Табрикномаи дерхангом

sadbarg-copy.jpg

Тамоми корномахои ин чахон ба хотири бонувон будааст, чи чангу сулх, чи шеъру достон, чи илму кашфиёт. Аммо онхо худ чизи зиёде нахостаанд илло ишк. Фикр накардаанд, ки ин хостаи онхо худ баробар бо хамаи чахон аст.

Худованд вакте хазрати Одамро аз бихишт меронд, они вохиде дилаш ба холи у сухт ва химмате карду порае аз бихиштро барояш хадия дод, то Одам, ки ба биёбон меравад, ватани азалияшро фаромуш накунад. Ин пораи бихишт зан буд, хазрати Хаво. Пасон Парвардигор малул шуд, ки бихишти бузургтар аз бихиштро ба Одам бахшидааст. Додуситади барзарар, аммо бузургтарин хадия.

Шояд аз ин чост, ки зан аз мард дида ба табиат наздиктар аст, харчанд хамчоягии аклу дил барои у ва барои хама мушкил меофаринад. Аммо дили зан харгиз иштибох намекунад, агар акли у кунад хам. Шояд аз ин чост, ки зан ба хайси муаммои бекалид бокй мемонад. Симои зан хануз нури бихиштй дорад, чашмхоро кур мекунад ва мехоханд, ин симоро хамеша паси парда нигах дошта бошанд.

Занон мисли табиат тагйировар ва тагйирпазиранд ва бояд хазорон бор ба онхо итоъат кард, то гохе бар онхо хокимият ронй. Онхо дар ишк монанди марганд. Ногахон меоянд. Бехабар. Банохост. Ва хамонгуна вакте омаданашонро мехохй, орзу мекунй, металабй, намеоянд.

Онхо агар имруз калиди дили худро ба шумо доданд, фардояш куфлро иваз мекунанд…

Ин андешахо аз он чо омаданд, ки ман табрик гуфтани Иди бонувонро ба онхо фаромуш кардам. Зеро ин ид барои ман чадвали замонй надорад.

7 Responses

  1. Занон мисли табиат тагйировар ва тагйирпазиранд ва бояд хазорон бор ба онхо итоъат кард, то гохе бар онхо хокимият ронй. Онхо дар ишк монанди марганд. Ногахон меоянд. Бехабар. Банохост. Ва хамонгуна вакте омаданашонро мехохй, орзу мекунй, металабй, намеоянд.

    Онхо агар имруз калиди дили худро ба шумо доданд, фардояш куфлро иваз мекунанд…

    Super!!!

  2. Follower – и гиромй.

    Ташаккур. Ба худам бештар ин сатрхо писанд аст:

    “Ин андешахо аз он чо омаданд, ки ман табрик гуфтани Иди бонувонро ба онхо фаромуш кардам. Зеро ин ид барои ман чадвали замонй надорад.”

    Росташ, ин як узри бадтар аз гунох буд. Ман дар хакикат табрик гуфтан ба чандин нафар аз бонувони азизро фаромуш кардам. Умедворам, он самимияти маро аз ин нома дарёбанд.

    Лек аз худи ишон хам гузаштааст. Дакикан медонам, ки 13 нафар аз хонандагони доимии ин торнигор бонувонанд. Аммо то хануз хеч яке аз онхо дар хеч бахсе ширкат накардааст ва Дориюш хак ба чониб аст, вакте мегуяд, масьалаи либоси занонро мардхо чи бахс мекунанд.

  3. Salom Duston,

    yake as sarchashmahoi khabari as Dushanbe dar takya ba khabarrasoni khud as hukumat meguyad, ki ba’di safari Aljir president reformai kullii kasbi megusaronad va bisyoriho sahnai siyosati imruzaro padrud khohand guft. As on jumla: raisi shahri Dushanbe, sarvazir va vasiri korhoi dokhili.

    Dushvor ast bovar kardan, ammo istisno nest.

    M.

  4. ман хамчун яке аз бонувони Точикистон барои ин табрики гайриоддии шумо хеле сипосгузорам. Ин кимматтарин хадяи шумо барои мо, занхост.

  5. Аз вуруди нахустбону ба майдони Андеша бисёр хурсандам. Умедворам Манижа-бону дар бораи дигар масоили торнигор, аз чумла дар бахси пургалогулаи марбут ба занон, ки хатто як зан дар он ширкат надорад, низ ширкат кунанд.

  6. Муборак бод! Омадани бонуи Манижа муборак бод! Лутфан ба бахси хичоб кадам гузоред, вагарна кам мондааст, такдири шуморо бе шумо, онгуна ки дар кишвари мо одат шудааст, хал кунанд.

  7. Манижа-бонуи азизу арчманд!

    Номаи Шумо бехтарин нома ба унвони ин торнигор ва бехтарин тухфа на танхо ба муаллиф, балки ба хамаи ширкатдорони он аст.

    Ман самимона Шуморо хайра макдам мегуям ва бо тамоми чон умедвори ин мешавам, ки андешахои худро бидуни ибо ва истихора дар миён бигузоред ва бахси моро назокате ато намоед.

    Гузашта аз ин хамчун точики асиле, ки даст диханд, аз оринч мегирад, орзу мекунам, дугонахо ва бонувони дигарро ба ин сухбат бикашед.

    Нихоят ончи дар “Табрикномаи дерахангом” банда навиштааст, бовар кунед, аз таги дил ва магзи чонаш берун омадааст.

    Хуш омадед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: