Лужков низ ба точикон “тфу” кард

luzhk.jpg

Шахрдори Маскав — Юрий Лужков, ки хам аз мехмоннавозии Душанбе сарафроз гашта буд ва хам хар сари чанд вакт аз хукуматдорони точик хадияхои гаронбахо мегирад, точиконро тахкир кард.

Вай гуфт, “бояд дар Маскав хама чизи бехтарин гирд оварда шавад, на балки факат точикон”.

Лужков аввалан точиконро “чиз” номид, яъне аз катори инсонхо берун гузошт ва сониян, тамоми гаждию ифлосии Маскав ва хамаи нохушояндихои шахри худро дар вожаи “таджики” чой дода, онро бо карохати тамом талаффуз кард. Лужкове, ки дусти шахрдори Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев аст.

Шояд хак дошта бошад, монанди фиристодаи вижаи президенти пешин Путин бо номи ошолуди Котенков дар Думаи давлатй бигуяд, ки “Маскавро гадо ва точик зер кардааст”, аммо дар сафи одамон берун гузоштани як миллат ба акл рост намеояд.

Вакте ки ин афроди саршиноси Русия точиконро инсон намешуморанд, аз навраси бефаросот, ки бо нидои “Хей, тачик!” ба хар осиёй бо ханчар дармеафтад, чи мехохед? Оё ин лужковхову котенковхову лукинхо нестанд, ки чавонакхоро ба самти муайян равона мекунанд? 

Аз хама вахшатангезаш ин суханони Лужков (Касе ки аз кулмак ёфт шудааст), дар чаласаи солонаи ахли фарханг ва хунари Маскав садо дод. Ва хайратовар аст, ки хеч яке аз ин фархангиёни бузурги Русия, монанди Олег Табаков, Евгений Миронов, Елена Камбурова ва даххо нафари дигар, ки даъво доранд, дар хунар ва осори худ ормонхои олии башариро таблиг мекунанд, эътироз накарданд.

Гузашта аз ин нашрияи “Газета.Ру” хамин гуфтахои Лужковро сарлавхаи матлабе кард ва дар гушаи “Фарханг” бо ишораи “Сиёсати (!) фархангй” ба чоп расонд. Метавонед, онро ин чо бихонед.

Ба эхтимоли зиёд аксари онхо тирамохи имсол дар Форуми ахли фарханги кишвархои муштаракулманофеъ дар Душанбе аз давлати Рахмон ва Убайдуллоев кайфу сафо хоханд кард. Хуш омадед, мехмонони азиз, ба ватани чизхо, гадохо ва чугиён!

16 Responses

  1. Точвари гиромй,

    Назари ман дар ин бора андаке тулонитар аз хадди маъмул буд. Онро дар торнигори худ мунташир кардам. Сипос аз тархи ин мавзуъ, ки хуни касро ба чуш меорад ва хамзамон магзро.

    http://dariussthoughtland.blogspot.com/2008/03/we-are-feeding-russian-fascism-cyr.html

  2. Дориюши азиз,

    Саре ба торнигорат задам ва навиштаатро бо камоли майл хондам. Дар бисёр маврид бо ту хамназарам, аммо одат дорам, масъаларо ба тикахо таксим кунам, то дарки он осонтарам шавад.

    Мехвари андешаи ман ин аст, ки чаро вакте хукуматдорони Точикистон бо рахбарони рус дустию хамнишинй мекунанд, хатто оилаву кудак-чудаки худ, наметавонанд, дар ин мансабдорони рус як хисси мусбатеро нисбат ба мардуми хеш ангезиш диханд.

    Чаро вакте ки Убайдуллоеву Рахмон задаву куфта мардумро мачбур мекунанд, меваю сабзавот харида, ба Русия фиристанд, то ба нархи сечанд камтар русхо харидорй кунанд, таъсире ба хаёти мухочирони мо намекунад.

    Чаро вакте ришваю пора медиханд, низ наметавонанд, холати бехтареро ба вучуд оранд? Наход дар хамин хирфаи дустдоштаи худ низ бехунару бекифоят бошанд?

    Оё вакте ин бор бо Лужков менишинанд, худро тахкиршуда хис нахоханд кард?

    Чаро Вазорати корхои хоричии Точикистон ба чунин баёнияхо посух намедихад?

    Чаро чунин давлатмардони рус барои Точикистон “персона нон грата” эълон намешаванд?

    Хуллас, пурсишхои зиёд ва беохир. Ва бечавоб.

    Аз суи дигар бо ту хамназарам, ки агар эхтироми точикон дар Русия аз байн рафтааст, пеш аз хама чурми худи точикон аст. Вакте ки худи онхо розй мешаванд, ки дигарон хайвонашон бишмуранд, чои эътироз нест.

    Аммо чаро ман ва фарзандони ман бояд ин доги лаънати онхоро бар чабин бигирем? Агар ингуна идома кунад, одамон мумкин аст, аз точик будани худ шармашон ояд ва онгуна ки имруз дини хешро ба дини судмандтаре иваз мекунанд, миллати худро низ иваз кунанд.

    Суоли асосй ин аст, ки гунахкори ин хама холати риккатбори миллй кист?

    Мебинй, ки агар ман туро ба посухи дароз тахрик додам, ту хам кам наёвардй. Сухбат бокй.

  3. Точвари гиромй,

    Хамин пурсишхост, ки дар хилоли посухи ман мавч мезанад ва се далели онро баршумурдам:

    1. Набуди ирки миллй. Шиъорхои “ориёйи” сипари сиёсие беш нест. Ин пеш аз хама шомили давлат ва сипас точикони Русия мешавад.

    2. Бесаводии фарогир. Давлат хам “калладор” нест.

    3. Худкехтарбинй (комплекс неполноценностй) ва тарси омехта бо эхтиром ба русу соири бегонагони фарангй. Давлат дар ин замина шохкор аст.

  4. “Хочу, чтобы в Москве собиралось все лучшее, а не только одни таджики, – Лужков выдержал паузу, после чего поправился, – хотя они тоже полезную работу делают”
    Аслан ин сухан харчанд чузъиёти тахкир дорад, вале беасос хам нест. Охир, мардуми мо бо чунин “сиёсати фарханги”-и кишвараш, чигуна метавонад бомаданият бошад?

  5. Тасхех: “хукумати кишвараш”

  6. Кудатои азиз, Дориюши арчманд.

    Боз хам наметавонам ба аломати ризо сокит шавам. Лужковхо, котенковхо, лукинхо, путинхо, медведхо ва хоказо бояд таъбири “масъулияти торихй”-ро бипазиранд.

    1. Русия хамчун вориси империяи шуравй мебоист интизори инро медошт, ки мардумони як замон зердасташ ба бахше аз чомеаи муосираш табдил хоханд ёфт. Хамаи империяхо ин сарнавиштро доштаанд ва онро мардона пазируфтаанд.

    2. Агар Русия дар соли 1992 точиконро ба холи худ мегузошт, мо худ медонистем, чи бикунем ва ба кадом самт равем. Ман 100% мутмаъинам, ки он вакт на дар Точикистон чанге мешуд ва на ба ин теъдод точик озими Русия мегашт. Ва дар ин 16 сол давлати ба маротиб бехтаре аз давлати Рахмонов ба вучуд меомад.

    3. Агар бо мухочирони рус дар Аврупо ва Амрико (кучахо пур аз бехонахо ва фохишахои рус аст) бадрафторй мешуд, боз хам муносибати Русия ба мухочирон кобили фахм буд. Дунё бояд чои доду ситад ва суолу чавоб бошад, агар фикр намекунед, чои адл.

  7. Ман пешниход дорам, ба ЮТюб хат нависем ва талаб кунем ки ин гуна наворхои тахкиромезро аз руи сафхааш бардорад!

  8. As Luzhkov chi gila vakte presidenti Tojikiston in sukhanonro meguyad;

    “С другой стороны, с каждым годом увеличивается количество преступлений, совершаемых нашими гражданами на территории Российской Федерации, – отметил он. – Думаю, что одна из причин роста гибели таджикских мигрантов связана именно с ростом преступности среди них самих.”

    M.

  9. Точвари гиромй,

    Манзур ин нест, ки хомуш бимонем. Хадаф дуруст воруна аст. Бояд садо баланд кард, вале хар ду тарафи казияро дид. Ин достон холати иллату маълулй (причина и следствие)-ро дорад ва то хадде ба хадиси мургу тухмимург мемонад. Аммо хар ду тарафи достон хам ба андозаи худ дар нопок кардани номи “точик” сахиманд.

  10. Ба назари ман, масъалахои мухиме матрах шудааст. Як кисми онхо ба масъулиятхои сафорат ва хукумати Точикистон вобастаанд. Хукумат мебоист, аз аввал кадам ба кадам ин изхороту суханонро ба назар мегирият ва дар баъзе маворид ошкоро ва дар мавориде дигар ба таври хусусй дахани ин мансабдорони русро мебаст.

    Дуюм, мебоист, аз таъсири чунин баёнияхо пешгирй мекард.

    Пасон, ба тавре ки мухтарам Точвар дар як номааш навишта буд, хизбхои сиёсии мо, созмонхои шахрвандии мо мебоист, ба чунин баёнотхо чавоб медоданд ва нишон медоданд: ки точикон сохиб доранд, харфи гуфтанй доранд ва аз руи мантик ба дигарон бахо медиханд.

    То хол ман ягон рафтори ингунаи хизбхо ё созмонхои Точикистонро надидаам. Ба назаре ман, онхо факат барои он вучуд доранд, ки гранту кумакпулй гиранд ва зиндагии худро ба рох монанд.

  11. Follower – и фарзона,

    Орзуи ман ин аст, ки хар точик дар хар кучое бошад, вакте беадолатй ва нохаккии нисбати точиконро дид, хомуш наистад. Фавран вокуниш нишон дихад, бо номаи муаддабона, далоили кавъ ва мантики раднашаванда, аммо бидуни хеч гуна тахкир ё дашном ба он сомона, торнамо ё торнигор бинависад ва талош кунад, нахуст андешаи админ ё маъмурони сафха ва сипас акидаи дигаронро ба масъала тагйир дихад.

    Ин як рохи мумкин, аммо мушкил аст. Эхтимол дафъатан гапи мову шумо нагузарад, вале бовар кунед, пас аз муддате хости мо амалъ хохад шуд.

    Шахсан ман як шаб ба 200 клипи зидди точикон дар Ю-Тюб парчами адовати миллъ задам ва пас аз чанд руз дидам, ки аксари онхо гайрикобили дидан шудаанд.

    Аз ин ру ман аз андешаи ту сад дарсад пуштибонй ва хамагонро низ ба амал даъват мекунам.

  12. Follower – азиз,

    Бо истифода аз пайванде, ки сабт кардй, чандин нафар навори харонаро тамошо карданд.

    Яке аз онхо пешниход мекунад, ки аз руи симояш пайдо кардани ин нафаре, ки як миллатро ингуна тавхин кардааст, бояд кори душвор набошад.

    Уро бояд дарёфт ва азаш пурсид, ки чигуна тавонист, ватани худро инчунин сиёх кунад ва агар худи вай ин амали кабехро дуст медорад, гунохи дигарон чист ва чаро вай бо итминон мегуяд, ки хамаи точикон даст ба чунин кор мезананд.

    Оё бояд дар додгохи виждони исонй посух дихад ё на?

  13. Шумо мутмаин хастед, ки чавонак точик аст? Ба назари ман точик намеомад.

  14. Зохиран худаш хам изъон мекунад, ки узбак аст.

  15. Мегуяд, ки узбак аст, вале мегуяд, ки хама мардуми Точикистон, чи миллате набошанд ба ин кор даст мезананд. Мегуяд, агар точикистоние ки гуфт, ки ин корро накардааст, дуруг мегуяд, ду калтакаш бизанед то икрор бишавад…

    Шояд ин чавон дар ин кори худ ифтихорро мебинад, шояд танхо эхсоси тарс уро мачбур кардааст, то назди он русхо ширинкори бикунад, намедонам…

    Аммо ин аст, ки ман дар деха бузург шудаам, ва танхо пас аз кучиданам ба шахр шунидам, ки ин гуна аъмол хам дар дуне вучуд доштаанд.

    Мутассифона, имруз ба мушохида мерасад, ки талошхое вучуд доранд, то точиконро дар чашми русхо аз икдомкардагони чунин аъмоли нопок нишон бидиханд. Мардумеро, ки ба ин аъмол нисбат медиханд, ки динашон омили ин гуна корхоро кофар мешуморад!!!

    Хол он ки агар ба маълумоти хамон Интернет такя бикунем, бештари ин гуна фантазияхои фосиду фосику пасту зишт дар хамон Гарб роичанд.

    Аммо дар мачмуъ, хеч амал ва хислатро набояд хоси вижаи миллате донист. Хар миллат, чи точик бошад ва е чи кадом як миллати африкои, хук хам дорад миени худу шер хам.

    Аммо андешаи Точвари гиромиро чонибдорам, ки бояд бо хуни сард, на бо сари гарм, бо такя ба афкори андешамандона ба масъулони ин гуна сомонахо навишт, ки ин гуна наворхоро бардоранд ва дар оянда наворхои дигарро низ бехтар назорат бикунанд.

    Вагарна… вагарна, дур нахохад буд он рузе, ки аз точик буданамон шарм дорем, ва чун аз миллатамон бипурсанд хомуш бимонем ва е шояд худро узбак бигуем…. Бовар кунед, агар хол бад ин минвол давом бикунад, ин гуна руз дур нахохад буд.

    Имруз низ ки чизе барои ифтихор надорем, хадди акал пас бояд бикушем, ки чизе барои шарм надошта бошем.

    Худои бузург моро дар панохи худаш нигох дорад ва он афродеро ки дар шиносномахояшон точик сабт шудаасту худашон боиси то ин андоза ба умки тахкир фуру рафтани ин миллат шудаанд, ба оташи дузах бикашад!

  16. nomaro ba unvoni Luzhkov dar somonaash http://www.luzhkov.ru/kapital/ joi dodam.

    : Luzhkovu

    Ya prochel zitatu, izrechennoyu toboyu nedavno:
    Хочу, чтобы в Москве собиралось все лучшее, а не только одни таджики…

    Chto ti podrazumeval pod etim, uveren, yavno protivopolozhnoye samomu luchshemu:)))

    Ti navernoye bil ochen emozionalen v tot moment, i.. skazal etu glupost. Ochen nadeyus chto sozhaleyesh ob etom.
    Yesli zhe net, to mne ostayetsya polagat chto ti lizemer:)

    Yeslizhe taish nenavist k Tadzhikam, to zachem zhmesh ruku i obnimaeshsya s Tadzhikami i mechtaesh kushat sladkiye frukty iz Tadzhikskoi zemli. Tebya toshnit ne budet, ne otravishsya?🙂

    U tebya navernoye razvivaetsya dvulichiye (ili dvulichnost…). Eto bolezn. Ti navernoye bolen. Rekomenduyu po etomu povodu obsledovatsya i obyazatelno u russkogo vracha.

    Zvuchit oskorbitelno?

    Menya ti tozhe oskorbili. I ostalnikh 7 millionov Tadzhikov!
    Esli u tebya khvataet uma i sovesti, ti dolzhen osoznavat yasno:
    to chto proiskhodit s Tadzhikami v Rossii otchasti rezultat
    neblagopriyatnoi politiki tebya i tvoego pravitelstva.
    Ya uveren, takoye otvetstvennoye lizo kak ti praymo i kosvenno prichastny k bedam Tadzhikov v Moskve i po vsei Rossii.
    Tvoye virazheniye – pryamoye poslaniye, motiv dlya forsirovaniya smertonosnoi deyatelnosti radikalnikh sil – russkix neonazistov.
    Mol, rebyatki za rabotu, otrivaites kak mozhete i sprosu ne budet!

    Posmotri vo chto prevratil ti svoi gorod. Chto ni den to smert
    ot ruki fashista. Gorod – Bagdad kakoito. Razve mozhno tvoi gorod
    sravnit s kakim nibud kulturnim gorodom v Evrope??? Navernoye uxmilyaeshsya?…

    Ti ne raz nazionalisticheski virazhalsya publichno v adres Tadzhikov. Ya podozrevayu, tebe simpatiziruet russko-nazistskaya-fashistskaya ideya.
    Poetomu ya pozvolyu s takoi zhe uverennostyu, kak i ti, nazvat tebya nazistom. Chelovekom kotoriy obernulsya protiv idei otzov.
    Ya iskrenne sozhaleyu chto moi rodniye i desyatki tisyach tadzhikskikh voinov slozhili golovi zashishaya tvoyu zemlyu, tvoi gorod v borbe s fashismomn. Vidno kak daleko ti ushel – paru shagov ot Gitlera.

    Ya nachal bilo pisat eto soobsheniye obrashayas na vi, no misl pronzila golovu o tom, chto yesli chelovek stavit naziyu (kakoi bi ona nebila) nizhe chelovesheskogo dostoinstva, obrashaetsya s ney kak s veshyu, to kak mne s nim obrashatsya?

    Odin vivod, bit vzaimno otkrovennim.

    Zhivi sebe, raduisya – skoro budet chisto.
    Dumai o tom gdezhe na gerbe goroda prikrepit svastiku.

    Iskrenne virazilsya ot imeni vsekh Tadzhikov
    i v pamyat ubiennumi po vole ”pravoslavnikh” i ”izbrannikh tretyerimlyan” v Moskwe i po vsei Rossii,

    Tadzhik

    April, 27

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: