Шўхй-шўхй зиндагонй мекунем

Аз таҳи дил мегўям, ки шўхй-шўхй зиндагонй мекунем. Ин одати имрўзии мо нест. Шояд аз умқи садсолаҳо меояд. Эҳтимол натичаи сарнавишти торихии миллати мост. Ҳама кори мо ҳазлу шўхист.

Шўхиомез касбу ҳирфае дар пеш мегирем. Агар муваффақ нашудем, худро тасалло медиҳем, ки шўхие кардему гузашт. Шўхй-шўхй ба мансаби баланде мерасем, ки худ бовар надоштем, рўзе ба онҳо бирасем, мегўем, «зиндагй ачаб шўхиҳое дорад.»  Афроде шўхй-шўхй шоир шуданд, ҳол он ки ин як доди худост ва чое барои шўхй надорад. Майзадаи дирўз имрўз ёсину таборак мехонад ва ба даҳани бемор суф мекунад. Онаш то дирўз ба қабули шишаҳои холй машғул буд, ҳоло…

Ҳатто онҳое ки солҳои сол як корро ичро мекунанд, ҳамоно дар сатҳи як ҳаваскори навомўз боқй мемонанд. Хуни мо моллекуллаҳои ҳирфаияти олиро қабул надорад.

Маъмултарин сухани мо ин аст: «Хайр як гап мешавад.» Ва матали мардумие дорем: «Шавад обй, нашавад, лалмй.» Ҳастанд онҳое, ки шўхй-шўхй академик, олим, муҳандис… шуданд. Агар бо виждони худ мушкил доранд, пас ҳанўз фикри онҳо рўшан аст. Аммо масъала ин нест, балки он аст, ки чаро муносибати ғайричиддй ба зиндагиамон ва ба тамоми корҳои мо мисли одати дуъорафт ҳамеша бо мост?

Оё метавон гуфт, чандсад ё чанд ҳазор нафари мо шўхй-шўхй мурдаанд. Аслан дар фикраш набуданд, аммо аз он чо ки ҳама чиз шўхию бозист, як рўз танҳо инро ҳис карданд, ки дасту пояшон сард шуд ва касе пилки чашмашонро пўшонду касе ҳадаҳа мекард, манаҳашонро бубандад. 

Кору зиндагии шўхиранги худро замоне дарк мекунем, ки мебинем, миллатҳои дигар ба кучоҳо расидаанд. Нагўёд, моро намешавад, ба Амрикову Урупо қиёс кард. Дар ҳақиқат намешавад. Як бор худро бо қирғизу қазоқ ё паштуну узбак муқоиса кунем. Чизи дигаре беш аз ин намегўям, чун маро ҳам шўхиомез ба бегонапарастй мутаҳҳам мекунед.

Аммо агар ба дунёи атроф бингарем, мебинем, ҳар кишвар ё миллате дар як ё чанд ришта тахассуси олй ёфтааст. Тахассуси мо чист?

Дар ҳамин ҳол дўсти азизе моро таъна мезанад, ки шукр карданро наёмўхтаем. Мутмаъинам, шўхй мекунад.

______________________

Акс аз торнигори Миллатномаи ман

Advertisements

One Response

  1. Точвари мухтарам,
    дар хакикат табиати ман шух аст. Шухи накарда наметавонам. Лекин дар мавриде ки Шумо дар назар гирифтаед ман нимчиддию нимшухи навиштам ва тасмим гирифтам, ки дигар нанависам. Вале дар натичаи хондани «Шухи-шухи…»-и Шумо хеле табассуме доштаму хулосае кардам, ки шахсан ба Шумо нависам. Табассуми ман намехохам, ки ба Шумо сахт расад. Он чи навиштед дар ин макола хакикат дорад. Аз хакикат гурехта намешавад. Хануз дар коментарияи аввали худ навиштам, ки Шумо марди кобил будаед. Аз хамин ру шахсан Шумо-Точварро хурмат дорам ва ахсант мегуям ва боз маълум месозам, ки шахсан ба хотири Шумо комментария менависам. Нияти минат карданро надорам.
    Як саргузашти марде ба хотирам омад (бахшида ба «Шухи-шухи…»): Корманди БДА дар постгохи худ истода пода аз наздаш мегузарад. Ба гови байни пода ишора карда ба подабон мегуяд, ки ин гов касал ба наздики мемурад илоч карда номурда онро кушед. Подабон хайрон дагалона «Ту ГАИ-шник говро аз кучо мефахми?» мегуяд.
    – О ман то дируз ГАИ-шник шудана подабон будам.

    Бояд кайд кард, ки шухи-шухи хама ба мартабае мерасад. Хох академики аст хох марг. Ин амри такдир аст.

    Шукр мекунам, ки «шухи-шухи…» ба мо низ Шумо чизе бахшидед.

    Дар панохи Худо!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: