Афроди мо дар хукумат

lat.jpg

ИСТЕЪФОИ ХУКУМАТ 

Агар дар чуёи Google ибораи «Хукумати Точикистон»-ро ба русй нависед, сарогоз ду хабарро пеш меорад, ки харду як сарлавха доранд: «Хукумати Точикистон дар хайати комилаш ба истеъфо рафт». Афсус, хабар на аз имруз, балки 22 ноябр аст. Солаш хам маълум нест. Хакикаташ низ — зери суол.

Вале агар ин ходиса рузи 22 феврали соли 2008 иттифок меафтод, президент Рахмон холо махбуби мардум мебуд. Аммо чаро дар хайати комил? Оё хама баданд?

ВАЗИР — ДУШМАНИ ХАЛК?

Рахмон гуфт, дар сардихои зимистони имсол касе аз шахрвандони Точикистон ба халокат нарасидааст ва касоне, ки чунин хабархоро пахн мекунанд, душманони миллатанд. 

Маълум мешавад, президенти кишвар вазири тандурустй Нусратулло Салимовро душмани миллат мешуморад. Чаноби вазир рузи 21 феврали соли 2008 ба хабарнигорон гуфт, аз сармо ва бухрони энержй 12 нафар ба халокат расидаанд. Шумори халокшудагонро хабаргузорихои байнулмилал хеле бештар эълон кардаанд. Рахмон аз холи мардуми худ хабар надорад?

Вазорати тандурустй аз Кохи раёсатчумхурй дуртар аст. Гушхо хам аз бори руган вазнин шудаанд. Лекин аз худи ин кох, сухангуи чаноби Рахмон, Абдулфаттох Шарипов гуфт, дар тармаи Майхура 3 нафар кушта шуданд. Ба ахбори дигар — то 50 нафар.

Дарег, Рахмон дар халкаи душманони миллат аст.

ТАЗЗОДИ ГИЮ-ОРИФМЕТИК

Хадафи Рахмон ин аст, ки мансабдоронаш бихаросанд ва чунин аркомро нашр накунанд. Холо дар Точикистон ду сирри давлатй вучуд дорад. Аз сармо ва бехунарии хукумат чанд нафар кушта шуд ва тарафдорони сарханги мардуд, аммо фарзанди хамин хукумат — Махмуд Худойбердиев чанд нафаранд?

Мурдахои сармо руз то руз камтар мешаванд, тарафдорони Худойбердиев бештар. Хар руз вазорати милиса ва пуркурорхои «пуркор» аз боздошти боз як (2,3,4… анд) тарафдори Худойбердиев ва суд* шудани онхо хабар медиханд. Шумори онхо гуё охир надоранд. 

ХАЙАТИ ХУКУМАТ

Хамчун нуре дар зулмот ва садое дар кабристон, нихоят ду хизби сиёсии кишвар, ба истиснои Хизби ромшудаи исломй, аз хукумат посух хостанд. Оби сард дар хавои ях аз тори сар. Ба хуш оед! Бархезед. Аз горхои гарми…на, соунахои тафсони худ берун оед ва бигуед, ки чаро миллати точикро дар ин вартаи шармсорй карор додед?

Вазирони пинакрафта такон хурданд. «Ин вазирияш боз чавобгарй хам доштааст? Дар мо худи Калон пеши хеч кас, хатто худо, чавобгар нест, чаро мо?»

Бухрон хукуматро пеши мардум русиёх кард. Аммо на хама аъзои кобина афроди баданд. Бархе аз онхо ба худо, миллат, ватан ва виждон бовар доранд ва медонанд, ки аз пули халк ишрат мекунанд.

ДУ ДАСТА Ё БЕШТАР?

Дар хукумат ин хама муддат ду даста ба хам дар «чанг»-анд. Маъзур доред, эпопеяи Убайдуллоев дигар кухна шуд. Калон уро дар чои худаш нишонд. Афродашро аз вазоратхонахо руфт. Ин дастахо дигаранд.

Чамъе аз ричоли давлат максади сода доранд. Чанд рузе ки кун ба курсиянд (як чои асосй дар чои асосии дигар), бояд сарват гундоранд. Аксари эшон чои асосии дувумро барои чои асосии худ, агар хешу табори «оила» набуданд, дар ивази сармоя ба даст овардаанд. Акнун бояд яки худро ду кунанд. Вагарна, кучо дидаед, касеро, ки дар хеч чабха муваффак нашуд, барканор гардид ва пас аз чанду дубора руи об баромад. Сафир ё вазир шуд.

Аммо нафарони дигаре хастанд, ки Рахмон илочи надоштани онхоро надорад. Чои асосии инхо болотар аз миён аст ва аклу дониши онхо даркор аст, ки киштии давлат батамом гарк нашавад. Бигзор нима зери об равад, хазорон сурох дошта бошад, лекин гарк нашавад.

Ин «бечорагон» мачбуранд, саисхонахои хукуматро бишуянд ва оби гаждро соф кунанд. Дили кас ба онхо месузад. Даргумон аст коме дарёбанд. На ба худ ва на ба миллат.

ХУШБАХТИИ РАХМОН

Хушбахтии уст, ки Точикистон афроди арзандае дорад ва Рахмон метавонад, аз миёни онхо чанд нафареро барои кашидани бори харони зиёде киро кунад. Тамоми хукумати кишлокй ва оилавии у дар сари китфи ин афрод кайфу сафо мекунад.

Агар Рахмон дарвокеъ пешвои миллй мебуд ба онхо такия мезад, аммо чун нест, танхо аз руи зарурат, мачбур аст, тобашонро дошта бошад. Дастаи аввал, ба дили у наздиктар аст. Хам хофизаи хун ва хам сармояи бехисоб. Дар хукумати у гапи онхое мегузарад, ки ин чизхоро доранд. Онхо сохиби мулканд, харчанд барои мардум ангушт ба ангушт намезананд.

КЙ БА ИСТЕЪФО МЕРАВАД?

Тарси бузург ин аст, ки ба даъватхои масьулиятшиносии раиси Хизби сотсиол-демукрот Рахматулло Зоиров махз афроди захматкаши хукумат мумкин аст, посух диханд. Оре, хамон чанд нафараки бечора. Истеъфои онхо низ осонтар аст, зеро на бо пул омадаанд, пас пуштибонии устуворе надоранд ва на ба хама маъкуланд, зеро кор мекунанд ва бо кори худ кайфи аглаби аъзои хукуматро мешикананд.

Ва Рахмон низ карзе аз онхо надорад, ки пуштибонияшон кунад.

??? — !!!

Номеро зикр накардам, вале шуморо замонат медихам, ки бештари ин нукот аз дохили хукумат берун омадаанд. Ман бовар кардам, ки набояд, хамаи онхоро яксон шумурд. Шумо, агар мехохед бовар кунед, намехохед, на.

________________________

Суд* — ин вожа бехтар аст, зеро ба додгох гуфтани ин идорахоои давлат забон намегардад. Инхо суданд, чун ба хукуматдорон фоида меоранд.

4 Responses

  1. Salom Tojvar,

    on chand nafaraki bechora, ki bori hukumatro dar dush dorand magar dark namekunand, ki hama monandi korvone ru ba sui vodii marg dorand. Mumkin as nigohi shumo onho yar nakshi musbatro mebosand, ammo man nasari digar doram: biravand va hamaro ba dushi rahmon va oila gusorand to bubinem ba kujo moro mebarad in Rohbalad. Yakin ba Marg. Shoyad ongoh as khokistar barkhesem va ruhiyai nave paydo kunem. Hamavakt dar dami marg budan vasnintar ast as khudi marg. To dame, ki on duse bechorayak bormekashad mo dar dami margem.

    Pesh as intikhoboti okhir Said Abdullohi Nuri dar yake as mahfilhoi pushida guftaast; moned bos Rohbar shavad va binem, ki chi khohad kard va ba kujo khohem rasid;

    Metavon peshgue kard; monandi mushon avvalin shuda kishtii gharkshudaistodaro tark khohad namud.

    M.

  2. Манучехри арчманд.

    Ташна ба як катра об хам зор мешавад, гурусна ба як пора нон.

    Манзури ман ин аст, ки мо хамеша тамоми хукумати Точикистонро дар симои як нафар мебинем ва хама ба чашми мо бад менамоянд. Албатта, айби хамон як нафар хам хаст, ки чунин хукумати белаёкате сохтааст ва дар 16 сол кори мухиме барои мардум карда натавонист. Айби уст, ки хамаи хокимиятро ба даст гирифтааст, аммо пешрафте аз ин диктаторй хосил намешавад.

    Вале дар хукумат якчанд нафари гамхор хам хастанд, ки сахт кор мекунанд ва манфиати мардумро мухимтар аз манфимати худ медонанд.

    Ба назарам, аз он чо ки мо бояд хакикатро гуем ва одилона бахо дихем, бояд будани ин ашхосро низ дар назар дошт. Факат дарег, ки ин афроди монанди шамъхои нимасуз дар шаби ториканд ва аз дасташон кори хеле каме меояд. Рахбар онхоро танхо барои он токат мекунад, ки бе инхо кишвар тамоман фуру меравад.

    Орзу кунем, ки чунин афрод бештар шаванд. Умедворам, рузе битавонем дар бораи онхо ном ба ном бинависем.

  3. Точвари гиромй,

    Ман хам мувофикам, ки варои сиёху сапед рангхои дигаре хам хаст, ки бо будани онхо чахонро зеботар мебинем. Аммо дар мавриди дастгохи хоким: оё шумори катрахои сапед ба андозае хаст, ки як коса ранги сиёхро дастикам кахвайи кунад?

  4. Дориюши фарзона.

    Дарего, ки катрахои сапед на танхо косаи ранги сиёхро кахвай намекунанд, балки хатто ба андозаи диданй тагйир намедиханд.

    Аз як су кори онхо дар хукумат хиёнат ба худ низ хаст, вале онхо инро хиёнат ба миллат намешуморанд, зеро мегуянд, бояд касоне низ бошанд, ки аз фурсат истифода кунанд.

    Ман хостам факат будани онхоро ракам занам. Яъне «хар беша гумон мабар, ки холист. Шояд ки паланг хуфта бошад..»

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: