Агенти 008 бо исми мустаъори “Амир”

agents.jpg

Сергей Третяков ва хамкораш Рашид Олимов 

__________________________________________________

Хеч чиз барои як точик осонтар аз фурухтани точики дигар нест. Агар дар хайате ба ин ё он кишвари хоричй сафар кунед, зуд ин падидаи нахсро мебинед. Аксари аъзои хайат талош мекунад, бо мизбонон наздикии бештар дошта бошад ва ба хотири ин хамкавмони худро ба савдо мезанад.

Дар муъассисахои байнулмилалй ва ё ширкатхои зери дасти хоричиён низ чунин холат хеле зуд иттифок меафтад. Рахбар ба зудй хама чиро дар бораи биография ва географияи шумо хохад донист ва хатто таърихчаи зодгоху водию вилояту минтакаи шумо ва лакаби мардумонатон низ барояш расонда хохад шуд.

Ибораи онхое ки худро ширин мекунанд ингуна садо медихад ва ба зудй ба хар сарвари хоричй дилбазан мегардад:

“Ин точикони мо хамин хел одамонанд, чи мешавад кард?”

Аммо сухан на аз узви одии хайати мусофир ё корманди катории созмони байнулмилалй, балки аз сафири Точикистон аст. Аввали ин хафта паихам ду нашрияи хоричй ин гуфтахои собик корманди идораи кашфи Русия Сергей Третяковро, ки дар соли 2000 худро ба хадамоти махфии Амрико таслим кард, мунташир сохтанд, ки Сафири Точикистон дар Созмони Милали Муттахид Рашид Олимов чосуси Русия буда, зери номи мустаъори “Амир” амал мекардааст. Вай розй шудааст, дар ивази як хонаи истикоматй дар Маскав ва макоми “профессор” ватани худро бифурушад.

Аслан ин иттилоъ 24-уми январи имсол дар китоби Третяков, ки як ношири канaдай ба чоп расонд, оварда шудааст. Дар идомаи он ки сафирони давлатхои нав дар каламрави шуравии пешин бо идораи чосусии Русия хамкорй доштаанд, ба монанди сафирони Озарбойчон, Узбакистон ва Точикистон. Аммо дар тафовут аз ду сафири Боку ва Тошканд, бахти сафири Душанбе баландй кардааст, ки хатто номи махфии у низ ифшо гаштааст.

Рашид Олимов аз соли 1995 то соли 2005 намояндаи доимии Точикистон дар Созмони Милали Муттахид буд ва се соли охир сафири Точикистон дар Чин аст. Маълум нест, нест холо хамкорияшро дар идораи чосусии Русия идома медихад ё на, лек хатман бояд исми махфияшро иваз карда бошад. Афсус, “Амир” дар якчоягй бо “Олимов” шабехи “Амир Олимхон” садо медод. Дарвокеъ, як миёна, такрибан соли 1996, овозахое пахн шуда буд, ки Маскав мехохад, Эмомалй Рахмоновро дар курсии рахбари Точикистон бо Рашид Олимов иваз кунад.

Собик номзади макоми раёсатчумхурй Давлат Худоназаров ба ин овоза бовар ва якбора бо Олимов тамосхои гарм пайдо карда буд. Вай борхо аз Вошингтон ба Ню Йорк сафар карда, ба Олимов пешниходхои чолибе мекард, ки чигуна мешавад, оппозисюни Точикистонро ба исломию дунявй таксим кард ва ё конуни асосии Точикистон бояд чигуна бошад. Шояд афроди дигар хам ба парвози эхтимолии Олимов аз курсии сафир ба махмалкурсии президент бовар карда буданд, аммо касе намедонист, ки Маскав бо як миллат чи масхарабозие мекунад.

Аз рузи нашри китоби Третяков дуним мох мегузарад ва тарчимаи мусохибаву маколахои вай дар торнамохо пайдо шудаву ба гуши точикон хам расидааст, аммо мижаи касе хам намехурад. Дар Душанбе бо касе, ки ин мавзуъро дар миён мегузорй, онро хеле одй мегирад, гуё Олимов на ватанаш, балки гови падарашро фурухта бошад.

Дар зимн Олимов як бародаре дошт, ки худро журналист мешуморид ва бо номи Акмал Олимов матолибе менавишт. Дар соли 1991 вай хабаргузорие таъсис дод, ки маълум шуд, максадаш нашри танхо як хабар будааст. Аммо чи хабаре?! Ин хабар дар саросари чахон дамдама андохт. “Урани точик барои бомбаи исломй” ягона хабари хабаргузории навтаъсиси Акмал буд. Пас аз нашри ин хабар очонсии у низ дигар нозарур гашт ва хабари дигаре ба чахон надодааст.

Вале ин хабар бисёрихоро дар Амрикову Урупо ба изтироб овард. Аз руи он фикр карданд, дар Точикистони тозамустакил неруи исломие зухур кардааст ва аз он чо ки точикон бо ирониён каробат доранд, ба зудй Точикистон барои Ирон уран хохад фиристод, то Техрон бомбаи атомй дуруст кунад. Шояд хамин хабар сабаб гашт, ки вазири вакти умури хоричи Амрико Чеймс Бейкер ба Душанбе сафар кард ва бо президенти Точикистон Рахмон Набиев на дар Душанбе, балки дар дараи Ромит гуфтушуниди чашм ба чашм орост. Ё “чашм ба дахан”. Чашм аз Набиев, дахан аз Бейкер.

Аз ин ручуъ бардоште хосил нашавад, ки хиёнат ба ватан дар Точикистон чанбаъи хонаводагй дорад. Хиёнат ба ватан дар кишвари мо шояд як падидаи умумимиллист. Ёд дошта бошед, аксари сарони мухолифони точикро чосусони Эрону Арабистон меномиданд. Мирбобо Миррахимов, яке аз саромадони бедории миллй дар Точикистон, аз тарафи Додгохи Олй дар хиёнат ба ватан айбдор шуда буд. Соли 2004 президент Рахмонов хамаи журналистонеро, ки бо расонахои хоричй хамкорй мекунанд, чосус эълом дошта буд. Хулоса, кишваре пур аз чосус.

Вале сукути амики макомоти Точикистон ривояти Мария Магдаленаро ба хотир меорад, ки издихоми газаболуд мехост, сангсораш кунад. Хазрати Исо вакте дид, пеши рохи анбухи хашмгинро гирифта наметавонад, розй шуд, аммо шарт гузошт, аввалин сангро касе ба Мария занад, ки худ гунох накардааст. Хама лол монданд ва сангхо аз кафашон афтиду тадричан пароканда шуданд.

Ягон сафири Точикистон намегуяд, ки Олимов ба хирфаи у дог овардааст. Вазорати умури хоричии кишвар ба лаб мухри сукут задааст. Шояд овозахои инки хар яке аз мансабдорони точик чосуси ин ё он кишвари гарбию шаркист ё Русияву Узбакистон сабаби аз кафхо афтодани санги онхо шудааст? Шодмон мешавам, агар ингуна набошад.

25 Responses

  1. Дар дипломатия чунин усул хаст, вакте шумо мехохед “ракиби” сиёсии худро шикаст дихед, бояд уро бо иттилоъи бардуруг ё гайридакик таъмин намуда, фикррониашро ба суи ба шумо зарури равона кунед. Ба хамин хотир хангоми шабнишини ё пазироие бо яке аз дипломатхои кишвари севум сухбати махрамонае мекунеду, бегаразона баъзе мавзухои хассоси сиёсати дохила ё берунаи кишваратонро мавриди бахс карор медихед. Аммо он тавр ки касе пай набарад ки шумо ин маълумотро махсус ифшо мекунед, фазои гуфтугу хам бояд муносиб бошад ва хумори арак ё коняк гирифта бошад шуморо боз хам бехтар.
    Овозае ки шумо пахн мекунед ба зуди дастраси “гушхои” зарури мешавад ва баъдаш кори фанни аст.
    Мутассифона дипломатияи точик собикаи зиёд надорад ва аксарияти кормандони вазорати равобити хоричаи кишварамонро дипломат гуфтанхам намешавад. Аксарияташон хатмкунандагони факултаи шаркшиносии донишгоханду танхо ба хотири забондониашон (бояд гуфт ки на хамаашон забондонанд) ва албатта аз руи “шиносои” ё хешагариашон ба ин вазифахо рох ёфтаанд. Хар сол дипломатхои точики чавонро барои гирифтани маълумоти вижаи хирфаии дипломати ба Академияи дипломатии Москав мефиристанд, кишвархои гарби низ ба кормандони вазорат барномахои мухталифи такмили ихтисос пешкаш мекунанд.
    Ширкат дар хамаи ин барномахо манбаъи даромад барои бахшхои зи дахли вазорат ва афроди ыудогона шудааст. Гирифтани пора барои “командировкахо” чизи маъмулист ва бо кисмхои нобаробар миёни мансабдорони ниходи хукумати аз поён то боло таксим мегардад.
    Бадбахти на дар ришва аст, бадбахти дар он аст ки дипломатхои мо аз замони омадан ба вазорат худро ба подошу зархариди омода мекунанд. Онхое ки худашон барои ноил гаштан ба маком пора додаанд дар фрухтани миллат, хукумат, давлат, сирру асрори кишвар ягон шарреро намебинанд. Нихоли кач сарве нахохад шуд.
    Касиф будани дипломатхои мо кайхо пушида нест, дастжоштани хадамоти почтаи дипломати ба интиколи маводи мухаддир ба Москав, кочоки маводи мухаддир аз чониби кормандони сафорати Точикистон дар Казокистон(хероинро дар мошини сафир мекашонданд), чанчоли харидории бинои сафорати Точикистон дар Узбакистон ки худи сафир Мирзоев Гуломчон аз ин додугирифт садхо хазор доллари давлатро аз худ кард, чанчолои бешумури консулгарихои ваьтанамон дар саросари дунё (ситонидани ришва аз мардум барои судури виза ва хуччатхо, даст задан ба бизнеси гайрконуни, судури шиносномахои такаллуби). Ин руйхатро метавонем идома дод.
    Кишваре ки кадрхои дипломатии худашро хорич аз кишвар тайр мекунад бояд чиро интизор шавад? Манзурам он нест ки хорич аз кишвар яъне бад, аммо дипломат баъзан маълумотхое дорад ки кормандони хадамоти амнияти онро надоранд, ва бояд одамоне бошанд поквичдон ва бегаразу содик ба миллат.
    Точикистон мутассифона хатто кормандони амниятиашро берун аз кишвар яъне дар Русия омода мекунад, ки метавонад кафолат дихад ки хамаи онхо чосусони Москав нестанд ва ба манфиати Точикистон амал мекунанд.
    Дар вазорати хоричаи Точикистон рузе ведомости маъоши коргарони гайрирасмии КНБ ки дар вазорати хорича кор мекарданд бенишон шуда буд, барои ин “гунох” як корманд аз чояки гармаш махрум шуда буд ва аммо дертар аз баски махалаш ва чугрофиаш чавобгуи талаботи имруза аст чояки гарми дигар ба у пешниход шуд.
    Пас хабари чосус будани Рашид Олимов гайриинтизори нест, хайратовар ин аст ки танхо номи у ифшо гаштаст, холо он ки маълум аст рахбари давлат худаш дастпарвари кист ва ки уро ба кудрат овард.
    Рашид Олим аз кадим хабаркаши КГБ иттиходи шурави буд, пас у чосус нест у агенти махсус боки мондааст ва танхо рисолаташро анчом медод.
    Суханони зиёд дорам аммо медонам ки то ба сари хукуматдори дар Точикистон нафарони дар хакикат миллатдуст, бегараз, одил, донишманду хирфаи нарасанд хамаи ин кашфхо ва ифшохо бенатича хоханд буд.
    Рашид Олим ва дигар “ситорахои” гумбази сиёсии кишвар нишонаи он ки то чи андоза сохтори хукумат фарсуда ва пусидааст, о завзкладову, завфермаву, заправщику, хабркашон наметавонанд сиёсат дошта бошанд, онхо танхо накшахои чинояти дошта метавонанд ва халос. Наход электрики автобаза тавонад истгохи кайхониро идора кунад?
    Шумо завскладу, фаррошу, магазинчира ба вазорат оварда уро дипломат гуфтеду, магзи сарашро мутассифона иваз накардед ку. Мафкурааш хамон мафкураи кассобу далоли молбозор мондааст, пас чи гила аз у ки хостааст зиндагиашро бехбуд бахшад?

  2. Гузориши муртабит:

    http://tajikistanweb.com/130308_renegade.html

    Сирилики он, ба умеди Худо, то чанд соъати дигар мунташир хохад шуд.

  3. Хамнафасони мухтарам, хохиш мекардам, ки дар баробари изхори ташвиш аз ин ё он хатар, рохи халли онро низ баён медоштед. Шахсан ман холо меандешам, ки агар хакикат ин аст, пас чи бояд кард?
    Шояд андешаи муштараки мо тавонад, то акалан барои оянда начотбашх бошад.
    Ва аз ин мухимтар, ин хама то ба кай давом хохад кард?
    Рохи начоти вокеи (реали) аз ин балохо кадом аст?
    Шахсан ману Шумо бояд аз худи имруз аз паси кадом икдоме бошем?
    Сари ин сахифа равшанфикронеро мебинем, хохиш мекунам, ки ба ин нуктахо таваччух кунед.
    Бо эхтиром, Кудато.

  4. Бебоки фарзона,

    Ташаккур аз захмат ва садокатат. Ба назар мерасад, аз “таомхона”-и дипломатияи точик огахии хуб дорй.

    Агар котиб, ронанда, консул ё фарроши Сафорати Точикистонро хадамоти махфии мамолики дигар ба худ чалб мекарданд, чои гап набуд, лек вакте худи сафир чосуси кишвари бегона аст, хеле тахкири бузург мебошад.

    Э.Рахмон дуруст аст, ки интихоб ва парвардаи дигарон мебошад, аммо фикр накунам у низ чосуси онхост. Харчанд мумкин аст, аз руи беаклй иттилоъи давлатиро ба бегонагон “бипукад”.

    Пас ин конунхои кишвар дар бораи хиёнат ба ватан ё хифзи сирри давлатй барои чи даркоранд?

  5. Кадом як сафири точик дар кишвари бегона гами чони точикро хурдааст? Онхо тичорати худро доранд ва аз пайи тичораташон овора. Рашид Олимов хам яке аз чунин нафархост. Бубинед, дар Русия садхо точикро куштанд, аммо на садои Сафар Сафаров баланд шуду на садои Абдулмачид Достиев. Инхо ба лаб кулух молидаанд. Шикасти тичорати худро аз шкасти садхо ва хазорхо точик бехтар мешуморанд. Миллати моро аксаран хамингуна шахсиятхо муаррифи мекунанд. Шахсиятхое, ки ба як тангаи сиёх фурухта мешаванд. Бехтар набуд, ки чои ин худфуруши худшиноси кунанд. бо вучуди он Олимовхо кам нестанд. Сари ин мавзуъ бояд чаноби оли фикр кунад, агар дилаш ба ин ватан сузад!

    Гуразми Точикфар

  6. Salom,

    Injo, ki sukhan dar borai jinoyatkorii kormandoni vasorati korhoi khoriji meravad man ham yak dalelro ba shumo muarrifi mekunam. Dar savdoi dukhtaroni Tojik ba mamoliki arab mansabdoroni vasorati nomburda ham dastdorand. As on jumla barkhe as bakhshi konsulii vasorat. Ovardani nomho sart nest ba fikram.

    Samak

  7. Samaki giromi,

    Ovardani nomho shart ast, fikr mekunam, to bishavad in idda’oro tahqiq kard.

  8. Дустони азиз,
    Имруз дар торнигори Дориюши арчманд хондам, ки ба агенти 008 ва сафири кабири мо дар Чин окои Рашид Олимов тилфун задааст, аммо посухе нашунидааст. Ин тасмими хуб аст, Дориюш. Дастат дард накунад. Зиёд мехостам, агар дастрасии бештар дори, бо у тамос бигир ва хакикати холро аз забони сурхи у бишунав. Шояд у худро сафед кунад, шояд дуруг гуяд. Аммо дар тасаввури мо у беш аз як чосус буда наметавонад. Бехтар мебуд, ин окои агенти мо чосуси намекард ва бар ивази чанд хазор доллар хам унвони проффесориро дар Маскаву Точикистон ба даст меовард. Ин чо шояд асрори дигаре хам нухуфта бошад. Аммо намедонам, чи асрор. Шояд Шумо тахмин мезанед кадом аст?

    Гуразми Точикфар

  9. Гуразми гиромй,

    Хамон гуна ки дар торнигорам хам гуфтам, паёми худкори телефунии Олимов ба шакли гарибе гаштаву баргашта як суханро такрор мекард. Бояд шумораи дохилиашро гир овард ва гаштаву баргашта талош кард, аз чанд су, то саранчом пайдояш кунем.

  10. Бошад, Дориюши азиз.
    Талош мекунем, аз вазорати умури хоричии Точикистон низ тилфуни окои Олимовро бипурсем. Агар дарёфт кардем, дар ин сафха нашр мекунем, то хамаги тавонем занг занем. Аммо дар Душанбе дар ин бора кам сухбат мекунанд.

    Гуразми Точикфар

  11. Шунидам хафтаномаи Миллат ба матлаби Le Monde ва “Амир”-и беаморати мо ишора кардааст.

  12. Генерал Сайфуллоев аз кумитаи марзбонии кишвар дар созишномаи фуруши 2 хазор километри мукааби замини Точикистон ба Чин сахми намоен дошт, фикр намекунам ки ин додугирифт бидуни гаразе аз чониби у сурат гирифт, дигар дастандаркорони ин хиёнат муовини вазири корхои хорича Абдулло Юлдош ва мушовири раисичумхур Эркин Рахматуллоев мебошанд. Аммо решаи хамаи ин дар худи рахбари кишвар – чанд тангаи сиёх дар чебаш мондааст муаммост ки чавобаш бо рафтани вай ошкор хохад шуд.

  13. Аммо чашм намерасад, ки макомоти Точикистон ба ин мавзуъ, чи дар нашрияи Лэ Мондэ ва чи дар Миллат, таваччухи зиёд нахоханд дод. Чунки рахбарони макомоти Точикистон саропо фурухташудагонанд. Шояд Олимов дар мавриди чосусияш аз Рахмон низ машварат гирифта бошад. Шумо фикр намекунед, ки Рахмон низ барои барчо монданаш дар макоми худ аз окои Олимов мондани нест?

    Гуразми Точикфар

  14. Ба назари ман, Рахмон наметавонад ин руcвоиро нодида бигирад ва шояд як кори нумодин (симбулик)-е кунад. Чун ин тоза огози достон аст ва интизор меравад дар ин бора афроди бештаре пурсучу кунанд. Шояд Олимов явошакй ба истеъфо бадрака шавад. Чун дигар кафи дасти у во шуда ва сервисхои амниятии Русия хам мантикан аз чосусони лурафта (ошкоршуда) дасту дил мешуянд. Гумон намеравад, ки мучозоти Олимов барои Рахмон паёмадхое дошта бошад, дар холе ки адами мучозоти у дорад. Ба хар хол, Русия корашро кард ва то метавонист аз болотарин макоми диплумотики Точикистон бахра бурд. Акнун Олимов туфолае беш нест.

  15. Dariushi giromi,

    on shakhs Kholnasarov B. meboshad va ajni samon safiri Tojikiston dar Ostona.

    Samak

  16. Аз руи шуниди ман, ин чаноби Холназаров домоди президенти Точикистон низ мебошад. Намедонам, ин маълумот дуруст бошад ё не.

  17. домоди Рахмон не, домоди бародараш

  18. ва хохарзодаи чаноби олй бо номи Саидбег Саидов дар сафорати Маскав кор мекард, сипас сафир дар Покистон шуд.

    Ба назар мерасад, чаноби олй аввал мехохад хешонаш монанди Рашид Олимов дар хорича пуштибон пайдо кунанд ё шояд монанди худаш, тавре ки Gorazm менависад.

  19. Сипосгузорам, Самаки гиромй. Иттилоъи чолибе буд, ки кобили пайгирист.

  20. Сайдбек ягон хеши вай нест овоза пахн мекард аммо хамкишлокаш ва як ахмаки бетамизи бемаърифату одобаст.

  21. Дуруд бар ҷавонони бо ному нанги тоҷик!
    Сипос Худоро бекарон ки аз миёни мардуми камаршикастаи тоҷик фарзандоне қад барафрохтаанд ки ному нанги миллат барояшон арзишманд аст. Худоро ҳазорон бор сипос!
    Худо накунад ки рӯзе аз хоб бархезему шунавем ки Тоҷикистонро ба бегонагон фурӯхтаанд. Чи бояд кард ки кишварамонро аз чанги ингуна сарвару сардору фиристодаву намоянда озод кунем? Оё роҳе ҳаст ки ин гуна “сарон”-ро аз тани мардум ҷудо кунем? Сарзанишу накӯҳиши ин нокасон беҳуда аст. Ин беномусон на аз Худо метарсанду на аз хашми мардум. Чигуна аз ин хунхорон раҳо шавем?

  22. Он вакт чи касе метавонад иддаъо кунад, ки хукумати имрузии мо хонаводагй нест?

    Дар торихи ахири башарият камтар иттифок уфтодааст, ки раисичумхурй (ки расман шох нест) дар як маком як хешовандашро бо хешованди дигараш чойгузин кунад.

    Мохи септомбри гузашта хамин иттифок уфтода буд, ки холо бароям равшан шуд, чун намедонистам Бахром бо Рахмон чи пайванде дорад.

    Рахмон амалан домоди хонаводаашро ба Казокистон фиристоду духтарашро чои у нишонд. Ачаб дунёе.

  23. Домоди аслии раисичусхур ки намояндаи Точикистон дар Сандуки байналмилалии пул буд холо муовини вазири молия таъин гашт ва эхтимол аст баъд аз омухтани фазо рахбарии вазоратро ба ухда хохад гирифт.

  24. Дируз дар сайти Asia Plus маколаеро дар бораи Кутбуддин Олими хондам.
    Маълум шуд, ки хамин Рашид Олимов писари Кутбуддин Олими будааст. Шахсе ки дубляжи филмхоро ба забони точики ба рох мондааст ва барои мардуми точик хизматхое кардааст, имруз писараш аз сухбат кардан ба забони точики ор мекунад ва бадтар аз ин кишварашро мефурушад!?

  25. oyo kase metavonad avlode chand zamonadorro dar yak struktuaye/skhema-e ovarad, to bubinem, ke chi kasone va chand kas tojiksitonro idora mekunand va ham chi guna – ya’ne reshye ki az kujo ob mekhurad (domode ki, masalan, dukhtare kiro shab gushi mezanad, to padare dukhtar dar sanadhoye rasmi-e yak davlate ‘mustaqil’ imzoye guzorad…)
    avlod yak padidaye ijtomoyeye khube millist, jihathoye musbat va manfiye khudro dorad… vale naqshe on dar idoraye davlat ba nazare man boyad dar donishgohhoye va pajuhishgohhoye milli-e kishvaramon omukhta shavad va ham dar matbuot baroye tahlile mardum ovarda shavad…:) fikr nakunam ke chope in guna risolaho mehre mardumro nisbat ba hokimone davr kam khohad kard …:) dar dile mardum to abad naqshe neke az in risola khohad mond va virdi zabone mardum ba misle latifahoye nasriddin yo afandi dar gardune gardon gashtavu bargashta khanda dar lab ‘mehr’e dar dil ofarid … agar khohem ke ba zamone, ke dar on mulo afandi zindagoni mekard digar barnagardem, boyad bikhandem, khanda dar lab az teghe shamsher burrotar va latiftar ast…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: