Таърихи точикон кучост? Дар хок… дар хок…

xazon.jpg

Мо, точикон, бо гузаштаи худ мефахрем. Худро дилбардорй мекунем, ки таърих ва фарханги кадиме дорем. Вале оё медонем, ки чахони имруз ба ин суханони мо ришханд мезанад ва ба ин шиъорхои забонзадшудаи мо бовар надорад?

Дар як бахси шадид дар сомонаи Сентразия.ру касе суол гузошт, «агар точикон ин гуна таърихи кадима доранд, ку он осори шаъйии фарханги бузурги онхо?».

Ман навиштам, агар ту, узбак хастй, аз падаронат пурс, чи тавр Самарканду Бухорову Фаргонаву Сурхондарёи моро рабуданд ва агар аз он кабила нестй, Рудакиву Фирдавсиву Хайёму Синоро бихон ва бидон.»

Посух омад, «ин чи кавмест, шахрхои худро ба дигарон бисупорад ва ин шуаро аз аквоми гуногунанду ба форсй навиштаанд, ки забони адабии он давра буд.» Навиштам, «кавми бофарханг вагарна наметавонист, забонеро офарад, ки ин кадар мардум ба он шеър бинависанд.» Баъд аз ин бахс ба дашном кашид…

Аммо ба фикр фуру рафтам. 15 сол аст, Точикистон талош дорад, ёдгорихои таърихиву фархангии худро ба руихатти «Мероси фархангй»-и ЮНЕСКО шомил кунад, комёб намешавад. Хукумати Точикистон аввал наздик ба 40 ёдгориро пешниход кард. Сипас ба 12 поин омад ва баъдаш боз камтар. ЮНЕСКО хеч яке аз онхоро напазируфт ва мегуяд, далелу бухрони раднашавандае мавчуд нест, ки ин ёдгорихо таърихи кадима доранд.

Албатта, вакте Кулоб 2700-сола эълон мешавад, то аз хама кадимтар бошад ва як табаки 2700-сола дар ин чо ёфт намешавад, маълум аст, ки ЮНЕСКО онро намепазирад.

Бадбахтии асосй дар ин буд, ки ду руихатти аввала хамингуна бо нияти махалгароёна тартиб ёфта буданд ва танхо ёдгорихои чануби Точикистонро дар бар мегирифтанд. Саразм, Истаравшан ё Панчакент дар он фехраст вучуд надошт. Хатто Калъаи Хисор ба номгуи ибтидой ворид нагашта буд. Ба хотири тасдики ин номгуй дар ЮНЕСКО асноди зиёди калбакй тахия гардид, ки тамоман бовариро аз байн бурд.

Аз вокуниши ЮНЕСКО маълум шуд, ки танхо Саразм шанси шомил шудан ба ин номгуи чахониро дорад ва тартибдихандагони махалгаро дандон ба хам соида, онро ворид карданд. Аммо таъкид руи Саразм надоштанд ва хамзамон Хулбук, Тахти Сангин, Ачинатеппа, макбарахои Хоча Машхад, Ойим, Хочаи Hур, Шохи Хомуш ва монанди инхоро мухимтар медонистанд. Ин махалгароии масъулони фарханги Точикистон сабаби он шуд, ки билоохира ягон ёдогории Точикистон ба номгуи чахонй ворид нагашт.

Холо 4 макони Узбакистон, 3 макони Туркманистон, 3 макони Казокистон, 3 макони Озарбойчон ва 2 макони Киргизистон ба фехрасти Мероси фархангии чахон шомиланд ва номи Точикистон дар ин руихат умуман мавчуд нест. Пурсиши ман ин аст, ки чаро макомоти Точикистон талаб намекунанд, ёдгорихои Самарканд ва Бухоро ба номи точикон низ сабт гардад, лоакал дар номгуи фархангии ЮНЕСКО? Магар Исмоили Сомонй аз мосту макбарааш ба мо дахле надорад?

Худи Узбакистон кабри Бобур ва Навоиро дар Афгонистон моли хеш мешуморад ва солона барои хифзи онон сармоя харч мекунад. Чаро мо кабри Сомонй, Хоча Ахрори Валй, Баховаддини Накшбанд ё Пайрав Сулаймониро моли худ нашуморем? Чаро кабрхои Хоча Машхадию Хоча Нуру Хоча Низом барои мо ин кадар азизанду кабри Сомонй на, харчанд пайкараашро дар маркази шахр устувор кардаем???

Як замон махалгароии точикони хучандй сабаби аз даст рафтани шахрхои бузурги Самарканду Бухоро шуданд. Ва харчанд Маскав мехост дар соли 1930 вилояти Сурхондарёи Узбакистонро ба Точикистон дихад, боз хам махалгароии точикон ба ин монеъ гашт. Акнун аз дасти махалгароёни кулобй номи ягон ёдгории точикон аз тарафи чахон эътироф нашуд.

Хеле дер мо расман эътироф кардем, ки Саразм 5500 сол пеш сохта шудааст. Наход, ки аз Кулоб хам кадимитар бошад? Аммо хамин ракам низ вохимаангез аст 5500. Шояд камтар нишон додан зарур буд. Тавре нашрияи «Миллат» менависад, ростгуиро пеш аз хама омузем. Он хам дар холе ки хамаи бозёфтхои Саразм ба Эрмитожи Русия интикол дода шуда, бархе аз онхо ба хорича фурухта шудаанд. Биноан имруз далели шайъие дар даст надорем, ки синнусоли Саразмро исбот кунем.

Пас он нафар дар бахси Сентразия.ру бехуда чунин суол накардааст. Аз руйи асноди байнулмилалй мо, точикон, на як ёдгории меъморие дорем ва на таърихиву на фархангй!

Акнун рахбарони Точикистон ба фикри он афтоданд, ки шояд ягон макони Точикистонро хамчун ёдгории табиат ба ин руихат шомил кунанд. Охирин пешниходи онхо ба ЮНЕСКО Порки милии Точикистон аст, ки як кисми Бадахшон ва навохии Чиргатолу Тавилдараро дар бар мегирад.

Гўё боз хам дигар манотики Точикистон чизе надорад. Ба назар мерасад, тахияи руихат ба дасти одамони махалли дигар гузаштааст. Аммо оё худи ин «Порки миллии Точикистон» оё вучуд дорад? Оё коре барои бунёди чунин мамнўъгох карда шудааст? Суолест шабехи суолхои Сентразия.ру бо чавоби мушкил.

Нависандаи точик Адаш Истад дар як номааш суоли диагреро матрах кард. Чаро олимони саршиноси эронй, ки аз мушовирони баландпояи ЮНЕСКО ба шумор мераванд, коре барои точикон намекунанд. Аз ду мушовири аршади точик Мухаммад Осимй ва Акбари Турсонзод якеро куштем ва дигареро гуреза кардем. Аммо чанд олими эронй дарвокеъ аз аламбардорони ЮНЕСКО хастанд. Чаро онхо ба дустони точики худ ёд намедиханд, ки чигуна бояд далелномае сохт, ки пешниходи онхо кабул гардад.

Оё Масъуди Миршохй, раиси созмони точикони Фаронса, ки низ бо ЮНЕСКО каробатхое дорад ва хар сол бо даъвати хукумати Точикистон ба чашни истиклолу Форуми точикони чахон меояд, чаро коре дар ин самт намекунад?

Мохи октябр соли 2005 президенти Точикистон Эмомалй Рахмон ду хавопаймо одамро ба Порис овард ва дар ЮНЕСКО на танхо консерти калон, балки зиёфати бепули шохона дод. Чи фоида кард? Оё бехтар набуд ин сармояи бехисоб барои чалби олимони арзанда, омузиши ёдгорихо ва тахияи асноди дурусту хубе сарф мешуд. Наход фикр карданд, бо «равган кардани гулухо» дар Порис хам мешавад, корро буд кард?

Мепурсед, чаро шомил шудани Точикистон ба номгуи «Мероси фархангии чахон» ин кадар мухим аст? Магар мо намехохем бо гузаштаамон фахр кунем? Магар имруз дигар чи чизе дорем, ки пояи ифтихори мо бошад? Аз суи дигар оё намехохем, мавчи чахонгардон ба ватани мо сафар кунад ва бо пои худаш бароямон пул ораду таърифамонро ба чахоргушаи чахон барад?

Мехохем. Мехохем, ахволамон бехтар шавад. Вале бо ин махалгароихо, ки таъсири як намунаашро ман ин чо овардам, орзуи нек парвардан бо ин афроде, ки боло нишастаанду ба таври худ мехоханд, аз як кисми мо точику аз кисми дигарамон ахолии нозарур бисозанд, ба кучо хохем расид?

7 Responses

  1. Кумиссиюни миллии Тоҷикистон дар умури ЮНЕСКО, ки бахши вазорати корҳои хориҷаи ҳамон кишвар мебошад, мутаассифона ду раҳбарият дорад. Вазири корҳои хориҷа ва вазири фарҳанг, шахсиятҳо ҳатман аҳамият доранд, аммо собиқа нишон дод ки ҳар ду ин вазорат комиссиюн ва ЮНЕСКОро ҳамчун манбаи даромади бедардимиён меҳисобанд.
    Дар аксари мавридҳо комиссиюнро ашхоси тасодуфи, бевиҷдон, ва аз тарихи ниёгон ноогоҳ сарварӣ мекардаанд. Якеаш Бобосодиқова буд ки чашми дидани таърихи тоҷиконро надошт, аз он бехабар буд, ва тули солҳои дарози хизматаш ба ҳизби шӯравӣ кушиш мекард ҳамаи вожагиҳои мардуми тоҷикро решакан карда, дар ивазаш «култураи аврупои яъне русиро» ҷори кунад.
    Ин занаки мардакомез сари чандин адиб, рузноманигор, олим, ҳуқуқшинос, сиёсатмадорро ки ҳиссиёти миллиашон баланд буд хӯрд. На ҳар кас ҷасорат дошт бо вай санти манти кунад ва беҳуда не: таъсири манфӣ ва шояд шариртарини ин шахсро ба Тоҷикистон бояд пажуҳиши вижа муайян кунад.
    Кормандони комиссиюни ЮНЕСКОИ Тоҷикистон, дар аксар низ ҳирфаи нестанд ва на танҳо дар бораи фарҳанг, таърих, адабиёт, осорҳо ва ғайра тасаввуроти ибтидоие ҳам надоранд, балки бурдани мукотибаро бо мақари ЮНЕСКО дар Порис ва дигар созмонҳои байналмилалиро наметавонанд.
    Мутаассифона марази ришвахори ва дузди олимони моро ҳам асобат кардааст ва аксарияти ононе ки барои анҷоми ягон барнома ё пружа ба комиссиюн ҳозир мешаванд, мақсади бо суистифода аз осорҳои таърихи, дастовардҳои фарҳангии мардум руёндани ду се тангаи сиёҳ мебошад.
    Фахр, нанг, ташвиқи миллат ва фарҳанги он, омузиш ва ҳифзи меъроси ниёгон дар қатори охирин аст, ва ин барои мо бадбахтиест ки решааш дар бемасъулияти ва беақлии мақомот мебошад.
    Худи сохтори давлатии Тоҷикистон, таркиби ҳукумат, ришвахории фарогир, паст будани дониш ва фарҳанги раҳбарияти Ҷумҳури аз боло то ба поинтарин бахшҳояш сабаби чуни вазъ аст.
    Сабабҳои дигар ҳам зиёданд, аммо то замоне ки кормандони ҳирфаи, милатпарастон, зиёиёни ҳақиқӣ, ба сохторҳои ҳукумати ворид нашаванд, мо ҳамеша дар ақиби корвон хоҳем буд.
    Тоҷикистон соли ҷори қариб ба асри санг гузашт. На барқ на газ на оби соф, фарҳанг ҳам саросемавор ин ҳама нишондодҳоро думбол мекунад. Мустақиллияти фикрронӣ, кайҳо барҳам хурд, ва барои пешниҳоди ҳар як макони таърихи барои шомил кардан ба феҳрасти ЮНЕСКО, пештар аз сарвар суол мекунанд ва баъд аз руи машваратҳои Вай тарихро аз гӯшаш кашола мекунанд ки ба он ё ин ченак мувофиқ шавад.

    Дар амони худованди бахшанда мегузорамтон

  2. Бебоки азиз, ташаккур барои тавзехот ва иловахои хеле бамаврид. Як ёри дигари мову Шумо, ки намехохад, номаш гуфта шавад, навишт, аз Суфи Шихоб, мухаккики эронии мукими Порис шунидааст, ки дар хамон Рузхои фарханги Точикистон дар Порис, президенти Точикистон мехост, нишони ифтихории Фаронса танхо ба як нафар, яъне Давлатманд Холов дода шавад. Мушовирони эронй гуфтаанд, ин хуб нахохад буд, зеро минтакагароиро дар Точикистон вусъат хохад дод.

    Бо пешниходи онхо, ин чоиза хамчунин ба се овозхони дигар, ки аз шимол ва шарки кишвар будаанд, низ дода шудааст. Ман далеле надорам, ки ба гуяндаи ин суханон бовар накунам. Агар дар хотир дошта бошед, солхост барандагони Чоизаи давлатии Рудакй дар Точикистон намояндагони як махал будаанд.

    Манзури ман на шикоят аст ва ангезиши нафрат, балки бо далелхо нишон додани зиёнест, ки миллати точик аз махалгароии рахбаронаш мекашад. Солхо хучандй ин корро мекард, акнун кулобй мекунад.

    То замоне мо дуст доштани хамаи мардумон ва хунару осори ононро ёд нагирем, то замоне ки хамаи махаллу шахру дехи ватани азизамонро яксон дуст надорем ва хамаи мардуми худро яксону баробар нашуморем, пеш нахохем рафт.

    Ба умеди он рузи дурахшон!

  3. Мухтарам Т очвар!!! Хучанди чи коре карда буд, ки онро кулоби мекунад? Як ба мани бефахм фахмонед!!!!!!!!

  4. Бефахм бошӣ фахмондан фоида надорад, ин дарди бедавост. Таъриха хон куҷое изи пои онхост онҷо вайрона.

  5. Аз махалбозии мо миллат ба иллат мерасад
    бо бародарони дар боло гуфта сад фоиз розиям
    точик бошад бародари мост фарк надорад аз кучост
    бояд ин бошад шиори мо

  6. Хе мардуми точик ин чи девонагарист, ин чи бе фахмию бе аклист. Мо худамон як давлати кучак бошем кучои давлати моро шумо чудо мекунед. Таърих барои мо нон намедахад,ку. Мо бояд коре кунем, ки фардои миллат моро ёд кунад. имруз узбак аз руйи точик механдад, ба гузашта салавот фардоро фикр кунед.

  7. Албата суханхои Пётр 1 дуруст аст мо бояд фардоямонро фикр кунем.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: