Хадияи Манучехр

Ин акс дар торнигори Манучехри азиз дар зодрўзи Садриддини Айнй ба нашр расид ва беҳтарин ҳадия буд. Пас аз 130 сол низ на хама корномаи Айниро шинохтаанд. Барои бархи дигар Айнй як бегонаест, ки забону хуруфи онхоро дигар кардааст. «Сипосгузорй»-и онхо дар пояи нимхайкали Айнй дар мазораш хак шудааст.

23 Responses

  1. Дидани матлаби тозаи шумо, ба вижа дар мавриди ин бузургмард, Айнӣ, хеле хушҳолам кард. Айнӣ ҳар коре аз дасташ омад, барои ин миллат кард, то зинда бимонем ва кӣ будани худро фаромӯш накунем, ториху фарҳангу адабиётамонро аз даст надиҳем. Як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки Айнӣ то охари умр бо хатти форсӣ менавиштанд.

  2. Дуруд бар Ромини азиз!

    Комилан дуруст аст, ки устод (ва на танҳо эшон, балки ҳамчунин Чалол Икромй, Раҳим Ҳошим ва дигарон) то поёни умр ба хатти форсй навиштаанд.

    Аммо афроде, хатто бархе аз таҳсилдидагони мо бар инанд, ки маҳз устод Айнй алифбои форсиро ба лотинй ва сипас сириллик иваз кард. Бархе дидаву дониста, ки ин гуна нест, чунин андешаро дар байни авом паҳн мекунанд.

    Ин аст, ки муносибати мардуми ом ба шахсият ва корномаи Айнй яксон набуд ва нест. Бояд ин тухматхоро аз руи номи устод шуст.

  3. Ба зудй хамин тамбр (морк) дар яке аз гузоришхои JadidOnline.com низ хохад омад. Бино бар он гузориш, Айнй дар сурудани «шеъри нав» аз Нимо Юшич панч сол мукаддамтар будааст. Ва дар вокеъ, Нимо дар сурудани нахустин «шеъри нав»-и худ («Афсона») аз «Морши хуррият»-и Айнй илхом гирифтааст, чи аз лихози вожагон ва чи аз лихози вазн.

  4. Агар Устод Айни набуд, мо гумон аст ки метавонистем пойтахти нави точикон Душанберо бисозем; гумон аст, ки фархангеро, ки дар солхои 80 ва 90 доштем, медоштем. Устод хунармандону адибон ва нависандагон ва ахли фарханги Самарканду Бухороро ташвик карда ба Душанбе оварданд…
    Хайф ки аглаби насли чадиди точикон аз ин хизматхои Устод хабаре надоранд, метавон гуфт он касро намешиносанд.
    Хар касе ки аз баргардони хуруфи арабиасос ба лотини ва сипас ба сирили эшонро гунахкор мекунад, галат мекунад. Сирилии точики тамоми овохои форсиро дорост, ин аст ки дар баёни матлаб сирилии точики хеле рохат аст. Устод ин корро ба дурусти анчом доданд.
    Ин ки мо бояд ба хуруфи арабиасоси форси баргардем, тамоман бахси дигар аст.
    Назари ман ин аст, ки мо БОЯД хизматхои Устодро ба фарзандони худ тавчех кунем. Манучехри гироми бо нашри ин тамр кори хубе карданд. Хар нафари мо бояд заррае хам бошад, дар шиносоии бештари шахсияти Устод Айни коре анчом дихем, ин вазифаи мо аст.
    Хукумат дар ин самт коре нахохад кард. Хукумати бесавод ин чихоро дарк намекунад, вайро чизхои дигари мухимтар чамъ кардани пулу мол аз хисоби мардуми бадбахт ташвиш медихад.
    Муваффак бошед!

  5. Айнй дар тагйири хатти порсй ба лотин ва сипас сириллик такрибан хеч накше надошт. Дилаш бо хамон хатти миллй хуш буд ва то охир хам ба хеч як аз хатхои чадид иноят накарду ру наовард. Таррохони хатти лотин ва сириллик хеч кадом аз мардуми бумии минтака набуданд. Дастур аз Маскав буд ва ховаршиносони русу хоричй онро барои точикон анчом доданд. Лутфан ин галатро дигар дар канори номи устод Айнй наоваред. Танхо ба хотири эътои машруъият (легитимность) ба хатхои сохтаву нокис онро ба Айнй мансуб карданд, ки гуё як точик ин корро кардааст, то точикхо онро моли худ бидонанд.

    На лотин ва на сириллик барозанда забони порсй нест ва хамаи садохоро баён намекунад. Барои намуна, мову шумо «бино» (касе, ки мебинад) ва «бино» (сохтмон)-ро як чур менависем. Дар натича як чур хам талаффуз мекунем, ки галат аст. «И» дар «бино»-и нахуст дарозтар аст ва дар дуввумй кутох, ки дар хат баён намешавад. Ва хатто шоъирони мо «бино» ба маънии сохтмонро гох бо Сино кофия мебанданд, ки иштибохи фохиш аст. Талаффузи «о»-и гирди русй забони порсии моро махдуш кардааст, дар холе ки «о»-и порсии мо ин кадр гирду баста набуд. Кутохи калом, хатхои сохтаи даврони шуравй танхо коре, ки карданд, дурии забону миллат аз асолаташ буд ва он рабте ба Айнй надорад.

  6. Ин мавзуъ мавзуъи хеле бахснок ва тулони аст. Ба назар мерасад, ки танхо таърихшиносон ва забоншиносон метавонанд бахои дуруст ва асоснок бидиханд. Мо ки на забоншиносем ва на таърихшинос.
    Ва аммо, магар калимахои «бирав» аз «буру», «дувоздах» аз «давоздах», «таърих» аз «торих», «кавл» аз «кул» ва гайраву хоказо зеботар нест?!

  7. хамон «бино»и точикиро эронихо «бано» талаффуз мекунанд ва «бинокор» ба форсии эрони «банно»-и араби аст…

  8. Барои дарки ин мавзуъ ниёзе нест торихшинос ё забоншинос бошй. Эроди ту аз лахчаи техронй ба монанди ишкол гирифтан аз калог ё зог аст, ки чаро сиёх шудй. Хар лахчае вижагихои худашро дорад. Хамтухин не-мй?

    Ва аммо намунахое, ки овардй, ба зиёни истидлоли туст. Хатти порсй ба сохибони он замон ичоза медихад, ки сарфи назар аз лахча ва талаффузашон, як вожаро факат дар як шакл бинаванд. Дар натичаи «бирав» дар лахчае дигар метавонад «borow» хонда шавад ва «дувоздах» – «davaazdah» ва «кавл» – «qowl». Пас он тавре ки мебинй. ба он содагихо хам нест, ки тасаввур мерафт. Хатти порсй зомини ягонагии забони порсист бо хазорон лахчаву гуиши он. Бидуни ин хат як вожа чанд имло хохад дошт.

    Талаффузи «бано»-и эронй ба хар хол наздиктар ба асли вожа аст нисбат ба «бино»-и точикй, ки билкул галат аст. «Банно» ба маънои сохтмончй аз кадимулъайём дар забони порсй буда ва хузури он дар забони мо эродпазир нест. Аслан худи вожаи «бино» арабист. Пас чаро бояд факат аз «банно» эрод бигирем?

    Дар ин маврид ки кадом лахча зеботар аст, вориди бахсхои зебоишинохтй намешавам, чун бастагй ба зоика (мазок, табъ – вкус) дорад. Аммо вокеъият ин чост, ки «забони адабии хозираи точик» махкум ба марг аст. Худ ба худ дорад мемирад. Хамрох бо хатти галаташ, ки (таъкид!) ба устод Айнй рабте надорад.

  9. Тасхех:

    Ва аммо намунахое, ки овардй, ба зиёни истидлоли худи туст. Хатти порсй ба сохибони он замон ичоза медихад, ки сарфи назар аз лахча ва талаффузашон, як вожаро факат дар як шакл бинависанд. Дар натича “бирав” дар лахчае дигар метавонад “borow” хонда шавад ва “дувоздах” – “davaazdah” ва “кавл” – “qowl”, аммо хама ба як шакл.

  10. Ба хар хол, хар кас хакке ба акидаи худро дорад.
    Аз шумо киёи Дориюш баъид аст, ки дар як кишвари демократи зиндаги карда бо чунин асабоният бахс мекунед.
    Таърих ва мардум хама чиро дар чои худаш хохад гузошт.

  11. «Хар лахчае вижагихои худашро дорад. Хамтухин не-мй?»
    Чаноб мехоханд бо чунин бархурд махалгароиро аз байн баранд?!
    Пас гуфта ва тафаккури мо фарк мекунад?

  12. Дар ин бахс ман аз Student пуштибонй мекунам, зеро аввалан вай 100% хакки ибрози андешаи худро дорад ва сониян аз далоиле, ки овардааст, наметавон катъи назар кард.

    Дар хамаи бахсхои марбут ба расмулхат чанбаъи савуми он фаромуш мешавад. Холо агар ман онро дар миён гузорам, метарсам дафъатан ба понтуркизм айбор нашавам. Устод Шакурй дар як мусохибаашон гуфтаанд, хуруфи лотинй беш аз хар харфи дигар тавониста буд, савтиёти забони моро дар хеш бигунчонад.

    Ин акида, ки забони адабии мо дар холи сакарот аст, низ ниёз ба бозбинй дорад.

    Лутфан дар бахс лутф нишон дихед, ёрон.

  13. Dustoni aziz,

    bargasht as ba harguna harf as cirilik barobari ba khudkushi dast zadan ast. Al’on sathi khondan va navishtani aholi dar darajaest, ki sathi soli 1930-memonad va mo bos ba sari u navishtani hurufi navro borkunem miyonash mashikanad. On vakt harguna mahvi besavodi davo nakhohad kard.

    Janobon, shumo albatta hama Hofisu, Mavlonoro khondaed. Chi talaffuz shirintar ast va shakli navishti onho ba kadom shakli talaffuzi jadid nasdik ast? Be shubha yak Javob: Tojiki!

    Samak

  14. Student-и гиромй,

    «Чаноб» ва кинояхои хамонанди он муносиби хеч бахсе миёни равшанфикрон нест. «Хамтухин не-мй?» ба далели ишора ба вижагихои гуишхо ва ориятхо ё вомвожахои гирифта аз дигар забонхо дар гуишхои оварда шуд. Дидани махалгаройи дар хар ишорае бештар ба «параноя» ё бадгумонии шадид шабохат дорад. Метавонистам бигуям: «хамита нестай?» ва мавриди бадгумонии бештар вокеъ мешудам. Аммо магзи калом дар «хамтухин» набуд, балки чизе дигар буд, ки умедворам гирифта бошй.

    Шакке нест, ки хар кас метавонад акидаи худро дошта бошад. Аммо агар карор аст аз он акидаи дифоъ кунй, бехтар аст дар доираи хамон бахс бимонй ва онро бо бахсхои хошияии дигар наолойи.

    Ман бо тафсили бештар мавзеъамро баён хохам кард. Аммо агар посухи ман боъиси ранчиши хотират шуд, бародари гиромй, аз самими дил пузиш мехохам.

  15. Точвари гиромй,

    Ман хам аз тарафдорони парупокурси озодии баёнам ва то кунун дахони касеро мухру мум накардаам, ки назар надихад. Аммо нафахмидам, ки сухбати шумо аз кадом далоил аст? Зебоии ин ё он талаффуз? Аслан ин бахси мо рочеъ ба расмулхат буд ё зебоии талаффуз? Шояд хелехо аз нахваи талаффузи ман мутанаффир бошанд ва ба гунахое ин танаффурро ба хурди ман медиханд, ки ман онро хам ба хисоби адами рушди миллигаройи мегузорам. Аммо талаффузи ман ки дар навиштахоям бозтоб намеёбад. Ва аслан иртиботи он бо ин мавзуъро дарнаёфтам. Дар холе ки хамон хатти порсй руи тамоми талаффузхо сарпуш мегузорад, тавре ки шумо ба дилхохи худатон хар вожаро метавонед талаффуз кунед.

    Устод Шакурй дар тозатарин гуфтугуи худ бо Чадид чизе дигар гуфт. Ба назари устод, агар карор аст мо аз худ хуввияте дошта бошем, бояд дар нихоят ба хатти порсй баргардем. Порае аз назархои эшонро метавонед дар пайванди зер бишнавед:

    http://jadidonline.com/story/10042008/frnk/parsi_script

    Ба назари ман, хатти лотин кучактарин тафовуте аз хатти сириллик надорад ва хамон нуксхоеро дорост, ки расмулхатти кунунии мо дорад. Он чо хам хар ду «бино» як тарзи навишт доранд. Он чо хам «мехр» бо «меравам» як чур «е» доранд, дар холе ки нахуст бояд кутох ва дуввуми дароз бошад.

    Ба назари ман, мо шохиди дами сакароти «забони адабии хозираи точик» хастем. Ба хотири сустии пайванд миёни забон ва андеша, ки камтар ба он пардохтаем, фикри тозае тавлид намешавад ва хама такрору нушхори фикрхои гузашта аст. Касе, ки дар баёни мафхумхо мачбур аст ба «вай» ва «чиз» муттакй шавад (ба монанди «Вайро оварда вай кун, ки чиз шавад» – ба хотири дурй аз бадгумонихои махаллй ба хеч лахчае нагуфтам), дучори як мушкили бунёдин аст. Ин мавридест, ки дар чомеъаи мо бештар ба чашм мехурад.

    Ба бовари ман, бояд вокеъиятро пазируфт, ки забони модарии мо дар Точикистон бисёр заъифу такида аст. Пурзуру кашангу бартар чилва додани он дар баробари дигар гуишхои порсй андаке хандаовар ба назар мерасад. Боз хам таъкид мекунам, манзур талаффуз нест. Аз диди торихи забоншинохтй, гуишхои Точикистон наздиктарин шеваи гуиш ба забони клоссики порсист ва техронй бисёр дуртар аз он аст. Аммо шерозаи забон дар Точикистон аз хам гусехтааст. Дарки ин кутохй ва пазириши он шахомат мехохад ва ислохи он шахомати бештар. Забон бояд ислох шавад.

    Чанд намуна аз унвонхои маколоти нашрияхои хафтаи гузаштаи чопи Душанбе:

    «Ё мулло бош, ё «бука», на академики пиёда», «Гимнро холо иваз накунед» ва як чумла: «Аз фурсат истифода намуда ба шахрвандон ва рахбарони хочагихо гуфтаниам, ки ба гасб намудани китъахои замини киштй, сохтмонхо рох надиханд, чунки окибати ин амал хуб анчом намеёбад.»

    Холо ба хотири ин ки точикем, бояд бах-бах гуфт, ки чи забони зебое дорем, ки намедонад «окибат» анчомёфтанй нест, балки худ анчоми як кор аст? Ва он хама иборахои обшуставу бегонае, ки чун кайк бар баданаи забони мо часпида, то кучо хушоянд аст?

    Умедворам, бо дарке мудерн аз бахс шаккокихои манро ба хисоби камлутфй ва белутфй нагзоред. Аммо он чи мебинам, забоне дар холи сакарот аст.

  16. Самаки гиромй,

    Устод Шакурй хам таъкид кардааст, ки гузор ба хатти порсй бояд тадричан ва охиста сурат бигирад, аммо анчоми он хатмист. Ин коре нест, ки якшаба анчом шавад, аммо агар мехохем забонамон дар канори забонхои пешрафта матрах бошад, бояд ба хатти худамон баргардем. Хамаи осори бузургони мо, аз Рудакй гирифта то Айнй ба хамин хатти порсй навишта шудаанд.

    Нафси хондану навиштан нишони босаводй нест. Агар мо наметавонем аз файзи адабиёти беш аз хазорсолаи порсй бахра бибарем, пас бесаводем. Дар натича, метавон иддаъо кард, ки аксаран бесаводанд, аз ин ру чомеъа гирифтор мондааст. Бештари мушкилоти мо бо забони заъифамон пайванд дорад. Хатто мушкилоти иктисодй. Агар зехни нохудогохи мо мафхумхоро ба забони модариамон ламс ва дарк намекунад, кодир ба офариниши мафхуме тоза ва рохкоре нав нестем. Танхо рохи ислохи забон бозгашт ба хатти порсист.

    Ва боз дар мавриди «ширинии талаффуз», ки ба назари ман мавзуъи дарачаи як ба шумор намеояд. Гуиши Фирдавсй, Мавлавй, Хофиз ва гайра ба порсии точикй наздиктар будааст ва инро бисёре собит кардаанд. Худи ман хам дар як кунфронси Ландан дар ин бора суханронй доштам ва бо такя бар чанд байти Фирдавсй, Мавлавй ва Саъдй собит кардам, ки гуиши онон ба порсии точикй наздиктар будааст.

    Барои намуна,

    Гул хамин панч рузу шаш бошад
    В-ин гулистон хамеша х(в)аш бошад.

    Хаш ё х(в)аш, ки хамон «хуш» аст, бо «шаш» хамкофия шуда, на «шеш», ки дар Техрон роич аст. Лахчаи техронй танхо пас аз омадани Кочор бар сари кудрат ва интиколи пойтахт ба Техрон муставлй шуд. Аммо хатти порсй тагйир накард. Зеро дар он хат чи «шаш» ва чи «шеш» як тарзи навишт доранд. Аз ин ру ман гуфтам, ки хатти порсй зомини бакои хамаи гуишхост. Бо хатти порсй метавон хамаи гуишхои порсиро як гуна навишт ва ба гуишхои мухталиф талаффуз кард.

    Бародарони гиромии ман,

    Лутфан мутаваччехи ин нукта шавед, ки то кунун чанд бор такрор шуд: Бахс сари расмулхат аст, на талаффузи ин ё он гуиш. Агар касеро гуиши ман озор медихад, саъй мекунам харгиз бо у мусохиб нашавам, то асбоби кудурати хотираш фарохам нашавад. Мавзуъ забони азхамгусехтаи мост ва хатте, ки ниёзхои моро бароварда намекунад ва боъиси чудойии мо аз хамкавмонамон ва аз осори гузаштагонамон ва аз худии худ ё хуввиятамон шудааст.

    Поянда бошед

  17. Ва аммо кулли ин бахс зери тамбри устон Айнй чараён дорад. Далелаш хам ин аст, ки гуфтем Айнй набуд, ки хатти моро иваз кард. Ин нукта дар тули бахс такрибан фаромуш шуд. Аммо боке нест. Нукоти чолиби дигар хам матрах шуд. Сипос.

  18. Дориюши фарзона,

    Шакке нест, ки дар байни хамаи мо аз хама босаводтаред. Низ шубхае надорам, ки акли чуё ва талоши омузиши бештару бештар доред. Вожахоро хунармандона бозй медоред. Ин чо мо таслим. Биноъан ба шумо нашояд, бо шунидани ин ки номи ман Худо… тамоми артишу тупхона ва хатто нерухои хавоиро ба кор андозед. Хеле рохи дароз аст, ки дигарон хам ба шумо бирасанд. Мисли ин аст, ки шумо дар хеч чанге асир намегиред.

    Ман фикр намекунам, ягон точик сидкан мухолифи эхёи хатти ниёкони бузургамон бошад. Аммо мушкили аввали мо имруз на хат аст. Балки нон ва адл аст. Ба диди ман, албатта.

    Донишчуи азизи мо ишораи хуб ба он карданд, ки имруз кормандони матбуъоти мо хама чизеро, ки аз Техрон мешунаванд, нусха мебардоранд ва ба сари мардуми гирифтор мерезанд. Онхо аслан фикри инро намекунанд, ки чй чизе дар он лахча дуруст аст ва чй чиз галат.

    Устод Мухсин Умарзода бархе аз чунин «навгонихо»-ро гирдоварй кард, ба шунидани онхо кас намедонад, бихандад ё бигиряд. Журналистшавандаи чавонеро дидам, ки барномахои форсии БиБиСи-ро гуш мекард ва колабхоеро ба дафтарчааш менавишт. Вай муътакид аст, ки ин бехтарин форсист. Ба назари ман, Донишчуи азизи мо бештар хамин нукотро дар назар дошт. Ва барои аксарият хавлангез аст, ки бо гузаштан ба хатти форсй каламбадастони мо ба сабки «копй-пейст» мегузаранду андешаи асил аз мардум боз ба фарсангхо дур меравад.

    Хак бо Шумост, ки мавзуъ дигар буд. Аммо равони устод Айнй бо дидани ин бахси мо факат шод хохад шуд, зеро барои хар нуктаву вергули ин забон хамин гуна бахс мекард ва машаккат мекашид.

    Фикр мекунам, бояд пасон боз ба ин бахс баргашт.

    Сарбаланд бошем!

  19. Точвари гироми дуруст мегуянд, ки мушкили раками яки мо имруз – нон ва адл – аст.

    Аммо дар ин радиф хат низ набояд фаромуш шавад. Хадди акал, бо он ки ин хат метавонад чанд лукма ноне бештар ба чанд точики дигар бидихад. Хадди акал бо он ки ин хат метавонад хакшиноси ва адлталабиро дар ниходи точикон бештар бикунад.

    Вокеан, агар харф сари зебоист, пас вокеан хам ин хат зебо аст. Агар харф сари осонист, пас сано бар чиноихову чопонихо. Охир, онхо нарафтанд, ки лотини бигузинанд ва е сириллик бигиранд.

    Дар мавриди гуиш. а бача, гумш ку, намемонен одамо ба ком тарзе ки худшонда маъкулай гап занан. … Яке аз далоили аслии ру задани махалгарои – хамин эхсос ва эродгирии шадид дар баробари гуишхоест, ки дар гуши мо «бегона» садо медиханд. … О, хай, шумоба фаркаш чи, ки одам кадом лахчаба гап мезанад?…. Дуруст аст, ки дар ТВ ва радио ва матбуот набояд аз лахча кор гирифта шавад, аммо, эътироф бояд кард ки дар сухбати дустона ин гуна сухан кардан каме норохатиро ба миен меоварад. Ва ин чо хам хамон бузургии хатти арабист, ки метавони як гуна нависи ва хар гунае хохи бихонияш.

  20. btw, Бехтарин хидмат барои забони форсиро дар чанд соли ахир Ораш кардааст. Имруз, хам чопонихову хам аврупоихо «буру-буру» мегуянду «тике-тике». Чи каси дигаре кадом вожаи форсии дигареро ба ин гуна вусъат вирди забони ин гуна теъдоди мардумон кардааст?

  21. Масъалаи хатту алифбо, ба назари ман, ин кадар сода нест, ки бо чунин осонй хал шавад ва максад аз он низ на ин аст, ки хама яксон бинависему баъдаш хар кас ба лахчаи худаш бихонад.

    Пурсиши ман аз окоён Точвар ва Дориюш ин аст, ки чи фурсатеро барои чунин гузор кофй мешуморанд ва оё мутмаинанд, ки бо саводи имрузаи мардуми точик ин гузор бедард ва чорасоз хохад буд?

  22. Точвари арчманд,

    Ба хеч руй хадаф аз ин бахсхо таъкид руи дониши ину он нест ва абадан инчониб худамро босаводтар аз хама ва ба вижа Шумо намебинам. Барои бахс ва равшан шудани мавзуъ мачбур ба овардани намунахову тул додани бахс мешавем, ки шояд то хадде фазлфурушй ба назар ояд, аммо Худо шохид аст, ки чунин нест. На асир мехохаму на маъсур (асоратгар). Бахс бахс аст ва тупу ташар хам дорад. Бояд ба бахсхои бепарда ху гирифт. Ман хамчунон муътакидам, ки ба касе беадабй накардаам. Агар бардошт чунин буда, пузиш.

    Ин мавзуъхо (забон ва хат) барои шахси ман ва (ба бовари ман) барои миллат ахамияти хаётй дорад. Чун муътакидам, ки решаи бисёре аз мушкилоти мо дар хамин ду унсури созандаи миллат нухуфта аст. Мукоисаи Точикистони «кариб сад дарсад босавод» бо Эрони «камтар босавод» баёнгари хакоикест, ки тааммули бештар мехохад. Рушди чомеъаи мадании Эрон ва тафаккури мудерни эронй дар зарфи сад соли ахир шигифтии гарбихоро барангехтааст. Дар бухбухаи ин тахарруки васеъи чахонй Точикистон як нуктаи гуму нопайдост. Оё мувофикед, ки бо забони ланги Точикистон наметавон андешаи тозае офарид ва дар ин хангомаи шулуг чои пое пайдо кард? Хамон гуна ки каблан гуфтам, миёни забон ва вучуди мо дар кул (аз чумла нон ва адл) пайвандхои зиёдеро метавон радёбй кард. Бо порсигуйи ва порсинависй чахони Точикистон ба чахони хорич хохад пайваст ва рушди чомеъаи маданй худ ба худ тахрик хохад шуд. Чахон аз иттифокоти Точикистон бехтару бештар огох хохад шуд ва инзивову фаромушии иттилоъотии Точикистон то хадди зиёде хохад шикаст.

    Пас, ба назари ман, хатту забон хам аз чумлаи мушкилоти умдаи Точикистон аст.

    Бештари иштибохоте, ки гуё ба таклид аз гуиши техронй сурат мегирад, ба камсаводии худи гуянда бармегардад. Худи ман шохиди он будам, ки чи гуна як корманди родю Озодй дар Прог ба чои «чирик» «чирикй» ва ба чои «мустарад» «мустарид» мегуфт ва дар посух ба тасхехи ман эътироз кард, ки «На чирикуш точикияй на чирикиш. Мада фаркуш чияй, ки дрстш чихелй меша.» Ба у гуфтам, агар фарке намекунад, бехтар аст мардумро бо иштибоххои тасаннуъй, ки дар Техрон хам роич нест, гич накунй ва аз гуиши техронй тасаввури батамом галат барои мардум эчод накунй. Иштибох аз худи у буд, на аз гуиши техронй. Гуиши техронй бо тамоми галатхое, ки дорад (ба монанди истифода аз «-ро» пас аз феъл, корбурди харфи изофаи «й» дар навиштор пас аз вожахое, ки бо «-ав» тамом мешаванд ва гайра), боз хам софу дурусттар аз «забони адабии хозираи точик» аст. Таъкид: талаффуз аслан ва абадан манзури банда нест; чумлабандй ва вожасозй айни муддаъост. Пас айб дар забону хатти порсй нест, балки дар забондоронаш аст.

    Поянда бошед.

  23. Самандари гиромй,

    Ба назари ман, яксон навиштану хондан, ки хатти порсй ин имконро барои мо медихад, барои забони дархамдаридаи порсй ногузир аст. Агар таваккуфи мо дар истгохи сириллик хеле тул бикашад, фардо муддаъиёни чудойии «точикй» аз порсй муваффак хоханд шуд, бо такя ба хамин далели содае, ки хатти мо сириллик аст ва нахваи навишти мо ба вожахо талаффузи бахусусеро медихад, ки дар хеч чо гайр аз Точикистон маъмул нест. Дар холе ки хатти порсиро чи ба гуишхои Осиёи Миёна ва чи гайр аз он метавон бидуни сардаргумй хонд.

    Нигаронии устод Шакурй хам аз даст додани гузаштаи бошукухамон ба далели дилбастагй ба хатти сириллик аст. Дар хамон гузорише, ки пайвандашро каблан зикр кардам, устод мегуяд: «Шарт нест, ки имруз мо зуд аз ин хатти сириллике, ки дорем, даст кашем. На. Лекин ба хатти ниёгон баргаштан, имруз ё фардо ё пасфардо хатман лозим аст. Агар мо аз хадди акал хазорсола торихи худ даст кашидан нахохем, бояд ба хатти кадимии худ баргардем.»

    Дар мавриди фурсате, ки барои гузор басанда аст; бастагй дорад ба ин ки барномарезии он кай сурат хохад гирифт. Бо таваччух ба нотавонии кунунй ва бахонахои давлат, ин муддатро метавон то 30-40 сол таъйин кард. Тайи ин се-чахор даха хар ду хатти порсй ва сириллик метавонад канори хам вучуд дошта бошад ва ин гузор ба охистагй ва нарму сурат бигирад. Мо точикон тавонистем ду бор пеш аз ин ин батамом бесавод ва бозпас дар кул «босавод» шавем. Дар тули 10 сол мачбур ба фаро гирифтани ду хатти лотин ва сириллик шудем. Давлат агар бихохад, бахонае намемонад. Шигифтии ман хам ба монанди Follower ба донишу тавонойихои чинихову жопунихо ва куреихо (корейтсхо) бармегардад, ки чи гуна тавонистаанд бо он дабира (хат)-хои ачибу гариб ба ин хама пешрафт даст ёбанд. Ва ё хиндихо, ки рузбаруз нуфузашон бештар мешавад. Тарсондани мардум аз сахтии хатти ниёкони худашон бепоя аст. Аслан хам сахт нест, агар алока ба забон вучуд дошта бошад.

    Поянда бошед.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: