Аз “Амир” хабаре нест, ки нест…

alimov.jpg

Бозгашт ба чунин мавзуъ хушоянд нест, аммо тафсилоти наве пайдо шудааст, ки намегузорад, сокит бимонам. Сафири Точикистон дар Чин ва хамзамон ачири Хадамоти чосусии Русия бо исми мустаъори “Амир” дар Пекин нест. Чанд руз аст, гушии телефонро дар сафорат касе намебардорад ва чаноби сафир ба номахои электрунй посух намедихад.

Ин холат шубхаву гумонеро ба миён меорад, ки оё уро хабс карда бошанд? Вале кй метавонад, дипломати як кишварро ба хабс гирад? Албатта, макомоти Точикистон дар мисоли Махмадрузй Искандаров ва чанд тани дигар дар одамрабой тачрибаи зиёде доранд. Шояд сафир дар Русия бошад? На ба хайси сафир, балки ба хайси “Амир”?

Шояд кишвари дигаре аз руи хашму алам? Зеро агар нек бингарем, фаъолияти чаноби Амир наметавонист ба зиёни Точикистон бошад. Президент Рахмон уро дар соли 1995 ба Ню Йорк фиристод. Ин даврае буд, ки хадамоти чосусии Русия дар Точикистон озодона амал мекард ва хеч сирру асроре дар кишвар набуд, ки онхо надоданд. Ба ёд оред, ки ними Вазорати дифоъи Точикистон аз Русияву Узбакистон омада буданд ва дар хар вазоратхонаи Точикистон як намояндаи Узбакистон низ ба хайси “мушовир” ошкоро кор мекард.

Дертар тамоми шабакаи мухобиротии хукумати Точикистон ва хамаи хатхои телефони президенту хонаводаи у, хуллас хамаи низоми махсуси мухобиротии кишварро русхо сохтанд ва хатман, ки ин шабака вазифаи дутарафа дошт. Савум, аз сарвари давлат гирифта, то хар кадоме аз вазирон монанди давраи шуравй ба Маскав гузориш медод, ки дар кишвар чи мегузарад.

Намедонам, холо вазъ чигуна бошад, аммо то соли 2005, аз Ню Йорк ба Пекин кучидани чаноби Амир гумон аст, чизе тагйир карда буд. Пас Рашид Олимов наметавонист, сирри махфии Точикистонро ба Русия бифурушад. Зеро худи сир вучуд надошт. Биноъан, вай метавонист ё зидди Амрико ва ё зидди кишвархои дигар чосусй кунад. Такрибан то соли 2000 сафирони кишвархои шуравии собик гохе дар як кабинет менишастанд ва худро намояндагони як кишвари шуравй медонистанд. Пас онхо зидди хамдигар низ кор карда наметавонистанд.

Агар чаноби Амир ба манофеъи Амрико ё кудратхои дигари чахонй зарба зада бошад, масъала хеле вазнинтар хохад буд. Ин Точикистон аст, ки ба дахан об мегираду аз чо такон намехурад.

Хуллас, сафири Точикистон дар Чин бенишон гаштааст. Охирин хабархо дар бораи у дар торнамохо аз аввали мохи март аст. Эшон пас аз комёбихо дар кори комсомол, дипломатияи точик ва хадамоти иктишофй даст ба нависандагй задаву румоне навиштаанд, ки дар Пекин хамзамон ба ду забон — русй ва чиной нашр шудааст. Асар аз варзишгари навраси точик хикоят мекунад, ки ба Олимпиадаи Пекин рох меёбад ва дар ин чо пируз шуда, номи Точикистонро ба осмонхо мебарорад.

Ачиб аст, ки номи ин писарак — Шаршар аст ва номи китоб “Шаршар покоряет Пекин”. Ман аввал фикр кардам гарданаи Шар-шар Пекинро тасхир кардааст. Ачаб номгузорие. Шояд ин хам ягон исми мустаъор бошад. Дар Точикистон фикр намекунанд, ки Амир чи шогирдонеро ба воя расондааст ва оё онхо низ бо фурухтани номи баланди ватан машгул нестанд?

Дар Пекин хам чаноби Рашид Олимов намоиш медихад, ки фарзанди вафодори низоми шуравй ва забони Ленин аст. На танхо китоб ба русй навишта шудааст, балки торнамои Сафорати Точикистон дар Чин низ ба ду забон — русй ва чиной сохта шудааст. Забони точикй, ки гуфта мешавад, соли 2008 дар Точикистон соли ин забон эълон шудааст, барои сафири Точикистон маъние надорад.

Дастоварди дигари чаноби сафир ин аст, ки дар як сол назар ба хамаи солхои мавчудияти сафорат бештар ба чиноихо раводиди сафари Точикистон додааст. Танзе буд, ки ба онхо визаи зиёд даркор нест, зеро бо як виза дахнафарй сафар мекунанд, вале агар хис кардед, ки чиной дар кишвар зиёд шудааст, донед, ки хизмати чаноби Амир аст.

Аммо бенишонию бедаракии сафир дар Пекин шояд ба фаъолияти эчодии адиби нав бастагй дорад ва мумкин аст вай ба навиштани китоби нав саргарм аст, шояд китоби чавобй ба асари афсари фармондехаш — сарханг Сергей Третяков?

Нихоят як изофаи дигар. Чунин сафирони Точикистон ва кормандони сафоратхои мо дар хорича кам нестанд, ки супоришхои хадамоти чосусии давлатхои дигарро ба чо меоранд. Якеро дар Эрон афсари фармондех Хочй Акил ном доштааст, агар номи мустаъор набошад.

7 Responses

  1. Хочй Акил аз афсарони Вазорати иттилооти Эрон аст, ки масъули панохандахои точик буд. Дар миёни афроде, ки Акил ачир кард, чанд нафар хастанд, ки имруз дар чомеаи Точикистон хуб чо гирифтаанд. Яке аз онхо шоир аст ва яке дигар хам шоир буд, ки баъдан мушовири Турачонзода ва баъдан “коршиноси сиёсй” шуд ва дар веблоги шумо хам номаш омад.

  2. As daftari khabarii SVR:

    В СВР ОСТАВЛЯЮТ “НА СОВЕСТИ ТРЕТЬЯКОВА” ЕГО ЗАЯВЛЕНИЯ,
    ПОДЧЕРКИВАЯ – “ПИАР НА ПРЕДАТЕЛЬСТВЕ” СЧИТАЕТСЯ ОМЕРЗИТЕЛЬНЫМ
    ДЛЯ ВСЕХ СПЕЦСЛУЖБ
    ИТАР-ТАСС, Внешняя политика Москва, 28.01.2008 г.

    Пресс-бюро Службы внешней разведки России /СВР/ в связи с заявлениями экс-сотрудника ООН Сергея Третьякова подчеркивает, что “в октябре 2000 года российский гражданин Третьяков остался с семьей в США, сделав письменное заявление: “мой уход в отставку не нанесет ущерба интересам страны”. От встреч с официальными представителями РФ Третьяков отказался.

    “Оставляя на совести Третьякова сделанные им в книге так называемые разоблачения, хотели бы подчеркнуть, что во всех спецслужбах мира “пиар на предательстве” всегда считался омерзительным деянием, а само предательство – уголовно наказуемым”, – особо подчеркнули в СВР.

    В пресс-бюро подчеркивают, что “не намерены впредь комментировать сообщения на данную тему”.

    51-летний Третьяков с 1995 по 2000 год занимал должность первого секретаря постоянного представительства России при ООН. В октябре 2000 года он оставил место работы и выразил желание сотрудничать с американскими спецслужбами. На основе его заявлений 24 января вышла в свет книга американского журналиста Пита Эрли “Товарищ Джей”, где Третьяков утверждает, что СВР в настоящее время работает в странах Запада также активно, как и в эпоху “холодной войны”.

    В интервью перебежчик назвал некоторые имена, однако в основном использовал оперативные клички. Среди “шпионов”, якобы завербованных Третьяковым, были эксперт по ядерному оружию из Канады, высокопоставленный российский сотрудник программы “Нефть в обмен на продовольствие” и бывший посол одной из стран Советского блока. Он также рассказал о неком российском бизнесмене, который завладел ядерной бомбой и хранил ее в сарае на подмосковной даче. Третьяков утверждал, что “за счет манипуляций” с ценами российское правительство в период правления Саддама Хусейна якобы незаконно заработало 500 млн долларов в рамках программы “Нефть в обмен на продовольствие”. А саму ООН Третьяков назвал “международным гнездом шпионов”, отметив, что внутри организации “мы отлавливали осведомленных дипломатов, которые могли дать нам прежде всего антиамериканскую информацию”.

    Свой побег бывший сотрудник ООН назвал “огромным провалом российских спецслужб” и предупредил, что у России, несмотря на окончание “холодной войны”, якобы есть “дурные намерения” в отношении США.

  3. Бародарон, дакикае фикр намуда, холатеро тасаввур кунед, ки он чи чосуси рус дар бораи як хаммиллати мо гуфтааст, комилан дуруг аст, ва ба эхтимоли зиёд чунин низ хаст. Лекин мо боз дар банди содалавхи ва зудфиребии точиконаи худ карор гирифта, як гуфтаи руси чосусро начакондаву нарезонда, балки бо шарху афзунахои хаёлии худ ба бадном кардани хаммиллати худ шитофтем. Он хам як точике, ки барои кишвараш корхое хуби зиёде кардаасту мекунад. То кай мо чунин тангназар боки мемонему, каме фаротар аз водии худро намебинем.

  4. Сафири мухтарам ба номахо посух намедихад ва гушии телефонро намегирад. На у ва на Вазорати корхои хоричии Точикистон ба даххо маколаи матбуъоти чахон чизе нагуфтаанд ва бо забони русй садокат доштани сафир “афзунахои хаёлй” не, балки факт аст.

  5. …ва сухан на водии мо, балки аз эътибори байнулмилалии як кишвар ва як миллат аст. Агар ин эътибор барои сафири ин кишвар ва ин миллат заррае ахамият медошт, бояд кайхо садо баланд мекард. Аввалин бор макола дар бораи “Амир” рузи 24-уми январи соли 2008 чоп шуд. Се мох мегузарад ва нукоти китоби Третяков аз телевизион ба телевизион, нашрия ба нашрия мекучад. Сукут аломати чист?

  6. Ман фикр намекунам агар касеро ба нохак чосус биноманд ва ин нукта хатто дар китобе хам зикр шавад, у салохро дар хомуш мондан бибинад. Окои Олимов метавонад ба содагй Третяковро ба додгох бикашад ва ба хамон рохатй аз у милюнхои CIA-ро биситонад. Чун ин иттихоми андак нест. Чосусй, яъне хиёнат ба ватан, ки дар бештари кишвархо мучозоти он эъдом аст. Дар вокеъ, сукути Рашид Олимов ба чй маъност?

  7. Вокеан, вакте дар мавриди Олимов сухан мегуянд, пеши назарам оинаву шона пайдо мешаванд, ки яке аз ру ба ру мегуянду дигаре аз кафо. Амири мо низ хислати шонаро сохиб аст.
    Дар мавриди гумномии у бошад, хамин кадар мегуям, ки чанд рузе пеш уро дар яке аз тарабхонаи Душанбешахр дида будам ва баъдтар дар яке аз чойхонахои сарирохии Варзоб низ сар ба сар зада будем. Боки чизе намедонам.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: