Бозгашт ба забони Ленини муаззам?

Русия хамеша дар (но)муносибтарин пайт зарба мезанад, номуносибтарин барои шариконаш ва муносибтарин барои худаш. Ин бор — дар холи бухрон дар бозорхои молии чахон ва афзоиши нархи маводи ниёзи аввал ошкоро талаб кард, ки дар баъзе кишвархо, аз чумла Точикистон, забони русй макоми аввал гирад.

Намояндаи Бонки Марказии Русия, Сергей Шевтсов гуфт, давлатхои Чомеаи хамкорихои Уруосиё на танхо бояд конунгузории молии Русияро кабул кунанд, балки забони коргузории низоми бонкии онхо бояд танхо ва махз русй бошад. Вай истифода аз инглисиро зиёне ба манфиатхои Русия дар кабз кардани бозори пули ин кишвархо номид.

Манзури чаноби Шевтсов аз давлатхои Чомеаи хамкорихои Уруосиё Белорус, Точикистон, Узбакистон, Казокистон ва Киргизистон мебошанд. Ин хам дар холест, ки ба гайр аз Белорус бакияи кишвархо бо ниходхои молии чахон ва давлатхои Гарб додуситади бештар аз Русияро доранд. Мансабдори рус нагуфт, оё бо чойгузини ичбории забони худ дар низоми молии давлатхои Уруосиё Русия сармоягузорихои гарбиро низ бо пули худ иваз хохад кард ё на?

Изхороти султаталабонаи Русия замоне пахш мешавад, ки макомоти Точикистон такрибан бо маъзарат гуфтаанд, аз алифбои сириллики русй ба хеч вачх даст нахоханд кашид ва ба хеч гуна расмулхати ниёкони худ бартарй нахоханд дод. Хамзамон дар пулхои Бонки Марказии Русия навиштори иловагие пайдо шудааст, ки аз русхо талаб мекунад, дар бозорхо аз фурушандагони гайрирус чизе харидорй накунанд. Бонки Марказии Русия дар мавриди ин навиштор изхороте надодааст.

Дар остонаи густариши бесобикаи имдоди Гарб ба Точикистон Маскав ба саромадони Душанбе ваъдаи сармояхои бузург дод ва аз имкони хамкории васеъмикёси Гарб бо Точикистон пешгирй кард. Хамзамон рохи сармояхои Шаркро низ баст. Русия аксари барномахои бузургро банди худ кард, вале на бо максади кумак, балки бо хадафи рох надодан ба нуфузи кудратхои дигар дар Точикистон.

Акнун оё дар авчи афзоиши худшиносии миллии точикон ва Соли забони точикй эълон шудани 2008 оё Бонки Миллии Точикистон ва бонкхои тичоратии он аз забонхои точикй ва инглисй ба фоидаи забони русй даст хоханд кашид? Давлатхои узви Чомеаи хамкорихои Уруосиё ба ин изхороти фишороварандаи Бонки Марказии Русия эътироз хоханд кард? Мо, точикон, сукут хохем варзид, зеро 1 миллион мухочири мо дар Русия Точикистонро гаравгони рухияи Маскав кардаанд. Мо шояд аввалтар аз дигарон ба забони русй мегузарем. Так, что поживем, увидим…

30 Responses

  1. Чаноби Шевтсов галат кардааст. Ва чи галати бузурге! Хеч давлате, бино ба паймонхои байнулмилалй, хакки адои чунин такозоеро надорад. Русия, чи бихохад ва чи нахохад, ба унвони импротурй ба торих пайвастааст. Гуломаконе чун Точикистон чанд рузи дигар даври он хоханд палакид. Баъд он хам ба сар мерасад. Сипас танхо Русия хохад монду сармои Сибрй.

    Ин такозои масхара бояд барои точикон доруи хушёрй бошад ва ахамияти ЗАБОНИ МОДАРЙ-ро дарк кунанд. Русхо аз хар рохи мумкину номумкин дар паи тарвичу тахмили забони худ хастанд, чун медонанд, ки чи суде аз он хосил аст. Точикистон мункири забони модариаш аст, ки ПОРСЙ аст ва мункири дабира (хатт)-и он аст, ки ПОРСЙ аст ва дар кунчи танхойи хавичи гусса мехурад. Оё ин кобуси беномусиро поёне хаст?

  2. Хамин балохату хамокати русхост, ки манро аз дониши забони русиам безор мекунад. Дар он навишта таъкид шудааст, ки дар кишвархое, ки хануз забони русиро фаромуш накардаанд, ин тадбирхо пиёда шавад. Эй кош фаромушаш карда будам.

    Охир чаро дар Точикистон дар ин бора садое лоакал аз тобут баланд намешавад? Кучост гайрате, ки бо такя бар он бародарону хохаронамонро куштем (1992-1997)? Кучост шахомате, ки бо такя ба он ба намояндагони махалхои дигар душному носазо гуфтему мегуем? Оё ба ростй мо намунахои хаётии масали «аз мост, ки бар мост» хастем? То ба кай зердаст бошем ва оё забардастй орзуи мо нест? То ба кай зери бори шарм бипусем? Кай посухи «НА!» ба Русияи гаддор дода хохад шуд? Ва кай Русияи зиёдахох ба «се харф» фиристода хохад шуд? Чаро Русияе, ки бо он хама масохат дар сад соли ахир номи баноме чуз Ленину Горбачев такдими чахон накард, бояд хабиби мо бошад? Чи хабибе, ки хамаруза яке-дуто точикро сар аз тан чудо мекунад.

    Кай дарк хохем кард, ки гуломй моро ба чое нахохад бурд? Сарпечй чизи хубест. Дар огоз сахтихое дорад. Аммо интихои он эрикаи кудрат аст. Махмуди Газнавй, ки як гуломзодаи турки Сомонй буд, сарпечй карду бар маснад нишаст ва дасти зури туркхоро бар сари мардумони дигар собит кард. Пас чаро мо сарпесй накунем? Исёни худшиносй танхо чизест, ки точикон ниёз доранд, то ба маснади лоик бинишинанд. Пас ногузир бояд исён кард.

    Точвари гиромй. Шумо, ки мефармоед No Revolution, Please! чи чизеро ба чуз исён пешниход мекунед, ки дар шараёни ман мавч мезанад?

  3. Дориюши арчманд,

    Исёни худшиносй нахуст бояд дар ботини хар точик забона занад. То замоне ки мардум худро нашинохтааст, умед ба бехбуде шуъла нахохад зад.

    Дар ивази инкилоб ман Ойини Нобазурии Махатма Гондиро пешниход мекунам. Мардум бояд эътирози худро баён дорад ва ба хеч фармону дастур тан надихад.

  4. Точвари гиромй,

    Сипос аз посухи сареху сареъ. Ман хам аз пайравони ойини Гондиам. Аммо вакте тасаввур бар ин аст, ки мардум хануз худро нашинохтааст, чи гуна метавон интизори нофармонии маданиро дошт? Оё чунин рузе фаро хохад расид?

  5. Оё мо тавони онро дорем, ки дастуре барои Ойини Нобазурй барои точикон халк кунем ва дар пароканиши он бикушем? Шумо моилед Андеша пойгохи ин ойин бошад ва бо сарварии шумо андак-андак ба он шакл дихем ва пиёдааш кунем? Оё фикр намекунед вакти амал фаро расидааст? Ман хам ба хеч руй хаводори зуриву зориву зар нестам. Ойини Нобазурй бехтарини роххост. Аммо он дар шакли точикиаш ба мухаррикхо ниёз дорад.

  6. Ман фикр мекунам, ин бояд кори созмону ахзоби сиёсии кишвар бошад, харчанд албатта, мо дар торнигорхои худ метавонем, андеша ва афкори ин оийнро матрах кунем. Хамзамон бар инам, ки рох хануз хеле зиёд аст.

  7. Чаро хама корхоро бояд хаволаи ахзоб бикунед? Ин ахзобе, ки мо дорем, чандтояш гуломаки Рахмон хастанд ва чандтои дигар агар хукуматро гирифтанд, на бехтар аз Рахмон хоханд буд. Чаро худи мо, ки бароимардумамон ва миллатамон агар дилсузи мекнуем, барои султа алош накунем? Бояд инро бифахмем, ки агар ормоне дорем ва хидмате барои ин мардум мехохем, танхо дар он холат орзухоямонро метавонем пиеда бикнуем, ки агар худ ба талоше даст занем.

  8. Ман фикр мекунам, шахсан худам хакки даъвати мардум ба ин ё он амалро надорам. Агар ба худ чунин хакро бидихам ва даъвате афканам, бояд масъулияти онро низ дар душ дошта бошам. Ва ин як масъулияти андак нест.

    Ин вазифаи хизб ё созмонест, ки метавонад шиор занад ва масъулияти шиори худро низ дошта бошад.

    Ман вазифаи милли худро дар расондани маълумот, андешаву афкор, рушанй ба аъмоли хукуматдорон мебинам. Шод мешавам, агар навиштаи ман зехни касеро ба харакат орад, ба шахсе як фикри нав бидихад ва хамватани маро ба шахрванди фаъолу хакталошу адлпеша наздиктар кунад.

    Дар чое ки тавонистам на бо навиштаи хамагонй, балки нома ба ошнову ёре дар ин самт коре аз дастам сохтааст, мекунам. Аммо худро дар накши як сиёсатмадори мухолиф намебинам. Бо давлат мухолиф нестам, бо аъмоли он мухолифам ва хамеша бо мардуми хешам. Навишта будам, даъвои чою макоме надорам.

  9. Андешамандон, ки худро канор мегиранд, бехирадон дар майдон чавлон мезананд ва саранчомаш хамин аст, ки мебинем.

  10. Tojvari мухтарам оё максади сомонаи шумо бедор кардани хисси милли мардум нест? Ё шумо танхо барои пеш гирифтани андешахои файласуфию хайёли сайъ мекунед. Ман сад дар сад тарафдори Дориюшам, зеро у хак аст, ки бе таккон додани системаи давлатдории имруза ягон натичаи мусбие пайдо кардан гайриимкон аст. Имруз мардуми кишвар аз ахли андешаи кишвараш кадамхои чиддие интизор аст, ки ахволи вазнини уро бартараф мекунад. Агар, ки шумо чунин хак надоред пас тахлил кардани мавзухои сиёсию ичтимои чи манъни дорад. Ин тахлилхои шумо баъзан ботини одамро карор намемонанд ва дар ботини одам як инкилобе зохир месозанд. Ё шумо ба лафзи мардум роли «аловмонакро» ичро кардаистодаед.Мехохам бовари дошта бошам, ки чунин нест.

  11. Бародарони арчманд,

    Магар андешаи худро сода нагуфтам? ман сиёсатмадор ва муддаъии хукумат нестам. Ман рушанфикри точикам ва рисолатам танхо дар расондани афкор ба мардумам аст.

    Агар ба забони мо ин аловмонист, бигзор хамингуна бошад.

    Холо ман ба шумо суол дорам, ки он кадами чиддие, ки мегуед, чист? Чи касоне бояд ин кадамро бардоранд?

  12. Он кадамро фикр мекунам, аввал онхое бояд бардоранд, ки дар хорич хастанд. Зеро барои онхо амнтар аст. Кадами нахуст бояд ташкили созмонхои сиесие бошад. Агарчанде махфи хам.

    Дар ТЧК чунин кадамхоро хамон лахза хоханд бурид. Ва таъсири баръакс хохад дошт. Зеро агар мардум гоми шикастаеро бубинанд, дар дилашон тарс бештар мешавад ва «ас-сабру чамилун» гуфта мегарданд. Яъне, дар холи хозир, аз дохили ТЧК бардоштани кадаме хаммаънои бози бо панчаи шер бидуни шамшер-ро хохад дошт.

    Ва аммо он созмонхое, ки дар хорич ташкил шудаанд, бояд талоше бикунанд ва бо макомдорони абаркудратхо робитае баркарор намоянд.

  13. Дар хорич чанд созмоне арзи вучуд кардааст. Аммо хукумат тавонист, масалан созмони мухочиронро таксим кунад ва бо хам мукобил гузорад.

    Чаноби Додочони Атовулло аз таъсиси «Ватандор» хабар дода буд, аммо ноаён ин харакат низ мисли ин ки аз байн рафт.

    Ин нишон намедихад, ки мо муттахид шуда (буда) наметавонем?

  14. Оё робита бо макомдорони абаркудратхо сабаб намешавад, моро хоинони ватан унвон кунанд?

    Манзур аз «абаркудратон» кист?

  15. Зимни эхтироми фаровон ба дустон, ман бо фикри баркарории иртибот бо абаркудратхо мувофик нестам. Хар чунбише, ки дар Точикистон шакл мегирад, бояд худчуш бошад ва тавассути мардуми Точикистон анчом пазирад. Дахолати «абаркудратхо»-ст, ки моро ба ин хол нишондааст. Шояд ин иде ба назар хобу хиёл бошад. Аммо мутмаин бошед, ки хиндихо хам кабл аз 1947 фикр мекарданд идеи истиклоли вокеъй хобу хиёле беш нест. Эрониён (дар Эрони сиёсй) хам кабл аз 1978-1979 аслан аз зехнашон хутур намекард, ки рузе дасти Омрикову Гарб аз кишварашон кутох хохад шуд. Он чи дар Эрон иттифок уфтод, паёмадхои омехтаи мусбату манфй дошт, аммо умдатан тавассути худи мардуми он сарзамин сурат гирифт.

    Бо ин ки ман хостори чуръати бештар аз андешамандон хастам, кори Точвари гиромиро талоше барои огох сохтани мардум медонам ва ба он арч мегузорам. Хадафи ман ин аст, ки роххои бурунрафт аз табохиро равшантар бигуем ва созмонёфтатар амал кунем, чи дар дохил ва чи дар хорич аз кишвар.

  16. Salom ba hamai barodaron
    Barodari aziz Flower KHudo amsoli shumoro ziyod kunad

  17. Tojikislom.ucoz.ru
    pushaimon nameshaved

  18. Бубинед, кабл аз чанги шахрванди демократхо ва бахусус исломихо миени мардум тарафдорони зиеде доштанд, аммо УЗБ ва РУС, ки аз сари давлат омадани исломихо мехаросиданд, тавонистанд хукуматро ба чонибе такдим кунанд, ки худи онхо мехоханд.

    Мутаассифона, мо холо пойбандихои зиеде ба Русия дорем. Ва хеле сахт хохад буд, ки дар ин кишвар хукумате бар хилофи раъйи РУС сари кудрат биояд. Агар ояд хам, он гуна мушкилоте сараш бор хохад шуд, ки холи мардум аз имруз бадтар хохад буд.

    Аз ин ру, бояд ба вокеият нигарист ва тавонист, ки дигархоро ба тарафи худ моил кард. Бояд хадди акал барои 2-3 соли аввал он абаркудратхоро бовар кунонд, ки таъвизи хукумат ба нафъи онхо хохад буд ва ба манофеъи онхо зарба нахохад зад.

    Шахси афтидаро нашояд бар зури худ дашном бидихад, балки бояд бо суханхое тавонад уро моил ба он кунад, ки мухолифи бар по шудани ин шахсро имкон бидихад. Хар гох, ки ба по рост бишуд, он гох метавонад зарба бизанад баъдан.

  19. Давлати феълй бештари кушторхоро тавассути тачхизоти узбакиву русй ва хатто ба дастури мустакими Ислом Каримов анчом дод. Артиши Русия дар катли точикон мустакиман даст дошт. Точикистон бехтар аст дасти хар ду кудратро аз кишвар кутох кунад. Лузуме барои такрори он нест. Точикони механфуруш андак нестанд ва хозиранд барои расидан ба кудрат дастури хар арбоберо анчом диханд ва боз хам хуни точиконро бирезанд, ки хостаи душманони мост.

    Агар давлати Рахмон муваффак шавад дасти ин ду кишвар (Русия ва Узбакистон)-ро аз Точикистон кутох кунад, гунохи худашро дар пеши торих хохад шуст. Агар каси дигаре бихохад бо такя ва ваъдаву ваъид ба ин кишвархо ё хар кишвари бегонаи дигаре сари кудрат ояд, ки дастури бегонагонро дар хоки мо ба ичро бирасонад, хоин аст. Пас рох танхо якест: такя ба неруи худй. Намунахое, ки овардам, барои он буд, ки худатон мутаваччехи вукуъи руъёхо шавед. Хар ормоне дастрас аст. Хама чизи кобили тасаввур шуданист. Факат ирода мехохад ва огохй. Барои мардуми одй бояд равзанае ба берун боз кард, ки вазъи бади худро бо вазъи хуби дигарон мукоиса кунанд ва аз худ бипурсанд, ки чаро онхо бояд махкум ба пусидан дар факру бенавойии моддию маънавй бошанд.

  20. АбуАнаси гиромй,

    Сипос аз пайванде, ки ба торнамои ТочикИслом додй. Оё ин торнигор аз худат аст?

  21. Ба назари ман, дар навбати аввал бояд мардумро бомаърифат ва худшинос кард.

    Бе худшиносй хисси номусу инсофу эхтиром ба худ пайдо намешавад.. Худношинос худоро хам намешиносад, миллатро низ, ватанро низ.

    Миллатеро, ки худаш озодии худро намехохад, наметавон озод кард.

    Махалгароиро бояд аз реша сузонд.

    Номуси миллиро бояд бедор кард.

    Хамаи ин кай мумкин мешавад? Замоне ки мардум ба иттилоъи озод дастрасй ёбад ва аз он бархурдор гардад ва худро бишносад.

    Вагарна, ба гуфти Фолловери азиз, боз касоне меоянд, ки аз будахо тафовуте нахоханд дошт.

  22. Хама кор бояд бидуни хашм ва аз руи акл бошад. Мо хануз хатто байни худ наметавонем сода ва бародарона, бидуни ишорахои хордору халанда сухбат кунем. Аз кадом созмону иттиход метавон харф зад?

  23. Вале набояд ноумед буд. Ман пур аз умедам. Ман бовар дорам, ки он руз мерасад.

    Ман орзу дорам ва барои ин орзу метапам!

  24. Дар пахлуи умед тарси бузург низ хаст. Аз он чо ки чунин хукуматхо баъд аз худ бадтарин мухолифи худро ба кудрат мерасонанд, тарси ман ин аст, ки ё тундравтарин мазхабгароёни ифротй ба кудрат мерасанд ва ё пасттарин махалгароёни ифротй.

    Ва боз хам ягона воксин аз ин ду мараз — худшиносиест, ки бар дониш, инсоф ва номуси миллй поя ёфта, ба кишвар адолат, амният ва шугуфой меорад.

  25. Точвари гиромй. Чун хамеша суханонатон бо мантик ачин аст. Комилан дуруст фармудед ва хадафхое, ки унвон кардаед, мехвари хар навъ тагйири созандаест, ки Точикистон ба он ниёз дорад.

    Манзури ман аз руйкарди созанда хам хамин аст. Масалан, барои кашфи гавхари худй ва бедории номуси миллй бояд махалгаройиро дархам кубид, ки бедод мекунад ва бузургтарин хатар дар киболи хамбастагии миллии мост. Пас хуб мешуд агар андешаварзон басеч мешуданд ва ба таври дастачамъй, на так-так, роххои чилавгирй аз рушди бешинаи махалгаройиро пешниход мекарданд. Тавре ки хамаи торнигорхо ва торнамохои андешаварз хамсадо бо хам ба кашфи пахлухои гуногуни ин муъзали печида бипардозанд, ба дур аз таъассуби махаллй, албатта, ва дар мавриди чигунагии решакании он доди сухан бидиханд ва ин фикрро дар аксо нукоти веблогистони точикй бигустаранд. Ин як икдоми дастачамъй, хисобшуда, хадафманд ва хадафрас хохад буд. Ин як чунбиши интернетие хохад буд, ки худ ба худ таваччухи чомеъаро чалб хохад кард. Аз дахон ба дахон ва аз сина ба сина паёми ин чунбиши интернетй мунтакил хохад шуд.

    Чизе, ки гуфтам, як пешниход аст, барои даст ёфтан ба зарбае охангарона ба чои халлахои сузангаронае, ки сад албатта бештари азизони махфили Андеша хатт-ал-имкон анчом медиханд ва дасти якояке эшон дард накунад.

    Назаратон ба ин пешниход чист?

  26. Точвари гиромй. Умедворам харгиз аз густохихои банда наранчед. Ман ба шумо камоли эхтиромро дорам ва хисси ман ин аст, ки бо як бародари таниам бепарда сухбат мекунам. Ба хеч руй килу коле дар суханонам нест.

    Ман ба унвони даххо муътоди дигари торнигори нозанини шумо ба он меболам ва хамаруза чанд бор (он гуна ки мебинед) ба он сар мезанам ва бо валаъ сафхагардонаш мекунам, то бибинам, ки Точвари арчманд ин бор чи фикри бикреро руи сафха рехтааст. Бишшахса диди шумо дар ташхиси мушкилотро бехамто медонам.

    Бародарону хохарони азизи дигар хам ки ба кошонаи интернетии шумо хамаруза мехмон мешаванд, мутмаиннан хамин шинохту таваккуъро аз шумо доранд. Яке дог мекунаду тунд мегуяд, дигарй дар паи таблиги мазхаб аст, севвумй мехохад таваччухро суи масоили мубрами миллй бикашад ва они дигар мекушад аъсоби доги моро андаке чарб кунад, ки Худой накарда ба холи инфичор нарасад… Вале меъодгохи хама Андешаи Шумост. Ва худ ба худ бори масъулияти гароне руи шонахои шумо уфтодааст. Худ ба худ доираи таваккуъхо густардатар шудааст.

    Пас аз рохи мехр бо хунсардии васфнопазиратон изхори назархоро ба дил нагиред. Поянда бошед.

  27. Дориюши арчманд.

    Пешниходи шумо олист, аммо шояд андаке зудрас. Нахуст мо бояд дусад ё сесад торнигори хамандешонро дошта бошем ва хамзамон ба коре даст занем. Шояд дар оянда матолибе омода кунем, ки муштаракан аз тарафи чанд нафари мо тахия шуда бошанд. Бовар дорам, ки чунин руз наздик аст.

    Рох бас дарозу сангин аст, аммо насипарданй нест. Мо — дустону ёроне, ки хар гохе дар ин саро гирд меоем, тавони сипардани ин рохро дорем ва онро бо сари баланд хохем сипард! Барои ин бояд кадам зад. Хар руз кадам зад…

    Бидуни хастагй.

  28. Дуруд бар хамАндешон! Худованд ёру ёваратон бодо!

    Ман аз тачрубаи рузгоре, ки дар гурбат ба сар мебарам, ин бахраро гирифтаам, ки «Мо дар ду чахон гайри Худо ёр надорем!»
    Чанги тахмилии солхои 1992 – 1997 ошкор кард, ки
    на Русия, на Гарб, на Узбакистон ва на Эрон ёру ёвари точикон нестанду нахоханд буд. Солхои «хазору нухсаду наваду чанг» ин кишвархо хар яке дар паи манофеъи худ бар оташи худсузии мо хезум мекашиду руган мерехт.
    Сиёсати Русия дар 115 соли гузашта хеч дигаргун нашудааст: дар соли 1895 манофеъи точиконро нодида гирифту сарзаминамонро дупора кард, дар соли 1924 он пораро поратар ва дар соли 1990 бахманмохамонро хунин кард, дар 1992 «сохтори конституциониямонро баркарор» кард ва дар 2008 аз манофеъи Узбакистон пуштибони кард. Пас оё Русия дусту хамкори мост? Нест.
    Аз Худованд умедоворам ки ин рузи сияхи моро рушан ва торикистони моро Точикистон хохад кард, аммо руи сияхи Русия сафед намешавад.

    Яке аз чанбахои худшиносии миллат бахрагирии дуруст аз тачрубаи рузгор аст (Устод Рудакиро Худо биёмурзад!). Донистани хамин чанд нуктаи ёдшуда бас аст ки мо харгиз умеде ба Русия набандем, зеро агар хам хамкорамон хаст, аммо ёрамон нест. Давлати Точикистон, чи имруза ва чи оянда, ин нуктаро бояд хамеша дар назар дошта бошад.

    Ман як замоне аз рахбарони донишчуёни точик дар Масков будам. Хамрох бо дустону хамандешон барои хамоиши точикчавонон, хамбаста кардани донишчуён ва эъчоди хисси ифтихори милли ва пархез аз махаллгарои талош мекардем. Яке аз корхои хубе ки дар росто анчом додем, ин буд ки Наврузро бо хам чашн мегирифтем. Инак 5 сол аст ки ин расми хуби точикон дар Масков зинда аст. Диду боздиди точикчавонон хангоми баргузории чашни Навруз хамбастагие падид овард ки кам-кам махалгароии донишчуёнро табдил ба миллатгарои медихад.
    Ба чуз аз Навруз дигар чашнхои милли ва идхои мазхабиро низ баргузор мекунанд ва бад-ин васила худшиносии милли ва мазхабии чавонон густариш ва тахким меёбад.
    Ин барномахо чанбаи базми доранд ва дар канори онхо барномахои «разми» низ баргузор мешавад. Сар аз гохе зурозмоии дастахои футбол ё дигар барномахои варзиши байни донишгоххо баргузор мекунанд ва бад-ин васила чавонон аз зуру тавони хамдигар огох мешаванд.

    Гурухи моро касе рохнамои намекард. Гурухе будем худчуш ва фархангиву илми. Хама донишчуёни бехтарин донишгоххои Масков будем ва дур аз сиёсату сиёсатбози. Он чи мекардем, барои худ ва дустони худ мекардем. Агар кореро хам анчом дода натавонистем, боре тавонистем ки точикчавононро гирди хам оварем ва умедворашон кунем ки «хамдили аз хамзабони бехтар аст» (Мавлоно Чалолиддин Балхиро Худо биёмурзад!)

  29. Албатта аз хеч кас вобаста набудан дар давлатдори, ба чуз Худои якою ягона бисер кори хуб аст, лекин дар дунёи имрузае ки соатан тагир ёфтаистодааст ё ба иборае чохонишавии олам бо суръати бисёр хам баланд идома дорад. Аз як Точикистони кучак дар ин чанба хостани сиёсати мустакил в ё аз абаркудратхо канорачуи кардан, як икдоми на он кадар дуруст мебошад. Худ гувохи дихед Точикистон имруз дар байни се хатар, яъне аз чониби Чин, Россия, ва кишвархои фундаменталисти ба мисли Афгонистону, ки холо такдираш аён нест, Эрон (дар он чо хам сиёсати мазхаби авлотар шумурда мешавад нисбат ба арзишхои фархангию таърихи) ва Покистон мондааст. Ва аз дигар тараф ИМА, Аврупо ва кишвархои соири пешкадами дунё. Ман фикр мекунам, ки хамаи инхо барои манфиатхои худашон амал мекунанд, вале аз дигар тараф бошад Точикистон имкон дошт аз миёни онхо шарики муносиберо интихоб кунад махз барои салохиятхои миллии худ. Масалан таърих нишон дод, ки Руссия наметавонад хамчун шарики боэътимоди касе бошад инро хама медонанд. Ходисахои ахир инро исбот карданд, аммо мутаасифона имруз аз хотири мардикорони точик мо наметавонем аз он рубохи сиёх куллан ру гардонем. Бо Амрико ва кишвархои Аврупо метавонистем алокахои наздикро баркарор намоем, (онхо хам баъзан стандартхои дугонаро истифода мебаранд) зеро тачрибаи таърихи нишон дод, ки кариб тамоми шарикони стратегии Амрико кишвархои пешкадам гардидаанд, хатто Аврупои баъдичанги, ки бо огоз ёбии накшаи Маршал дар мухлати кутох эхё гардид ё Япония ё Курияи чануби. Пешравии кишвархои Америкаи Лотини ба мисли Чили ва Аргентина (дар вакташ режимхои диктотури бо кумаки амрико дастгири шуда буд), лекин имруз ба ин нигох накарда онхоро бо рохи созиши миллию эхёи иктисоди бархурдор намуд. Бо ин мисолхо гуфтаниям, ки Точикистон мутаасифона имруз кодир нест, ки сиёсати мустакили хешро пиёда кунад.Мо бояд як такягохи бузурге дошта бошем. Дар масъалаи кадамхои чидди ба фикрам инкилобхоро агар ба таърихи башарият бингарем мардуми зиёи анчом додааст. Дар ин казия ягон Америкаро кашф кардан лозим нест, танхо ба тачрибаи ниёгон бояд нигарист ва амали дурустро бояд интихоб намуд.

  30. Русиёхон хеч вакт тараккиёти давлати моро намехоханд .
    Барои чи хама нозу карашмаи ин миллатпарастони рус бар сари точикон аст? То ба кай мо хомуш меистем мо бояд хар чи тезтар ба хати форсии худамон гузарем ин кирилли аз мо ки нест нест тамом!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: