҳ аз тарафи ҳарду чониб, яъне даъвогар ва чавобгў пардохт мешавад ва баъд аз поёни он ҳамаи харочоти асосй ва куллиро тарафе месупорад, ки дар ин баҳс шикаст мехўрад. Пас метавон нигарон буд, ки харчҳои ҳангуфти Точикистон ҳанўз дар пешанд ва танҳо пирўзй дар додгоҳ метавонад, ин хисоротро чуброн кунад.

____________________________

Баъд аз он ки ман ин матлабро ба нашр додам, хабар ёфтам, ки дар ҳамин мавзўъ матлаби дигаре ба нашр расидааст. Ручўъ кунед ба ИноСМИ.

4 Responses

  1. hhfbbc

  2. ========
    ========

    IF YOU NEED A BLOG, DONT FORGET TO SEE HERE: http://www.leoxa.com/
    (The themes is so beautiful & also able to place adsense)

    ========
    ========
    many people have moved from other blog to Leoxa.com blog because the themes is very beautiful

  3. […] is wondering [tj] where our officials are going to take this money from: Seems like we need to slaughter all our […]

  4. […] is wondering [tj] where our officials are going to take this money from: Seems like we need to slaughter all our […]

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: