“Кй метавонад бигўяд, точиконаш кистанд?”

pursish.jpg

Як зани рус бо номи Олга Кондрашова дар шабакаи чахонии интернет пурсишеро нашр кард, ки ба духтараш як чавони точик талабгор баромадааст, аммо вай намедонад, точик кист.

Ин суол дар давоми чанд мох аз машхуртарин пурсишхои интернетии Русия бокй монда, хазорон нафар ба он посух додаанд. Ба шаклхои гуногун:

  • Мардумони бисёр маккор, агар духтари шумо издивоч кунад, чавон тамоми кишлокашро ба хонаатон куч медихад.
  • нажоди бинокорон ва мутахассисони кори сиёх.
  • бо афкоре, ки доранд, даргумон аст, шавхарони хубе бошанд.
  • мумкин мардумони нек бошанд, аммо чаро духтари шумо як одами дурустеро пайдо накунад? 
  • миллати токипушон.
  • магар Равшан ва Джамшутро намешиносед?
  • онхое, ки кучахоро чоруб мезананд.
  • яхудиёни тотор.
  • онхое, ки дар бозор афлесун мефурўшанд.
  • ба фикрам, онхо хам одам бошанд даркор.
  • на, хайвонхои ношуста, ки бисёр талош мекунанд, бо хар рох ки бошад, худро ба Маскав расонанд.
  • онхо хам одаманд, хамаашон бад нестанд.
  • бубахшед, точик миллат нест, балки касб аст.
  • ягон алтернативаи дигар наёфтед?
  • точик як миллат дар Осиёи Марказист, одамони бисёр чиркин ва найрангбоз, ки духтаратонро комилан бадбахт мекунад.
  • як зернавъи кавми гартарбайтер.
  • барои озмоиш духтаратро ба он бидех, сипас мефахмй.

Яке аз посухдихандагон ба муаллифи суол навиштааст, ки оё аз формулбандии пурсиши худ шарм намедорад ва агар касе менавишт, ки “кй гуфта метавонад, рус чи молест?” аламаш намеомад? Ва шахси дигар илова карда, ки “наход кас ин кадаре бехабару ноогох бошад?” Нависандаи дигар машварат додааст, ки Олга Кондрашова як энсиклопедй (донишнома) ва ё интернетро боз кунад ва каме тахкик кунад вагарна аз ин навиштахои зиддулнакиз бахрае нахохад бардошт.

Аммо, фаразан, Олга Кондрашова, гуфтем, интернетро боз кард, оё чиро хохад дид ва чй хохад хонд? Клипхои “Равшан ва Джамшуд” тамоми интернетро пур кардаанд. Бар замми накизахои Глистяни бадбахт, ин хабари давлати Русия, Раёсати Хадамоти Федероли Мухочирати вилояти Кургани Русия (сохтори давлатии Русия) хохад дид ва ибораи “точикони бесохиб”ро хохад хонд:

yfms.jpg

Ва ин сафхахоро низ, ки барояш як тасаввуре аз кй будани точиконро хохад дод. Мутаассифона, пиндори баду галат ва нохушоянд:
elon.jpg

__________________________________________________nelegal.jpg
_________________________________________________
techno.jpg

Вале аз хак нагузарем, ба Олга Кондрашова касоне низ посух додаанд, ки хануз аз сиёсатхои нажодпарастонаи путинй ва фарти бекасию бепанохии точикон дар Русия виждони инсонии худро набохтаанд. Онхо навиштаанд:

  • Точикон халке бо торихи хеле кадимй ва фарханги  баланд.
  • оё метавон бо танаффур зист?
  • одамоне монанди мо, ду даст, ду по, як калла, ду чашм…
  • замоне бародарони мо шумурда мешуданд, холо хоричиён.
  • инсонхои захматкаш, халолкор ва мехмондуст.
  • тозакор ва тозадаст, баномус ва бошараф.

Вакте Олга Кондрашова эътироз кардааст, ки дар байни посухдихандагон ягон мард ё зани точик нест, кучоянд онхо, чаро худ намегуянд, ки кистанд, як хохари нозанини точики мо навиштааст, ки “Олга, агар духтари шумо бо инглис мулокот мекард, оё ин гуна суолеро дар миён мегузоштед? Дуруст аст, ки миллату дини мо дигар аст, вале хубй ё бадии инсонро дину миллати у таъин мекунанд? Ин намоишхои ахмаконаи “Равшану Джамшуд” ба чй механданд? Ба он ки бинокорони мо забони русиро намедонанд. Аммо як бор худи онхо талош кунанд, ки ба точикй харф зананд, бубинем, чй хоханд гуфт. Факат як дард дорем, ки зиндагй дар ватани мо бисёр сахт аст ва кишвари мо бисёр камбагал.”

Ба Олга Кондрашова ман низ як нома навиштам. Акнун интизорам, чй посух медихад. Мехохам бидонам, точиконро чигуна дарёфтааст.

Дар ин байн мо бояд ба он андешем, ки чаро симои ворисони Рудакиву Фирдавсй ва Синову Хайём дар Русияе, ки хафтоду анд сол хамрохаш зистем ва холо хам он шарики дарозмуддати кишвари мо мебошаду дар Точикистон пойгохи харбй дорад, ба ин хол афтод? Рахбарони мо, олимону адибони мо, театру синамои мо, хунару дониши мо ва рафтору кирдори хар яки мо дар ин фароянд накши мусбат дошт ё манфй?

10 Responses

  1. Точвари гиромй,

    Матлаби судманде буд. Аслан руи он мешавад рисолае навишту хифз кард, ки барои як рус точикон кй буданду чй шуданд.

    Дар Техрон як диплумоте, ки аз Озарбойчон омада буд, намедонист чи тавр хаячонашро фуру нишонад, ки мутарчимаш аз Точикистон аст. Бароям аз хотироташ мегуфт. Ошики “Я встретил девушку” буд. Бештари хунармандони гурухи “Зебо”-ро мешинохт ва чуёи холашон буд. Мегуфт, вакте точикон ба Боку меомаданд, хама бо вачд мегуфтанд: “Пойдемте посмотрим на Зебошек!” Яъне як гурухи хунарй хуввияти моро барои мардуми Озарбойчон таъйин карда буд. Аз филмхои “Рустаму Сухроб” мегуфт ва сар такон медод, ки он даврон пушти сар шуд ва холо точикон даргири чанганд. Дахаи 1990 буд.

    Аммо акнун рузгор он хотиротро андак-андак аз зехнхо мезудояд. Румонтисизми дидани як точик барои як рус комилан аз байн рафта. Точикро хар руз дар шакли Равшану Чамшуд дар телевизиюни нажодпарасташ мебинад. Ва агар хост аз наздик бибинадаш, ба бозори Черкиз сар мезанад ва ба сари хар зардпуше бизанад, точик аст.

    Яке аз посуххо ба пурсиши Кондрашева ин буд, ки “точик миллият нест, балки хирфа (профессия) аст.” Ёдам омад, ки дар Маскав вокеъан шунида будам, ки як марди хирссурати рус аз фосилае дур бо садои раъдосо ба як чавони аробакаши зардпуш нидо дода буд: “Эй таджик!” Тоза баъд аз дах сол фахмидам, ки манзураш чи будааст. Он лахза фикр кардам, ки шояд мешиносадаш ва хамин гуна хитобаш мекунад. Чун чавони зардпуш бо шитоб аробаи лангонашро самти руси хирссурат кашиду сарбазер ба харфаш гуш дод.

    Акнун Рустаму Сухроби мо дар бозорхои Маскаванд ва гурухи Зебо барои хирссуратон самбусаву палав мепазанд.

    Рафтори Рахмонро дар хузури Путин дидаму гуфтам, ин хамон сахнаест, ки дар бозори Маскав дида будам. Рахмон факат як либоси зарди борбарй надошт. Аммо таъзиму курниши у дар хадди хамон чавонаки борбар буд, ки аз руи ниёз мачбур аст хар навъ ихонатро тахаммул кунад. Чун аз як кишвари бесохиб омада, ки лоакал сохиби хонаводаи худаш бошад ва мохиёна барояшон пул бифиристад.

  2. Tojvari aziz,

    sipos baroi mavzui nav, ki hakikatan jadid va bahstalab ast. Dar 15 soli Istiklol chand kino va chand asare ofarida shud, ki Tojikistonro dar beruni on mashhur sozad? Madaniyat va Farhang, in du nombardori har yak Millatand. Bo nomi Muhsin Makhmalbof Ironro va bo nomi Khalid Husayni Afghonistonro tamomi jahon ba nasar meorad.

    Man bore dar yak mahfili Cinamo, ki dar on filmi Tojiki nishondoda meshud ishtirok kardam va harchand Tarhnigor (Bakhtiyor Khudoynasarov) naguft, ki u as Tojikiston ast, ammo budani film as Tojikiston bas bud baroi iftikhori man dar nazdi digaron. Dar vokhuriho bo shakhsoni nav maguftam, ki man as Tojikistonam tassavuri onho ba ana hamon film (Luna Papa) payvast bud.

    Imruz simoi mo dar Rossiya va mamoliki shuravii qarin Ravshan va Jamshud hastand va in ham gunohi khudi most. Farhangro dar Tojikiston chunon poymol va rasvo kardem, ki tahi 50 soli digar sinda nameshavad. Ishk ba Farhang holo dar Tojikiston da sari sakarot ast va joi uro payvasta ne’mathoi moddi giriftaand; shikami ghafs, moshini khoriji, sani chorum va fohishabosi inchunin simoi sarmosadai “elitai” imruza.

    Chi kasem dar du dunyo tu napursu man naguyam…

    M.

  3. Хамандешони арчманд,

    Як нуктаи дигар ин аст, ки хамаи давлатхои чахон барои парвариши тарчумонхо ва тарчумаи осори адибони худ ба забонхои хоричй сармояи хангуфте ба харч медиханд. Давлати мо ин корро аслан намекунад. Аз сармояи президент дар нашриёти Точикистон танхо бадтарин китобхо ба нашр мерасанд, ки ба касе зарур нестанд.

    Дар Русия мо нависандагони хубе дорем, монанди Темури Зулфикор, Шариф Шукур, Рустам Шукур, Темур Варки ва даххо нафари дигар. Агар ба онхо каме кумак шавад ва осори онхо таблиг гардад, шояд муносибати ахолй бо мухочирони мо тагйир кунад.

    Аммо яке аз мубаллигони фархангу адабиёти мо – Хуршедаи Даврондухт ба ин мулокот даъват нашуд ва созмоне ки хукумат ташкил кардааст, уро душман эълом медорад.

    Бо вучуди ин афроди алохида, монанди Сафар Абдуллох дар Казокистон кори зиёди фархангй анчом медиханд, ки хатман таъсире дорад.

    Бо умеди рузи нек.
    Точвар

  4. Дориюши азиз,

    То чанги солхои 1992-97, ба фикр мекунам, точикон дар махудаи шуравии пешин эътибори баланд доштанд. Ба вижа талоши онхо барои макоми давлатии забони точикй дар соли 1989 дар тамоми шуравии собик хамхама андохта буд. Ин талош он вакт дар ягон чумхурии Осиёи Марказй ба назар намерасид.

    Бо вучуди иштибохот ва камзарфихояш матбуъоти озоди он замони Точикистон як мояи дигари ифтихор буд. Лек, Шумо дуруст ишора фармудед, дастаи ракси “Зебо”, филмхои точикй, китоби “Точикон”-и устод Гафуров дар солхои 70-80 симои неке аз мо нишон медоданд.

    Хатто дар замони чанги дохилй низ мо шабехи имруз беобру набудем. Сулхи Точикистон дар соли 1997 обруи моро хеле ислох кард.

    Аммо ончи имруз мебинем, гайри кобили дарк аст. Аз хар нигох мо дар поинтарин зина карор дорем. Ин хам дар холе ки имруз дар Русия садхо нафар аз равшанфикрони мо ва кариб дар хар кишвари чахон шуморе аз точикон ба сар мебаранд. Чаро то хануз натавонистаем шабака ва барномае дошта бошем, ки бигзор агар хукумати мо ба ин масъала таваччухе надорад, худи мо дар талоши ислохи ин авзоъ бошем. Оё медонем аз кучо шуруъ кард ва ба кадом самт харакат?

    Бо орзуи рузи нек.
    Точвар

  5. Точик андар ватани худ чаро муттахам аст? Вожаи точик на танхо берун аз кишвари Точикистон, балки дар дохили он хам хору залил шудааст. Хар иштибохе накунем, ибораи “Точик-да”-ро мешунавем. Иборае, ки хич будани точик ва гулу гаранг, беаклу кашола будани точикро ифода мекунад.

  6. Дилии азиз,

    Ташаккури бепоён барои нома ва баёни андеша. Хуш омадед.

    Комилан дуруст аст, ки “Точик-да”-ро бисёр мешунавем, харчнад бештар ба маънои дехотй будан.

    Ин шояд аз дарду алам гуфта мешавад. Яъне талху киноя ва интикод аз худ. Ба хар хол дар хона байни аъзои як оила хама гуна пастиву баландй мешавад, вале мо ин хамаро ба хамося накл намекунем.

    Лек дар берун, дар хорич аз Точикистон, аз руи рафтору гуфтору кирдори мо, на факат ба хамин як шахс, балки ба тамоми миллат бахо дода мешавад. Агар касе аз мо пастй кард, номамонро намегиранд, балки мегуянд, точик кард.

    Як дафъа ман сарлавхахои якмохаи матбуъоти Русияро чамъ кардам ва аз ончи дидам ба вахшат афтодам. Агар касе бо героин ба даст афтод, касе дастизурй кард, касе чизеро дуздид, касе каси дигарро лат дод, дар хама холат менависанд, ки Точик бо фулон микдор героин ба даст афтод.

    Даххо бор ба торнамои Вазорати умури дохилии Русия нома фиристодаам, ки ин тавр нагуянд, зеро кочокбарону дуздон миллат надоранд. Гохе таъсир кард, гохе на.

    Бояд хатто аз шиносхои худ дар расонахои Русия ва вазорату идорахояш истифода кард, то чунин шармсоркунй хотима ёбад.

    Сарбаланд бошем.
    Точвар.

  7. Соли 1972-ум, мохи август, ман якумин бор ба Москва барои дохил шудан ба институт рафта будам ва вакте, ки дар яке аз вагонхои пуродами метро ба гушам гуфтугуи точикии ду нафар расид, ман одамонро тела дода ба суи онхо майл намудам ва ба наздашон расидам…
    -Ассалому алейкам. Шумо точике?
    -Ха, точикем. Хай чи?
    -Хеч чи, – гуфтаму боз одамонро тела дода ба чои худам баргаштам. Ман хамон вакт фахмидам, ки на хамаи точик забонон точики асиланд. Ман он вакт хамаги 18 сола будам ва холо кариб 60 сола шудаам ва кариб ба хамаи шахрхои калони Россия (14 сол хамчун мухандисси сохтмонхои ЛУКОЙЛ кор кардаам) ба сафархои хизмати рафтаам ва чун точикеро дар он шахрхо медидам, хатман бародарзиерат мекардам…ва аз ин хамшахрдустиям зарар хам дидаям. Чи тавре, ки Хаеми бузург замонаро ва одамонро дарк карда будааст ман хам дарк кардам,ки…
    Бех аст дар ин замона кам гири дуст,
    Бо ахли замона сухбат аз дур накуст.
    Он кас ки эътикоди кули ту ба уст,
    Гар бо чашми хирад нигари душманат уст…

  8. сад афсус…

  9. Mark Twain-и азиз,

    Ман хам борхо ба чунин холат афтодаам. Замоне дар як идора як худам дар байни бегонагон кор мекардам. Тадричан тавонистам, аввал як ду ва дертар чандин точикро ба ин идора чой кунам. Рузе расид, ки онхо зидди худи ман бархостанд ва орзу карданд, ки ман он чо набошам, то онхо орому осуда ба сар баранд.

    Вале бояд гуфт, чунин хислату холат на танхо дар точикон, балки дар хамаи миллатхои чахон мавчуд аст ва набояд барои кайк пустинро оташ зад. Бояд дили васеъ дошт ва чунин хаммиллатонро бахшид ва агар тавонист, чашми онхоро боз ва акли онхоро равшан кард. Ин як кори номумкин нест.

    Ба акидаи ман, хислатхои хуби точикон аз хислатхои бади онхо зиёдтаранд ва дар сурати рохнамоии дуруст ва омузишу пажухишу фаъолиятхои густарда ин хислатхоро моро ба хушрузй расонда метавонанд.

    Сарбаланд бошем!

  10. Ман ба ин зан нома задам бад ин мазмун ки

    ——————————————
    Здравствуйте,

    я прочел Ваш вопрос о таджиках, хотел там ответить но к сож. оно уже было закрыто.

    Все племя Адамово — тело одно,
    Из праха единого сотворено.
    Коль тела одна только ранена часть,
    То телу всему в трепетание впасть.
    Над горем людским ты не плакал вовек,
    Так скажут ли люди, что ты человек?)

    Эти строки написани Саади и они стали девизом Организации Объединенных Наций. Оно написано на языке на котором говорят таджики. Возможно, вы слышали имена Фирдоуси, Хафиз, Хайям, Авицена, Газали, Беруни…. Они и есть таджики. Они и говорили на фарси – на языке таджиков.

    Надеюсь, что ваша дочь таки вышла замуж за таджика,
    ————————————–

    ва чунин посух гирифтам

    ———————————-

    Здравсивуйте! Не хотела огорчать Вас ответом, но – наболело! Бахрум отдолжил у моей дочери крупную сумму денег и пропал… А недавно ей позвонили и сказали, что одновременно с моей дочерью он встречался еще с одной женщиной, у которой месяц назад от него родился ребенок… Там он тоже задолжал крупно… И как я должна относиться к людям, говорящим на фарси?! Только поблагодарить Бога, что этот человек исчез. Надеюсь – навсегда!
    ——————————————

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: