Дуздии мудхиш дар сармои торик?

lep.jpg

Кумитаи давлатии эхсоия (статистика)-и Точикистон сирри пинхони хукуматро фош кард. Маълум мешавад, вакте ки аз сармои кушанда навзодон, занон ва пиронсолони Точикистон мемурданд, ширкати «Барки точик» бомуваффакият неруи барки кишварро ба хорича мефурухт.

Ин манбаъ гуфтааст, дар моххои январ ва феврал — авчи сармои зимистон Точикистон зиёда аз 355 миллион киловатт/соат неруи баркро ба хорич содир кардааст. Агар дар хотир дошта бошед, раиси ин ширкат Шарифхон Самиев дар мохи январ гуфта буд, неруи каме ба Афгонистон фурухта мешавад, ки хеле ночиз аст ва хамагй ба рушан кардани 2 бинои нухошёна мерасаду халос. Дар мохи феврал, худи президенти Точикистон Э.Рахмон гуфта буд, кишвар ба хорич хеч гуна неруи барк содир намекунад.

Холо идораи давлатии омор чизи батамом бараксро мегуяд. Маълум нест, оё ин ба он маъност, ки президент, вазири энержй ва раиси ширкати «Барки точик» ошкоро ба халк дуруг мегуфтанд ва ё маълумоти нашркардаи Кумитаи давлатии омори Точикистон дуруст нест. Зимнан, суханони раиси ширкати «Барки точик» Ш. Самиев ва вазири энержй Шералй Гул ба хакикат рост намеомаданд ва хануз хамон вакт мутахассисон гуфтанд, талабаи мактаб хам мефахмад, ки барки кофй барои 2 бинои нухошёна то Афгонистон намерасад, зеро дар рох аллакай нобуд мегардад. 

Кумитаи омор инчунин хабар додааст, ки дар ивази барки содиршуда хукумати Точикистон 5,3 миллион доллар сармоя ба даст овардааст. Маълумоти кумита танхо як холигох дорад, ки гуфта нашудааст, ин барк ба кадом кишвар ба фуруш рафтааст: ба Афгонистон ё мамлакати дигаре.

Ба мантики содаи хамон талабаи мактаб, агар хукуматдорони мо бо вучуди дидани вазъи токатфарсои мардум ва донистани маргумири одамон аз сармо ва бебаркй, яъне дидаву дониста, неруи баркро аз халки худ дарег дошта, ба Афгонистон фурухта бошанд, маълум аст, ки айнан ба хамин рох онхо интиколи неруи баркро ба корхонаи арзизи Талко, ки ахиран чандин расона даромади онро ба ахли оилаи Рахмон марбут донистаанд, ягон зарра кам накардаанд. Чунки агар дилашон нашудааст, ба хотири чону саломатии мардуми худ аз бахри 5 миллион доллар гузаранд, маълум аст, ки аз бахри 400 миллион даромади заводи алюмин ба хеч вачх намегузаранд.

Сарварони хукумати Точикистон батакрор аз шаффофияти кори худ шиъор мезананд. Оё мардй ва часорате дошта бошанд, ки гузориши ахири Кумитаи давлатии омор ва сухану амали худро дар ин робита ба таври шаффоф шарху тафсир диханд? Ва ё асрори нимафошшудаи онхо низ монанди умри кудакони точик ва занону пирсолони точик ба хок хохад рафт?

Advertisements

4 Responses

  1. Точвари гиромй,

    Хабари Кумитаи Оморро аз кучо метавон гир овард?

  2. Ин хабарро «Авесто» нашр кардааст:

    ДУШАНБЕ, 20 мар – «Авеста» /И. Курбанов/. – | 718,4 млн. кВтч электроэнергии на сумму $12,5 млн. импортировал Таджикистан за январь-февраль текущего года. По данным Госкомстата РТ, показатели импорта превысил экспорт в 2,3 раза.

    Основными энергетическими партнерами Таджикистана за этот период являлись Узбекистан – 411,9 млн. кВтч и Туркменистан – 299,3 млн. кВтч.

    Экспорт электроэнергии за указанный период составил 355,3 млн. кВтч, или $5,3 млн. в денежном эквиваленте.

    Импорт природного газа сложился в объеме 141,2 млн. кубометров на сумму $20,5 млн., что превысил прошлогодний показатель за аналогичный период на 9,8 млн. кубометров.

    http://avesta.tj/articles/31/87187.html

  3. Шерозахои давлат зохиран аз хам гусастааст. Хар макоме омори тоза медихад. Хачми хисороти зимистон хам хазор чур калабид, то Рахмон дар Маскав эълом кард, ки он беш аз як милёрд дулор будааст. Бад-ин гуна мехост хисси тараххуми русхоро, ки занони точикро дар хиёбонхои Маскав мекушанд, бедор кунад. Чанд руз пеш ин ракам ба 850 милюн дулор кохиш ёфт. Зохиран маблагеро, ки лозим доштанд, ба даст оварданд. Холо ин оморе, ки Авесто мунташир кардааст, давлатро батамом зери зарба карор медихад ва ба дурустй онро шарики чурми бузурге чилва медихад.

  4. Bad az ravshan shudani in habar kormandoni Barki Tojik kushish kardand ki onro nodurust binomand. Yak ruze guzashta bud oz on dame ki Avesto ahbori kumitai omor-ro pahsh karda bud, ki dar sayti Regnum chunin habar paydo shudast…

    «Барки тоджик» опровергает данные Госкомстата об экспорте таджикской электроэнергии в зимний период

    Представители таджикского энергохолдинга опровергают данные Госкомстата республики о том, что Таджикистан за январь и февраль нынешнего года, когда в стране наблюдался сильнейший энергокризис, экспортировал зарубеж более 355 млн кВтч электроэнергии. Как заявил сегодня, 20 марта, корреспонденту ИА REGNUM заместитель главного инженера компании «Барки тоджик» («Таджикская электроэнергия») Рашид Гулов, энергосистема Таджикистана связана с энергосистемой стран Центральной Азии и, согласно договоренностям, осуществляется переток электроэнергии по всей системе.

    «Проще говоря, наша электроэнергия попадает в так называемый «общий котел», откуда каждая страна забирает принадлежащую ей электроэнергию. Но Госкомстат при подготовке данных исходит из того факта, что электроэнергия пересекла таможенную зону Таджикистана, и поэтому получается, что якобы наша страна экспортировала электроэнергию. На самом деле, за этот период мы импортировали 363 млн кВт.ч. электроэнергии из Узбекистана, Туркмении и Киргизии», – отметил Гулов.

    Напомним, что согласно отчету Госкомстата РТ «О социально-экономической ситуации в РТ в январе и феврале 2008 года», Таджикистан экспортировал 355 млн кВтч электроэнергии на сумму 5,3 млн. В то же время, по данным Госкомстата, Таджикистан импортировал за этот же период 718,4 млн кВтч электроэнергии на сумму $12,5 млн.

    http://www.regnum.ru/news/fd-abroad/tajik/economy/973994.html

    Vale ba kudak ham ma’lum ast ki in durug hakiki ast!

    http://www.wordpress.com

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: