Оё Точвар иштибох хам мекунад?

Ин суоли як хонандаи «Андеша» аст, ки бархе аз навокиси бандаро зикр кардааст, аммо нахостааст, номаи уро нашр кунам. Дусти азизам, оре, ман иштибох низ мекунам ва ин саъодатро дорам, ки Шумо ба камиву камзарфихои ман ишора мекунед. Ман бисёр мехохам, номаи Шуморо пеши чашми хамагон бигузорам ва ба хар иштибохи худ койил оям. Ман як бандаи хокиям ва танхо Парвардигори поку бузург орй аз хама гуна нукс аст.

Ман хам монанди Шумо гохе метафсам, гохе месузам, гохе монанди сармои имсола ях мебандам. Гохе аз навиштаи худ розиям ва гохе шадидан норозй, вале онхоро тагйир намедихам, харчанд замимае дар хошияи онон мегузорам. Аз номае мешукуфам ва аз номае дилам ба дард меояд, ба саломе саропо алек мешавам ва аз падруде саропо марсия. Гохе метапам, андешаеро ба Шумо бирасонам ва гохе дилсард мешавам, ки чи зарурат аст? Аммо ончи андаруни ман харгиз иваз намешавад ва тагйир намебинад, ишки ман ба ватани азизам Точикистони яккаву ягонаи чахон аст. Ишки ман ба миллатам аст — ягона ва нодиру нотакрор ва номонанд ба ягон миллати дунё. Шумо шояд намедонед, ки ман Шуморо низ чй кадар дуст медорам. Хамеша, хар лахза ва хар сония ва бо вучуди хама харфхои гуфтаву ногуфта, суфтаву носуфта.

Оре, ман иштибох кардам, ки президент бемор аст. Саломатии вай ба дарачаи олист ва худо умрашро ба садхо соли дигар дароз кунад. Ман ба шахси у дахл накардаам, балки ба кораш. Хамаи инсонхоро бояд нек шумурд ва танхо амали онхост, ки бад ё нек аст. Ман иштибох кардам, ки Бонки Миллй ба кишоварзон кумак намекунад. Имруз хондам, ки 130 миллион сомонй медихад. Бад не. Ба чуз аз ин ду намуна метавонам, намунахои зиёди иштибоххои худро ракам занам ва орзу кунам, ки кош хамаи навиштахои ман иштибох бошанд. Шояд он сармое, ки одамон дар «баклашка» оби гарм гирифта, ба пахлуи кудаконашон мегузоштанд, низ саробу афсонае буд, хобу хаёле? Шояд он ки раёсат дар мо интихобй нест ва президент вориси муайян надорад, низ нодуруст аст. Ва намунахои зиёд.

Вале максад аз ин нома гилагузорй нест. Ман ба хамаи харфи Шумо тан медихам ва сипосгузорам, ки иштибоххои маро нишон додед. Навиштед, ки дусти асил хастед, зеро «табарвор» мезанеду иштибоххои маро руйи об мебароред. Пас ман дусти хукуматдорони Точикистонам, ки айни ин корро барои онхо мекунам. Ба хар хол, азизи дили ман, бовар кунед, омодаам, номаи Шуморо бекаму кост нашр кунам. Шодам, ки дар он як харфи тахкиромез нест, хама суханони хубанд. Агар хостед, бинависед ва ман онро руи ин сафха мегузорам. Ин номаро хам ин чо барои он гузоштам ва барои он хусусй ба Шумо нафиристодам, ки тарафдори сухани ошкорам. Бесаброна чашм ба рохи номаи Шумо хохам буд.

 

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: