Хамлаи хамсоягон аз се тараф

somo.jpg

“Ашш хам заду ушш хам зад, пасмонда шабушк хам зад.” Нахуст хамин матал ба ёд мерасад, вакте маколахои зиддиточикии як казок, як киргиз ва як узбак — харсе баробар дар сомонаи Сентразия.Ру ба нашр расидаанд ва истирохати рузи шанбеи маро касиф карданд.

Казок дар кайдхои сафари Душанбе бо хачву масхара точиконро як кабилаи горнишине тасвир мекунад, ки акли кофй барои дарки масоъил надоранд, гуруснаву ташнаву харисанд, занонашон ба 30 сомонй хамхобаи дигарон мешаванд ва пешхидматашон аз дидани чойпулй бехуш меафтад.

Киргиз хамаи балохои ахири Осиёи Марказиро ба точикон нисбат медихад ва нола дорад, ки дар Бодканд точикон сарзаминхои кадимии киргизхоро ишгол кардаанду бо беорй ва андешахои тираи тундгароии исломй ба амнияти Киргизистон тахдид мекунанд.

Узбак навиштааст, хабархои сармои сахт ва бебаркии Точикистон дуруги махзи рахбарони он аст, то дасти гадой ба кишвархои дигар дароз кунанд ва бе мехнат рохат бинанд.  

Хондани ин се сияхнома хеле дардовар аст, аммо зарбаи казок аз хама кушандатар, зеро сари хар сатри тамасхуромезаш ин бародари собики хонаводаи шуравй, ки то омадани русхо чи будани алифборо намедонист, ба фархангу торихи точикон неши захрогин мезанад, руи иззати нафси точикон шоша мекунад, номуси точиконро тахкир мекунад ва хамзамон пулдории имрузаи казокхои худро тавсиф.

Агар хамин захри суханаш намебуд, шояд мешуд гуфт, хакикатро менависад. Магар хазорон нафар аз точикон дар Казокистон муздурй намекунанд? Магар Остона дар ин сармо ба точикон мадад нафиристод? Магар то дируз хайкали Ленин дар маркази Душанбе бокй намонда буд? Магар кучахои Душанбе пур аз гадову фохиша нест? Магар дар ошхонахои Душанбе холате нест, ки ин нависанда менигорад? Оре, хаст. Дарего, хаст. Бадбахтам, хаст! Хаст! Хаст! Хаст!!!

Вале ин набояд ба як мехмони пойтахти точикон хамаи хакро бидихад, ки аз дастархони кашшоконаи мардуми мо хурдаву ба он бимезад. Аммо ин дуруги махз аст, ки точикон ингуна бефаросоту беакл ва гулу ландахуранд. Ва агар ба амри тасодуф мехмони нохондае аз камари мугул ва кашталкандагони Олой, ки шояд каламраве, ки имруз дар он мезияду фахр мекунад, моли асили точикон буд, бо афроди нолоике дучор омадааст, ин чунин маъно надорад, ки хамаи точикон ин гунаанд.

Тамасхур ба шаклу симо ва чашму нигохи точикон чи зарур буд, агар у мехост, аз вазъи Точикистон бинависад? Точик симои зебо дорад ё казок ба тамоми дунё маълум аст. Хуб, инаш кори худо, вале чои шубха нест, ки ин шахс “асараш”-ро аз пеш навишта, сипас ба Душанбе сафар кардааст ва ё бо пешказовату озурдагие аз точикон вориди ин мамлакат шудааст. Ва ё шояд, алами филми машхури Борат хануз аз дилаш нарафтааст ва зарбаро аз Исо хурдаву ба Мусои бечоратар дарафтодааст.

Муаллифхои киргиз ва узбак низ на ба он хотир калам ба даст гирифтаанд, ки дар халли ин ё он мушкил мададе кунанд. Хадафи онхо низ факат тахкири як миллатест, ки карнхо хамрохаш зиндагй кардаву онхо аз у хеле чизхоро омухтаанд. То дируз киргизхо нийяти намозро ба точикй мехонданд. Ин далели рушан аст, ки дину диёнатро аз кй омухтанд. Либоси атлас, анвоъи таъом, раксу мусикии узбакхо такрибан пурра аз точикон нусхабардорй шудааст. Точикон буданд, ки ба ин бародарон шеър гуфтан, дутор навохтан, нихол шинондан, мадрасаву макбара сохтан, филм гирифтан ва монанди инхоро ёд доданд. Бухорои Шариф ва Самарканди Кандмандро барояшон гузоштанд. Ачаб дунёе! Кумак куниву тарбия кунй, аз гиребонат бигирад.

Шояд бехтар буд, онхоро мегузоштанд, ки хамоно дар дашту биёбон подаронй мекарданду дар косахои чубй обгушти нимхом мехурданд. Аз мост, ки бар мост.

Вале аз эхтимол дур нест, ки нашри пайихами се матлаб аз се тараф ва хама бо як лахн бар зидди точикон амалест тархрезишуда ва бо дастур. Хамсоягонамон мехоханд, мо бо торих ва фарханги бузурги худ дигар фахр накунем ва худро камтар аз онхо, бечоратар аз онхо ва бадбахттар аз онхо фикру хис кунем. То барои онхо майдони васеътаре бокй бимонад.

Шояд набояд аз ин навиштахо озурда шуд ва баракс танкиди онхоро кабул карду чушиши хун дар варид ва зарбони алам дар дилро ба талоши бехбуд сарф кард? Агар дар замони шуравй обруи мо баландтару вазни мо бештар буд, холо ба рузи сиёхе расидаем ва хуб аст, ки хамсоягонамон гах-гохе хамингуна ба сарамон оби хунук резанду хушёрамон кунанд? Шавад, ки биншинему токиямонро дар пешамон бимонему аз у пурсем, ки чаро ба чунин холи баде расидем? Миёни моро кй ва чй шикаст? Аз дасти кй ва бар асари чй ба холе расидем, ки акнун “ашш” хам мезанаду “ушш” хам?

34 Responses

  1. Фавран даррафтам дар Сентразия.ру ва маколахои номбаршударо мутолиа намудам. Зери онхо постинг хам гузоштам бо исми точик.

  2. Ба тозаги донистам ки Сергей Бодров ният дорад давоми филми Муглро ба навор гираду, баъд аз он филме дар бораи Томирис ном маликаи масагетхо ки подшохи эронихо Куршро шикаст дода буду сарашро аз тан чудо кард, биофарад. Ин накшаи хунарии Бодров низ бо маблаггузории казокхо анчом мешавад. Боз як тачовуз ба таърихи ниёгонамон аст. Манзурам ин аст ки казокхо даъво доранд ки масагетхо ачдодонашонанд ва агар ачдоди онхо бошанд пас точикхо ба ин сарзамин аз кучо омада бошанд?

  3. Фаридуни арчманд,

    Ташаккур барои эътироз ба он маколахо дар Сентразия.ру. Ширкатдорони махфили “Андеша” хамин гуна ба хар амале, ки зидди миллати бузурги мо мешавад, посух медиханд, хомуш намемонанд.

    Дра як сухбат бо журналисти точик Сергей Михеев, коршиноси рус гуфтааст, ки ба як дахан гапаш номаи зиёде аз точикон гирифт.

    Вай изхори пушаймонй накардааст, аммо икрори хамин чиз худаш як эътирофи он аст, ки бехтар аст бо точикон худро мукобил нагузорад ва ба иззати нафси онхо нарасад. Харчанд бояд гуфт вай ба касе ба гайр аз Дориюш посух надод, аммо он посухаш низ норушан аст.

    Ба хар хол мо бояд бо истифода аз интернет ба хар матлабе, ки хакки точиконро поймол мекунад, эътироз кунем, аммо бо оханги нарм ва далели исботи фикри худ.

    Баъд аз чанд нома, масалан, Майл.ру видеохои Нашар Рашаро аз сафхаи аввалаш бардошт.

  4. Бебоки азиз.

    Ин чи гуна мешудааст, ки аз як тараф Чингизхон ниёи онхо бошад ва аз тарафи дигар Томирис?

    Вале бояд тан дод, ки бо пули нафту газ миллати худро пеш мебаранд. Онхо мушкилоти моро надоранд. Масалан, сари хичоб соъатхо бахс намекунанд ва махалгарой дар онхо камтар аст, жузгароист, ки боз хам бехтар аз махалгароии гуруххи хурдакаки мо.

  5. …ки ин нависанда менигорад? Оре, хаст. Дарего, хаст. Бадбахтам, хаст! Хаст! Хаст! Хаст!!!

    Ман медонам, ки миллати ман саропо аз камбудист ва таерам, ки дахчанд танкид кунам, вале шунидани ин таъна аз забони ачнабие ин кадар сахт мерасад, ки ин мисли корде рост ба дилам мехалад ва тайерам уро пора-пора кунам!

  6. Мутаасифона:
    Зи шири шутур хурдану сусмор,
    Арабро ба чое расидаст кор.
    Ки тахти каенро кунад орзу,
    Туфу бар ту эй чархи гардун туфу!
    Ин эмбрион ки шуда, ки ба мо чунин эрод бигирад!

  7. Фаридуни азиз.

    Як дусти ман пас аз хондани ин маколахо гуфт, валлох холо аз точик буданам шарм медорам. Ва илова кард, аслан, максад аз ин маколахо хамин аст, ки моро аз миллати худамон бегона кунанд ва дар мо як хисси норасидагй ва нукс парвариш намоянд.

    “Комплекс неполноценности.”

  8. Bale barodari aziz, Tojvar, man ham soliyoni ziyode va ba xysys in chand mohi oxirin zindagii saxti tojikoni azizamro dida lahzae nest ki az xyd napyrsam ki ‘Charo tojiki man badbaxt ast, ki moro ba in vartai balo rason?
    misli shymo syol mediham ki ”Миёни моро кй ва чй шикаст? Аз дасти кй ва бар асари чй ба холе расидем?”…
    Charo imryz tojikon dar ba dar shydaand, beVatan, beZabon (on tiflone ki beryn az Tojikiston ba dunyo omadaand, onhoro dar nazardoram), modari tojik dar orzyi didori farzand, tifloni tojik dar Orzyi didani padar, dyxtaroni zeboi tojik dast ba fahsh zadaandy, maktabbachahoi tojik besavod????
    ammo afsysy sad afsys ki syolhoyam bejavob memonandy faryodam dar gyly, chyn medonam ki har bade ki imryz ba sari millatam omad az dasti Tojik omad…bale:
    ‘Man az Begonagon hargiz Nanolam,
    ki bo man harchi kard in Oshno kard!”

  9. Bisyor hayfam meoyad ki hamutoqii man dar khobgoh aksi tomirisro rui devor chaspondaast. In dusti man az Qazoqoston ast. Vale to hol man bo u da’vo mekunam. Avvalin suole ki ba zehnam meoyad ” Agar Tomiris ajdodi qazoqho boshad charo chashmonash tang nest? ” Va hatto dar filmi ”Kochevnik” sokhti Qazoqiston naqshi asosiro bozigari Hollywood ijro mekunad! Ajib ast hama ”chashmtang”-and vale qahramon asosi najoti avrupoi dorad. Ba hamai in yak javob dorad ”Moqablan chashmtang nabudem”. Pas boyad hamai naqshhoi in filmro avrupoi ijro kunand!

  10. Puli ziyod nadori,
    safari ishk nakun!

    Namedonam, in 2 misra dar in suhbat jo megirifta boshad yo na? ammo ba harhol guftaniam, ki bo in iktisodiyoti Vatani mo hej kor kardaham nameshavad! Baroi onki in milatho az mo boitar hastand va metavonand khudro dar jahon himoya kunand. Shoyad na bo boigariashon balki bo ilm, chunki onho sharoit dorand dar borai ta’rix koftu kov kunand va fark nadorad rost yo durug dar borai millati khud ba jahon ovoza kunand.
    Kazok, Uzbek, Kirgis inho milatham nestand va dar asrhoi okhirin paido shudaand. Inho tanho mekhohahd az “moment” istifoda barand. Davlati mo hozir kuvat nadorad, ki khudro himoya kunad va onho inro medonand.

    Ammo ba hamai in mo khudamon gunahgor hastem…
    Yakdigaro mefurushem (milatchigi), xalk hej vakht rozi nest! kulobu garmu, sugd karda megardand (sustii moro nishon medihad). Mardumi mo bisyor ham bakhil hast( az hamsoyaat 5 somoni ziyodtar doshta boshi, hamsoya dushmanat meshavad)
    Davlati mo, hozir roho kofta istodaast, ki Geshoro sozad. Hej kas az farhang, ilmu donishi tojikiston xabar nadorad.
    Baroi chi, dar Tojikiston har yak kalu kur ba donishgoho kabul karda meshavand? haminxel oson hast, ki tohato hamun tamomkunandagoni maktabhoi miyona gami dokhir shudanro namekhurand. Agar pul boshad, doxil meshavam. Mualimon menoland, ki maosh kam hast, pas baroi chi narkhii davlatiii donishgohoro baland namekunand va maoshi omuzgoronro balandtar bardorand? (ba har hol donishju mablagi kalon dar imtihonho sarf mekunad) Suol ba meoyad; chi boz kard ba onhoe ki mablagi khodanro nadorand? Az one ki 100 ho guspandoro az xazinai davlat ba russiya va digar davlatho ba ta’sil ravon mekunand, metavonand dar davlati khudamon haminxel korho tashkil kunand. Masalan: Donishgohoi purkuvati tojikiston kimatar shavand va daromadan kin shavad. On kasone ki kushish va gairati khondan dorand boyad az davlat kumak girand. Ba fikram in arzontar ba iktisodiyoti davlat megaltad.( az bajoi on 100 gusfandone ki ba digar davlatho rafta “mekhonand”)
    Man metarsam, ki fardo Afgonho naguyand tojikho afgonand!!!

  11. Gharib-и гиромй,

    Пешниходат дар бораи донишгоххо хуб буд.

    Аммо иттифокан, чизе, ки казоку киргизу узбак имруза ба намоиш мегузоранд, миллигаройи ё хамон “миллатчигй” аст. Аммо балое, ки домангири мо шудааст, махалгаройи аст. Мо ба касби тавоноии дифоъ аз миллатамон ниёз дорем, чун рухияи миллии мо бино ба далелхои маълум бисёр заъиф аст.

    Чумлаи охиратро чандон хуб нафахмидам (Man metarsam, ki fardo Afgonho naguyand tojikho afgonand!!!)
    Лутфан тавзехи бештар бидех.

  12. Avalo az hamai hamvatanon uzri kalon mepursam baroi kahtogihoi kardagiiam dar injo. Sababash on meboshad ki xelo boz man inkadar bo zaboni tozai tojiki sukhan nazada budam yoki fikri khudro kaid nakarda budam. (garibi) Bad kujoeki nadaroyam, hamvatanon bo zaboni russi suhbat mekunand. (Shoyad zaboni tojikiro khub nadonand, shoyad mahkul naboshad zaboni tojiki ba onho)

    Dariush hamvatani aziz,

    Jumlai okhirini man shukhi bud, ki agar haminkhel davom dodan girad koru bor dar Osiyoi Miyona (Past budanii iktisodiyoti davlati mo, past budani ilmu farhangi mo dar baini digar davlatho) afgono az mo balandtar xezand yoki khudro bolotar shumorand az mo!
    Rosti gap namedonam in ba shumo fahmo shud yo na))) Agar na to navised az sari nav fikr karda boz digarkhel fahmonam…

    Durust gufti ki “milachigi” az tarafi hamsoyahoi mo dida shuda istoodast va khatogiii maro isloh kardi. Ammo onho ba zinae rasidaand, ki inkorhoro karda istodaand. (ya’ne purkuvat budani iktisodiyoti onho, ilmu farhang) Ba har hol onho hak nadorand…

    Man mahachigiro dar nazar doshtam…

  13. Gharib-и гиромй,

    Сипос аз таваччухат ба пурсишам. Оре, равшан шуд.

    Харчанд бидуни он хам шумори зиёде аз хамкавмони мо, ки точиканд, дар Афгонистон “афгон” ном гирифтаанд ва хатто барои худи мо дар Точикистон точикони он бари марз “афгон” номида мешаванд, ки боъиси таассуф аст.

  14. Дра як сухбат бо журналисти точик Сергей Михеев, коршиноси рус гуфтааст, ки ба як дахан гапаш номаи зиёде аз точикон гирифт.

    Вай изхори пушаймонй накардааст, аммо икрори хамин чиз худаш як эътирофи он аст, ки бехтар аст бо точикон худро мукобил нагузорад ва ба иззати нафси онхо нарасад. Харчанд бояд гуфт вай ба касе ба гайр аз Дориюш посух надод, аммо он посухаш низ норушан аст.

    —————

    Чи посух дод Михеев, Дориюш?

  15. Follower-и гиромй,

    Аз дарёфти пурсиши ман сипосгузорй карду номаи як хаммехани дигарро бо хамон мазмун барои ман фиристод. То кунун дарнаёфтаам, ки манзури ин нокоршинос чи буд. Ду паёми дигар хам барояш задам. То кунун дигар чизе нагуфтааст. Вале дастбардораш нестам ва мутмаиннан садояшро баланд хохам кард.

  16. Точвари гироми!
    Хакикати талхи мо ин аст ки баъд аз пош хурдани давлати Сомониен, точик дигар ба мустакилият дар хеч кучо щукумрони накард. Бо вучуди он ки пирони тасаввуф (точикон) аз пушти парда хокимони мангиту тимурихову дигар турку мугулро бози медоронданду, дар зохир давлатхо давлати турку муглу буд. Тоифахои боэътибор аз туркхои чангчу буданду, точикон дар давоми асрхо бо сарони хам бо ривочу равнаки илм, фарханг ва хунар машгул буданд. Баъзан аз ноилочи даст ба исъенхо мезаданд аммо шикаст мехурданд ва хар як шикаст дар хофизаи хенетикиашон махкам сабт мешуд. Аз ин хотир, хамаи он дастовардхое ки мо бо он мехохем фахр кард, аз чониби мо на дода шудааст, балки бо зури аз мо забт шудаанд. Тамасхур мекунанд чунки кавитару тифоктар буданд. Бо вучуди мавчудбудани гуногун жузиву кабилави онхоро дарки решаи ягонаи турки муттахид мекунад.
    Ба хотир оред то чи андоза Туркия дар замони аввали фурупошии Шурави ба Казоку Узбаку Тотору Киргиз кумак расонд. Эроне ки мо онро аз хамхуну хамачдод мешуморем, ягон барномаи аслии ёрии иктисоди ё хатто фархангие анчом надод. Туркия туркзабонхоро ба тамоми чахон муаррифи намуд, хатто таквимхоро дидам ки дар он дарахти ачдодии туркхо акс ёфтааст, хамасола анчумани миллатхои турк доир мегардаднд ки на бо эълонияхои руяки балки бо руи даст гирифтани накшахои амали анчом мешаванд.
    Мо худро дар хама чо эрони мегирему, низ анчуманхо ташкил мекунем, аммо ин икдомхои мо дар мукоиса бо амалкардхои турко бозии кудаконаанд.
    Точикистон як чазирачае дар укенуси туркхо ва онхо аз хаки истилогаронаашон хуб истифода мебаранд.
    Дар як нишаст як эшони уротеппаги ки баъд аз фирор аз Ватан дар Кум ба сар мебурд бисер мазхаби шиаъро таъриф мекард. Гуфта намонад ки худаш хам ранги охундои шиа саллаи сиех бар сар ва чакани чигарии эрони бар тан дошт. Мегуфт ки ба шиахо ин мумкину он мумкину ин ичозат аст. Хамрох фарзанди 10 солааш буд ки дар поени накли падар гуфт. – Дада, чаро мо шиа не?
    Манзурам, туркхо пеш аз хама турканд ва баъд хар чизе ки набошад, ориехо аввало, аз кадом як дехаанд, аз кадом як мазхабанд, аз кадом як динанду баъд ароиёианд.
    То даме ки вокеъат ин бошад, на танхо тукрхо дигарон хам моро маскараву тахкир хоханд кар.
    Точикро ки дар манзилаш хурмату эхтиром накунанд аз дигарон чи гила? Мо аз фарханги худ худамон ру тофтем, масалан шашмаком ки бояд мояи ифтихори мо шавад бо ду дасти адаб ба узбакхо супоридему хомушем, фалакро густариш медихем. Ва ин руйхатро мешавад идома дод. Хар он чизе ки ба мо “лозим” нашуд сохиби худашро пайдо мекунад, мутаассифона.

  17. Ин нолахо бештар натичаи бозии махзабист. Турктаборхо, хатто агар хама суннимазхаб набуданд, боз хам бо хам месохтанд. Чун туркият барояшон арчахият дорад. Хатто озарихои шиъаро, ки эронинажоданду туркизабон, туркхо сахт ба огуш гирифтаанду самти худ чазб мекунанд.

    Аммо дар бахси Наврузи родю Озодй вокеъияти талх такондиханда аст. Як мушт тозаохунди точик ба хаммеханони худ мегуянд, ки Наврузро бояд фаромуш кард. Мегуянд, “магар карор аст мо мисли эронихо шавем, ки динашонро Худо кабул надорад?” Бо ин тарзи дид гумон намеравад хазор соли дигар хам мо ба иттиход бирасем. Шустушуи магзии мазхабй миллати порсро пора-пора кардааст ва як идда эхсоси наздикии бештар ба арабхо мекунанд. Иддае дигар хам бо вучуди ин хама ихонати Русия тарчех медиханд рус бошанд. Дар форумхои “точикй” лафзи порсй тухми Анкост. Ба гуфтаи Фирдавсй:

    На турку на дехкону тозй бувад,
    Суханхо ба кирдори бозй

  18. Суханхо ба кирдори бозй бувад.

  19. Ба фикри ман, набояд сарватхои фархангй ва таърихии миллатро ба неку бад ё худию бегона чудо кард.

    Дар хамин бахс мебинед, ки казокхо Томирисро хам моли худ медонанд ва Чингизхонро низ.

    Вале мо якеро эронй меномем, дигареро афгон ё мегуем, Фалак моли мо нест ва ё Шашмаком на аз мост.

    Бояд шиъорро иваз кард, ки хама моли мост, хама аз мост ва бояд аз мо шавад!

  20. Агар нек бингарему огох бошем, мебинем, ки др вокеъ хама аз мост, ки аз бодонишй ва ноогохии мо талаф мешавад. Хар он чи эрониён (мо) дар Ховари Миёнаву Осиёи Миёна (ба як иборат, фалоти Эрон) офариданд, мутаъаллик ба мост. Агар азхудбезории мо ба хамин минвол идома дошта бошад ва ба чои такон хурдан хамааш аз Эрон гилоя кунем, чои ин ки худамон хам дар заминаи дифоъ аз худамон коре бикунем, то фардо хонаву хонанишину хонадор ба куллй ба тороч хохад рафт.

  21. *бодонишй = бедонишй

    Як намунаи бедонишист худаш. Ха-ха!

  22. Дар торнамои нависандаи саршиноси точик Адаш Истад хотироти риккатангези уро аз дидораш бо донишманди точик Рахими Мусулмониён хондам ва бо ончи аз Акбари Турсону Бозор Собир ва дигарон мешунавам, ба ин натича расидам, шояд зарурати ин аст, ки як иттиходи рушанфикрони точик дар хорич аз кишвар таъсис дода шавад.

    Хамаи мо дар хар чои олам, ки ба сар барем, фарзандони Точикистон хастем ва дар назди ватани худ карзи фарзандй дорем, аз ин ру набояд факат дар гами худ буду танхо бо нолаву шиква машгул. Бояд дар гушае аз чахони электруники интерентй ба хам омад ва масъалахои миллатро бахсу халли онхоро тархрезй намуд. Вагарна, чи бокест, ки Мусулмониён дар Эрон оху вовайло кунаду Турсон дар Амрико. Чизе аз ин иваз хохад шуд?

  23. Tojvari aziz,

    akidai khelo zarur va ajoibero peshnihod namudi. As nazari man, khub meshud, agar ba in mavsu’ yak posti alohida menavisti, to hama as bahsi on barkhurdor boshand.

    Durud

    Samak

  24. assalomu aleykum! iltimos khohish mekunam hamon makolai kazoki najas navishtaro ba man gued dar kadom sayt, va dar taarikhi chandum nashr shudaast. man dar nazdi saforati kazokiston yak guruh javonon jaam ovarda izhori norizogi baen mekunem IN KAZOKI NAJASI IFLOS KHOHARON VA MODARONI MORO TAANA BA TANFURUSHI KARDAAST

  25. Man ham in maqolaro honda nabudam, agar munkin boshad iltimos tarihi nashr shudanashro guzored.

    Chunin maqolaho na boyad be javob monand. Agar navishtahoi shumo durust boshand man ba saforati in davlat izhori norozigii hudro mefiristonam.

    Chande pesh dar sahifai man yak kormandi in saforat yak chand savol monda bud va man ba onho javob dodam, aknun vakte omad ki u ham ba savolhoi man posuh dihad.

    Kazokiston hudro dar Tojikiston ham chun davlati barodar pozicionirovat (nabedonam chi hel in kalimaro bo tojiki guyam) mekunad. Va onho boyad ba izhori shahrvandoi davlati mo javob dihand. Agar javob doda nashavad… Imkoni digar baroi norozigii hudro nishon dodan meevam.

    Chunin maqolaho naboyad be javob monand!

  26. Комилан дуруст мегуед. Сурогаи ин маколаи тахкировар чунин аст:

    http://www.centrasia.ru/newsA.php4?st=1205474520

    Умедворам, асабонй нашавед ва худо ба Шумо дар посух додан ба инхо мадад кунад.

  27. Чи магар миёни казоку киргизу узбак гадову фохиша нестанд? Номаъкул кардаанд. Соли 2007 ба Остона сафар доштам, таи 15 рузе, ки ончо будам, 15 духтари казокро бо нархи аз 15 то 50 доллари амрико киро кардам ва фарогат доштам. Он ифлосие, ки миёни казокон хаст, дар ягон гушаи дунё нест. Бубинед, чавони казок пеш аз он, ки духтареро ба зани бигирад, аввал уро медуздад, ба номусаш тачовуз мекунад ва баъд аз он туй барпо менамояд. Тфу!!! Харомгари!!! Ифлоси!!! Кадом мусулмон чунин рафтор мекунад?
    Дар мавриди киргизхо: дар маркази Киргизистон шахри Бишкек он кадар фохиша хаст, ки хисоб надорад, онхо тайёранд барои 2 доллар аз сахар то бегох олоти мардиро дар дахон нигох доранд. Дар бораи ифлосиву чиркинии онхо сухан гуфтан нашояд. Варвар!!! Манкурт!!! Агар аклу фароса медоштанд, бар сари рахбари худ мушт намекуфтанд…
    Узбакхо аз хама чиркинтару ифлостарин дар чахонанд. Вакте ба ягон мехмонхонаи Тошканд ё дигар шахрхои Узбакистон кадам мегузоред, хатман мепурсанд “Киз керак эмас-ми?”, яъне “духтар даркор нест?”.
    Хуб мебуд, агар хамсояхоии гандумнамои чавфуруши мо аввал саргини худро буй мекарданду баъд гухи дигаронро тагу ру.

  28. посух ба хар будгуи ва тухмат на сухани хакоратомез аст балки ахлоки хамида ва рафтори намуна. Агар мо ориёнихо ахлоки хамидаро пеша кунем ва намунаи ибрат бошем хам зиндагии мо ва хам муносибати хамсоягон бо мо тагйир меёбад. Вале имруз хама мебинанд, ки чи гуна мо якдигарро дар ивази як долар савдо мекунем.худфуруши дар сиёсат дар диёнат дар хама пахлухои зиндаги ин аст вокеъияти имрузи хуввияти мо точикон….. Ягона хунари мо бо гузашта нозидан аст вале замона замопараст аст Ибнул ВАКТ мебояд буд на ибнул суннат….

  29. Ранги занакхо чанчол накунед!!
    Мусалмон буданатро ва чи будани кинаро фаромуш
    накунед!!!!!!!!!!!!!!!

  30. Ман таъриф намекунам ;ки зиёда аз нисфи шахрхои россияро дидаам ва мебинам ки ки бо чи кор машгул аст аз узбакхо сар кунем вакте ки бо русхо хамсухбат мешаван худро точик муаалифи мекунанд ва гуё ки онхо точиканд ва дог бар миллати мо мемонанд аз хама миллати чиркин ва бетамиз дар руи дунё; киргизхо аз онхо бадтар вале набояд фаромуш кард ки хамаи ин гунохи мо точикон аст мо худ канорачуи мекунем барои миллат худ ягон кореро пеш намебарем мешунавему худро дар канор мегирем. Кучо он тарихчиёно мо бигузор нависан хар рузу хар соат мо кием ва то омадани русхо чи кадар хачми давлатамон ва то кучо будани сархади точикон буд нависанд на факат бо забони точики балки бо забони руссихам бигзор хонанд ва донанд ки аз ки тамиз омухтаанд ду солусе мох дар мугулистон хизмат кардаам афту андоми мугулхо аз казокон ягон майда дигаргуни надорад лекин чаро худро мугул нею казак мегуянд ман хайрон.дар тамизу дар сифату дар маданият аз мугулон ягон дигаргуни надоранд.хайр ба фикрам бас асту лекин номи ТОЧИКРО бояд аз ин хам баландтар бардорем то ба осмон аз осмонда хам баландтар бигузор хар як миллати руи дунё хаваси моро хурад

  31. Салом ба ТОЧИКОН! Ман хеч гох, дар хеч маврид ва махсусан дар холатхое, ки борони таънаву маломат аз суйи афроде, ки то дируз гадо буданду имруз забон баровардаанд, мерезад, аз точик буданам шарм намекунам. Ман аз хамаи онхое, ки ба ин торнома мехмон мешаванд, даъват ба амал меоварам, ки “хунро бо хун бишуянд”… Яъне, мо низ бояд ба онхо бо хамин лахн посух гардонем, ки шунидаему хондаем…. Дигар набояд ичоза дод, ки сартарошидахои рус моро кубанду, казокхои биёбони моро бекалла хонанд. Гузашта аз ин узбАкхое, ки то дируз худро намешинохтанд ба мо гап нишон диханд…. Пас, ба пеш, УРА, УРА, УРА….

  32. Салом ба бародарони точикам ман вакти дароз шуд, дар Руссия зиндаги дорам аслан зодгохам Ишкошими Бадахшон хаст .Ман аз бахсхои шумо хело рухам кувват мегирад, Дур аз ватан ба тахкиру маломатхо зидди точикон бисьёр вохурдаам ,лекин ба хамааш нигох накард ман ба миллати нозанину миллати базебам мефахрам,.Имруз ки мо точиконро дар Руссия бадном мекунанд ана хамин тангчашмони мугулавлод ,ки як калима Русиро намедонад ва тамоми корхои ифлосро ичро мекунад .Худоро шукр точикони асли кухистони Кулоб,Бадахшон ,водии Каротегин Хисору Зарафшон,ки Точики асланд обруяшон ва дарачаи интелектуалишон хело баланд нисбати узбакон .

  33. Barodaron hamon qazoqi beshbarmoqkhurro gapashro gap kardavu sari khudu digaronro garang nakuned.nafasi sag daryoro palid namekunad.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: