Сангфурушон ва сари шишаии мо

greozin.jpg

Ман намехостам, ки “Андеша” нишемани матолиби “дасти дувум” бошад. “Нав пеш ор, ки навро тароватест дигар.” Мехостам, дар сархатти чабхаи навандешон бошам. Вале чи кунам, чун Симурги илхом маро ба парвоз мебарад, вокеъияти сахту сангин аз поям мекашад. Навандеш бош, аммо заминй.

Кутох, ин бор хам иктибосеро пеши ёрони хамандеш менихам. Моле эълом додааст, ки барои ангезиши ташаннуч дар Точикистон якуним милён дуллор кофист. Мегуяд, ин сармоя бояд ба дасти як бахше аз хокимону саромадон дода шавад, кор тамом аст ва кишваре ба номи Точикистон тиккаву пора мешавад.

Хануз нарасидем, бифахмем, ки чаро якеаш бо номи Сергей Михеев вилояти Сугди моро ба Узбакистон бахшид, дигареаш аз мушхонае сари хирсона берун карду фигон зад, ки як кисмате аз хукуматдорони Точикистон тайёранд, дар ивази 1 милёну 500 000 дуллор мардуми хунро ба хоку хун гарк кунанд.

Чаро чунин тавхин? Дар чи асос ва ба чи далел? Ин оё бардошти иштибохй аз чанги солхои 1992-97 аст ва ё дар хакикат кисме аз хукуматдорони кишвар ишорае ба пулдорони Русия додаанд? Кумаки башардустона?

Чангро солхост, ки пушти сар гузоштем ва сулхи мо обруи мо шуд. Харчанд чанги Точикистонро як чанги шахрвандй меноманд – “гражданская война”, ин як чанги боршуда буд, зеро ба чахон бингаред, ягон чанги шахрвандй дар 5 сол хатм нашудааст. Хамаи чангхои шахрвандй аз 10 сол бештар тул кашидаанд ва бархе аз онхо идома дорад. Ин чанги сохтаи Русияву Узбакистон бо точикони озодандеш, сарбаланд ва богурур буд.

Пас чаро точик точикро кушт? Оре, машхуртарин сарлавхаи матбуъоти Русия дар он солхо хамин буд – “Почему таджик убивает таджика?”. Онхое, ки мекуштанд, холо агар девона ё маризи дигари равонй нашудаанд, агар худкушй накардаанд ва агар хам он замон виждон ва хисси миллй доштанду хам холо доранд, бадбахт ва пушаймонанд. Курбониёни онхо дар симои бародари хамзод ё фарзанди худашон ба хоби онхо меоянд ва чизе нагуфта, танхо табассум мекунанд. Аммо хамин кофист, ки хун ба сар бизанад ва хоб аз чашм бипарад ва руз дар чашми инсон сиёх бошад.

Наход боз касе ёфт хохад шуд, ки даст ба хуни бародари хеш бизанад?

Агар ин иддаъои “коршинос”-и рус бардоште аз чанги дуругин нест, пас аз кучост? Ба эхтимоли зиёд аз нотифокии дохили хукумати Точикистон. Аз бадгуихои пушти сари хамдигар. Аз талошхои фурухтани худ ба Русия бо нархи харчи гаронтар. Ачиб аст, ки ин якуним милён нархи чанд нафари онхо бошад? Онро ба чанд бояд таксим кард, ба 5, ба 10, ба 50 ё 80?

Ачиб аст, ки нархи як таркиш дар Душанбе чанд дуллор бошад? Кохи Вахдат, фаразан. Он пирамарди бечораи кучарубро ёд доред, ки дар авалин руз кораш пас аз рухсатй пакетеро аз замин бардошту тикаву пора гашт? Онхо мехоханд, хамаи моро хамин гуна тиккау пора бубинанд? Пирамардро чанд нарх гузошта бошанд? Инфичор дар Додгохи Олй? Дар мошини фармондехи Горди миллй? Даргирихои Гарму Хоруг — чанд дуллор?

Шояд чаноби Грозин суханони Олег Дерипаскаро ба ёд овард, ки гуфта буд ба 1 милён дуллор хар хукуматеро дар кишвархои Осиёи Марказй иваз хохад кард? Соф гирифтори инкилобхои сиёху пурдуде мешавем, монанди дуди Донишгохи Буалии Сино. Ба фикрам, иниклобхои ранга, ки ба Чорч Сорос нисбат медиханд, бояд ба маротиб гаронтар бошанд. Дар онхо ранги бештар сарф мешавад – кирмизу норанчу лолаиву… Аммо ин навкисахо факат сафеду сиёхро мешиносанд. Зеро бобояшон танхо сурху сафедро дониста буд. Сурххо оянд мезананд, сафедхо оянд, хамчунин, мужик чони худро ба кучо пинхон кунад? Хаминхо набуданд, ки моро ба “вовчику юрчик” ва сурхову сабзхо таксим карданд? Акнун таксимбандии нав ба сафедон ва сиёхон? Чаро касе ба бозори махмал намеравад? Афсус. Шоъири точики Афгонистон хуб суруда:

Хама чо дукони ранг аст, хама ранг мефурушад.

Дили ман ба шиша сузад, хама санг мефурушад.

Точикистон дусти хамин сангфурушон аст. Грозини сангфуруш пешгуй мекунад, ки ягон сархад дар Осиёи Марказй ба сурате нахохад монд, ки имруз хаст. Харитаи сиёсии минтака ба куллй иваз хохад шуд. Агар Грозин аз мухлисон ва наздикони Путину Медведев аст, шояд барномахое кайхо омодаанд? Оё точикони сарсахт дар мукобили чунин барномахо чи доранд? Силох? На, бо он кухнаколои русй ба чое намерасед. Иттиход? Як замон рамзи пирузй буд, холо касе ба фикри иттиход нест, бизан, бидарон, бикаш, бубар, бху, бигард…

Сиёсати мутаносиби хоричй? Ин хам моли нодир аст. Вакте ба як хамсояи худ забони муштарак намеёбед, чи расад ба кудратхои дуртар.

Сарвати хангуфт ва бениёзй? Ин хам нест. Дируз буд, ки Созмони Милал мегуфт, ним милёни ахолии Точикистон имруз гуруснагй мекашад, нон намехурад, то маводи сухт пайдо кунаду нагузорад, бачахояш дар хоб ба часадхои яхбаста табдил ёбанд.

Билоахира агар онхо ин якуним милёнро ба милиса ва скинхедхои рус бидиханд, то хамаи точикон аз Русия ронда шаванд, дарвокеъ харчи зиёде нахохад буд ва муродашон хосил хохад гашт. Наход, ба хам задани вазъ дар кишвари мустакили мо ин кадар осон ва арзон бошад?

Дил мехохад, далели занандае дар мукобили “фолбин”-хои кишвари “дуст” ва коршарики стратегй пайдо кунад, аммо хайхот, кори сахтест. Ин коршарик моро ба холе расонд, ки акнун аз дур бо чунин ишорахо моро за зиндагй ноумед мекунад. Аз мост, ки бар мост.

28 Responses

  1. Шишаи мо санги хоро бишканад,
    Хомии пухтахоро бишканад…
    Гардани гардуни гардон бишканем,
    Пеш аз он ки гардани мо бишканад!
    (Лоик Шерали)

  2. Русхо хамеша бо мо ва эхсоси мо бози мекарданду мекунанд. Аммо фаромуш набояд кунем, ки чанги дохилии Точикистон хам кушишхои чониби Русияву Узбакистон будааст. Холо як пора аз сухбати хоси Хочи Акбар Турачонзода, яке аз шохидони даргирихои дохилии Точикистонро пешкаш мекунам. Казоват аз Шумост!

    “Вақте аз Маскав ба Теҳрон омадам, маро дар меҳмонхонаи вазорати умури хориҷии Эрон ҷой доданд. Ман ба он ҷо ба ҳайси раиси Идораи қозиёт рафта будам. Оқои Вилоятӣ қаблан низ аз наздик бо ман ошноӣ дошт. Вақте ба Тоҷикистон омада буд, мулоқот карда будем. Чунин як шиносоии инфиродӣ буд, ки дар он ҷо хуб истиқбол гирифтанд. Рости гап, дар мулоқоти аввал чизе напурсиданд. Гуфтанд, ки Эрон ватани Шумост, манзили Шумост, чи қадаре мехоҳед зиндагӣ кунед. Баъд аз чанд мулоқот пурсиданд, ки чи нақшаҳо дорем, чи кор карданӣ ҳастем. Гуфтанд, агар мубориза ҳам мебаред, ҷудо-ҷудо набошед. Аз як гиребон сар бароред, мушкилатон ба зудӣ ҳал мешавад. Коре кунед, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ нашавад. Ҷанге, ки кишваратонро харобу иқтисодашро касод кунад. Мо дар аввал бо назардошти одоби меҳмонӣ насиҳати эшонро гӯш кардем ва дар мулоқоти минбаъда гуфтем, ки охир, ин ҷанги Тоҷикистон аз хориҷ таҳмил мешавад. Яъне таҳрикдиҳандаи ҷанг худи тоҷикон нестанд. Фронти Халқӣ аз тарафи Узбакистону Русия ташкил шудааст. Русияву Узбакистон ба Фронти Халқӣ силоҳ доданд, тир доданд, танк доданд ва ҳоло зимоми Фронти Халқӣ дар дасти ин ду кишвари «дӯст»-и Тоҷикистон аст. Мо ҳамагуна кӯшиши мусолиҳаро бо ин гурӯҳ анҷом додем, вақте дар дохили Тоҷикистон будем. Ҳукуматашонро эътироф намудем. Аз ин рӯ, музокира мекунем, аммо бо Русияву Узбакистон, на бо ҳукумати Тоҷикистон…”
    (аз сухбати Хочи Акбар Турачонзода)

  3. Русхо хамеша бо мо ва эхсоси мо бози мекарданду мекунанд. Аммо фаромуш набояд кунем, ки чанги дохилии Точикистон хам кушишхои чониби Русияву Узбакистон будааст. Холо як пора аз сухбати хоси Хочи Акбар Турачонзода, яке аз шохидони даргирихои дохилии Точикистонро пешкаш мекунам. Казоват аз Шумост!

    “Вақте аз Маскав ба Теҳрон омадам, маро дар меҳмонхонаи вазорати умури хориҷии Эрон ҷой доданд. Ман ба он ҷо ба ҳайси раиси Идораи қозиёт рафта будам. Оқои Вилоятӣ қаблан низ аз наздик бо ман ошноӣ дошт. Вақте ба Тоҷикистон омада буд, мулоқот карда будем. Чунин як шиносоии инфиродӣ буд, ки дар он ҷо хуб истиқбол гирифтанд. Рости гап, дар мулоқоти аввал чизе напурсиданд. Гуфтанд, ки Эрон ватани Шумост, манзили Шумост, чи қадаре мехоҳед зиндагӣ кунед. Баъд аз чанд мулоқот пурсиданд, ки чи нақшаҳо дорем, чи кор карданӣ ҳастем. Гуфтанд, агар мубориза ҳам мебаред, ҷудо-ҷудо набошед. Аз як гиребон сар бароред, мушкилатон ба зудӣ ҳал мешавад. Коре кунед, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ нашавад. Ҷанге, ки кишваратонро харобу иқтисодашро касод кунад. Мо дар аввал бо назардошти одоби меҳмонӣ насиҳати эшонро гӯш кардем ва дар мулоқоти минбаъда гуфтем, ки охир, ин ҷанги Тоҷикистон аз хориҷ таҳмил мешавад. Яъне таҳрикдиҳандаи ҷанг худи тоҷикон нестанд. Фронти Халқӣ аз тарафи Узбакистону Русия ташкил шудааст. Русияву Узбакистон ба Фронти Халқӣ силоҳ доданд, тир доданд, танк доданд ва ҳоло зимоми Фронти Халқӣ дар дасти ин ду кишвари «дӯст»-и Тоҷикистон аст. Мо ҳамагуна кӯшиши мусолиҳаро бо ин гурӯҳ анҷом додем, вақте дар дохили Тоҷикистон будем. Ҳукуматашонро эътироф намудем. Аз ин рӯ, музокира мекунем, аммо бо Русияву Узбакистон, на бо ҳукумати Тоҷикистон…”
    (аз сухбати Хочи Акбар Турачонзода)

  4. Боз хам такондиханда буд ва лутфан хар чи аз ин даст навиштахо гиратон меояд, бедарег ба хурди чашмони мо бидихед.
    Вале хар чи мегардам асли ломасабро пайдо намекунам. Дар иваз чандин музахрафи ёвасароии дигар ёфтам. Хануз дунболи Грозя мегардам.

  5. Дориюши азиз, аз кахр пайванди он сафхаро насб накардам, аммо мебинем, мухим аст. Ин чост:

    http://www.km.ru/magazin/view.asp?id=F3925AECA30043CCADAF1AAD4D2B3000

  6. Дилии азиз.

    Шояд ин тур аст: “Шишаи мо санги хоро мешикаст…”?

    Лек комилан бо ту мувофикам. Ин хотирахои Турачонзода дар кучо нашр шудаанд? Хеле чолибанд ва пур аз хакикат.

    Аз ин лихоз оё метавон гуфт, Русия дубора дар пайи ноором кардани ватани мост?

  7. Salom Hamvatanon!

    Makolai zerinro honda baromadem, rusiya boz az pasi bozihoi shohmot shuda istodaast. Vakteki hukumat az pasi halli kambudihoi iktisodi shavad va ba sarmoyadoroni GARB murojiat bikunand dar rusiya haminhelin makolaho chop meshavand. Magar in yak tavofuk nest? Siyosati rusiya bo mo hamin hel hast, yani na memonand ki ozodona harakat bikunem, na baroi peshraviyamon kumake mekunad. Va holi hozir rusiya dar Osiyoi Miyona mutafiki hudro yoftagi meboshad in uzbakiston ast. Avval uzbakiston bo Amriko va Garb hamkori dosht, pas az vokiyahoi Andijon az onho dur shuda bo rusiya hamkoriro sar kard, ki in ba hamkorii dujonibai Tojikiston va rusiya zarar rasonid. Aknun mo baroi rusiya nazar ba uzbakiston dar sinfi duyum meboshem. Baroi hamun ba in hel makolaho ahamiyat nadoda az pasi rohi pesh giriftai hud shudanamon lozim ast. Chitavreki buzurg megutand SAG HAFAS MEZANAD, KORVON MERABAD. Mo korvonamon ba pesh ravad shud, ba har yak sagu gurba ahamiyat dodanamon lozim nest.

    Hulosa on ast ki bo inhel makolahoi yak du sag, umedi hudro gum nakuned. Az hama muhim on ast ki mo yak digarro dast giri karda, va baroi davlati hud hizmat mekunem va kardan megirem…

    Bo ehtirom,
    Diplomat

  8. Diplomat – и азиз.

    Комилан дуруст аст. Замоне ки пойи Русия дар Осиёи Марказй дар холи сухтан буд ва чое намеёфт, онро бигузорад, Точикистон, бигзор аз рохи як чанги тахмилй хоки худро дар ихтиёри пойи Маскав гузошт. Агар он вакт дар Точикистон чанг намешуд ва Русия комилан минтакаро тарк мекард, дигар харгиз ба он чо баргашта наметавонист. Ин орзуи Узбакистон буд. Вале Узбакистон бо кумак карданаш дар аланга гирифтани чанги Точикистон иштибох кард ва худ сабабгори дар минтака мондани Русия шуд.

    Он замон Русия зори Точикистон буд. Акнун ки дубора бо Тошканд муттахид гашт, парвои Точикистон надорад.

    Дар чунин холатхо кишвархои доно аз фишангхои махсус истифода мекунанд. Масалан, як руз хазорон нафар ба хиёбонхо мебароянд ва дар баробари куштори мухочирони точик дар Русия ва бечазо бокй мондани котилон ихрочи пойгохи харбии Русияро талаб мекунанд. Хукумат гуё ба ин дахле надорад, балки созмонхои гайридавлатй ва ахзоби сиёсии мухолирф талабро ба миён мегузоранд.

    Талаби нихой ин мешавад, ки агар боз як точик дар Русия кушта мешавад, мо ин пойгохи харбии Русияро аз Точикистон берун меафканем.

    Оё рузе ин гуна мешавад? Бовар надорам. Аз дасти мо, ки Равшану Джумшуд хастем ин хел кор намеояд. Аз тарафи дигар хукуматдорон хама гуна чамъомад ва рахпаймоихоро мамнуь эьлон кардаанд.

  9. Diplomati aziz,

    charo namegui: ki Hukumati imruzaro ba sari kudrat ovard? Magar onho bo rohi konuni intkhob shudaand?

    Inho hamon khoinonand, ki bo farmoni UZB va RU tojik sar mesadand va dehahoi Gharmro bo havopaymohoi uzbakistoni bombaboron mekardand. Imruz hujain ba in shagholho ehtijog nadorad, onho vasifai iflosro ijro namudand va aknun hamchun sag as dargoh ronda shuda istodaand.

    Bovar kun hukumati imruza ba khalki Tojik dakhle nadorad va khalki tojik ba hukumat hamchunin.

    M.

  10. Аз мост, ки бар мост. Бо сабаби он ки хукумати Точикистон хама гуна озодандешй ва ташаббусоти мардумиро бугй кардааст ва ниходхои чомеаи маданй дар зери фишори оханини хукумат карор доранд, хеч садое ба мукобили русхо баланд намешавад.

    Худ менависед, ки дар Точикистон харчанд конуни асосй ба тазохурот ва гирдихамой ичоза медихад, хукумат камтарин кушиши чунин тазохуротро дар нахустин сонияаш бугй мекунад. Дар хотир дошта бошед, Рачаби Мирзо мехост, ин сукутро шиканад. Бечораро 15 руз зиндонй карданд.

    Холо бояд хукумат худ бифахмад, ки ин гуна фишор бар зарари худаш аст. Чунки мардум наметавонанд, хатто барои пуштибонй аз худи хукумат низ ба майдон барояд.

    Хукумати шуравй боз бехтар буд, ба митингхои зидди империализм ичозат медод ва хатто дар ташкили онхо кумак мекард.

  11. Ҳудуди 200 сокини шаҳри Хоруғ баъд аз зӯҳри 26 феврал бо нишони эътироз аз задухурдҳои мусаллаҳона ба ҳамоише иқдом карданд.

    Талаби асосии эътирозгарон бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ будааст. Эътирозгарон гуфтаанд, ин гуна гурӯҳҳо барои субот дар минтақа хатар эҷод мекунанд.

    Эътирозгарон, ки шумори бештарашонро занҳо ташкил медодаанд, сараввал дар ҳудуди мактаби миёнае ҷамъ шуда, ва баъдан сӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ роҳ пеш гирифтаанд.

    Эътирозгарон дар дастҳояшон шиорҳои «Модарон зидди силоҳанд» ва «Фарзандони моро ба ҷанг накашед» доштаанд.

    Гуфта шудааст, мубтакирони ин намоиши эътирозӣ худи занҳо будаанд. Сабаби аслии бурузи ин эътироз ҳамлаи ахири як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба шуъбаи умури дохила дар шаҳри Хоруғ будааст.

  12. Худо кунад, ки макомоти давлат ин занонро ба хабс нагиранд ва ё агар касе аз онхо кор мекарда бошад, аз кор наронанд.

    Дар чанд минтакаи Точикистон чунин тазохуроти стихиявии занон ба амал омада буд ва макомот аз журналистон талаб доштанд, ин вокеахоро “митинг” наноманд.

  13. Manushi aziz,

    Tashakkur baroi suhanoni manidoraton. Dustam, kase naguftaast ki hukumati imruzai Tojikiston az maloikaho iborat hastand. Bale onho ham dar idorai imruzai davlat helo hatoho kardaand va karda istodaand. Dar on jangi barodar kushi sharmandagi onho ham bozingar budand va rusiyavu uzbakiston hakamoni on.

    Baroi hamun mo guzashtaro ba yak taraf monda ba pesh nigaristanamon lozim ast. Bale az guzashta dars meomuzem va ba oyanda bo kadamhoi kalon ba pesh merabem toki hudamon ba po istodanro az hud bikunem.

    To ruzi ki karimov dar uzbakiston hast uzbakiston ba siyosati dohilai hamsoyahoyash dahldor meshavad. In sharmandagiro binek ki 5 davlati Osiyoi Miyona bajoi ki dar girdi ham jam omada hamchun Ittihoti Avrupo yak tashkilote tashkil kunad, sari yakdigarro hurda istodand.

    Mutasifona guftani hastam ki dar injo yak davlat bo hamai hamsoyahoyashon dar vaziyati notijin hast in uzbakistoni karimov meboshad. Baroi hamun intizori hamun meshavem toki sari davlati on digar shavadu va bo hamsoyaho hush muomila bikunand.

    Chitavreki habarhoi tozatarini Tojikistonro honda baromadem, boz bo garm shavii havo dar Vatan baze guruhho hamchun hayvon ba harakat daomadaand. Yane, dar Horugu Garm inhel harakatho ba vuku omadaast. Magar on sharmandagi bas nabud ki boz hamchun hayvon harakat karda istodaand. Ba gufti buzurgon odamon yak digarro bo harf / suhan zani mefahmand, ammo hayvonho bo boshad bo bukashi. Mutasifona dar Vatan in guruho na hissi odami dorand na hissi hayvoni, nadonam chi guyam…

    Yak chizro medonam, mo boyad ba nasli javon hissi vatan dusti va milliro fahmonem va az hama muhimtarin Tojikiston honai hamai mo budanashro doimo dar yod dorem. Agar hohem ki Tojikiston tarakki yobad in bo rohi dustiyu barodarii hamai shahrvandonamon meshavad, na bo kumaki barodari rus, amaki amrikoi yo inki apa hitoi.

    Hulosa on ast ki, hama chiz dar dasti hudi MO meboshad!!!

    Bo ehtirom,
    Diplomat

  14. Follower – и азиз пайванди як сомонаи интернетиро фиристодааст, ки гуё аз номи точикон ва барои точикон сохта шудааст. Баъзе аз нукоти он хандадоранд, аммо ба сурати кул ин як тахкирномаи миллати дигар аст.

    Ман аз он дар шигифтам, ки чи касоне вакт ёфтаанду ин кадар бо хавсалаи тамом ин гуна сойтеро сохтаанд. Магар кори дигаре надоштанд ва ё ин амал бо сармоягузорй ва максади муайян рохандозй шудааст?

    Хайфи ин афрод бо он фарханги пасту бозорияшон!

  15. Точвари гиромй,

    Ман имруз аз Михеев номае дарёфт кардам бо ду сатр:
    С уважением,
    Сергей Михеев

    Ва дар зери он номаи шумо буд, зохиран. Яъне номаи шуморо ба ман фиристодааст. Аз ин кор аслан сар дарнаовардам ва ду паёми дигар пушти сари хам ба у фиристодам, то казияро равшан кунад, ки он нома чи равбте ба ман дошт ва посухи худи у кучост.

  16. Dustoni Aziz,

    man dar sukhanoni in kotshinos yagon khatogiero namebinam ba bar’aks u ba mo rohi umedro pesgui mekunad.

    1.
    Meguyad, ki chi guna nobovari nisbati Hukumati imruzai TJK hast, ya’ne guruhe as omho tayorand sinai modari khudro ba 1,5 Million furushand. Khulosa as bayni satrho: Agar Tojikon as chunin mankurtho khalos nashavad yo onhoro seri khok pinhon nakunand ahvolashon badtar khohad bud.

    2.
    Sarhadhoi imruza in guna nakhohad moond. In ham ba mo yak nuri umed ast. Agar bos vatanfurushona, landahurona ba ablahona amal nakunem shans dorem saminhoi Tojikistoni ta’rikhiro bos gardonem. Mumkin in shansi okhirin boshad.

    Durud

    M.

  17. Точвари гироми,

    Русия ва Узбакистон барои хамеша барои точикон чох меканданд ва мекананд. Аммо ин дафъа бояд коре кунем, ки “чохкан зери чох” шавад. Сухбати Турачонзода хануз дар хич кучо нашр нашудааст. Ман ин сухбатро аз шахсе дарёфт кардам, ки бо у сухбати тулони анчом додааст. Ин сухбати садоиро банда пайнавишт кардам, агар касе онро (факат) хондан зарур медонад, метавонам бифиристам. Бо умеди комёбии хар яке аз мову шумо,

    Дили

  18. Точвари гироми,

    Русия ва Узбакистон барои хамеша барои точикон чох меканданд ва мекананд. Аммо ин дафъа бояд коре кунем, ки “чохкан зери чох” шавад. Сухбати Турачонзода хануз дар хич кучо нашр нашудааст. Ман ин сухбатро аз шахсе дарёфт кардам, ки бо у сухбати тулони анчом додааст. Ин сухбати садоиро банда пайнавишт кардам, агар касе онро (факат) хондан зарур медонад, метавонам бифиристам. Бо умеди комёбии хар яке аз мову шумо,

    Дили

  19. Мануши гиромй,

    Бо нигохе кутох ба матбуъоти Русия метавон дарёфт, ки русхо дубора камар бастаанд, ки сарнавишти моро ракам бизананд. Аз мудохилаи русхо то кунун натичаи хубе насибамон нашудааст ва ин бор хам бо пайванди танготанги Русияву Узбакистон гумон нест, ки чохро жарфтар бикананд. Дар хар сурате бояд бо мудохилаи бегонагон дар умури кишвар мукобила кард, то лоакал хар чи мекашем, аз дасти худамон бошад.

  20. Тасхех:
    “…гумон нест, ки чохро жарфтар бикананд.” – “шакке нест, ки чохро жарфтар бикананд”.

  21. Ин ки Русия ва Узбакистон моро кишвар хисоб намекунанд шакке нест. Зеро мо хамеша хукуматхоеро доштем, ки русиву узбаки буданд. Мо як рох дорем: иттиход! Рахмонов бояд бархезад ва ба мардум бигуяд: инак даври шумо расид, худро хифз кунед. Вагарна аз хамин хам мемонем. Аммо каблан Хасанро бояд аз кудрат дур кард ва он чи аз мардум рабуд ба мардум баргардонд. Интихоботи нав баргузор бояд кард ва шахсиятхои лоикро ба кудрат бояд овард. Вагарна бо сарнагунии Рахмонов давлати мо хам сарнагун мешавад.

  22. Фарход андешаи чолиберо байн кард. Хавлу хавои имрузаи кишвар дар хакикат хамин гуна мебошад. Хамаи чиз гуё дар сари му истодааст ва ё дами корд.

    Локин масъалаи асосй ва хамзамон халли асосй ин аст, ки чаноби олй дар кадом тарафи ин дами корданд? Президенти мухтарами мо ба мардуми худ такия мекунанд ва ё ба афроди фитнагари хукумати худ?

    Як хакикатро боре Шойгу дар сухбати шахсияш гуфтааст, ки гуё дар дохили хукумати кишвари Точикистон ин кадар ихтилофот аст, ки Рахмона бывает жалко, с кем ему приходиться работать. Агар Рахмон бо мардум бошад, холо вакташ аст, зеро то холо хам бовари мардум аз у нагаштааст. Баъд аз як муддат вай аз хамин такиягохаш хам махрум шуда метавонад.

  23. Salom ba hama

    Man ham borho shunidam, ki atrofi Rahmon bisyor shakhsoni pastsirisht va fassod hastand. As injo savol barmeoyad: Ki in Atrofro ba gardani Rahmon bor kard? Albatta khudi u, chunki borik bin va hushyor nest. Siyosat in rakskuniyu massha bacha gui nest in ilm ast in san’at ast.

    Agar modari shoh Bonu budi…

    M.

  24. Точвар ташаккур барои андешахои дилсузона!
    Фикри Фарход хеле хуб аст. Рахмонро чаппа кардан маъние надорад. Аммо будани Рахмон худ як мушкил шудааст барои миллат. Вазъи мо вазъи миёни обу оташ монданро дорад: гарк мешавем ва месузем. Чандин бор шунидам, ки Рахмон нихоят каллаашро ба кор медарорад. Ман намефахмам, чаро у фикр мекунад, ки ваю хонадонаш абади хоханд буд? Хеч намефахмам! Имкон надорад, ки тамоми иктисоди Точикистонро Хасан аз худ кунад. Бояд баробар таксим кард. Имкон дод, ки дигарон хам гиранд. Ин дафъа агар чанг шавад, дарбадар мешавем. Худоё, худат рахми мо точикони беакли тарсуро бихур!

  25. Мавлони арчманд.

    Комилан хак ба чониб хастй, азизам. Имруз шунидам, Рахмон аз шабакаи аввали телевизиони Точикистон гуфтааст, ки дар ин хунукихои кахратун ягон кас намурдааст ва ин овозахоро душманони халки точик пахн мекунанд.

    Агар хакикатан хам хамин хел гуфта бошад, ин сухани касе нест, ки вай дар тарафи халкаш ва хамрохи мардумаш аст.

    Ман ба у замоне эътикод баста будам, ки зону зада парчами миллии точиконро бусида буд. Имруз каси дигареро дар чои у мебинам. Ин он Эмомалй нест. Ягон зарра гами мардумро надорад.

    Агар хамун Эмомалй мебуд, холо бояд мегирист. Дар чанозаи мурдахои сармо иштирок мекард, онхоро ба хок месупурд ва сохибони майитонро тасаллият медод ва он гох мардум худро бесохиб хис намекарданд ва мо бовар мекардем, ки вай бо халк аст, на чудо аз халк. Дарег!

  26. Точвари азиз,

    Президент Рахмон имруз сурату сирати худро тагйир додааст. Фарбехии аз хад зиёд чашми уро танг кардаанд, ки наметавонад рузгори мардуми азияткаши кишвари худро бубинад. Вай зохиран бо мардум, аммо бидуни мардум аст. Вай дигар дар гами худу пайвандони худ мебошад. Аз ояндаи номуборакаш метарсад. Аз ин ру, барои гами халкро хурдан вакт надорад. Вай дигар маст аст, масти маснаду чох. Ин танхо як мошин барои Маскаву Тошканд аст. Хоханд газро пахш мекунанд, нахоханд тормозро. Бечора Рахмон дар миён лолу музтар мондааст. Худо аз ин гуна подшохи беинсоф нигох дорад!

    http://www.kayoumars.blogspot.com

  27. Салом дустони гироми! Баъди мутолиаи нуктаи назари Шумо мехостам чанд нукотро кайд кунам.
    Ин чо иброз гаштааст, ки Э. Рахмон пурра дигар шудааст, бале ман ба фикри Шумо розиам… Сабаби дигар шудани президент Э. Рахмонро ман дар он мебинам, ки имруз дар Точикистон корупсия ба авчи аълояш расидааст ва як хислати хоси крупсия низ аз олами чиноят дар он аст, ки онхо садрнишинонро болобардор намуда, (ба мисоли Чаноби оли, Мо бо Шумоем, Аз суханхои Шумо илхом гирифта… ва гайра) пинхони ба кори худ машгул мешаванд… Кам касе ёфт мешавад, ки ин гуна таърифу тавсифхо ба у макбул набошанд ва ё умуман ин гуна инсон вучуд надорад. Гузашта аз ин таъсиси макомотхои гуногун оид ба пешгирии пеши рохи корупсия ин корест боиси нигарони… Худ казоват кунед, вакте, ки кормандони кулли макомоти давлати музди мехнати ночизе мегиранд, пас мо дар бораи кадом роххои пешгирии корупсия харф мезанем… Дигар имруз корупсия дар аксари мамолики дунё дар як сатхи ба сиёсати ин давлат хос мавчуд аст. Онро ба пурраги бархам додан номумкин аст, танхо метавон сатхи онро паст кард, бо кадом рох?
    1. Баланд бардоштани музди мехнати кормандони макомоти далати, барои ин бояд аввал бучаи давлатро гани гардонид, бо кадом рох?
    – омада кардани заминаи дуруст ва реалии хукуки;
    – ворид намудани сармояи хоричи ва дар ин асос сохтани корхонахои хурди истехсоли;
    – гирифтани карзхои дарозмуддат ва дар ин замина низ сохтани корхонахои истехсоли.
    Кобили зикр аст, ки хамаи ин заминахо аз якдигар вобастаги доранд. Чунки сармоягузор вакте мебинад хукукхои у ба таври бояду шояд химоя нагаштаанд, хеч гох як сент хам маблаггузори намекунад. Дигар имруз сармоягузор аз сабаби нокис будани санадхои меъёри-хукуки ва дар сатхи баланд чой доштани корупсия аз он дар харос аст, ки вакте маблаги худро мегузорад ва ё корхонае месозад, он аз рузи аввал тахти фишори макомоти зиёди тафтишоти карор дода мешавад ва ё баъди ба рох мондани кор аз тарафи хешовандони садрнишинон гасб карда мешавад.
    2. Мо худ бо хислати “хуби” точиконаамон, яъне “хушомадгуихо” ва ё “раис аз ман наранчад” аксари мансабдоронро ба ин руз овардаем, дар холе ки мо аз гуфтани сухани хак натарсем ва аз хукукхои худ дифоъ кунем, албатта давлати мо рушд меёбад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: