Адреналини мавриди ниёзи аввалия

mong.jpg

Маро ба тамошои филми “Мугул” даъват карданд. Каламеро гирифтам ба мунодй нишон додам ва гуфтам, бехтар аст, ман бо ин харду чашмамро кур мекунам, то чунин музахрафотро набинам. Шигифтии мунодй хадду канор надошт. Китф дархам кашид ва рафт. Намедонам ба синамо ё чои дигар.

Шунидаам, ки ин филмро ба чоизаи Оскар пешниход кардаанд. Аммо нагирифт. Оё метавон филмеро бо тавсифи Гитлер ба чунин чоиза номзад кард? Чингизхон барои мо аз Гитлер чи камй дорад?

Рузномаи дустдоштаи ман (Ню Йорк Таймс) навишт, Казокистон ин филмро хамчун таърихи худ дар Амрико таблиг мекунад, то таъсири филми “Борат”-ро аз байн барад. Вале азбаски яке “пропаганда” асту дигаре хунар, замину осмон ба хам наоянд. 

Дейвид Стерн менависад, “Мугул” ва пешгузашти он, филми “Кучманчи”, ин хадафро доранд, ки “бо намоиши часорат, устуворй ва неруи чисмонй рухияи миллй эчод кунанд. Ин барои мардуми кишваре, ки дар гузашта як ниходи васеъи сиёсй буд ва намедонад аз кучо меояду хамзамон ояндаро боамн намебинад, хамчун як омили давлатсозй мухим аст.”

Хунарпеша ва коргардони синамо Ганй Курашев гуфтааст, солхост, хувияти миллии казокхо ру ба таназзул дорад ва ин бад нест, ки филм як таблиг бошад. Зимнан на ягон бозигари филми “Мугул” казок асту на коргардон ё аксбардораш. Чанд чопониву чиной ва як коргардони дар гами шухрат беморгаштаи рус. Ин коргардон асоси худашро гаштаю баргашта ба сангхо мезанад, чизе хосил намешавад.

t_chingis1.jpgТорих ба анбори кухнаколое табдил ёфтааст, ки хар кас хохад, аз сандукхои пусидаи он либосеро бармедорад ва онро ба муди замона мувофик мегардонаду мепушад, то намоиш дихад, чи зебост. Аммо буи нафталин хама чоро мегирад ва ба гайр аз масхарабоз (наметавонам уро “ширинкор” номам) ё клоун чизи дигареро намебинед.

Гуё Темучин, ки баъдан Чингиз ном гирифт, вайхи самовие мегирад, ки бояд кабилахои парокандаи мугулро сарчамъ кунад ва тибки сарнавишт, кавми худро ба осмонхо расонад. Шояд расонд. Дар ивази хуни миллионхо нафари бегунох. Хамчун намунаи авчи тохтутози инсонхои муътод ба хостахои хайвонй. Малах хам ин одатро дорад. Хар кучо сабзвораеро дид, хамла мекунад. Аммо имруз кучост, мугул? Агар инсони муъосир хамаи кутбнамохои ахлокияшро гум кардаву як хунхорро кахрамон чилва медихад, инсонхои садаи оянда аз торихи мугул ба чуз тохтутози хайвонии хунмастона чи хоханд бардошт?

Эх, дунё, дунё! Шояд ба мо низ имруз каме авч зарур аст? Як каме адреналин, ки моро ба чунбиш орад. Аммо ба хеч вачх на он адреналине, ки дар рагхои хуни зарди Чингиз мешорид. Адреналини мусбат ва вижаи торихи гузаштаи мо. Масалан, агар фардо як шоъир ё нависандаи точик барандаи Чоизаи Нобел дар адабиёт шавад.  Мо рухбаланд хохем шуд? Ва сарбаланд низ? Дубора ба кй будани худ эътикод хохем баст?

Ёд доред, аз пирузии Ширини Ибодй чигуна шод шудем? Вале чаро ба хонуми Ширин, ки шахсан хакки пешбарии номзад ба Чоизаи Нобелро дорад, нагуем, ки нависандаи мо, Темури Зулфикор солхост, дар шорт-лист ё фехрасти ниманихоии Чоизаи Нобел зикр мешавад, аммо як каме чунбиш намерасад, ки вай ин чоизаро бигирад? Каме адреналини мусбат.

Хар як пажухишгохи адабиёт, донишкада ва донишгох, иттиходи эчодй низ метавонад, номзади Нобел пешбарй кунад. Лек чаро ин ниходхо дар кишвари мо ташаббусе нишон намедиханд? Як нависанда соле шахсеро пешбарй карда буд, ки мегуянд, дар кумитаи Нобел ба ин пешниход ришханд задаанд. Он хам аз нависандае, ки бо дуздидани осори нависандагони дигар шухрат ёфтааст. Дар тамаллук устухон надорем. Аммо як созмони Точикистон низ ин хама сол аз номзадии Темури Зулфикор пуштибонй накардааст. Уро як пажухишгохи Бритониё ва дертар як ниходе аз Русия пешбарй карда буданд.

Шояд мо имруз аз нону барку обу гармй дида, ба як Кахрамони чахон дар … камонварй, коикронй, гуштй, теннис ё хар навъи дигари варзиш ниёзи бештар дорем? То ба чони миллат адреналини мусбат дамонад. Кучоянд Зебуннисо Рустами нав, Иброхим Хасани нав ва дигар номбардороне, ки имруз бояд барояшон парчами миллии Точикистон дар бузургтарин омзунхо, масалан, Олимпиадаи Пекин барафрошта шавад?

Футбол! Бехтарин адреналин. Ёд доред, дар Ироки огушта ба хун одамон аз бомбгузорон нахаросида ба хиёбонхои Багдод рехтанд, то аз пирузии дастаи миллии футболи Ирок тачлил кунанд? Даххо нафар ханда дар лаб, шиъори “Муборак бод, миллатам!” дар даст дар кучахои Багдод кушта шуданд. Бо хуни худ шиъори худро рангин карданд. Чаро футболи мо бурунтар аз майдони химоят намеравад. Кучост хамла ва боз хамла?! Кучост зарба ва боз зарба! ва Гоооол!?

Кучост? Миллати мо адреналинро фаромуш кардааст, зеро героинро интихоб кард. Героине, ки хам тамоми миллатро бадном мекунад ва хам иродаи чавонони моро мешиканад ва ба чуз марг барои мо чизе намеорад, харчанд бархе аз баракати “гера” бологузару болонишин мешаванд ва хатто ба хукумат даромадаанд ва мансаби худро ба гузаргохи руи рудхонаи Панч табдил додаанд.

Бадтар аз хама, ин холат барои хамагон агар на писанд, пас кобили кабул шудааст. Бъху бгард…

25 Responses

  1. Ёдам меояд замоне таби Нубел Точикистонро хам фаро гирифта буд. Оё лузуме дорад, ки дар кй будани номзадаш дастикам ду дакика андеша кунеду хадс бизанед? Фикр намекунам.

  2. Точвари азиз!
    Кучост худи миллат? Шумо хамин рамаи гусфандонро миллат меномед? Сазои ин гусфандон хамон шубони гург аст. Аз дур шояд мушкилоти ин кишлок дар назаратон кучак тобад. Вале, хестед ки хобед, око! Аз академикаш сар карда то хаскаши оди хама гуломанд ин чо. Хама даст пеши бар, гардан кач, “хуб шудаст”, “раисбобо”, “чаноби оли”, ва гайраву хоказо. Дар телевизионаш агар хатто дар мавзуи хасу хошок барнома бошад хам, тамоми “дастоварди” онро ба “оличаноб” нисбат медиханд. Э вой бар ман, э вой бар мо!

  3. Baroi Dariush,

    Aspro Na’l bastaand, kurboka, ki dar nasdiki budaast poyashro bardoshtastu guftast: Man ham na’l mekhoham.

    In makoli khalki hamaro fahmo mesozad.

    M.

  4. Sooroosh – и азиз.

    Мардуми мо рузхои сахтеро паси сар кард ва холо хам дар вазъи сахт карор дорад.

    Оре, мо хама аз ин авзоъ норохат ва хашмгинем, аммо аксаран душворихо хислати миллатро таквият медиханд ва дидаем, ки падарону бобоёни мо аз чи сахтихое гузаштанд.

    Дар ноумедихо басе умед аст,
    Поёни шаби сиёх сафед аст.

    Аз суи дигар, онгуна ки Дориюш мегуяд, авом хамеша хамин гуна буд ва хатто пайгамбархо дар ивази саъодате ки ба мардум оварданй буданд, тахкиру шиканча ва ронда мешуданд. Вале баъдан метавонистанд, дунёро дигар кунанд.

    Хамаи онхое, ки мардуми худро дуст медоранд ва баро он месузанд ва гохо аз алам онро дашном медиханд, аз мардум дида садхо баробар бештар сахтй мебинанд, вале агар дар андешаву акидаи худ устуворанд, рузе ба муроди дил мерасанд.

    Бо умеди он руз.

  5. what I have understood is that you didn’t like both Nomad and Mongol. Especially, you didn’t like the presentation of Chingizhan.

    I didn’t like both of them either. I also think that Chingizhan was depicted as someone very mild.

  6. Dear Mahzun,

    Thanks a lot for your feedback.

    You have got the message. Another side of the coin is that everyone has a right to say whatever s/he wants. Kazakhs are sying they need this kind of interpretation of the history in order to create a compelling national idea. “…movies like “Mongol” — and a forerunner, “Nomad”, two years ago — are using a romanticized nomadic past, in which Kazakhs forefathers — or close cousins, like the Mongols — demonstrate bracery, fortitude and physical powers in ample quantities,” wrote New York Times.

    That pushed me ahead to the idea that if every nation do need a portion of adrenalyn to survive in a difficult time, Tajik are not an exception. But we do not need this kind of push. It is better to earn Nobel Prize in literture, or to make our soccer team the next Asian champion ruther then to misinterprete the historical past.

    Wish you all the best.

  7. Тоҷикон бояд пеш аз ҳама кушиш кунанд ба сатҳи имрузаи ло ақал қазоқҳо бирасанд. Аз тамоми ҷиҳатҳо : фарҳанг, бедорӣ, нанг, номус, виҷдон, маъарифат, дарки дунё, дарки рисолати худ, дарки арзишҳои миллӣ ва ғайра. Ин феҳрастро мешавад то абад давом дод.
    Режими имрузаи Тоҷикистон, бо сарвари яке аз номзадон ба гирифтани ҷоизаи Сулҳ (махсусан ин воқеъат манро хеле хандоднд, он замон бояд ин шахсро дар як қатор бо Чикатило ё Заххок пешбари мекарданд), тавонистааст аз уҳдаи коре барояд ки пеш аз вай дар давоми асрҳо ва ҳазорсолаҳо истилоъгарон карда натавонистаанд.
    Образи тоҷик акнун бо Ҷамшуд, мардикорон, раҳрубҳо, ахлоткашон, қочоқбарони маводи мухаддир, хушомадгӯён ё хизмаӣгорон гудохта шудааст.
    Имруз мутаассифона тоҷикон ягон мояи нангу ифтихор надоранд. Бо чи ифтихор кунем? Дигарон ба кадом як хислати хуби мо пайрави кунанд?
    Маҳалгарои, хабаркашӣ, ришвахори, ғайбат? Не хислати беҳтарини мо ин мансабпарастӣ аст. Кадуро ҳам дар курси нишонан ки тоҷикон ҳатман хислати беҳтарини онро пайдо карда онро парастиш мекунанд.
    Ғуломро ба озоди раҳо куни, метарсад, намедонад бо озодиаш чи кор кунад. Тоҷикон ҳам дар замоне ки метавонистаанд озод шуда роҳи демократиро пеш гирифта ҳоло дар қатори кишварҳои ло ақал дорои сохторҳои демократи қарор гиранд. Баракс амал карданд. Як қисмаш шитобид ба суи арабҳо, дигараш зад хушомад ба русҳо. Наметавонад халқи мо бе хӯҷаин.
    Тарбияи ғуломонаи мо иҷозат намедиҳад.
    Сад аҳсан ба қазоқҳо, кушиш доранд, ҷаҳд мезананд, аз ҷои холи таърих месозангд. Филм меофаранд, китобҳо нашр мекунанд, таблиғ доранд. Бале онҳо ҳам дузданд, ришвахӯр, мансабдуст аммо нангианд. Рост истода ба онҳо кафкуби мекунам, ба Оскар пешваришуд филми онҳо. Онҳо дигар сабабҳо барои фахр доранд, иқтисоди рубатараққи, дороии кишвар, зиндагии беҳтаршудаи мардум, эътибори кишварашон дар саҳнаи байналмилалӣ…. Мо бошад бо чашмони гурусна, ташна ва сармозадаем ва дигар ҳеҷ!
    Ҳамсояамон агар каме хубтар зист, манзурам дар Тоҷикистон, ҳатман аз болош ананимка менависем. Замони шӯрави Тоҷикистон плани ананимкаҳоро барои тамоми Иттиҳод буд мекард. Ана ин хсилати мо.
    Чигиз, барои муғулу қазоқ қаҳрамон аст, ҳамун тавре ки барои мо Курушу, Дорову, Исмоили Сомониву ғайра. Ба фикри шумо онҳо одамкуши намукарданд?
    Мо бояд на танҳо нагин бошем, балки бояд тавон дошта бошем мояи фахри дигар миллату ақвомро низ фаҳмида онро қабул кунем. Он замонаҳое буд ки зур ҳатман ишғолгар буд. Агар сусту раҳмгин мешуд тамом давлаташ нобуд мегашт.
    Дар мавриди Темуо Зулфиқоров, нависандаи олист, асарҳояш маъниҳои амиқ доранд, аммо бо кадом забон нависанда нависад пас ӯ нависандаи ҳамон фарҳанг аст. Пушкинро касе нависандаи ҳабоши нагуфтааст.
    Чингиз Айтматов асарҳояшро ҳам бо қирғизи ва ҳам бо руси эҷод мекунад, аммо Тимур фақат ба русӣ.
    Мо мутассифона дар таърихи муассир ягон Маркес ё Солженисину Набокоф наофаридаем. Адабиёти мо пажмурда ва нодаркор аст, шахсиятҳои ба монанди айни нестанд ва иттифоқи нависандагон танҳо бо ҳамун кунковиҳои дилбазан машғул асту тамом.
    Таҳиягарон ҳам надорем, ва агар дорем онҳо ботинан тоҷик нестанд ва ҳамеша ба фарҳангу ананаҳои аврупои ру меоранд.
    Рузноманигори ҳам нест. Ҳамчун инъикоси ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ҳаст, ҳамчун тарзи хушомадгӯи ҳаст, ҳамчун силоҳи заҳролуд ҳаст, ҳамчун санъати волои нест.
    Мутассифона ягон манбаъ ё ҳатто сарчашмаи дар ҳақиқат озоди хабарӣ нест. Тоҷикон чи кор кунанд ба кадом су худашонро зананд, аз ки ибрат гиранд? Намунаашон ки аст, арзишҳои ҳақиқии одамизодро аз ки омузанд?
    Афсус мо қазоқ нестему ин филмҳои кучманчиву муғул азони мо нестанд.
    Насиби мо консерти кадом як фоиша дар бозори Черкизи Москва, ва сатҳи пастарин чи дар дафтарҳои ҳукуматӣ чи дар суфуфи мардикорони Русия, чи дар толори Фарҳангистони улум ва чи дар маҳфилҳои адибон.
    Ман ҳам ҳоло дар фикрам ки аз куҷо ягон чиз канам…. аз дигар ҳаммиллатонам ман ҳеҷ фарқе надорам….

  8. yes, you are right.
    nobel prize will be a more noble mark for the nation than that kind of pseudo-slogans.

    but, as everyone knows, most of the time you have to express yourself in short and simple formulas for getting people to act.

    moreover, historical capital weighs much more than modern stimulae. as ancient drawings cost much more expensive than drawings of actual artists.

    but, i share your opinion as about new interpretations. but, we have to know that the facts we received from the history were the interpretations of their times. so, for example, if we know chingizhan as someone cruel, may be it is so because he was interpreted to be so. as, any other king of his time acted as him. as, Hitler said ‘winners write the history”.

    so, dealing with history is always complex affair. and, it depends from the state of mind of living men.

    i also believe that we should not only know to be proud of our history. but we should also know to accept that the ancestors could also have made mistakes and not all of their deeds were right ones.
    We central asians must make true conclusions from our past. we shouldn’t glorify all predating russian presence. there were many mistakes made and they have to be corrected.

  9. Nigared va baho dihed:

  10. Dear Mahzun,

    Nice to have you here. On the topic:

    It just depends if you’ve made up your view on Hitler. Do you think his deeds were justified? I don’t. The same goes for Tamerlane and Genghiz Khan and, if you go further back, for Alexander the Macedonian. They were savage terminators who really succeeded to terminate a lot civilization-wise. It’s just about values. Our modern values dictate that Hitler was a villain. But medieval nomads would consider the same features of brutality and inhumanity as virtues. We as modern people can draw a single conclusion from their deeds. Compare Cyrus the Great and Alexander. The latter conquered Persepolis and burnt it into ashes. The former conquered Babylon and freed imprisoned Jews. According to our up-to-date notion of humanity, Cyrus was a virtuous king and Alexander was an evil one.

  11. Мануш, дидаму барои худам баҳо додам, нуктаи ман дар ин бора изҳор гаштааст дар суханонам нисбати рузноманигорӣ.
    Афсус ки мо санъати ҳақиқатҷуиро бо дастовардҳои фанни иваз намудему онро ташвиқ медиҳем.
    Агар ин порчаро бо кадом дигар забоне ки набошад тарҷума карда ба кадом хабаргузорие набари қабулаш нахоҳанд кард, ба истиснои ягон хабаргузории давлатӣ ва он ҳам танҳо ҳамчун тарғиб ва ё пропагандаи руирост.
    Он чизе ки айён аст ҳоҷат ба баён надорад.
    Дар мавриди подшоҳони золим ва ё одил. Ба фикрам Дориюш, ин ҳама суханбозист. Барои муғул Чингиз хуб барои дигарон бад, Темурланг барои халқи худаш (боз ҳамон муғулҳои забони туркиро қабулкарда) беҳтарин ва барои мардуми Эрон, Афғонистон, Туркияи имруза, Ҳинд ва дигарон шариртарин, аммо ҳангоми ҳокимияти ин ҳарду ва боз даҳҳо дигар золимон аҳолии сарзаминҳои ба давлатҳояшон шомилгашта даврони осудаги, тиҷорати озод, суботу амниятро аз сар мегузаронданд. Рафту омад имконпазир гашт, кишваршиносон, саёҳон имкон пайдо карда буданд ба тамоми гушаву канорҳои ин ипературияҳо сафар карда илми, ҷуоғрофи, таърих, фалсафа ва дигаронро равнақ диҳанд.
    Санъати мемории замони Темурланг олист, агар ӯ Эрону Сурияро забт намекарду устоҳои моҳирро ба Самарқанд намеовард имруз Самарқанд он сайқали руи замин маҳсуб намешуд.
    Барои мо фарзандони Туронзамин (на Туркистон), эрониҳо ҳамеша ишғолгар буданд. Онҳо чандин бор ба меҳанамон омада тохтутоз карда буданд. Ва яке аз дустдоштарин қаҳрамони миллии халқи мо ин Шерак аст ки бар зиди Дорюш меҷангид.
    Барои ман, Спитамену Деваштич қаҳрамонанд ва подшоҳони одиланд. Вале шояд барои дигарон онҳо персонажҳои манфианд. Исфандиёр хуб буд ё бад? Чаро ба Рустами сагзи он қадр бераҳми мекард? Баҳроми Чубина қаҳрамон аст ё хоин? Исмоили Сомони ки гуфта буд ман девори Бухороам, барои нишастан ба тахт чандин сар бурид, пас ӯ хуб аст ё бад?
    Ба шахсиятҳои таърихи баҳо додан кори бефойдааст.
    Тасдиқи суханони ман парастиши Гитлер, ҳатто дар Руссия ки аз дасти он золим он қадр азоб кашидааст. Ҳатто аз яҳудиҳо бештар, аммо имруз дар кучаҳои Русия ҷавонон бо ифтихор дастро бо шиори ҳайл Гитлер боло мебардоранд.

    Ба худо месупорамтон

  12. Бебок,

    Ба назари ман, суханони ту парокандагуие беш набуд. Ман саранчом нафахмидам, ки ту бебокона аз Хитлеру Чингизу Темури Ланг дифоъ мекардй ё хар чи эронй хастро мекубидй. Мавхеъат равшан нест.

    Бастагй дорад дар чй давроне зиндагй мекунй, ба таври зехнй. Агар дар карни 4-у 5 пеш аз милод гир кардайи, пас “эронихо” хануз бароят бегонаанд. Агар вокеъиятхои имрузро мепазирй, мо худ эронй хастем ва эрониситезй ба маънии точикситезист. Ва аслан точик чисту аз кучо омад? Мо дар саросари торих харгиз худро туронй наномидаем ва ту хатто як намунаи онро наметавонй унвон бикунй. Мо сугдию бохтарию мосожету дохову сарматию сакойию гайра будем, вале тамоми инхо кабилахои парокандаи эронй буданд, ки ба хам омаданд ва ба эронй мафхум доданд. Оё Деваштич, ки бешак мояи ифтихор аст, харгиз муддаъй буд, ки “Турон”-ро аз душман дифоъ мекунад? На. Сарзамини у Сугд буд ва сугдиён як кавми эронй буданд. Турон як истилохи устурайист (Тури писари Фаридунро ба ёд овар), ки эронихои он бари марз дар мавриди ракибони хамнажодашон мегуфтанд.

    Дар холе ки Эрон хамон Арианам Ваечах (Эронвич)-и Авестост, ки Зартушт аз он чо меояд. Махалли зоиши Зартушт хам бино ба фарзияхои фаровон хамон Вароруд ё ба истилохи худат “Турон” аст. Пас агар у кишварашро бо шумули Бохтару Сугду Марву гайра Эронвич (густараи эронихо) номидааст, моро чи чуръате, ки дар он дахлу сарф кунем?

    Гузашта аз сухбатхои устурайи, вокеъияти имрузро бояд пазируфт, ки мо порсизабонем, магар ин ки ба магзшуйии русхо тан дардода бошем ва ба забони худ хиёнат кунем.

  13. Salom Dariush,

    shumo sukhanoni safirro kaso kuned. Du kalimaro ba ham payvast karda yak jumlai oddiri sufta ba burro gufta nametavonad. (Khudoyo, inhoro as kuo paydo mekarda boshand).

    Ana in asr sharmandagi.

    M.

  14. Salom Dariush,

    shumo sukhanoni safirro kaso kuned. Du kalimaro ba ham payvast karda yak jumlai oddiri sufta ba burro gufta nametavonad. (Khudoyo, inhoro as kuo paydo mekarda boshand).

    Ana in asr sharmandagi.

    M.

  15. Дуруд, Мануш,

    Иттифокан ман хам мехостам хамин тазаккурро бидихам, аммо аз бас гуфтам, дигар бештар ба захми забон мемонад. Чизи нодире нест. Барчастатарин нишонаи гирифторихои мо хамин лукнати забон аст. Пайванди миёни дил ва забон ва мухимтар аз он миёни магз ва забонамон, ба таъбире нарм, заъиф шуда ва ба таъбире дурушттар, гусаста шудааст.

    Бо ин забон ин око мехохад чи бигуяд ва чи гуна бигуяд ва чи биофарад? Вакте мафхумхо дар сараш факат мепечанду азияташ мекунанд, вале хич нест, ки берун оянд. Худи он мафхумхо хам, чун ба кор намераванд, андак-андак камранг ва зудуда мешаванд. Ба ростй, далели гирифторихои мо, аз хар лихоз, хамин забони носуфта аст.

    Мусалламан, касе мисли ин сафир, ба хич руй нахохад пазируфт, ки забонаш порсист. Чун дуруст хам мегуяд, порсй нест. Пас чист? Точикй? На, чун точикй хам номи маснуъии хамон забони порсист. Дар вокеъ як навъ забони безабонист. Як навъ талоши гунге барои адои вожахо.

  16. Ман фикр мекунам, ин тавр нест, ки ба гуфтаи Бебок, миллати мо хеч бошад ва хеч чиз надошта бошад.

    Агар хеч мебуд, холо кишваре ба номи Точикистон вучуд надошт. Ва агар имруз чунин мамлакат мавчуд намебуд, шояд мо хам вучуд намедоштем.

    Худи президент Рахмон мегуфту мегуяд, ки сарватхои Точикистон 40 миллион нафарро хуронда метавонанд. Албатта, ё каме зиёдаравй шудааст ё шояд ин харф дуруст асту танхо шароите фарохам намеояд, ки 40 не, акаллан 4 миллионро бихуронем.

    Агар Точикистон вучуд намедошт, мо ватан гуфта чиро дуст медоштем? Хатто аз фикри ин холат дар бадани ман мургак медамад. Барои хамин шукр кунем, ки Точикистонро дорем.

    Бенавотарин точик хам гурур ва ифтихоре дорад. Пули дарозкардаи шуморо намегирад. Хаддиакал бе ичрои коре намегирад. Хатто агар ин ришва бошад. Дар кучои олам дидаед, ки агар дар кор буд нашавад, ришваи шуморо бармегардонанд?

    Гурури точикй хануз зиндааст, пас буи умед хаст.

    Хурдагиру нуктагир хастем. Агар як кас ба мо сад некй кунад, сипосаш хохем гузошт ё на, вале агар як бадй кард, умре дорем, намебахшем.

    Кудратро дуст медорем. Агар як вазифаи хурдтарин насибамон шавад, ба диктаторе табдил мешавем, ки гуё чахон дар зери мпои мост. Чохталабй дар чахони имруз чандон чизи бад хам нест. Шояд судаш дертар рушан шавад.

    Мадади байнихамй низ зиёд аст. Дар гурбат агар точике дармонад, точики дигар кумак мекунад. Масалан, Каромати Шарифро дар Маскав тангдастй мачбур накардааст, ки ба махбасу боздоштгоххои Русия равад ва точиконро халос кунад.

    Баъзе чизхое дорем, вале шароити нек ва рахбарони окил надорем, ки ба рушди тавонмандихои мо мусоъадат кунанд.

  17. Суханони ҳамаи шумо бомаънианд, аммо..
    Ман ҳеҷ як золиму ҳокими худкомаро ва ҳукуматдории беадолати онҳоро сафед намекунам. Гуфтаниам ки ҳар як миллат мояи ифтихори худро дорад, ва гар ифтихор карду барои ташфиқи дастовардҳои милли ва фарҳангиаш кушише ба харҷ супорид, аҳсанаш мегӯям ва ҳасрат мекунам ки мо тоҷикони пурғурур заррае ҳам накардаем ва танҳо бо сер кардани нафси сернашавандаи худ ва бо пуркардани киссаҳои пурнашавандаи худ машғулем.
    Дар бораи гадо набудани тоҷикҳо: ман сад дар сад бо гапҳои шумо рози мешудам агар аз минбарҳои баланд мақомдорони тоҷик дасти гадои дароз намекарданд. Худатон иқтибосеро аз пурсиш дар бораи ки будани тоҷикҳо овардаед, ки дар он ба мо ҳар чизе бад ки дар ин дунёи фони ҳаст ном доданд. Пас шояд, махсус кадом душманони миллати тоҷик садҳо миллион долларо танҳо ба хотири бад кардани номи тоҷикон, ба харҷ медиҳанд. Аммо худи мо мусичаҳои бегуноҳему, ин сифатҳо ба мо ягон дахл надоранд. Русҳо мегуянд дуд бе аланга намешавад.
    Дар бораи арзи вуҷуд кардани кишвари ба номи Тоҷикистон, ҳамон урусҳои лаънати намебуданду, дар асри 18 Туркистонро тасарруф намекарданд мо ба ҳайси миллат кайҳо нобуд мешудему, ному нишони мо намемонд. Аҳолии аксаран эронинажоди (дар инҷо манзурам ориённажодон, ҳастанд, на он мафҳуми маҳдуди эрониҳо ки шояд дар асл танҳо қисмати хурдашон ба ин нажод дахл доранд) Осиёи Марказй баъд аз нобудшудани сулолаи Сомониҳо дар асри 10, пайваста то асри 20 зери ҳукумронии туркон ва муғулон ба сар мебурд. Миллионҳо зери фишори бегонагон забон, одат, шаҳру деҳот, қиёфа, фарҳанги худро гум карданд. Ва агар урусҳо Туркистону Хева, Самарқанду Бухороро шикаст намедоданд вой бар ҳоли мо буд. Ба ин бояд иқрор шуд. Ва агар он режими “хунхори коммунист” ки ба деҳоти мо гозу барқ, донишгоҳу, рузнома, корхонаву роҳҳои мошингард овард намебуд, Тоҷикистон ном кишварро имруз дар ягон харита бо дурбину заррабин ҳам пайдо намекардед.
    Ку буд Эрон он замон? Дар худи Эрон сулолаҳои озари ҳукумрон буданд ва ҳоло ҳам мансабдорони балндрутбаи Эрон аксаран озариҳоянд.
    Пажӯҳишҳои генетикҳоро дида бубинед ки мегуянд аждодони аксарияти аҳолии Эрони имруза арабанд.
    Чаро дар эрон тоҷикдӯсти нест, тавре ки дар яке аз матлабҳои ин саҳифа хондаем? Чаро мо барояшон душманем, бо вуҷуди он ки бо як забон суҳбат мекунем. Хазораҳо ҳам бо ин забон ҳарф мезаннд ва яҳудиҳои Осиёи Марказиву Қавқоз низ, пас чи?
    Бале мо суғдиву, бохтариву, масожетиву, сакои ва илова бар ин хоразмиву истравшанием, на форс. Бале мо аз қавми Тур фарзанди Фаридунем. Ҳамон тавре ки яҳудиву араб аз як падару модарҳояшон дигар.
    Ман уммуан ҳеҷ кадомро куфтани нестам, ҳеҷ касро ба пайравии худ даъват ҳам намекунам, аммо онҳо мо нестанду мо онҳо нестем. Ба ақидаи Дорюш ҳамаи словянҳо бояд худро Рус гӯянд?
    Ба худои бахшанда месупораму сӯҳбат боқи

  18. Бебоки азиз,

    Ташаккур барои бебокиат. Шояд дуруст аст, ки агар русхо Осиёи Марказиро ишгол намекарданд, вазъи точикон бадтар мешуд. Вале русхо чандон дар пайи бунёди Чумхурии Точикистон набуданд. Ин талоши худи мардуми точик буд, ки давлати мо пайдо шуд.

    Мардум хакталабй ва хакталошй кард. Тазохуроти мардуми Конибодом, ки рохи оханро бастанд ва то Михоил Калинин ваъда надод, ки онхоро ба Вилояти Мухтори Точикистон хамрох мекунад, катори уро намонданд, харакат кунад. Худи Калинин дар ин бора мегуяд ва икрор мекунад, ки аз тарафи дигар Хизби болшевикон ин хакикатро хам фахмид, ки дар симои Узбакистон чумхурии аз будаш зиёд таъсис дода шудааст. Нусратулло Махсум эътирозхои зиёди катбии мардумро ташкил дод ва ба Бюрои осиёимиёнагй расонд. Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдулкодир Мухиддинов, Абдурахим Хочибоев ва дигарон талоши сахт карданд.

    Бо корномаи онхо Бобочон Гафуров метавонист касе бошад, бидуни фарке аз Чаббор Расулов.

    Манзури ман инки агар тапу талоши ин ашхос намебуд, Точикистон имруз вучуд намедошт. Пас буд гурури точикй ва чанд тан хам метавонанд, коре ба ин бузургй бикунанд.

    Мо метавонем, соатхо аз вазъи бад харф занем, хамдигарро тахкир кунем, аз хамдигар чурм ковем, онгуна ки мегуй одат дорем. Вале метавонем, энергияи худро ба самти дигаре равона кунем ва агар на баробари кори бузурги давлатмардон, балки ба андозаи як кадами кучак коре анчом бидихем.

    Ман ба як чиз бовар дорам, ки он сухан аст. Дониш, идрок, эхсос, амал ва дар нихояти кор кахрамонй хамагй аз сухан бармехезад. Бовар дорам, чавононе ки ин харфу калимахоро мехонанд, оянда ба онхое табдил меёбанд, ки Точикистонро сохтанд. Онхо аз хамаи мо ва аз хамаи пешгузаштагон бехтар хоханд буд ва Точикистони бехтаре хоханд сохт.

  19. Бебоки гиромй,

    Зохиран сахт норохатй. Аз суханонат хурми хашматро эхсос мекунам. Ин шилликхои лафзй кор ба чое намебарад ва бехтар аст ба дур аз эхсос бо хам сухбат кунем.

    Дар садаи 18 минтакаи мо Туркистон ном надошт. Импротурии Русия танхо дар дахаи 1860 (карни 19) бахше аз минтакаро тасарруф карду ба он номи Туркистони Русия ё Туркистанский край-ро ниход. Ва он замон хам аморатхои мо чузъе аз Туркистон набуданд. Пас ядак кашидани ин ном бемаврид аст. Зимнан, русхо лаънатй набуданд. Кутохй аз худи мо буд, ки вакте ба дасти русхо уфтодем, мизони савод дар Аморати Бухоро андаке бештар аз ду дарсад буд. Заъфи фархангй хамеша бо шикаст хамрох аст.

    Хатман медонй, ки вожаи Эрон хам баромада аз хамон Ориён аст ва оре дар корбурди таркиби «эронинажод» намебинам.

    Эрони он замон хам ба монанди худи мо гирифтор буд. Баъд аз бозхези тамаддуни эронй дар асри Нодиршохи Афшор навбати сукути он дар давраи шохони Кочорй буд. Бале, онхо хам озарй буданд, ба монанди Оятуллох Хоманайи, ки акнун руи кор аст.

    Вале бардошти онхо аз озарй аз бардошти хелехои дигар фарк мекунад. Онхо ба хубй огоханд, ки такаллум ба забони туркй ба маънии турк будан нест. Шумори зиёде аз озарихои Эрон дигар туркизабон хам нестанд.

    Бисёре аз точикони мо русизабонанд. Вале оё метавон ба онхо рус гуфт? Озарихо аз тираи олонй (аланй)-и эрониён хастанд ва бо иристонихо (осетиёихо) як решаи вохид доранд. Иристонихо эронй бокй монданд, аммо мазхабашон масехист. Озарихо забонашон туркй шуд, аммо фархангу иркашон эронист. Хушбахтона, марази махалгаройи дар Эрон хелехоро гирифтор накардааст ва аксаран бо гурур худро эронй медонанд.

    Худи ман шохиди гуфтугуйи Аббоси Маликй, муъовини пешини вазорати хоричаи Эрон бо диплумотхои Боку будам, чун тарчума мекардам. Маликй хам озарист. У ба забони шевои порсй барои хамкавмони он суи марзаш тавзех дод, ки онхо низ дар вокеъ эронй хастанд, на турк. Низомии Ганчавй хам як нима озарй буд, вале эронй бокй монд ва хадамоти шоёне кард. Аз шоъирони муъосир Шахриёр хам озарй буд, аммо газалиёти порсии у ба маротиб бехтар аз бисёре шоъирони дигар буд. «Омадй? Чонам ба курбонат, вале холо чаро?» аз осори мондагори газали имрузи порсист.

    Дар мавриди пажухишхои женетикй: то кунун хич пажухиши женетикии саросарй дар хич кишвари чахон анчом нагирифтааст. Ва хич касе наметавонад бо омори дакик бигуяд, ки чи микдор хуни мо арабй ва чи кадр туркию мугулист. Пас ин далел мансух аст.

    Чаро мо бояд хамеша чашми тамаъ ба атроф бидузем? Чаро хамеша бечоранолй кунем, ки ину он барои мо коре накард? Мо хам мисли хама аз аъзои бадани комил бархурдорем. Чаро худи мо барои худамон коре накардему намекунем?

    Ишк ба Эрон, дар вокеъ, ишк ба сарзамини худи мост. Зодгохи Эрон хамин чост. Зодгохи забони порсй хамин чост. Порсй пеш аз ин ки ба каронахои Халичи Форс бирасад, аз марзхои феълии мо сарчашма гирифт. Нахустин ашъори порсиро мо сурудем. Оё месазад, ки ба хотири нооромихои гузаро бахши азиме аз пайкари фархангии худамонро тард кунем? Оё фикр намекунй, ки бо ин кор Фирдавсию Хофизу Мавлонову Саъдию Хайёмро хам тард кардаем? Хич як аз онхо дар Точикистони мо ба дунё наомадаанд, аммо тамоми рагу паяшон точик (форс) буд. Пас хакки маънавии ин корро надорем.

    Хазорахо мугуланд ва яхудихо сомй, вале агар забони модарии онхо низ порсист, онхо хам порсизабон ба шумор меоянд. Ичозаи ману туро намехоханд.

    Мосожету сакойиву сарматию гайра огози рохи мо буданд ва хуни онхо дар рагхои мо чорист. Аммо онхо дигар ба унвони кавм вучуд надоранд. Вучуди онхо дар гузашта ба монанди вучуди таъбирхои кулобй, хучандй, ванчй, зарафшонй, раштонй буд. Номи миллати онхо эронй буд ва хаст. Агар мо хануз хам кодир ба тавсеъаи дидамон нестем, пас дуруст аст, хануз хоразмиву истаравшанй хохем дошт, аммо ман дар он чамъ худамро намебинам. Агар худамонро бачаи Тур хам бидонем, боз хам набераи Фаридун мешавем. Пас хануз эронй (ба мафхуми фарохи нажодй, на сиёсй) хастем. Ва чун забони модаримон форсист, пас форс хастем. Бисёр сода аст.

    Мукоиса бо яхудиву араб дуруст нест. Имруза онхо на танхо созгории физикй, балки созгории забонй хам надоранд. Хамин мавзуъ дар бораи слов (славян)-хо хам сидк мекунад. Укроинй забон аст, чекй забонест дигар ва русй хам хамин тавр. Аммо забони мо порсист ва мо ворисони Фирдавсй хастем ва дар кишвархои дигар милюнхо хамкавм дорем.

    Бо арч,
    Дориюш

  20. Salom Bebok,

    har yak tanga du taraf dorad. Agar Russho osiyoi markasiro nemegiriftand onro Anglisho megiriftand va monandi Russho mablaghgusori mekardand. Ishgholi osiyoi markasi baroi russho as nuktai nasari siyosi va strategi khelo sarur bud va hissae, ki onho dar shakli rohho va binoho gusoshtand nisbati foidae, ki onho didand hej ast.

    Millati busurg budani Tojikonro man ham seri shak megusoram, chunki millati busurg ba in ruse, ki tojikon dorand nameaftad. Meguem dar Bukhoro Tojikand hama, rosti onho Tojikisukhanguyand, ammo Tojik nestand, man as yakchande pursidam onho guftand eroni hastand va digaron ham onhoro eroni menomand.

    Hamai in kashmakash moli avvali asri karin ast. Mo hama khalkhoi osiyoi markasi dar pai shudani Millatem. Bunyodi Millat as solhoi ’90 sar meshavad va sadho soli digar idoma khohad yoft.

    Taksimoti tabari ham gunohi tanho panturkiston nest, balki gunohi mansabtaloshii Tojikon ast, ghurur va hissiyoti milli on vakt vujud nadosht.

    Boyad shukr guem va ba pesh nigarem, hissiyoti ta’rikhi doshta boshem va vision ba oyanda.

    M.

  21. Dear Dariush.
    Thanks for welcome, I wish I understood tajik or persian. I hope one day I will be able to read and understand your language. As, this language holds a big treasure. By the way, these days my favorite reading is a 16 century commentary of Turkish sufi author (Ismail Hakki) on Mevlana Rumi’s Mathnavi. It is a fabulous reading. but, I have to say that the text is just converted to present day alphabet without any changes in the language. That’s why the reading is very difficult and requires a lot of attention to understand it. I understand about 10 to 25 % of what I am reading. But this is already enough to get a big pleasure from the beauty of the text.

    About, your remark, I am of course well aware of evilness of Hitler’s deeds. We have a chance to know this because: a) he was a contemporary figure; and, b) he was defeated. If he were the winner, may be today he would be depicted in other way, unfortunately.
    The same applies for ancient figures. But, contrary to Hitler, the history related to them was written and re-written too many times according to the wind of times. If Persian King ameliorated Persepolis, he carried out destructions in other places. If Alexander destroyed many cities, he built up cities whose inhabitants shared the same culture and belief with him.

    That’s why I think we shouldn’t use too much the history for the present. We should use it with intelligence and within limits. Here, I support tojvar and I am against using history, especially by falsifying it, to boast, wrongly, narrow nationalist feelings in our present day Central Asia as well as in the world. This remark concerns both turcophone and persophone brothers.

  22. Dear Mahzun,

    It’s great to learn about your interest in Persian and I’m sure, if you are motivated enough especially by immortal writings like Mathnawi, God willing, one day you will succeed to read and totally understand it. I believe Persian is among easiest languages to learn. The same is Turkish whereas their grammar rules differ completely. Grammatically Persian is closer to French and almost identical with Hindi. Linguistically, I’m sure you being a Central Asian will grasp thousands of our common words in Persian.

    As for the flight of your imagination with ‘a victorious Hitler’ and its consequences, I hope you’d allow me to elaborate my own stance.

    Nowadays we can see numerous little “hitlers” who would have outdone Hitler himself in brutality if the world was in the same deep political ignorance and apathy of previous centuries. We have the records of ancient destructions as well, but still ancient despots are revered by their nations just because they robbed and looted more to build their own empires. Bush is doing the same. But does everybody approve his deeds in his own America? Polls show the contrary. Because, as mentioned before, our values have undergone a dramatic shift, based on what we see him as a brutal leader of an empire. While in earlier times Alexander was praised even in poems by defeated nations in Asia long after his death. Or even in Iran some people used to name their offspring Genghis. Will anybody in Iraq name his child Bush tomorrow? I doubt it. It’s a different world with different notions.

    In my previous comment I deliberately compared Alexander with Cyrus. Professor Michael Axworthy in Oxford scrutinizes this question in his latest book “The Empire of the Mind” and draws a conclusion that the logic of statecraft had prompted Cyrus that it would be more sustainable in the long run to let subjects conduct their own affairs, worship as they please, not to destroy their cities etc. And he was the first ever King to take this kind of approach in his empire-building. His clay cylinder is recognized by some as the first Declaration of Human Rights. While we had several other kings like Xerxes who conquered Athens and burnt it, slaughtered its inhabitants, but expanded Persia’s dominion. They are not celebrated in any form and there is no reason to be proud of them.
    This could be a difference between a boastful narrow-minded nationalism and a sound reflexion of the past.

  23. Dear Dariush,
    what do you think about this article of F. Xolbek:

    http://www.centrasia.ru/news.php4?st=1204544640

  24. Dear Mahzun,

    I think the questions raised by him are very actual and need to be attended to properly and separately.

    Do you have any specific thought about it, my friend?

    Btw, it could be found in English and Persian as well in the link below:
    http://tajikistanweb.com/010308_idea.html

  25. – В данный момент мне поступило очень много предложений и от американских студий. Сейчас я рассматриваю их, – говорит он. – Но в то же время у меня есть свои проекты, с которыми я уже начал работать. В том числе “Монгол-2” и картина “Султан Бейбарс”, режиссером которой является Ермек Турсунов. Я думаю, что смогу помочь ему в создании этого фильма. Недавно мы купили права на книгу “Томирис” у сына писателя Болата Джандарбекова. На мой взгляд, это богатейший материал, на основе которого может получиться фильм. В общем я вам перечислил столько проектов, сколько хватит на десять лет моей жизни.

    – Чтобы снять все картины, о которых мы сейчас упомянули, понадобится около 120 миллионов долларов, – комментирует ситуацию исполнительный продюсер “Монгола” Булат Галимгереев. – И в данный момент я хочу привлечь к этому внимание представителей общественности и бизнеса. Тема Томирис – это исконно казахская тема. Большой гражданский долг Казахстана – не только принять участие в подготовке данного проекта, но и выступить в качестве лидирующей страны в производстве картины.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: