Паёмбарон дар ватани худ кадр надоранд

akbar.jpg

Агар хар миллате дигар шахсеро монанди Акбари Турсон медошт, намегузошт, ки у хичрат кунад ва солхои дароз дар гурбат ба сар барад. Хар президенте мехост, мушовире монанди Акбари Турсон дошта бошад, касеро, ки ба дунболи Ибни Синову Газзолй рафтааст, аз хазинаи файласуфхои Юнони Кадим ганчхо бардоштааст, тахаввулоти Шарку Гарбро дар осиёи торих дидааст ва ба Замин аз зовияи Кайхон менигарад. Вале афсус ба Точикистони муъосир на дониши ин шахс даркор аст, на тахлилхои илмии у ва заковати ояндабинаш.

Вай акнун дар кунчи танхой нишастааст ва дар лахзахои сангин кудакию ватанашро ба ёд меоварад ва пайваста таронахои пурдарди Ахмад Зохирро гуш мекунад.

Ба наздикй як филмеро дидам, ки дар он рахнаварди хаста вориди мехмонсарое мешавад, чуръаи об мехохад ва ин дам ромишгаре бо гиччак пешаш меояду мепурсад, бароят чй бинавозам. Рахнавард косаи обро аз лабаш чудо мекунад, ба мутриб менигарад ва мегуяд:

— Оханги “Чудой”-ро бароям бинавоз.

Навозанда мепурсад:

— Ин чй охангест, аз он кист? Зери ин исм охангеро намедонам.

Вакте рахнаварди хаста посухе намедихад, мутриб гиччакро мегирад ва ба навохтан сар мекунад. Оханги дилгудозе садо медихад, ки баъд аз лахзае чашмони хам навозанда ва хам рахнаварди мусофирро пуроб мекунад…

Ин лахзаи филм, намедонам чаро, Акбари Турсонро дар чангалистони Пенсилвониё ба худ тасаввур кардам. Ин лахза у ба ёдам омад. Понздах сол шуд, уро надидаем…

Дар телефон гуфт, фикр мекунад, пир шудааст. Зеро агар дах сол пеш бо Бозор Собир дар ду хафта як бор телефонй сухбат мекард, холо кариб хар руз. Агар он замон сухбатхои давомдори ду бузурги миллат ва ду мухочири точик дар Амрико бо шеър ё хикмате поён меёфт, хол бештар бо дашном ва мочаро. “Гохе гуширо мепартоем, харчанд медонем, ки фардо боз ба хамдигар занг хохем зад.”

Понздах сол пеш Амрико академик Акбари Турсонро бо канори боз пешвоз гирифт. Барояш макоми устоди донишгохро доданд. Ба хар махфилу нишасти илмй даъваташ мекарданд. Аммо тадричан ба канораш гузоштанд, зеро бо он истиклолияте, ки дорад, натавонист дар хидмати ин ё он андеша ё он гурухи сиёсй бошад, на “одоби сиёсй” дорад ва на рухияи бардагиву итоъаткорй.

Рузномахо мехостанд, аз у хамчун сиёсатшинос ё мутахассиси оташинсухани ислом истифода кунанд. Барояш макола фармоиш медоданд ва голибан аз пеш гуфта мешуд, мавзуъ ва самтгирии макола чигуна бошад. Вале Акбари Турсон хатто дар Иттиходи шуравй бо фармоиш маколае нанавиштааст ва ба мухаррирони мачаллахои фалсафии Маскав “дастбагиребон” мешуд, то харфашро онгуна ки хаст, нашр кунанд.

Дар рузхое, ки дар Гарб маколахои зидди ислом нашр мешуданд, вай баракс маколахое менавишт, ки иштибоххои сиёсати Гарб дар киболи исломро дар кураи озмоиш ва зери чаккуши интикод мегузоштанд. Хамкасбони амрикоияш дар шигифт мемонданд, ки вай ба олимони шуравии собик монанд нест ва коил мешуданд, ки аз низоми мустабиди шуравй низ олиме бо чунин истиклолияти фикрй сар мекашидааст.

Хамон гуна ки аз навиштани зери дастур даст бишуст, фармоиши кишвархои дигарро ба тахияи ин ё он сиёсатнома, рохкор ё тахлилу баррасй низ рад кард. Олими точик бояд ба кишвар ва манофеъи точикон захмат кашад, на барои дигарон ва на бар зарари худихо. Чунин “проект”-хо метавонист, ба Акбари Турсон садхо хазор доллар дастмузд биёранд, аммо розй шуд, бо нафакаи камтарини устоди собики донишгох канор равад ва бознишаста шавад.

Акнун чакомахои дилошуби Ахмад Зохирро гуш мекунад ва соатхо дар бешазорони Пенсилвониё гардиш ва сипас соатхои тулонй сари миз нависонавис. Акнун вай барои он насли точикон менависад, ки хануз шояд ба дунё наомадааст. Вай бузургтарин асарашро менависад. Вале тарсе надорад, ки он наслхо дар кишваре ба дунё меоянд, ки мактабу китоб барояшон дастнорастар мешавад? Бим надорад, ки таназзули фикрии наслхои баъдй, бо ин холе ки чараён дорад, ба дарачае хохад буд, ки онхо навиштахои Акбари Турсонро дигар хонда нахоханд тавонист? Оё ин бехтар нест, ки имруз дар ватан бошад ва ба андешае, машварате, назаре ба ислохи вазъи бухронии мо мадад кунад?

Хар инсон гурур дорад, аммо гурури Акбари Турсон то коинот мерасад. Вай нархи хеш медонад ва аз он меболад. Ин Чигиз Айтматов аст, ки аз Люксембург ба дидани у меояд ва ё ба Аврупову Киргизистон даъваташ мекунад, лек ягон рахбари Точикистон дар сафари Амрико боре напурсидааст, ки Акбар дар кадом шахр ба сар мебарад. Акбар мегуяд, зори онхо нест.

Вай аз он ки Бозор Собирро хангоми бозгашт ба Точикистон чигуна “пешвоз” гирифтанд, сахт малул гашт ва агар фикри бозгашт хам дошт, аз сар берун кард. Инчунин харчанд хазорон фарсах дур аз ватан ба сар мебарад, вазъи ин ватанро шояд бехтар аз хазорон нафаре дарк мекунад, ки дар ватан ба сар мебаранд. Инро метавон аз сухбатхои интернетии у бо Доро Дуст, Сафар Абдулло ва дигарон, хамчунин аз миёни сатрхои маколахояш бихонд.

Ин дардномаи норасои маро дар хакки Акбари Турсон як маколаи худи у идома медихад, ки соли 2006 нашр шуда буд. Агар хатто онро хонда бошед хам, лутфан як бори дигар бихонед ва ба руйдодхое бингаред, ки дар ин ду соли охир пеш омаданд.

Аз навиштахои Акбари Турсон

Акбари Турсон. Хам шахри азиму хам кухи баланд

Назари хонандагони торнамои “Озодй” ба махалгарой

Хамовозии Навруз Некбахтшоев ба Акбари Турсон

37 Responses

  1. Агар Акбари Турсон ин сатрхоро мехонад, бо таъзим ва арзи дуруду сипос аз шахоматаш умедворам харгиз мубталои навмедй нашавад ва то метавонад ба умеди сапедадамон махзани донишашро руи когаз оварад. Андешамандоне чун у ангуштшуморанд ва шояд так бошад. Миллатро набояд ба куллй аз нури фазилат махрум кард. Ба вижа замоне ки бештар аз хар вакти дигар ба он ниёз дорад, бо ин ки худаш хам он ниёзро хануз дарк накардааст. Поянда бошед, устод.

    Сипос аз Точвари гиромй барои ёдоварй аз азизони дури мо.

  2. Ким касе гила карда буд, ки мо дар вакташ устод Мухаммадчон Шакуриро ба мушовирии раисичумхур чалб накардем. Бале, ин киргизхо хастанд, ки Чингиз Айтматовро хамчун “бренд” дар аврупо истифода карданд, мо бошем “амир”-параст хастем.
    Бохти дигари хукумати Рахмон ин аст, ки бо ботилкорияш Рахматулло Зойиров барин олимро аз худ дур кард.
    Аз ин дидгох, мусофирии Акбари Турсон хам барои худи у ва хам барои хукумати мо як навъ хушбахтист. Устод Турсон ин хама бедодгариро аз наздик намебинаду намесузад, хукумат бе нури у аз ташвив халоси дорад.

  3. *ташвиш

  4. Да, все это печально и грустно. Я еще в 80-е гг. читал его научные труды в журнале “Знания-сила”. После распада Союза я больше ничего не читал об этом человеке. Тогда он на меня произвол очень хорошие впечатления, как ученого, философа, лингвиста и мыслителя энциклопедического масштаба. Только не могу понять, почему судьба у него в США не сложилась? Я бывал в США, там о нем тоже не слышал. Бозора Собира хорошо помню, дома- в Москве иногда его читаю наряду с классиками таджикско-персидской поэзии. Все таки хотелось бы общаться с Акбаром Турсуном, как это делать, не знаю, может быть кто-то знает его электоронный адрес,сообщите, заранее благодарен…Рахим Бобохонов, Москва.

  5. Рахими гиромй,

    Нишонии Акбари Турсонро метавон фиристод, агар нишонии шуморо бидонам. Аммо шумо карор аст бо хамин забон бо у тамос бигиред? Пурсиши фузулона аст, вале вокеъан бароям чолиб аст бидонем.

  6. Аксарият корхои Акбар Турсун бо хамон забони руси аст ва бо вучуди ин маъно ва ахамияташ аз он камтар нашудааст.

  7. Дуруст аст. Чун забони илмии даврони у русй будааст. Аммо ин чо зохиран касе касд надорад поённомаи дуктуро ё пажухише хитоб ба “бародари бузург” бинависад ва торнигорхои фаровоне хаст, ки метавон дар он ба русй изхори назар кард. Ин якеро лутфан порсй (точикй) нигах доред.

  8. Ин бародарамон Рахим хам шояд дар мухите бузург шудагиаст ки мисли мухити устод Акбар руси буд, аммо дар дилаш шуълаи нанги точики аз шамъи точикии худи мо хам фурузонтар бошад. Бо чунин посуххои сард дили хамин гуна нафаронро аз точику аз точики хунук мекунем. Агар дар хакикат кори хуб анчом додани боши Дорюш дар торнигорат дарси забони точики боз кун, ва точикони безабонро ед деҳ.

  9. Инчунин метавонам аз як рушанфикри дигари точик ёд кунам, ки холо ноиби ректори Донишгохи Екутистон аст.

    Махмадрахим Гадоев то соли 1992 устоди донишкадаи Кургонтеппа дар Точикистон буд.

    Мухочири дигари мо — охангсози боистеъдод Алишер Латифзода аст, ки Амрико уро бо визаи махсуси афроди вижа ва болаёкат ба пазируфтаи шахрвандии ин кишвар даъват кард.

    Бовар дорам, ки чунин афроди нек мо дар кишвархои дигар низ зиёд дорем, аммо дар бораи онхо маълумот надорем. Магар на?

  10. Бебоки гиромй,

    Пешниходатро равшантар кун. Устод Турсон дар мавриди забон хичолат нахохад кашид бо ту ва ман ба забони фасехи порсиаш сухбат кунад. Хамон тавре ки худи ту хам сухбат мекунй. Бо ин ки у парвардаи мактаби Шуравй буд, чавхари миллиашро хифз кард. Оё, руи ин хисоб, бояд ин кутохиро накс ё камбуди Шуравй бидонем ё накси сохибзабон? Оё агар устод Турсон хам ин чо ба чамъи мо пайвандад, порсй хохад гуфт ё русй?

  11. Ва зимнан, Бебоки гиромй, дуст дорам торнигор ё торнамои туро хам бибинам, агар ичоза хаст.

  12. Точвари гиромй,

    Агар манзуратон афроди саршиноси точик аст, номи Бахром Фирузро наметавон фаромуш кард, ки дар Олмон аст. Олег Фезов, овозхони хушкарехаи мо хам он чост. Фикр кунам, Мухсин Мухаммадиев хам дар куча-паскучахои Олмон гулхои хиёлй бизанад. Аз Шодмон Юсуфй дар Утриш бояд холпурсй кард. Хонаводаи Саттор Турсун бидуни худи нависанда дар Омрикост ва фарзандони баруманде дорад. Давлат Худоназар хамчунон дар Маскав барои точикон метапад, харчанд бонуи у андаке гирифтори оризаи махалгаройист. Шуморашон зиёд аст. Дигар кй чй медонад?

  13. Дориюши азиз,

    Шояд Фируз Бахорро дар назар доред. Бале вай дар Олмон чомеъаи точикони Олмонро таъсис дод.

    Музаффар Бурхонов дар Порис ё Берлин аст ва фарзандони уро аз зумраи Нуриевхои оянда меноманд.

    Чамшеди Усмон, коргардони саршиноси синамои мо дар Порис аст.

  14. Точвари гиромй,

    Оре, манзур Фируз Бахор буд ва оханги маъруфи Марокандаш. Равони Бахром Фируз шод бод, ки руи забонам омад.

  15. Biloxira az Bebok posuxe naomad, to bibinam, ki oyo tanho on ogho parvardai maktabi shuravi bud yo mo ham budem, ki talosh mekunem xudamonro bozyobem.

  16. Dariush,

    onone, ki taloshi khudshinosi mekunand hama parvardai maktabi shuravi hastand, chunki kiyos mekunand va dar khotir dorand chi guna bud kadri millatu saboni Tojik on davra. Gumonam, sifati maktabi istiklolro nadidai, ki chi sathe dorad.

    M.

  17. Samak,

    Gumonat ghalat ast. Shohidi maktabi istiqlol ham budaam va medonam chi musibatest. Ammo reshai bahs chizi digar, agar ba oghozi mubohisa nazar kuni.

  18. Аз як лихоз метавон гуфтаи Бебокро об дод, ки мумкин аст, бархе аз дилсузони миллат имруз касоне хам бошанд, ки забони модарии худро дуруст надоданд. Аммо дар амал барои ояндаи ин миллат хидмате карда бошанд ва бикунанд.

    Вале мо дар вазъе карор дорем, ки бояд хамеша ва дар хама чо забони модариро арч бигузорем ва то хар кучо ки метавонем, онро бештар мавриди истифода карор бидихем.

    Худи Бебок гуфта буд, ки узбак аз он хичил мешавад, ки дигарон забонашро намедонанд, точик аз онки забони дигаронро.

  19. Точвари гиромй,

    Ман дилсузеро намешиносам, ки забони модариашро надонад. Надонистани забони модарй худ ба худ уро дар он суи сангар карор медихад. Акбари Турсон, хамон тавре ки гуфтам, донои порсист. Хохиши ман танхо ин буд ва хаст, ки дар мубохисоти ин махфил ба забони модарии худ сухбат кунем. Мухим нест он дар чи сатх аст. Як руз хохед дид, ки хамин бахсхо расонае хохад шуд барои бехбуди забони забунамон, ки аз бахти бад, трибуни андаке дорад.

  20. Dariush,

    Bakhshish, fahmidam.

  21. Ман, дустам Дорюш, ягон намуд торнома ё торнигор надорам ва дар замони наздик таъсис доданиам нестам, чун ки вакти фориги зарури надорам. Муйсафед шавам баъд, худо насиб карда бошад, ба ин кор мепардозам, хамон хам бо шарте ки ягон фикри дорои таваччухи умум ба сарам ояд.

  22. Темур Зулфиқоров руси менависад…. Парвиз Назаров ки дар КАЗ аз ситорахои поп аст, хам руси сухбат мекунанд. Уро он чо чун точик мешинохтагистанд.

    Мутмаинан, ин хуб аст ки хамаи афроди дилсузи миллат точикиро хуб балад бошанд, аммо дар холи хозир, вакте барояшон рохаттар аст ки бо руси сухбат бикунанд, чаро онхоро аз ин бахсхо дур бикнуем ва дар паси сангаре дигар карор бидихем?

    Набояд дар хеч коре ба андешаи ман ба ифрот рох дод, аз чумла дар масъалаи забон хам. Изои муъмин харом аст.

    Дар ин блог аллакай мушохида кардем, ки нафареро барои химояяш аз динаш зуд тамгаи ваххобиву салафи зада рондемаш. Акнун дигареро барои руси харф заданаш меронем?

  23. Follower – и азиз.

    Инсоф бидех, ки байни Темур Зулфикоров в АбуАнас фарк замину осмон аст. Худи Абуанас низ яке аз мухлисони ин торнигор — Самандарро тавхин кард ва берун ронд.

    Гами уро нахур, бародар, вай наранчидааст ва ман мебинам, ки дар сомонахои дигар бо хамон шуру шаъаф хамон акидахои мочаробарангези худро таблиг мекунад. Масалан, акнун бо хамдастагонаш бар зидди Навруз мубориза мекунад ва таблиг мекунад, ки онро чашн набояд гирифт.

    Зулфикоров созанда аст, Абуанас тахрибгар.

    Вай аз дин химоят намекунад, балки динро бар сари дигарон тахмил мекунад, хатто на динро балки музахрафоту хурофоти салафиёнаро. Муносибати уро ба фарханги Эрон, мазхабхои сунниву шиъа муайян мекунанд, на осори Синову Газзолй ё Хайёму Хофиз.

    Аз у суъол кун, Фирдавсй кист, хатман мегуяд, як мачус.

    Ин хама шояд як нишони дигари худбезориву худкамбиний ва бегонапарастист. Факат талош макун, ончи ман ба Абуанас нисбат додам, ба Исломи мубин нисбат бидихй. Ба зудй банда дар бораи Ислом хоха навишт ва хохй дид, ки фикри ман чист.

    Сарбаланд бошем!

  24. Точвари гиромӣ.

    Хангоми бахо додан ба бахси миени АбуАнас ва мубохисонаш дар сомонаи Шумо, агар аз адл кор бигиред, хатман хохед дид, ки у чи гуна хитоб кардааст ва дигарон ба у ба чи нахва посух додаанд. Гуфтед, АбуАнас Самандарро тавхин кард ва ронд. Аммо таваччух фармоед ба хитобхое ки ин ду бародар ба хамдигар кардаанд:
    __________________________

    Самандар 78: – Ин АбдуАннаси араб ё арабзада факат як орзу дорад, ки хамаи моро ба араб табдил дихад ва хувияти миллии моро аз байн барад. Вай мехохад, моро ба куруни вусто бозгардонад ва дар холе ки бе ин хам ба гуломи рус табдил ёфтаем, акнун ба бардагии аъробии сусморхур бикашонад.

    Инхо заххокон хастанд, ки кадом вакте арабе ба китфи онхо буса задааст ва аз сари хару китфи онхо морхои афъй баромадаанд ва 1400 сол аст, магзи сари чавонони моро мехуранд.

    АбуАНас 93: – Бародар Самандар оё фикр намекуни ки кам кам гузаронда истодаӣ , гапҳоятро пеш аз гуфтан хуб фикр кун ту чи фикр мекуни дигарҳо наметавонанд туро мисли худат ҷавоб диҳанд ,хоҳиш мекунам каме ахлоқатро кор фармо .
    Ман бо ту дигар ҳарфе надорам.

  25. Аммо мо мушкилхои мухимтар аз бахси Самандару АбуАнас дорем. Вале ба хар хол, бародарон, шумо ба у бахои ноодилона мегузоред ва танхо ба он хотир, ки у Исломро мисли Шумо содда намегирад, уро ба саудизадаги муттахам мекунед.

    Манзури ман он буд, ки хар касеро ки миллатамонро дуст медорад, сарфи назар аз он ки у Абуанас (исломи) ном дорад е Самандар ва е Темур Зулфикоров (русизабон), бояд ба андеша сари ояндаи миллат даъват кард.

  26. Бебоки арчманд,

    Хамон замоне ки худат хам торнигор задй, умедворам ба фармудаат амал кунй. Эрод хам хамон замон метавонй бигирй. Тайи ин муддат аз васфи забони “бародари бузург” кутох намонй.

    Follower-и гиромй,

    Саъй кун чашмат чизе фаротар аз мазхабро хам бибинад. Забони русй кучову АбуАнаси ту кучо? Чаро хамаи бахсхо бояд бо ислом хатм шавад? Ман гайр аз русй ба чандин забони дигар метавонам ин чо матлаб бигзорам, вале оё ниёзе хаст?

    Магар ман бо худи забон мухолифат кардам? Магар ман русй балад нестам худам ва сухбат намекунам? Манзури ман ин буд, ки дар чамъе, ки хама порсй сухбат мекунанд, арчи дигаронро бояд гузошт ва ба хамин забон сухбат кард. Кадом точик дар чамъи русхо порсй сухбат карда? Кучои ин тундравй аст? Хичоби ту кундравист ва сухбат аз забони модарй тундравист? Ман ба шиддат аз хар дуи шумо дар шигифтам.

    Майдони бахси Андеша арзонитон бод. Дигар бо бахсхои точикиам сари шуморо, ки зохиран шефтаи русй ва ислом аст, ба дард намеорам. “Точикият”-ро дар хадди афзали он ба намоиш гузоштед. Хар чи худист, накухидаст, хар чи бегона аст, писандидаст. Падруд.

  27. Хамин тавр фахмидам ки то торнигор накуни хаки изхори акида надори ва танхо ба фикрронихои “бомантики” баъзехо гуш дода амал бояд кард?
    Маълум мешавад ки хатман торнигор дори ва худро ягон паёмбари навбромад мехисоби.
    Мо мутассифона, бачахои замони худем ва ба худои яккаву ягонаамон шукр ки замони бошукухи шуравиро аз сар гузарондем. Камбудихои он давронро нодида намегирем, аммо аз дастовардхои он хам ру намегардонем.
    Бо хамин сухбатро шахсан бо ту ба поён мерасонам, ва ба худои таъолло месупорам. Мо хатто бо забонхои гуногун гап мезанем, ман бо точикиву ту ба порси.
    Хохиши ширкаткардан дар бахс бо чунин нафари ифроти мисли худат надорам.

  28. Дориюши азиз,

    Хамин чанд рузе пеш сухбат доштем, ки бахс деворахои тафаккурро такон медихад ва аз бахсу мунозира бо дуст набояд ранчид.

    Ва хамакнун бисер бад хохад буд, ки чунин борикбине ва андешаманде ин чо агар хомуш бимонад. Ва ман хам худро хеле хичилзада хохам дид, агар боиси аз ин бахсгох дур шудани касе бигардам.

    Шахсан маро хам хеле бадам меояд, вакте нафаре, бавижа агар он точик бошад, точики харф назанад. Аммо бояд инро хам ба инобат гирифт, ки мухити хонводаги ва мактабии афроде хам замоне руси буд.

    Ман танхо назари худро гуфтам, ки агар нафаре Точикисонро дуст медорад, ва ободии ин кишварро мехохад, набояд барои забонашу акидааш уро “антипартийний” кунем.

  29. Ин дуруст нест, ки шумо мулокотхои худро катъ кунед. Хакикат зода бахс аст, вале бахс бояд бе кин бошад.

    Навишта будам, ки бахс бояд ба хотири фахмидан бошад: на чангиданд. Агар фахмида натавонем, бехтар аст, каме сукут варзем ва сипас ба мавзуъ баргардем.

    Тоби бахс низ доштан лозим аст. Аз он нахаросед, ки нуктаи мантикии каси дигар мавзеъи шуморо мутазалзил мекунад. Дар иваз ба далоили хуш бингаред, оё ба андозаи лозим кавй буд, ки такон нахурад?

    Гохи дигар бояд ба хотири ормонхои бузург, агар онхоро дарвокеъ дошта бошед, гузашт кунед. Чаро метавон ба онхое скукутомез гузашт кард, ки хар руз миллати шуморо аз гил ва ахлот мезананд, аммо ба хамдиёри худ гузаште нест?

  30. Follower-и гиромй,

    Бахс то он чо хуб асту муфид, ки сари мавзуъ бошаду парту пало набошад ё ба монанди чегу вовайлои Бебок тадбил ба минбари тавхину тахкир ба фарди мубохис набошад. Ман ки аз як фард бо нармй хостам эхтироми ин торнигорро бигзораду ба забони он сухбат кунад, Бебок оташ гирифт, ки он хам аз таъассуби куркурона бармеояд ва зохиран аз кадом харфи ман замоне ранчидааст ва холо фикр мекунад бачову бечо бояд неш зад. Ки он хам на аз паи кин аст, шояд муктазои табиъаташ ин аст. Ва ин мардак торнигор доштанро баробар бо паёмбарй хам унвон кард, ки масхарае беш нест. Манзури ман ин буд, ки чои зуза кашидану ба одамони дигар дастур додан бехтар буд худи ин чавонак, ки мегуяд хануз мусафед нашудааст, дастбакор шавад ва хавои даханашро чанд хаво поинтар биорад. Як зарра нанги миллй дошта бошад ва барои дифоъ аз забони бегонагон бар хамзабони худ натозад, он гуна ки барои як идда одат шуда. Худаш хам икрор кард, ки у барои ман хоричй аст ва дар ин шакке намондааст. Дар ин сурат метавон аз у наранчид.

    Аммо озурдагии ман аз худи ту, ки чавони шарифе хастй, ба хотири кашола кардани як мавзуъ ва укда гирифтан аст, ки бояд хамон чо харфхоро мегуфтему мерафтем паи бахси дигар. Ман бишшахса бо АбуАнас мушкиле надорам ва сухбатхоямро бо у матрах кардам, то бенихоят. Ва хушхол хам хохам шуд агар имкони сухбати бештар бо у даст дихад. Вале рабти байни ин ду мавзуъро намебинам ва онро руи хисоби укда гирифтан мегузорам.

    Ба такрор мегуям, то нанги миллй дар сина надошта бошем ва “бебок”-вор рафтор кунем, хич касе моро ададе ба хисоб нахохад овард. Он харф хам моли Мусалмониёни Кубодиёнй буд, ки мегуфт, узбак норохат мешавад, агар бидонад, ки хамсухбаташ узбакй балад нест, дар холе ки точик хушхол мешавад, ки забони хамсухбаташро балад аст. Бегумон, забон донистан хунар аст. Вале ин хунар набояд як бехунарии бузургро бипушонад, ки он надонистани забони модарист.

  31. Точвари гиромй,

    Бахс бо касе бояд кард, ки далел пеш орад, на ин ки аз руи гараз ба хотири як чизи комилан дигар гарду хок пароканад.

    Хохиши ман аз Рахим мухтарамона буд, на ба монанди чарандиёти “Бебок” тавхиномез. Чаро мо ху гирифтаем, ки ба худамон тавхин кунем ва то касе ба забоне ачнабй сухбат мекунад, ба у сари таъзим фуруд орем? Лутфан хамин алон инро тачруба кунед ва ба як назаргохи русй сар бизанед ва порсй ё ба истилохи мандаровардии “бебокхо” точикй бинависед. Бибинед чи гилу лое бар сару сурататон мепошанд. Мо ки ин корро накардем ва набояд бикунем. Пурсиши мо бо эхтиром буд ва хатто такозо хам набуд. Интизор надоштам ва вакили мудофеъи русзабонхо посухи занандае дарёфт кунам. Дар ин чо маънии бахс бо чунин фарде худ ба худ аз байн меравад. Чун “Бебок” тобеъи хич навъ мантики бахсе нест.

  32. Хамагй хеле асабонй ва гизалаву олугда хастем. Шояд вазъи куллии мардуми мо сабаб аст ё шояд хар кадом мушкилоти худро дорад.

    Шояд Навруз хунро дар рагхои мо ба чуш меорад?

  33. Точвари гиромй,

    Пас аз муддате тааммул дар торнигоратон, ки чомаи наврузй ба тан кардаву нав шудааст ва пас аз ручуъи дубора ба сухбатхои дустам Follower мантики каломи хар дуи шуморо пазируфтам. Ба вижа пас аз он ки ба эътирофоти худи Бебок мурочеъа кардам, худ ба худ моил шудам барояш таманно бикунам, ки зудтар, ба истилохи худаш, мусафед ва ба истилохи ман, ба синни балогати мубохиса бирасад, то битавонем бидуни кинатузй бахс кунем ва агар наметавонем аслан накунем. Решаи кинаи у бароям равшан набуду нашуд, аммо худи ман кучактарин кинае алайхи касе эхсос намекунам. Ба умеди бахсхои созандаи дигар. Хамагй поянда бошед.

  34. Хуш омадй, азизам. Оре, як хонатаконй ин чо шуд ва хам чомаи тозаи наврузй насиб гардид, харчанд дар рох ба суи манзил ба худ мегуфтам, агар бехтарин фарзандони ин миллат ба хам росту дуруст наоянд, аз он мухочири бечораи мактабнадида чи гилае мешавад кард.

    Вале хак ба чониб низ хастед, ки бояд аз эхтироми забони модариамон сар кард, зеро андешаи хубро намешавад бо забони мавхум ба одамон расонд. Ягона эрод, ки “No Revolution, Please.” Рох он чост ва манзил хам он чост, аммо якруза несту садруза аст.

    Агар дар чомаи нав нуксе хаст, лутфан дар чараён бигузоред.

  35. Чомаи нав барозандаи торнигори хубатон аст. Шодбош! Равшантару чашмруботар.

    Танхо як маврид ба чашмам расид, ки андаке ночур аст: Category Cloud. Намедонам оё амдан вожахо руи хам рехта асту пажулида ё ишколи фанние дар кор аст. Хар чизе хаст, дар он морпеч ба рохатй метавон гум шуд ва аз он сар дарнаовард. Шояд бехтар аст ба шеваи сутунхои дигар мураттаб ва кобили ташхис бошад.

  36. Бале, дуруст аст, аммо ин “ихтироъ”-и бинокорони тарх аст ва намешавад барояш коре кард. Шояд аз диди онхо як озинбандии вижа бошад.

    Боз хам — сипос.

  37. Манзури онхост, ки хар бахше маводи бештаре дошта бошад, дурушттару бузургтар мешавад ва баракс.

    Шодам, агар кабои нави ин чахорбоги дидорхои хамаи мо писанди завки баланди шумо омадааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: