Суолхои истиклолияти Косово

kosovo.jpg

Оё метавонад ин кудак, ки аз хамлаи артиши сербхо дар соли 1999 аз симхори марзи Косово ба Албания гурезонда шуд, рамзи истиклолияти Косово бошад?  

Имруз истиклолиятро ба мардуми Косово бояд табрик кард ва ё сукут варзид?

Агар истиклолияти Косово посух ба зуроварихо дар нисбати мардуми албанитабори он бошад, чаро чахон айни чунин хадияро барои курдхо орзу намекунад? Чаро Чеченистон бояд кишвари мустакил набошад? Чаро Карабог сохиби истиклолият нагардад? Ва чаро ба Самарканду Бухоро истиклолият дода нашавад?

Ин матн саропо аз чумлахои суолй шуд. Вожаи мукаддаси “истиклолият” дар чахони имруз оё мазмун дорад ва оё Точикистон кишвари сохибистиклол аст? Афсус, боз суол…

7 Responses

  1. Фикр мекунам, аз ин гуна истиклолбозихо бояд пархез кард. Имруз гуиё чахон зери дасти абаркудратхост ва хар коре хостанд мекнуанд. Имруз Амрико Косоворо мустакил кард, фардо Русия Абхазияву Осетияи Чанубиву Приднестровйеро мустакил мекнуад, пасфардо абаркудрате руи Бадахшон ин гуна тарх мезанад… Танхо хароси ман аз ин бозихо бо истиклоли акаллиятхо – Бадахшон аст. Мабод рузе ки мо ин пораи бузурги сангу кухи Ватанро аз даст дихем. Ва хол он ки бо ин хукумати аблахон хатман суи ин хатар равонаем

  2. Follower-и азиз,

    Замоне чанд донишманди хушном пешниход карда буданд, ки марзхо озодтар шаванд ва хар кавме, ки дар берун аз марзхои расмии давлаташ хамнажодон дорад, равобити бемушкил пайдо кунад. Онхо инро “истиклолияти фархангй” номида буданд. Афсус, чахон ба ин пешниход эътино накард. Хол он ки шояд метавонист, пеши рохи бисёре аз чангу харобихоро бигирад.

  3. Badakhshonro mo kayho az dast dodem, ba yagon imperiya busurg ne balki ba yak shakhs: Oghokhon. Aholii Badakhshon namedonad, ki Rahmon kist va Tojikiston chist. Baroi judo kardani Badakhshon zabti on shart nest boyad tanho aholii onro ba in tayor kard. Dar davroni Istokloliyat onho ba in tayor shudand, didand, ki as rahmon va Tojikiston yagon bui umede nest va ru ovardand ba Oghokhon. U baroi onon sarvar nest balki khudo ast. Man metarsam yak ruz Rahmon in kityai Tojikistonro ba yak narkhi puchak ba Oghokhon mefurushad va in sabt asosi hukuki megirad.

    M.

  4. Janoboni Oliqadr!

    Maqolahoi zerinro honda baromadam, pas fikrhoi shumoyonro yak ba yak hondam, chitavreki fahmidam. Bale hukumati mo beparvo az pasi kistai hud tohol davida gashtaast, va az pasi manfaathoi shahsii hud hastand. To kadom ruz in beparvoii onho davom mekunad fakat Hudo medonad halos.

    Dar Tojikiston in guna boziho nahohad ruy dod, chun ki yakum on ast ki, karib nimi zamini Tojikiston az viloyati muhtorii Badahshon iborat ast, va fakat sohibi 150 hazor odam ast. Chitavreki medoned aholii Tojikiston ba 7.3 -7.8 milyon barobar ast. Duvum on ast ki, Ogohon dar Tojikiston bar ziddi manfaathoi Tojikiston yagon konun shikani nakardaast, baroi hamun korhoi on kas ozodona amali gashta istodaast.

    Ba shumo tavsiyam on ast ki, kamtar boshad hayoti oilai Ogohonro bihoned. Padari on kas dar shimoli Pokiston az pasi korhoi jamiyati bud, bayd bo rahbariyati onjo chap shuda az onjo berun barovardaand. Holi hozir dar davlathoi Osiyoi miyona faaoliyati hudro dorand.

    Hulosa on ast, holo vakti korguzori va vahdat meboshad.

    Tashakkur baroi dikkataton,

    Diplomat

  5. Diplomati aziz,

    Konunshikani in yak tarafi mas’ala, ki ba siyosat dakhl nadorad. Ba fikram tu as paradigmai siyosii “Realismi klassiki” bokhabar hasti va medoni, ki guftugu yak rang va amaliyot yak rangi digarro dorad. Harakathoi imruzai Oghokhonro baho dodan ghalat ast boyad nigarist ba khulosai in harakatho, ki bist yo sad sol pas ba vuku’ khohand omad. Hamchun sarvari davlat roh dodan ba baland raftani ta’siri yak shakhs dar dokhili kishvar ablahiest na besh.

    M.

  6. Дипломати азиз,

    Ман ба андешаи Манучехр рози хастам. Хатми нест, ки он тарх баъд аз дах сол руи даст гирифта шавад. Он тарх метавонад баъд аз сад сол руи даст гирифта шавад. Аммо он маънои онро надорад, ки мо масъаларо ба насли сад сол баъди мо вогузор намоем. Аз холо бояд илочи вокеаро пеш аз вукуъ чуст.

    Вакте ман харосамро барои аз даст рафтани Бадахшон баен намудам, харгиз манзурам бадбиние е камбиние нисбат ба мардум, фарханг, забон ва мазхаби эшон набуд. Аз мардуми он хушам меояд, форсие ки барои мисол дар Ишкошим харф мезананд, шояд хеч чои дигари ТЧК ба он андоза ширин нагуянд, шавк ба омузиш ба он андозае ки дар дили бадахшонихост, шояд дар дили хеч як аз мардуми манотики дигари ТЧК ефт намешавад. Фарханг, забон ва мазхаби эшонро хам эхтиром коил хастам. Замоне маро аз издивоч бо як бадахшидухтари хоругиасли мазхабаш исмоили танхо як руз чудо мекард ва хеч гохе хам андешаи тафриканандоза ва фаркгузори надоштам ва надорам ва иншоаллох ки нахохам дошт.

    Аммо бояд икрор шуд, ки бархе аз онхо худро точик намешуоранд ва фарк мегузоранд. Хакикатан хам дар масъалаи забону мазхаб фарк аст, инро бояд эътироф намуд. Ва мутаассифона, замоне мерасад, ки абаркудрате махз аз хамин тафовутхо ва фаркгузорихо истифода мекунад.

    Бовар кунед, Хеле ва хеле мехохам ки андешаи ман иштибох бошад.

    ПС: Як матлаби дигаре дар ин маврид низ хондаам, ки агар лоик донед: http://abdulfattoh.blogspot.com/2008/02/blog-post_20.html

  7. Барои ман нофахмост, ки чаро Точикистон бо пайравй аз Русия истиклолияти Косовро нодуруст шуморид. Бехтар буд, хам менишаст. Маълум нест, фардо ягон кисми Афгонистон дархости истиклолият накунад, бахусус минтакахои точикнишини он. Он вакт мебояд, мавкеъро дигар кард?

    Русия дар вакташ бо мустакил эълон кардани худ сабабгори асосии фурупошии Иттихои Шуравй шуд. Акнун истиклоли Косоворо, ки пайомади фурупошии Югославияи шуравист, кабул надорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: