Ба пеш, ба Олимпиадаи Сочи!

kafsher.jpg

Ин аксро дар садхо сомонаи интернетй осон метавонед пайдо кард. Дар зераш навиштаанд, «Кафшергарии точикона». Яке аз кафшергарон чашманди хифозатй надорад ва оташпорахо хатари сухторро ба миён меоваранд. Дар акси дигар аз зери фарши киррехта ду музаи кухна намудор аст. Зерхат: «Ин чоро точикон бетон карданд.» Манзараи як утоки хароба ва пурчанг. «Тармими точикона.» Вожаи «точик» дар Русия на танхо номи як кишри пасттарини ин чомеа шуда, маънии «кучаруб», «дворник», «хаммол», «гастарбайтер» ва хатто «гадо»-ро гирифтааст ва тавре Дориюш менависад, аробакашхоро дар Маскав бо нидои «Эй, таджик!» фарёд мекунанд, балки зери таъсири танзи «Равшану Джамшуд» ба бадномии комили як миллат табдил ёфтааст.

Дар нашрия, нома ва торнигорхои интернетй хунари бинокории точикон хадафи таънаву танз шудааст. Шояд ба ин сабаб аст, ки нависандаи точик Адаш Истад бо андух менависад, миллате ки худро меъмору бинокори Точмахал ё мадрасахои Бухоро ва Самарканд мешуморад ва аввалин кавми маскуншудаву шахрнишин медонад, имруз зери бори гарони ин таъна миён хам кардааст. Шояд ба хамин сабаб аст, ки вакте раиси чумхур Эмомалй Рахмон аз Путин дархост мекунад, ба 800 000 мухочири точик ичозаи кор дар Русияро диханд ва аз он 50 000 нафарашон иншооти Олимпиадаи Сочиро бисозанд, Путин ошкоро писханд мезанад, харчанд бо сар ишораи тасдик медихад.

Адаш Истад пешниходи хуб дорад, ки агар намехохем точикон дар Русия кучаруб бошанд, балки монанди мухочирони Туркия дар бинокорй машхур шаванд, бояд дар Точикистон даххо хунаристону омузишгоххои бинокорй таъсис дод ва ба Русия мардикорони боихтисос фиристод, на кучаруб ё аробакаш.

Вале як чанбаъи дигар бисёр навмедкунанда аст. Ба ин хама тахкиру тавхин посухе дода намешавад, хурдтарин талоши хифзи номи нек ба назар намерасад. Точикон хамаи ин дашному хакоратро дар ивази як пора нон кабул мекунанд. Чи хос, чи ом чи хукумат ва чи мардум. Мо факат ба хамдигар гуфта метавонем, ки Буалии Синои мо хануз хазор сол пеш, дар карни 10, дилро чаррохй карда буд…

2 Responses

  1. Ба акидаи ман, ин пешниходи Адаш Истадро бояд дастгирй кард ва ба вазорати маорифи Точикистон расонд, ки дар якчоягй бо вазорати шугл ва хифзи ичтимоии ахолй ва Созмони Чахонии Мухочират ичрои чунин накшахро ба рох монанд.

  2. Самандари арчманд,

    Зинда ва сарбаланд бошй!

    Дарвокеъ дуруст аст, гузашта аз ин бояд онхое, ки накшаи мухочират доранд, аввал касбу хирфаеро осузанд ва сипас сафари гурбат дар пеш бигиранд, бехтар аст.

    Барои ин метавон аз интернет дид, ки имруз дар Русия ё кишвархои дигар ба ихтисосмандони кадом касбу кор ниёзи бештар вучуд дорад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: