Медведев, Путин ва Точикистон

mizi.jpg

Тавъами Медведев-Путин — президент ва сарвазир дар таърихи Русия падидаи нав аст. Нахустин бор сарвари пешин ба нафака ё гуристон намеравад, балки дар сари кудрат мемонад. Барои мо, одамони хокй, ин чизе нест, аммо барои онхое, ки дар гузашта ба Владимир Владимирович таъзим мекарданд, каме мушкил хохад шуд, ки аз ин ду ба кадоме наздиктар бошанд.

Агар Медведев ба гапи онхо тан надихад, бо истифода аз Путин уро «нарм» карда мешуда бошад? Наздикии бештар ва самимияти дерина ба Путин рашки Медведевро нахохад овард?

Президенти Узбакистон, Ислом Каримов, «гурги борондида»-и бозихои сиёсй зохиран ба як иштибох рох дод. Вай ба Путин дар Маскав гуфт, бехтар буд, худ раёсатро идома медод, зеро мардум инро мехоханд. Медведев инро дар хотираш нигах хохад дошт? Сазои сараш

Вале ин мухим аст, Медведев ба Точикистон чигуна хохад нигарист. Путин дар поёни раёсаташ ошкоро ба Узбакистон бартарии бештар дод ва аз Рахмон дар нишасти ахири сарони СНГ ба гунае пазиро нашуд, ки солиёни пеш мешуд.

Оё ин як таъсири кутохмуддати сармоягузории Каримов буд ё нишони ташаккули дидгохи нави Маскав? Сиёсатшиносони Точикистон дар ин бора сокитанд. Хаво сард ва дахон ях бастааст.

Дуруст аст, ки то ба Маскав расидани Рахмон ракиби вай — Ислом Каримов хеле сармоя гузошта буд, то Рахмон андаке даступо бихурад. Аслан, Путин хардуро чандон зиёд эхтиром намекунад, зеро дар паси парда ин кадар магзоба ба сари хамдигар рехтаанд, ки дигар чое барои эхтиром намондааст. Вале то мулокот дар Маскав хам аз Русия ба Точикистон танхо сиклони сард мевазид ва ба Тошканд гармсер.

То кучо Путин тачрибаи худро ба Медведев ба мерос хохад гузошт? То кучо Медведев зери таъсиру дастури Путин бокй хохад монд?

Харчанд гуфта мешавад, Медведев бе тими худ ба курсии аввали Русия менишинад ва мумкин аст, бо дарбориёни «силовик»-и Путин дар ракобат афтад, аллакай дастаи худро созмон додааст ва «силовик»-хои худро дорад. Бо такия ба онхо, пас аз як муддат вай метавонад, аз зери соябони Путин берун шавад ва мустакилона амал кунад. Ракобати у бо Путин ва хатто мукобилияташ бо В.В. низ аз эхтимол дур нест.

Дар зимн, бархе аз «силовик»-хои Медведев генералу сархангхое хастанд, ки дар Точикистон низ хидмат кардаанд. Яке аз онхо, ки дусти наздики Медведев мебошад, пас аз ширкат дар чанги Точикистон дар Чеченистон ва Гурчистон низ корномахое нишон додааст.

Ин генерали чавон Алексей Суриков мебошад. Дусти дигари Медведев, рахбари феълии Хадамоти зидди маводи мухаддири Русия Алексей Черкесовро дар хукумати нав вазифаи баландтаре интизор аст. Ин шахсро низ наметавон дусти Точикистон номид, зеро хамаи нокомихояшро дар чабхаи мубориза бо маводи мухаддир марбути точикон ва Точикистон медонад ва борхо ба унвони ин мардуму ин кишвар суханхои нохушоянде гуфтааст

Симои Точикистон дар зехни Дмитрий Медведев хануз аз суханони раиси пешинааш, шахрдори Санкт-Петербург, Анатолий Собчак ташаккул ёфтаву накш гузоштааст. Аз эхтимол дур нест, ки Дима хамчун ёвари асосии Собчак дар соли 1991 якчо бо академик Велихов ба Душанбе сафар карда бошад. Афсус иттилоъ дар даст нест. Вале дакикан маълум аст, ки Дима Медведев дустдоштатарин донишчуи профессори хукук Собчак дар Донишгохи Санкт-Петербург буд ва дертар ба ёвари Собчак дар хокимияти шахр табдил ёфт.

Ровиёни ахбор намегуянд, ки таассуроти Собчак аз сафари сангини Точикистон ба ёвараш чигуна накл шудааст, аммо хатман нафринхои баъдии точикон ба унвони Собчак дар солхои 1992-93 бояд ба Дима расида бошад.

Аммо муносибати Медведевро ба чамохири шуравии пешин вазифахои таърихии у дар Русия муайян хоханд кард. Путин беинтизомиро дар Русия бахам зад, олигарххоро аз кудрат дур намуд, иктисодиётро ба чунбиш овард, матбуъоти озодро шикаст дод ва ба нажодпарастии рус неру бахшид.

Ба андешаи аксари сиёсатдонони рус, ягона иштибохи Путин талоши эхёи Иттиходи шуравй дар шакли дигар буд, ки натичае надодааст. 

Медведев рохи Путинро идома хохад дод, аммо хамчун сохибкори собик ва пуштибони бозори озод бештар ба фишангхои иктисодй даст хохад зад, то сиёсй.

deri1.jpg
Дмитрий Медведев ва Олег Дерипаска

Точикистон ва Узбакистон ё навмустамликахои дигари Маскав барои вай бештар ахамияти моливу иктисодй хоханд дошт, то сиёсй. Бесабаб нест, Медведев барномаи президентии худро аввалин бор на дар чаласаи хизбаш, балки дар махфили сохибкорон ва сармоягузорон эълом дошт.

Дар хамин анчуман сарватмандтарин сохибкори Русия Олег Дерипаска (молики 40 миллиард доллар дорой) талош кард, бо Медведев наздикии бештар пайдо кунад.

Дар гузашта, замоне ки Дима дар корпоратсияи «Илим Палп» кор мекард, бо Дерипаска дар як ракобати тичоратии марбут ба «Норникел» шикаст хурда буд. Агар онхо оштй карда бошанд ва аз он чо, ки дустии душманони собик гохе ширинтар аз дустихои дигар мешавад, Дерипаска метавонад, ба яке аз мушовирони пасипардагии Медведев табдил ёбад. Хархашаи Дерипаска бо сарварони Точикистон, нигохи ташнаи у ба корхонаи арзизи ТАЛКО ва зери бори Ислом Каримов рафтани у ба хамагон маълум аст.

Пурсиши сарнавиштсоз ин хохад буд, ки Медведев ба сарварони Точикистон аз зовияи хеш хохад нигарист, аз руи дастури Путин ва ё тавассути гушонахои афроде мисли Дерипаска. Он гох падидаи ночизи дугонабозии Русия на танхо барои сарони кишвар, балки барои хамаи мо, одамони одй, ба ходисаи муъассире табдил хохад ёфт.

2 Responses

  1. Salom Tojvar,

    rahmat baroi tahlil. Siyosati berunai Federaziya Russiya na tanho as president balki as bisyor nakshboson va bisyor holathoi digar vobasta ast. Siyosati berunai Russiya aslan reakzioni meboshad, ya’ne javobi, as jumla javob ba siyosati berunai Amriko yo Ittihodi Auropo. Barkhe as Korshinoson meguyand, ki Amriko dar dahsolai oyand bisyor bo problemahoi dokhili band khohad bud, chunki siyosati beruna dar dasti Bush aslan ba vektori asosi tabdil yoft. In guna holatro ta’rikhi Amriko bisyor medonad va dar siyosatshinosi «bosgasht» nom dorad. As in lihos ta’siri USA dar Osiyoi Markasi va Kavkos sust khohad shud. Albatta Russho metavoand as in istifoda kunand va poygohi khudro dar mintakahoi nombarshuda ustuvor gardonand, ammo dar in ba’se gumonho hastand.

    Jagona asose, ki russhoro khobravi namemonad in siyosati berunai EG meboshad. Kabul kardani strategiyai navi hamkori bo Osiyoi Markasi shohidi on ast, ki dar dahsolai oyand in mintaka dar seri dikkati siyosati berunai EG khohad bud. Yake as maksadhoi asosii in hamkori doshtani dast ba neruhoi energetikii Kaspiy va Turkmaniston, inchunin hissagusori ba iktisodiyot meboshad. Tojikiston injo ham as bosi berun memonad chunki: As nerui energetiki mo kambagjalem va iklimi hissagusori dar Tojikiston badtarin va noustuvortarin dar mintaka meboshad.

    Russiya umed dorad, ki Tojikiston hamavakt siyosati prorussiyona barad. Baroi majburkunii Tojikiston ba in dar dasti Russiya bisyor fishangho hastand, ammo ba hamai in nanigarista hukumati mo ruy ba Amriko va China meorad. In guna siyasat vasoiti margi hukumat khohad bud. Shoyad Diplomathoi mo masali khalkiro naedonand: Samona bo tu nasozad tu bo samona soz. Dar tahi dah soli okhir(Vakte, ki munosibati UZB bo RUS khelo vasnin bud) Diplomathoi mo natavonistand Russiyaro ba tarafi khud kashand va khudro hamchun partneri boe’timod nishon dihand. Siyosat razionalist va inro in landahuron dark namekunand, monandi sani … nos mekunand va fikr mekunand, ki agar khudro ba oghushi USA partoyand Russiya bos ba nasdi onho barmegardad. Fikr namekunand, ki tanho dar surati man’i intikoli pul as Russiya ahvoli onho chi meshavad…

    Bos yak maslai khlki: Marg bar Nodon

    M.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: