Шоханшохи Точикистон

rahm1-copy.jpg

Харчанд хукумати феълии Точикистон ба номи Кулоб ва кулобиён рабт гирифтааст, дар асл он кайхост, ба хукумати намояндагони як деха ва як гурухи авлодй табдил ёфтааст. Як далелаш ин аст, ки вазъи зиндагии мардум дар Кулоб дар киёс бо манотики дигари кишвар бадтар аст ва нидохои эътироз дар ин чо хатто баландтар садо медиханд. Вале саромадон хамоно махалгароянд, харчанд бо афзудани сармояашон гароиши онхо тангтар шудаву дар як дехаи хурд гунчидааст.

Бархе аз сохибназарон дар Душанбе ришханд мезананд, ки «шукр Дангара он кадар калону серодам набудааст ва ба зудй хамаи зодагонаш, ки мансаб гирифтанд, навбат ба дигарон хам мерасад.» Онхое, ки шухиро намефахманд, даъво мекунанд:

«Магар сарвазир аз хучандихо нест? Оё чанде аз вазирон аз махалхои дигари кишвар нестанд? Порлумон саросар аз бегонахост! Аз хамаи махалхо!»

Оре, дигарон низ хастанд, аммо хокимияти онхо когазист. Ва агар хучандие вазири энержии Точикистон мебуд, пас аз ин сармои зимистон «лингаш аз осмон меомад.»

Низоми давлатдории Точикистон такрибан шоханшохист.  Сарриштаи тамоми кори давлат дар дасти «чаноби олй» карор дорад ва шояд ба хамин сабаб, вазири энержй бечазо мемонад. Нахуствазир ва хамаи вазирону муъовинони онхоро президент таъин мекунад. Раисони вилоят, муъовинони онхо, раисони навохй низ баргузидагони раисичумхур мебошанд. Додварони Додгохи Олй, додгоххои шахру навохй, аъзои Шурои адлия, Додситони кулли кишварро «чаноби олй» муайян мекунанд. Бахши бузурге аз аъзои Мачлиси Олиро вай интихоб менамояд ва аксари вакилони Мачлиси Намояндагон бе ичозаи у дар «интихоботхо»-и мардумй «пируз» намешаванд.

Пас, бубaхшед, касе набояд аз тамоми мансабдорони Точикистон як суъол хам бикунад, ки чаро вазъ ин тавр аст ва чаро мушкилоти кишвар ба чои кам шудан бештару бештар мешавад. Бояд факату факат аз як кас пурсид ва як касро ба чавобгарй кашид ва у хам «чаноби олй, президенти кишвар» Эмомалй Рахмон аст. Барк нест, бояд вай чавоб дихад, ки чаро нест. Кудакону пирсолон фавтиданд: бояд у чаноза бихонад. Оби пок нест, бояд аз гиребони у гирифт. Карзи хоричй аз 1 миллиард доллар гузашт, бояд вай чайбашро кофтуков кунад. Нархи орду гандум баланд рафт, назари у чист? Бачаи точикро дар Русия куштанд, сабабгор кист? Маъошу нафакаи мардум ба зиндагияш намерасад, вайро бояд дар девор рост кард.

Салохиятхои васеъ ва зиёд бояд чавобгарии васеъ ва зиёд ба дунбол дошта бошанд. Вагарна, кй бояд дар гами халк бошад, агар вай вазири корношоямро ба курсй мешинонад? Магар намедонист, ин вазир то кучо аклу махорат дорад? Агар намедонист, боз хам иштибох аз уст, на аз вазири бечора.

Аз суи дигар вокеан сахт аст, ки як нафар ба чои хамаи хукумат кор кунад. Сарвазири кишвар, ки кайхо вакти чойи кабуду тахтаи шохмоташ расидааст, як хусаест, ки барои зебаш субх ба коргох меояд ва шом ба хона бармегардад. Иттифокан хонааш чандон дур нест, ки муддати савлаташ дар мошини давлатй кирой бошад. Бехуда набуд, ки дар чаласаи таърихии барку сармо, Рахмон хамаро бозпурсию такпурсй кард, аммо суъоле ба сарвазир надошт. Хуб, медонад, ки Окил Окилов як симои ташрифтой мебошад ва аз мусафед чизеро намешавад пурсид.

Чунин сарвазир чи бошаду чи набошад. Ба нафака хам намеравад, зеро кораш худ як нафакахурии ахамияти умумичумхуриявист. Дар пайи сарвазири наву чавону пургайрат низ нестанд, зеро ягон зарурате ба у вучуд надорад. Як вазири чавони умури хоричй гирифтанд, се-чахор мох даркор шуд, ба тахта рост кунанд. Иштибохан ва бо таъсири давраи кор дар Амрико, Хамроххон Зарифй фикр кард, ки вай бояд муносибатхои хоричии Точикистонро танзим кунад. Барояш фахмонданд, ки дар умури берунаи давлат дар чои савум аст, баъд аз «чаноби олй» ва мушовири у — Эркин Рахматуллоев.

Мегуянд, «чаноби олй» бехтарин додситон (прокурор) ва бехтарин додвар (судя) аст. Ду дар як. «Два в одном». Мегуянд, парвандахои зиёдеро шахсан омода карда, чандин хукми Додгохи Олиро худаш содир кардааст. Махсусан барои онхое, ки шахсан мешинохт, монанди Ёкуб Салимов, Гаффор Мирзоев, Махмадрузй Искандаров, Шамсиддин Шамсиддинов ва дигарон. «Три в одном», зеро шохиди «чиноятхо» низ худаш буд.

Порлумон хам худаш аст. Хост, хокимияти президентиро бархам зад, хост баркарор кард. Хост даври раёсатчумхуриро хафт сол кард, хост ду дафъа кард, хама чиз ба дасти худаш ва ба хости худаш.

Мо намедонистем, ки «шоханшох»-и мо ин кадар пурдониш ва пуркор аст, ки аз ухдаи ичрои хамаи вазифахои хукумат ба танхой  баромада метавонад. «Сто в одном» ё ки 100 дар 1. «Ба як чавонмард 40 хунар кам.» Аммо «холаи хамакора, хама кораш нимкора», дар ягон кор муваффак набудаасту нест. Ва аз хама мухимаш  савлати хама чизу хама корро дорад, аммо барои хеч чизу хеч коре чавобгарии хакикй бар гардани у нест. Касе аз гиребони у гирифта наметавонад. Вай на ба порлумон чавобе медихад, на ба додситон ва на ба додгох.

Шояд ба хамин сабаб аст, ки бархе аз хизбхои сиёсии Точикистон хостори камтар кардани бори сангини гардани у шудаанд. Бигзор як кисми корхои вазнинро бар души дигарон гузорад, охир дигарон хам бояд коре кунанд ва барои чизе чавобгар бошанду музди худро халол созанд. Хамаи чиро бар китфи як кас гузоштан окибати нек надорад, зеро ин як бори миёншикан аст. Махсусан вакте ки кас мехохад то мурданаш ин бори сангинро бикашонад.

Аммо агар ахзоби сиёсии Точикистон боз каме бештар андеша мекарданд, бояд пешниходашон ин мешуд, ки Точикистон аз чумхурии президентй ба чумхурии порлумонй табдил дода шавад. Ва хатто порумонй-шоханшохй. Агар ба «чаноби олй» факат савлату сармояву саунаву саёхати шохона мухимтар аст, бигзор. Мардуми точик ними Русияро хуронда гаштааст, як нафари дигарро хам то мурданаш мехуронад. Бигзор мехохад, ба вай «президент» лакаб гузоранд ва ё «шоханшох», фарке намекунад. Лекин кишварро намояндагони вокеии мардум дар порлумон идора кунанд. Намояндагони хамаи махалхои Точикистон. Он гох ба хукумат на лакаби кулобй хоханд заду на дангарагй, балки онро мешавад гуфт — Хукумати Точикистон.

Advertisements

9 Responses

  1. Salom dusti aziz! holo man yak guzorish tahiya doram oid ba bloging dar Tojikiston. Az baski sahifai shumo ayke az purkhonadatarin blog ba shumor meravad, khub meshud agar man sadoi shumoro dar gzuzorish joi medodam. oyo in imkonpazir ast? agar ha pas ba man shumorai telefonatonro firisted. tashakkur

  2. Ahsant, seri har yak kalima man imso meguzoram!

    M.

  3. Ман хам ба ин андешахо розиям, вале таъсиси чумхурии порлумонй оё сабаби парокандагии минтакавй дар кишвар намешавад?

  4. 1. Boyad taksimoti Tojikistonro ba Viloyatho as bayn burg.

    2. Salohiyati Presidentro boyad hakiatan kutoh kard.

    3. Parlumoni bisyorhisbi tashkil namud (haddi akal boyad 4 yo 5 hisbi siyosii umumijumhuryavi boshad). Hisbi nahsati Islom tanho as bisyori mardumi Vakhyo, Sozial Demokratho as Badakhshoniho, Hisbi Raisi Jumhur as komunistoni karin iboratand.

    4. Dodani hukuki taftishi hukumat va tashkil kardani komissiyahoi tashkhisi ba parlumon.

    5. As nav sokhtani sistemai hukuki, chunki sistemai imrusa misli bemori kasalii Rak tabobatnashavanda ast.

    6. Sokhtani maydone, ki dar on vasoiti akhbori umumi osod tarakki yobad.

  5. Дуруст аст, ки хукумати Точикистон чуз як чаноби оли дигар касе надорад. Хамаи вазифахоро танхо у таксим мекунад ва танхо у анчом медихад. Вай дар тасаввури худ ГОСПОДин аст. Дигарон тамошогару балегуйхо. Хама аз тарси чони худ чизе гуфта наметавонанд. Худо накарда, хамин холо яке аз вазирон ба истеъфо равад, баъд аз чанд руз чойгохаш зиндон хохад буд. Чунки хамаи онхо дузди мекунанд. Дузди мекунанд, то кисаи Рахмону авлоди уро пур созанд. Албатта, раиси чумхур аз ин дуздихо огох аст. Ин огох буданхо чони вазирону кабиронро низ дар азоб мегузорад. Ба кавле: «Дар миёни чор дарё тахтабандам карди, Боз мегуи, ки доман тар макун хушёр бош». Худо инсоф дихад.

    PS: Дар як бахси гузашта Кудатои азиз, яке аз мубохисони мо, гуфта буд, ки Мухиддин Кабири, Хамроххон Зарифи ва Шариф Рахимзод метавонанд барои миллати худ кореро анчом диханд, аммо ба иллати он ки кудрат дар дасташон нест, хомуш нишастаанд. Ин гуна шахсиятхои арзанда, аммо садхо нафаранд. Аммо точикон ба шахсияте эхтиёч доранд, ки ба бо аклу заковати худ ин хукуматро ба даст гирад ва мардумро аз банди азият бирахонад. Агар не, чаноби оли зимоми хукуматро дар дах соли оянда низ аз даст рахо нахохад кард. Боз Худо медонад…

    Бо сипос,
    Гуразми Точикфар

  6. Гуразми азиз,

    Хуш омадед ба манзили хеш. Умедворам, хамин гуна дар бахсхои ин торнигор ширкат хохед кард.

    Точвар касе нест, Точикфар бузург аст!

  7. Точвари азиз,
    Нахуст сипос аз Шумо. Баъдан, Точикфар хам ба танхои хич кор карда наметавонад, Точвар хам. Пайвандиву хамбастагии мо миллати моро аз ботлоки гам рахо хохад кард. Ин манзили аз хамаи онхоест, ки бо мо хамандешаанд. Худо кунад, ки сафи Точвархову Точикфархо бияфзояд. Вассалом!

    Гуразми Точикфар

  8. Салом ба хамаи он касоне ки ин торнигорро мехонанд ва фикру андешахои худро дар ин сафхахо дарч месозанд.
    Ман на хама андешахои дар ин чо зикр шударо пуштибони мекунам.
    Аввал ин ки низоми чумхурии аз дигар низомхо бартарии худро дар тули тарих собит намудааст аммо инро бояд бигуям ки кадом низом чумхурии дархури чумхурии мо Точикистон мебошад?
    Бояд вокеъгаро бошем ва хар суханро санчида гуем
    ба фикри ман бояд низоми подшохи парлумониро шадидан махкум намоем чунки ин ба дарди мо нахохад хурд.
    низоми чумхури парламенти ё президенти низомхои феълан маъмул дар дунё мебошанд.
    Аммо хар кишваре мувофики дарку фахм ва салохияти худ ин низомхоро пиёда мекунад.
    Точикистон кишвари бузург нест ва аз ин ру бояд яке аз ин низомхоро бо тахлилу тахкики амик барои худ кабул намояд.
    Ман аз низоми чумхури президенти дар Амрико хеле хушам меояд чунки ин низом тарихи тулони дошта афзалияти худро нишон додааст. Ва набояд фаромуш кард ки ситемаи «check and balance» хеле хуб ба рох монда шудааст. ва хеле мехостам ки дар чумхурии мо аз ин система истифода мекарданд аммо ин ба фикри ман номумкин аст.
    Суол инчо ба миён меояд ки чаро ?
    Чунки он касоне ки дар парламенти ё дар сари кудратанд бисёре аз онхо аз риштахои хукук ва конун форигуттахсил намебошанд ва шояд ба дарки он ки ин гуна системахо вучуд доранд ё на нарасанд ва барои онхо таклиди тутивор кори осонтар аст.
    Ман хамеша хушбин хастам ва умед дорам ки он руз дур нест ки фахми сиёсии мардуми мо боло равад ва онхо бештар дар хаёти сиёсии кишвар бо дарки масъулият на бо «хушомадгуи» ширкат варзанд.
    Ба хар хол ин сахифаи бахс агар чи махдуд бошад бовари дорам ки бародарон бо дарку фахм ва бо одоби бахс ба максадхои воло хоханд расид
    Худо ёратон

  9. «Низоми давлатдории Точикистон такрибан шоханшохист.» Такрибан не, куллан шоханшохист!!! Вай ба давлатдории мангит монанд аст. »
    Сарриштаи тамоми кори давлат дар дасти “чаноби олй” карор дорад ва шояд ба хамин сабаб, вазири энержй бечазо мемонад» О ба фикрам вазири энержи кудои Мистер ЧО ку. Чи хел вай кудои худаша чазо медихад?! Ин чо накши калона ЯНГА хам мебозад

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: