Чаро искуф Вилёмс хостори шариъат аст?

rowan.jpg

ДАР ДИДИ АВВАЛ

Мохи гузашта, вакте ки искуфи аъзами Кантебуррии Бритониё, пешвои 80 миллион масехии англикан, Рован Вилёмс гуфт, ба мусулмонон низ ичозаи истифода аз додгохи шариъатй дода шавад, фикр кардам, ин боз як ишораи хасмонааст ба сангсорхо ва дасту пой буриданхо. Гумон кардам, рухонии насронй бори дигар ба иртичоъи дини мо ангушт мегузорад ва орзу мекунад, бади мо бадтар шавад. Вагарна чаро як рухонии насронй бояд гами конунхои шариъати исломиро бихурад?

Махз ин ва хамчунин вокуниши пуршиддати масехиёну яхудиёни Бритониё ба суханони Вилёмс маро водор кард, дар пайи ангезахои ин изхорот равам. Хеле зуд дарёфтам, ки искуф Вилёмс яке аз олимони саршиноси масехият аст ва харгиз сухане бедалел нагуфтааст. Замоне ки Вотикон низ ба ин нукоти у эътироз кард ва хазорон нафар истеъфои вайро хостанд, ман ба мутолеъаи бештар пардохтам ва гуё олами наверо барои хеш кашф намудам.

ТАЛОК ВА МЕРОС

Искуф Вилёмс бехуда чунин нагуфт. Пеш аз хама барои он ки дар Бритониё конун динро аз давлат чудо намекунад. Бисёр кашокашхо дар калисо осонтар хал мешаванд, то дар додгох. У ин нуктаро хам афзуд, ки яхудиёни Бритониё бахсхои оилавй ва динии хешро на дар додгохи расмй, балки дар додгохи динии худ хал мекунанд. Вилёмс инчунин нагуфта, ки додгохи шариъатии мусулмонон бояд низоми додгустарии Бритониёро барои пайравони ин дин ба шакли комил иваз кунад. Вай факат ичозаи инро хост, ки ахли ислом битавонанд, мушкилоти марбут ба талоку издивоч, мерос ва вассиятро бе ширкати додгустарии расмй, дар чомеъахои хеш аз тарики сохтани додгоххои шариъатй хал кунанд.

МАЙДОНХОИ ДОР ВА САНГСОР

Матбуъоти кучабогии Бритониё ва садхо торнигори мазхабии масехй сарискуф Рован Вилёмсро ба ришханд гирифтанд ва барояш андеша доданд, ки майдони пешоруи калисояшро чои дор ва сангсори мусулмонон кунад. Бархе аз мусулмонони Аврупо низ ба ин доду фарёд шарик шуданд ва гуфтанд, искуф мехохад, хакки занони мусулмонро поймол кунад. Як сабаби чунин вокунишро профессори адлия дар Донишгохи Харвард, Нух Фелдман дар он мебинад, ки вожаи «шариъат» барои бисёрихо монанди маводи «радиоактив» аст ва дафъатан сахнахои катлу куштори Толибони афгон дар варзишгохи Кобулро ба ёд меорад.

Фелдман дар маколае дар «Ню Йорк Тайм» рузи 15 март навишт, шариъат солхои охир дар мамолики исломй ру ба эхё дорад ва аз зиёдравихо канор мечуяд. «Имруз 66 %-и мисрихо, 60%-и покистонихо ва 54%-и урдунихо бар инанд, ки танхо шариъат бояд конуни кишваршон бошад.

УМЕД БА УЛАМО

Дунёи Гарб на танхо аз филми «Фитна» ё танзхои паёмбар иборат аст. Нух Фелдман ба уламои ислом умед мебандад, ки тавонистаанд, дар шархи нукоти шариъатии Курон ва Хадис бо дарназардошти замона пешрафт бикунанд ва монеъ ба зиёдравихо шаванд. Ба ин сабаб, эътибори шариъат дар аксари кишвархои мусулмон ру ба афзоиш дорад. Ба акидаи вай, уламои донишвар на пайрави харф, балки пайрави равони Курону Хадисанд ва шурохое доранд, ки дар онхо хукм одилона ва мантикй гирифта мешавад. Ба вижа, бо истифода аз Хадис ва талкини он ин уламо тавонистаанд, сатхи муносиби чазо барои чиноят ва ё халли одилонаи бахсхои сангинро пайдо кунанд. Албатта, меафзояд Фелдман, наметавон мутмаъин буд, ки Курон ва Хадис куфли хамаи муаммои зиндагиро во мекунанд. Аммо шариъат дар давоми садсолахо халли васатеро пайдо кардааст.

ЧАХОР УНСУР

Дар лахзахои печида, замоне ки уламо аз Курон ва Хадис посух пайдо намекунанд, онхо ба чустучуи холатхои хамсони гузашта мераванд. Мукоисаи чунин падидахои мушобех дар матни тавофуки назари умумй ба хукми одилона рох мекушояд. Ба ин тартиб, Фелдман чахор унсури шариъати исломиро ном мебарад, ки Курон, Хадис, Мушобех ва Тафовук мебошанд. Аммо хушдор медихад, ки ин холати ормонист, на мукаррарии шариъат.

МУВОЗАНАТИ КУДРАТХО

Профессор Фелдман бо нигохе ба таърихи ислом менависад, дар замони Хулафои Рошидин шурои уламо бо истиклолияти хеш як шохаи чудогонаи кудрат буд ва хокимияти сиёсиро тафтиш кардаву повазни он ба шумор мерафт. Дар таърихи баъдинаи ислом низ мардум бештар ба уламо бовар мекард, то ба хокимияти сиёсй.

Агар бархе аз кишвархои имрузаро бигирем, ки худро «хукукбунёд ва демократй» меноманд, оё аслан мувозанатеро миёни шохахои кудрат мебинем? Масалан, Точикистони худамон. Оё метавон гуфт, порлумон ё додгох дар баробари хокимияти президент повазн мебошанд ва онро тафтишу дидбонй мекунанд?

ЭХТИЁТ ВА ШУБХА

Боз хам бардоштхое аз навиштаи чаноби Фелдман, ки мегуяд, харчанд шариъат як конуни омода мебошад, уламоянд, ки метавонанд, онро ба шакли одилона ва аз руи акли чамъй татбик кунанд. Дарег ин аст, ки эътибори шариъат имруз бештар аз хотирахои таърихии хокимияти конун ва мувозанати кудратхо бармеояд. Аз имруз давлатхои мусулмон чунин намунахои боризе надоранд.

Аз тарафи дигар, наметавон гуфт, шариъат хамаи пешомадхои зиндагиро дар риштаи арзишёбй кашидааст ва рузгори карни нав метавонад, онро бо вазифахои сахте рубару кунад. Фелдман рохи халлеро ном намебарад, аммо ба тахмини мо ва бо илхом аз суханони у метавон хадс зад, ки бехтарин холат сохтани як омезиши мавзуни ин дуст — конунхои муъосир ва шариъати исломй. Оё имконе дорад?

ШАРИЪАТИ ДЕМОКРАТЙ

Ба исломи сиёсй васл намешавем, аммо ин нуктаро чолиб медонем, ки дар кишвархои мо хукком ва татбиккунандагони адлу конун афроде хастанд, ки онхоро метавон, «агентхои давлат» номид. Додситону додгустархо. Дар намунахои зиёде онхо хатто ба «агентхо»-и президент ё оилаи у табдил меёбанд. Фаразан, агар онхо аз уламои дин мебуданд, шояд дар хакикат «агентхо»-и шариъат, яъне конун буда метавонистанд. Аммо барои ин аввал бояд уламои донишвар ва бузургворе дошт, ки ин вазифа бар душашон сангинй накунад ва дар покизагии дасту дили онхо шубхае дар миён набошад.

ХУЛОСА

Шояд ин макола мухолифати сахте дар пеш дошта бошад. Ва ё пуштибонии оташин. Ё сукути комил. Максад ин нест, балки сипосгузорй аз искуфи Кантебуррии Бритониё Рован Вилёмс аст, ки дар талош барои адл ва баробарии инсонхо дари чунин  бахсро боз кард ва як гушаи дини маро ба ман ошно намуд. Хамчунин сипос аз профессор Нух Фелдман аст, ки маро ба андешидан водор кард. Ва шояд шуморо низ.

Advertisements

5 Responses

  1. Имшаб дар нашрияхо матолиберо дар мавриди мулокоти раисчумхур бо «зиеиен» мутолиакардам. Намедонам, дар ин хусус нашрияхои давлати, ки дар хамон вохури аз раисчумхур танкид шунида буданд, чи навиштаанд, вале нашрияхои мустакил зиеиени безиеи точикро хеле хам накухиш кардаанд.

    Хафтаи гузашта дар як нашрия номаи Салими Зарафшонфар ба Хасан Саъдуллоевро дидам, ки хона мехост ва зери нома аз Мамадшо Илолов то ба ким-кадом ректору муаллимхо имзо гузошта буданд, фикр кардам, номаи нав аст ва хатман акнун сохиби хонаи муфт хохад шуд. Дар вараки дигар дидам, ки нома чанд мох идора ба идорахои Ориенбонк гаштааст ва посухи шифохии рад гирифтааст. Зеро дар вараки баъди Салими Зарафшонфар акнун аз Президент хона мехост…

    Албатта, тамаллуккорон миени хамон рухониен аст, вале агар барои мисол вохурии раисчумхур бо рухониен баргузор шавад, фикр намекнуам. он кадар рухонии тамаллуккор ебанд, ки Кохи Вахдат акаллан нисф бишавад…

  2. Минтакае, ки ман зиндагони мекунам, каблан теъдоди кобили мулохизаи бачахои хулигану наркоману дузду авбош ва духтарони шух дошт, (мисли махаллоти зиеди дигари шахр). Як домулло ба он чо кучида омад, масчид бунед кард ва пардохт ба амри маъруф. Холо ки дигар уро манъ карданд мисли дигарон хам аз амри маъруф, вале натичаи харфхои у буд, ки имруз он бачахои авбош хамеша пок мегарданд, авбоши намекунанд, дузди намекунанд, дашном намедиханд, занозани намекнуанд, дискотек намераванд, духтарбози намекунанд, ва г… Он домулло дар муддати 1-2 сол тавонист, чи кадар кори пулиси Точикистонро осон ва кам гардонад ( то паси дузду авбошу одамкуш нагарданд), зиндагии мардумро осуда гардонад (то аз тачовузу куштору дузди нахаросанд), пулхоро сарфа бикунад (то табобат аз Эйдзу амрози зухравию иътиед ба мухаддарот лозим нашавад), чарог дар охири тоннелро рушан бикунад (барои миолс мегуфт ки ТЧК ба летчик ниез доранд ва аз миени хамин чавононе ки дарм асчид нишастааст метавонад летчик барояд), ва г…

    Баъди он ки диданд, дар масчидаш чой намерасад, диданд ки даромади дискотекахо кам шудааст, диданд, ки дигар духтареро барои вактхуши намеебанд, диданд, ки … ва дахонашро бастанд!

  3. Хар руз хадди акалл ду бор савори Тангем мешавам.

    Агар дар Тангем Дима Билан садо медихад, ронандааш он гуна меронад мошинро ки мегуи чияни Шумахер бошад ва дар Формула-1 иштирок дорад. Дар чои хохишкардаи мусофир бознамедорад. Мусофирро аз пасаш дашном медихад. ва г…

    Агар дар Тангем садои Эшони Нуриддинчон, Хочи Мирзо е Домулло Сирочиддин садо медихад, ронандаашро мебини ки бтамкин аст, худ дарро барои мусофирон боз мекнуад, ба хама бародар гуфта хитоб мекнуад ва он гуна меронад, ки мусофир барои чонаш камтар дар харос меафтад.

  4. Followeri aziz,

    Тахсин барои мисолхои овардашуда, ки вокеан хеле ибратомузанд. Фикр мекунам хатто чунин мисолхои одди чи будани вокеияти дини мубини ислом ва рухониюни асилро нишон медиханд. Худо нигохдори Шумо!

    Нушервон

  5. Додгоххои шариъати исломй хамин холо хам дар Бритониё мавчуд ва фаъъоланд, ки маъруфтаринашон Байти Дин дар минтакаи Финчлии шимоли Ландан аст. Манзури ин марди фарзона инояти конунй ба бархе аз шахрвандони Бритониё буд, ки тарчех медиханд масоилашонро дар додгоххои шариъат хад кунанд, ки харфи бисёр мантикист ва аз озодии виждон бармеояд.

    Дар айни хол ускуфи калисои Англикон таъкид кард:

    «Nobody in their right mind would want to see in this country the kind of inhumanity that’s sometimes been associated with the practice of the law in some Islamic states; the extreme punishments, the attitudes to women as well».

    Яъне хич фарди солимфикре хостори дидани мучозотхои гайриинсоние нест, ки дар бархе аз кишвахои исломй бо номи шариъат ба ичро мерасад: ба монанди мучозотхои ифротй ва бархурд бо занон.

    Ускуфи Инглис таъкид мекунад, ки конун барои фард-фарди чомеъа бояд яке бошад, аммо дар он бояд тавзех дод, ки бархе аз афрод вобастагихо ва таъаллукоти вижаи худро доранд, ки шеваи зиндагишонро таъйин мекунад.

    Рувон Вилёмз аз огоз бо хирадгаройии худ миёни равшанфикрони Бритониё махбуб шуд ва тахаммулу тасохули у дар баробари пайравони кешхои дигар аз хамон хирадгаройи ношй мешавад.

    Аммо оё дар кишвархое, ки шариъати исломй хоким аст, хич пешвои мазхабие такозои мушобехе дар мавриди пайравони кешхои дигар кардааст? Оё хирадгаройи дар миёни онхо хам рох ёфтааст?

    Ман яке-ду мавридро дидам, ки воъизони мазхабии Точикистон сухбатхои судманд мекунанд ва чавононро ба кори нек хидоят мекунанд. Аммо мавориди бисёреро шохид будаам, ки мавъизахо бисёр вайронгар аст ва аз диди танги як одами мутаъассиб ва курбовар сарчашма мегирад.

    Хамаро наметавон ба як чашм дид, албатта. Дар масехият низ афроде мисли Бенедикт фаровонанд, ки бештар аз таъассуб кор мегиранд ва бо Вилёмз миёнаи хубе надоранд.

    Вилёмз аз рохи тасаллут бар омузахои динхои дигар ба ин диди боз расидааст, дар холе ки Бенедикт чанд бор ба хотири надонистани хакоики торихй ва мазхабии ислом хандахариш шуд. Рухониюни мусалмони точик хам агар фаротар аз омузахои мазхабии худ чизи дигареро набинанд, торикфикранд. Дид хар чи фарохтар мешавад, тахаммулу бурдбории дигарандешон ба хамон андоза вусъат меёбад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: