Рар моро ба Чин месупорад

Александ Рар, яке аз сиёсатшиносони маъруфи Урупо ба пурсиши шаҳрванди Точикистон Файзулло Насруллоев посухи ачибе додааст. Ҳамватани мо аз ин донишманд дархост кардааст, ки андешаи худро дар бораи авзоъ дар Точикистон бeғаразона баён дорад. Файзулло, аз чумла чунин навиштааст:

Кишвар комилан ба ҳарчу марч ва фасоду ришват ғарқ аст. Он гуна ки Ф. М. Достоевский мегўяд, “қашшоқй айб аст”, мо қашшоқем ва ҳар шаҳрванде агар имкон ёфт, ба Русия мегурезад. Кишвар холй мешавад, аммо барои президент Э. Раҳмон ин муҳочирати мардумаш “як раванди табиист.” Аммо ҳамчун кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандии мо, Раҳмон гўё намебинад, ки солона дар Русия ба ҳисоби расмй то 400 точик кушта мешавад ва ба ҳисобҳои ғайрирасмй ҳазорон нафар. Аз ин бунбаст чигуна мешавад, берун омад?”

Посухи Александр Рар ба ин суъоли шаҳрванди Точикистон қисман дипломатист, аммо нукоти муҳиме дорад. Вай, ки дар ин гуфтугўи интернетй вазъи имрўза ва ояндаи Русияро шарҳ медод, аз посухи мустақим дар бораи куштори муҳочирон дар Русия аз дасти нажодгароёни тундрав худдорй мекунад ва аз рўи матали “қарз ба қиёмат намонад”, дар чавоб ба номбар шудани Достоевский аз тарафи шаҳрванди Точикистон, аз Солженитсин ном мебарад.

Солженитсин мегуфт, барои Русия аз дўши худ партофтани юғи 300-солаи тоторй осонтар аст, то тамиз кардани зеҳни худ аз афкори коммунистй. (Аммо агар сартарошидаҳои рус коммунист мебуданд, ба халқи бародари муҳочир ингуна рафтор намекарданд. – Т.) Мушкили табдили коммунизм ба ягон чизи нав роҳи дароз ва душворест. (Зиёд фаҳмо нест. – Т.) Аз ҳама муҳимаш бояд ба чанги нав роҳ надод. (Дар кучо? Дар Русия ё Точикистон? – Т.)

Ин қисмат аз посухи чаноби Рар ихтисоре дидааст ё аз ҳад зиёд политологист, ки ақли банда онро ҳазм карда натавонист. Ба назари ман, сартарошидаҳо маҳсули ҳукумати путинй мебошанд, ки миллатгароии русиро дар чомеъа густариш дод. Путин президенти Русия буду аз фурўшандагони сиёҳмўи бозорҳо ҳарф мезад. Чй монад ба чавонаконе, чи дар оилаҳои шаробзадаи русй ба воя мерасанд. Вале баъдаш Рар як чумлаи тилой мегўяд. Ҳушдоре ба точикон ва дигар бошандагони Осиёи Марказй.

Ман фикр мекунам, ки Чин ба зудй дар минтақаи шумо вазни бештрае касб хоҳад кард. Иттиҳоди Урупо талош дорад, ба Осиёи Марказй таъсир расонад, аммо дар ҳолии ҳозир бефоида.”

Оё метавон гуфт, ки ин суханони Рар бо назардошти муҳочирати қариб хонахези аҳолй аз Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба зеҳнаш омадааст? Тасаввур кунед, ки мардинаи Точикистон, он ҳам дар айни шукуфоии нерў ва тавоноияш ватанро тарк мекунад. Ба хонаи холии ў чиноиҳо монанди малахи Хатлон ҳамла мекунанд. Бо баҳонаи сохтани роҳ, нақб ё нерўгоҳи барқи обй. Ин албатта, фаҳмиши омиёнаи суханони Рар аст, ҳарчанд безамина намебошад. Мегўянд, дар тўли роҳҳое, ки чиноиҳо месозанд (гўё точик роҳ сохта наметавонад, бечора нав аз чангал баромадааст!) аз дасти онҳо на саге зинда монду на сангпуште. Мегўянд, ки онҳо бо ҳамон чашмони тангашон ба духтарони точик ҳам ало-ало менигаранд. Як блогнависи точик пешгўй кардааст, ки насли ояндаи точикон пўсти зард ва чашмони танг хоҳад дошт.

Чаноби Рар сипас ба ёд меорад, ки мавзўъи асосии сўҳбаташ Русия аст ва изофа мекунад, ки албатта, агар Русияи аз лиҳози иқтисодй тавоно дигарбора барои ҳамсоягонаш чолиб гардад, метавонад, шаклҳои нави ҳамоишро ба миён гузорад. Инаш пешгўии ояндаи дур, ки шояд ба Точикистон чандон дахле надорад. Хеч яке аз каналҳои телевизионии Русия обуҳавои Точикистонро нишон намедиҳад. Худ хулоса бароред…

Ин сўҳбат рўзи 21 апрел дар торнамои Иносми ба амал омадааст.

2 Responses

  1. “…дар чавоб ба номзадии Достоевский аз тарафи шаҳрванди Точикистон, аз Солженитсин ном мебарад”. Чи гуфтани гап? Ба рости, дар баробари ру ба ру шудан бо чунин чумлахо, хеле дар газаб мешавам. Тавре, ки дар матбуоти точик, баъзе “бузургон” танхо барои худашон менависанд… Маро маъзур доред, шояд ман нафахмидам. Як суханро аз фурсат истифода карда гуям (танхо ба “бузургон”-и матбуоти точик дахл дорад). Эшон бо навиштахои “фалсафияшон” унвони “ифтихори”-и “шизик”-ро сохиб шудаанд…

  2. Кудатои азиз.

    Ташаккур. Умед дорам, ба ғайр аз нафаҳмидани ин чумла мушкили дигаре надошта бошед.

    Ва боз ҳам ташаккур, ки ишораи “шизик” ба Эшон ба банда рабт намегирад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: